Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Рухсатињои боподоши њарсола. Мафњум ва намудњои рухсатии боподоши њарсола. Тартиби пешкаш намудани рухсатињои боподоши њарсола.

Намудњои алоњидаи шартномаи мењнатї. | Таѓйир ёфтани шартномаи мењнатї. | Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд. | Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо. | Атъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда. | Ба расмият даровардани ќатъшавии шартномаи мењнатї. | Намудњои ваќти корї. Ваќти кори мўътадил. Ваќти кори кўтоњшуда. Ваќти нопурраи кор. | Реља ва бањисобгирии ваќти корї. Мафњуми рељаи ваќти корї. Рўзи кори ба меъёр гирифтанашуда. | Рељаи чандирии ваќти корї. Кори бастї. | Таќсимоти рўзи корї ба ќисматњо. Бањисобгирии ваќти корї. |


Читайте также:
  1. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  2. Азо: маќсад ва намудњои он
  3. Ањдномаи никоњ: мазмун, шакл ва тартиби бастани он
  4. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд.
  5. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо.
  6. Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї
  7. Мафњум ва ањамияти шартномаи мењнатї.

Моддаи 84. Мафњум ва намудњои рухсатињо. Рухсатї муддати ваќти нисбатан тўлониест, ки дар давоми он корманд тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї бо шарти нигоњдошташавии љойи кору мансаб аз иљрои вазифањои мењнатї озод буда, аз он бањри фароѓат ва барќарор намудани ќобилияти мењнатї, њамчунин ќонеъ гардонидани дигар ниёзмандињо истифода менамояд.

Дар зери мафњуми кори пештара кори иљрошудае, ки то давраи рухсатї бо њамон корфармо, аз рўи њамон ихтисос, вазифа, касб ва дар њамон љойи корї иљро шудааст, фањмида мешавад.

Ба кормандон намудњои зерини рухсатихо дода мешаванд:

1) рухсатињои мењнатии њарсолаи пардохтшаванда:

а) рухсатии асосии њарсолаи камтарин;

б) рухсатии асосии њарсолаи дарозкардашуда;

в) рухсатии иловагии њарсола;

2) рухсатињои иљтимої:

а) рухсатии давраи њомиладорї ва таваллуд;

б) рухсатї барои нигоњубини тифл;

в) рухсатии таълимї;

г) рухсатии эљодї;

3) рухсатињои бе музди мењнат

Конститутсияи ЉТ (моддаи 37) барои њар шањрванд њуќуќ ба истироњатро пешбинї намудааст. Вале њуќуќ ба рухсатии мењнатии њарсолаи хамчун ваќти истироњат пардохташаванда њамчун ваќтиистироњат танњо ба кормандоне, ки дар асоси шартномаи (ќарордоди) мењнатї кор мекунанд кафолат дода мешавад. Моддаи мазкур додани рухсатии мењнатии пардохташавандаи њарсоларо бо нигоњ дошатни љои кор (вазифа) пешбинї намудааст, ки он барои истироњат ва барќарор намудани ќобилияти корї нигаронида шудааст. Рухсатии мењнатии пардохтшаванда давраи бефосилаи нисбатан дарозмуддатест, ки корманд дар давоми он аз иљрои ўњдадорињои мењнатї озод аст. Рухсатии мењнатї барои кор дар давоми соли корї дода мешавад. Ќисми дуюми моддаи тафсиршаванда ба намудњои алоњидаи рухсатињо бахшида шудааст, ки дар моддањои минбаъдаи КМ ЉТ тафсир шудаанд.

Моддаи 841. Њуќуќ ба рухсатии мењнатии њарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иљтимої. Кормандон ба рухсатии мењнатии њарсолаи пардохтшаванда ва рухсатињои иљтимої (ќисми дуюми моддаи 75 њамин Кодекс) бо мављуд будани асосњои дар њамин Кодекс пешбинишуда њуќуќ доранд. Иваз кардани рухсатї ба љуброни пулї мумкин нест, ба ѓайр аз њолатњое, ки корманди аз кор озодшуда рухсатиашро истифода набурда бошад.

Њуќуќ ба рухсатии мењнатии пардохтшавандаи њарсола бо нигоњ доштани љои кор ба њамаи кормандони тибќи шартномаи (ќарордоди) мењнатї коркунанда новобаста аз навъи моликияти ташкилот, шакли ташкилию - њуќуќи он, таъиноти идоравї ва тобеияти ташкилот, намуд ва мўњлати шартномаи мењнатї дода мешавад. Азбаски дар давраи рухсатии мењнатии пардохташавандаи њарсола љои кори (вазифаи) корманд нигоњ дошта мешавад, бинобар ин дар давраи рухсатї ба кори дигар гузаронидан ва ё аз кор озод намудани ў ѓайриќонунї мебошад. Аз кор озод намудан корманд дар ин маврид танњо њангоми барњам хўрдани ташкилот ва ё ќатъ ёфтани фаъолияти соњибкор мумкин аст. (ниг., ба банди 1 ќисми 1 моддаи 46 КМ ЉТ ва тафсири он). Давраи дар рухсатии мењнатии пардохташавандаи њарсола будани корманд ба собиќаи умумии кор ва њамчунин собиќаи кор, ки барои рухсатии мењнатии пардохташавандаи њарсолаи минбаъда њуќуќ медињад, дохил карда мешавад (ниг., ба ќисми 1 модда 91 КМ ЉТ ва тафсири он). Љуброни рухсатии њарсолаи мењнатї танњо дар мавриди бо корманд бекор намудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї мумкин аст ба шарте, ки корманд бинобар аз кор рафтан рухсатиашро истифода набурда бошад.

Моддаи 842. Њуќуќ ба рухсатии асосии њарсолаи камтарин ва рухсатии асосии њарсолаи дарозкардашуда

Кормандон њуќуќ доранд новобаста аз корфармоён ва намуди шартномаи (ќарордоди) мењнатии бо онњо басташуда, шакли ташкилї ва музди мењнат ба рухсатии асосии њарсолаи камтарин ё рухсатии асосии њарсолаи дарозкардашуда бароянд.

Рухсатии асосии њарсолаи камтарин дар моддаи 85 КМ ЉТ ба андозаи 24 рўзи таќвимї муайян карда шудааст (нигар., ба моддаи мазкур ва тафсири он). Рухсатињои асосии дарозкардашуда мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар мегарданд (дар бораи рухсатињои асосии њарсолаи мењнатии дарозкардашуда ниг., ба моддаи 851 КМ ЉТ ва тафсири он).

Моддаи 85. Давомнокии рухсатии асосии њарсолаи камтарин. Рухсати асосии њарсолаи камтарин ба корманд бо давомнокии на камтар аз 24 рўзи таќвимї дода мешавад. Давомнокии рухсатии асосии њарсолаи камтарин барои њамаи корфармоён њатмї мебошад. Корфармо хуќуќ дорад, ки аз њисоби маблаѓхои худї мўњлати давомнокии рухсатии асосии њарсолаи камтаринро аз 24 рўзи таќвимї бо тартиб ва шартњое, ки дар шартномањои (созишномањои) коллективї, ё шартномањои (ќарордоди) мењнатї зикр ёфтаанд, зиёд намояд.

Рўзњои иди ѓайрикорї, давраи корношоямии муваќќатї, инчунин рухсатии њомиладорї ва таваллуд ба рухсатии асосии њарсола дохил намегарданд.

Моддаи мазкур давомнокии рухсатии асосии њарсоларо ба андозаи на камтар аз 24 рўзи таќвимї муайян намудааст, ки риояи он барои тамоми ташкилотњо сарфи назар аз шакли моликият, шакли ташкилї-њуќуќї, навъи фаъолияташон, инчунин ба шахсони воќеї, ки ба сифати корфармо баромад мекунанд, њатмист. Масалан, бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон № 802 аз 1 сентябри соли 1997 «Дар бораи давомнокии рухсатии мењнатии асосї ва иловагии њарсола» бо таѓйироту иловањо бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон № 894 аз 25 декабри соли 1997, рухсатии мењнатии њарсолаи асосї ба Сарвазири Љумњурии Тољикистон, муовини аввал, ба муовинони ў, роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Котиби Шўрои амнияти Љумњурии Тољикистон, мушовирони давлатии Президенти Љумњурии Тољикистон, вазирон ва раисони кумитањои давлатии Љумњурии Тољикистон, Раисони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ба мўњлати 35 рўзи таќвимї муќаррар шудааст. Барои муовинони Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, сардорони идорањо, љонишини сардори идораи иќтисод, мудирони шўъбањои Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, муовини Котиби Шўрои амнияти Љумњурии Тољикистон, мушовирони калон ва мудири котиботи Президенти Љумњурии Тољикистон, котиби матбуоти Президенти Љумњурии Тољикистон, мудири котиботи Сарвазири Љумњурии Тољикистон, ёрдамчиёни Президенти Љумњурии Тољикистон, раисони шањрњо ва ноњияњо - ба мўњлати 30 рўзи таќвимї рухсатии мењнатї муќаррар шудааст. Љињати иљрои банди 3 ин Фармон, Њукумати Љумњурии Тољикистон бо Ќарори № 557 аз 25 декабри соли 1997 «Дар бораи чорањои амалї намудани Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 1 сентябри соли 1997 № 802 «Дар бораи давомнокии рухсатии мењнатии асосї ва иловагии њарсола» ба кормандони Дастгоњи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, маќомотњои идораи давлатй, дастгоњњои Суди конститутсионї, Суди олии иќтисодї, њукуматњои Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањрњо ва ноњияњо, љамоатњои шањрак ва дењот, судњои вилоятї, шањрї ва ноњиявї, судњои њарбии гарнизонњо (аз чумлаи персонали мулкї), идорањои давлатии нотариалї ва маќомотњои андоз, дигар ташкилот ва муассисањои буљетї, ки шароити пардохти музди мењнати кормандонашон ба шароити пардохти музди мењнати кормандони маќомотњои идораи давлатии Љумњурии Тољикистон баробар шудаанд, аз 1 сентябри соли 1997 рухсати асосии њарсолаи пардохташавандаи зайл муќаррар шудааст:

а) бо давомнокии 35 рўзи таќвимї;

- ба Роњбари Дастгоњи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон;

б) бо давомнокии 30 рўзи таќвимї;

- ба муовини аввал, муовини Роњбари Дастгоњи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Раисони кумитаи давлатии Љумњурии Тољикистон;

- ба роњбари маќоми љумњуриявии идораи давлатии назди Хукумати Љумњурии Тољикистон ва муовинони ў, ба роњбари маќомоти андози Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо ва шањри Душанбе, ёварони Раисони Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, роњбарони идорањои давлатии нотариалї;

-ба муовинони Раисони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе, муовинони роњбарони идорањои давлатии андози Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо ва шањри Душанбе; муовинони роњбарони идорањои давлатии нотариалї, раисони љамоатњои шањрак ва дењот;

-ба сардори идораи (шўъбаи) асосї (пешбар), муовинони идораи (шўъба) асосии (пешбар) дастгоњи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, вазоратњо, кумитањои давлатї, маќомоти идораи давлатии љумњуриявии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дигар ташкилотњои идораи давлатии љумњуриявї, мушовири калони кумитаи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон;

-ба ёварони Раис, муовини аввали Раис ва муовинони Раиси Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон;

в) бо давомнокии 28 рўзи таќвимї:

-ба муовини аввал ва муовинони раисони шањрњо ва ноњияњо, роњбарони маќомоти андози ноњияњои тобеъи љумњурї ва шањрњо, маќомоти андоз оид ба шањрњои тобеъи љумњурї, инчунин ноњияњои шањри Душанбе, раисони љамоатњои шањрак ва дењот;

-ба сардор (мудир) ва муовини сардори идораи (шўъбаи) асосї, идора, шўъба дар идораи асосї (пешбар), зершўъба, нозирот, котиботи вазоратњо, кумитањои давлатї, маќомоти идораи давлатии љумњуриявии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дигар маќомоти идораи давлатии љумњуриявї, коллегияи судї;

- ба ёвар (ёварони вазир, раис, муовинони раис);

- ба роњбари маркази матбуоти, дастгоњи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, мушовирони кумитањои Маљлиси Олї, мушовири раиси суд, мушовири Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон;

- ба мудири сектор (шўъба), сармуњосиб ва муовини ў, муовини мудири шўъба, муовини нотариуси калони давлатї;

- ба котиби масъул оид ба корњои ЮНЕСКО, коллегияи судї;

- ба роњбарони дастгоњи њукуматњои Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоят ва шањру ноњияњо;

- ба котибони љамоатњо, котиби маљлиси (коллегияи) суд, пленум;

- ба сармутахассис (ба ревизор, нозири андоз, мушовирони маќомоти сатњи мухталифи соњаи андоз, назоратчию тафтишотчии идораи назорату тафтиши Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон, муњосиб оид ба буљет;

- ба мутахассиси пешбар;

- ба машваратчии калон (ба ревизор, нозири андоз, нотариуси давлатї, мушовирони сатњи мухталифи маќоми андоз, референт-тарљумон, иљрочии суд);

- ба мутахассиси категорияи якум (котиби якуми Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон);

- ба мутахассиси категорияи дуюм (котиби дуюми Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон);

- ба мутахассис (машваратчиён, тафтишотчї, нозирони давлатии андоз, нотариуси давлатї, муњосиб, тарљумон, котиби роњбар, ки дорои маълумоти олї мебошад.

Моддаи 851 .Давомнокии рухсатии асосии њарсолаи дарозкардашуда. Ба гурўњњои алоњидаи кормандон бо назардошти хислат ва хусусияти функсияњои мењнатї, синну сол, собиќаи корї, вазъи саломатї ва дигар њолатњо рухсатии асосии дарозкардашуда мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар шуда метавонад.

Рухсатии асосии њарсолаи дарозкардашуда муќаррар карда мешавад:

1) ба ходимони ташкилотњои илмї - аз 28 то 56 рўзи таќвимї;

2) ба кормандони китобхонањои ташкилотњои илмї, муассисањои таълимї ва китобхонањои љумњуриявию вилоятї - аз 28 то 56 рўзи таќвимї;

3) ба кормандон - омўзгорони муассисањои олии шакли таълимиашон рўзонаю ѓоибона, аз љумла доир ба тайёрї, бозомўзї ва такмили ихтисоси кадрњои муассисањои таълимии миёнаи махсус ва касбї-техникї - аз 28 то 56 рўзи таќвимї;

4) ба кормандони мактаб ва муассисањои кўдаконаи томактабию берун аз мактабї - аз 28 то 56 рўзи таќвими;

5) ба кормандони муассисањои маданию равшаннамої – аз 28 то 42 рўзи таќвимї;

6) ба њамширањои тиббї, ки ба тарбияи кўдакони синни то сесола машѓуланд, мураббияњои гурўњњои ширхораи муассисањои кўдаконаи синни томактабї ва хонаи кўдакон - 42 рўзи таќвимї;

7) ба кормандони доимии хољагии љангал - 28 рўзи таќвимї;

8) ба кормандони синни то њаждањсола, аз љумла онњое, ки барои гузаронидани таљрибаи истењсолї (таълими истењсолї) ќабул шудаанд - 30 рўзи таќвимї (моддаи 180 њамин Кодекс);

9) ба кормандони маъюби гурўњњои якум ва дуюм - 42, гурўњи сеюм - 35 рўзи таќвимї;

10) ба заноне, ки дар соњаи кишоварзї кор мекунанд - на камтар аз 28 рўзи таќвимї;

11) ба дигар гурўњњои кормандон тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон.

Номгўї ташкилотњо, касб ва вазифањо, ки дар зербандњои 1-5ќисми дуюми моддаи мазкур номбар шудаанд, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешаванд. Дар иртибот ба моддаи мазкур зарур донистем ба тафсири банди 11 ќисми дуюми он таваљљўњи бештар намоем. Бо ќонунњои Љумњурии Тољикистон барои гурўњои алоњидаи кормандон рухсатињои њарсолаи пардохтшавандаи мўњлаташ дароз муќаррар карда шудаанд, аз љумла:

- барои узви Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба мўњлати 45 рўзи таќвимї (моддаи 26 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон (№ 43 аз 6 августи соли 2001) «Дар бораи вазъи њуќуќии узви Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон»;

- ба хизматчии давлатї ба мўњлати на камтар аз 24 рўзи таќвимї (моддаи 30 Ќонуни Љумњурии Тољикистон (№ 677 аз 13 ноябри соли 1998) «Дар бораи њизмати давлатї»;

- ба докторон (профессорњо) ва номзадњои илм, ки дар муассисањои давлатї кор мекунанд, мувофиќан 48 ва 36 рўзи таќвимї (моддаи 18 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатї оид ба илму техника» (№ 597 аз 21 майи соли 1998);

- ба афсарон, прапоршикњо, занонхизматчиёни њарбї њар сол ба мўњлати 45 рўз рухсатии асосї дода мешавад, ки ё назардошти ваќти рафтуомад ба мањалли гузаронидани рухсатї (моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон (№ 792 аз 25 июни соли 1993, бо таѓйироту иловањо № 24 аз 29 ноябри соли 2000 ва № 34 аз 10 майи соли 2002) «Дар бораи статус ва замонатњои њимояи иљтимої ва њукуќии хизматчиёни њарбї ва ањли оилаи онњо»;

- ба шахси мансабдори маќомоти гумруки Љумњурии Тољикистон ба муддати 30 рўзи таќвимї бе назардошти ваќти рафтан то мањалли истироњат (моддаи 431 Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон, аз 4 ноябри соли 1995 бо таѓйироту иловањо аз 12 декабри соли 1997 ва аз 6 августи соли 2001;

- ба корманди милитсия ба мўњлати 30 рўзи таќвимї бе њисоб намудани ваќти рафтуомад ба мањалли истироњат (моддаи 20 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 17 майи соли 2004, «Дар бораи милитсия»;

- ба корманди милитсия, ки дар мањалњои шароити иќлимашон вазнин ва намусоид адои хизмат мекунад, ба муњлати 45 рўзи таќвимї;

- ба коркунони муассисањои тиббї-профилактикї, кормандони институтњои тадќиќотї (агар махсус бо гузаронидани тадќиќот бо маводи сироятшуда машѓуланд), ки кори профилактикї ва хизматрасонии ташхиси шахсони мавриди сирояти вируси норасоии масъунияти бадан ва бемории СПИД-ро анљом медињанд, инчунин коркунони ташкилотњое, ки бо вируси СПИД ва маводи сирояти вируси норасоии масъунияти бадан сарукор доранд, ба мўњлати 48 рўзи корї (моддаи 23 Ќонуни Љумњурии Тољикистон № 903 аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи пешгирии бемории СПИД» (аломати норасои масъунияти бадан);

Њангоми доштани њуќуќ ба рухсатии асосии њарсолаи давомнокии зиёд мутобиќи якчанд ќонун ба корманд, рухсатии мўњлаташ дарозтарин дода мешавад.

Моддаи 86. Рухсатињои иловагии њарсола. Корфармо вазифадор аст ба инњо рухсатињои иловагии њарсола дињад:

- ба кормандоне, ки дар корњои шароити номусоиди зарарнок ва вазнин кор мекунанд (моддаи 87 ин Кодекс);

- ба кормандоне, ки корашон характери махсус дорад (моддаи 88 ин Кодекс);

- ба кормандоне, ки дар шароити номусоиди табиию иќлимї кор мекунанд (моддаи 89-уми ин Кодекс);

- ба кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда (моддаи 891 њамин Кодекс);

- дар мавридњои дигаре, ки дар ќонунњо ва дигар санади меъёрию хуќуќи, шартномањои коллективии мењнатй (ќарордод) пешбинї шудаанд.

Рухсатињои иловагие, ки дар бандњои 1-4 моддаи тафсиршаванда пешбинї шудаанд, таъиноти њимоявї ва љубронй доранд (дар хусуси рухсатињои мазкур ниг., ба моддањои 87 -89 1 ва тафсири онњо). Пардохти рухсатињои иловагии њарсола (њамчун рухсатињои асосии њарсола), ки бо ќонун муќаррар гардидаанд, аз маблаѓи барои музди мењнат пешбинишуда ба амал баровардашуда, ба арзиши аслии мањсулоти мебаровардаи ташкилот дохил мешавад. Пардохти рухсатињои иловагии њарсолае, ки дар шартномањои коллективию мењнатї (ќарордод) ва ё дар дигар санадњои дохилии ташкилот пешбинї шудаанд, вобаста ба имконияти молиявии ташкилот аз њисоби даромади он сурат мегирад. Ба ѓайр аз рухсатињои иловагии њарсолаи таъиноти њимоявї ва љубронидошта, моддаи тафсиршаванда рухсатињои иловагии њарсолаи пардохтшавандаи хусусияти њавасмандагардонидоштаро низ, пешбинї намудааст. Масалан, барои собиќаи кори дарозмуддат дар њамон ташкилот, барои хизмати дарозмудат дар вазифањои муайян (нигаред, ба моддаи 892 ва тафсири он). Аз рўи собиќаи кории муттасил, инчунин коркунони педагогї ба рухсатии дарозмуддат њуќуќ доранд. Коркунони педагогї, ки бемории кўњна доранд, баъди на камтар аз њар 10 соли кори муттасили омўзгорї ба рухсатии даозмуддати пулакї ба мўњлати то як сол њуќуќ доранд, ки тартибу шароити додани он аз тарафи њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мешавад (ниг., ба мод. 41 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», №34 аз 17 майи с.2004. Рухсатињои иловагии њарсола дар дигар мавридњо ба баъзе гурўњи кормандон, ки дар ќонунњо ва дигар санадњои меъёрию њуќуќї пешбинї шудаанд, метавонанд аз тарафи корфармо мустаќилона вобаста аз имконияти молиявї (ниг., ба ќ. 3 мод. 85 КМ ЉТ) муќаррар карда шаванд. Тартиб ва шарти додани чунин рухсатињо бо шартномањои коллективї ва ё дигар санадњои меъёрии дохилї муайян карда мешаванд. Рухсатињои иловагии њарсолаи пардохтшаванда метавонанд бо созишномањои соњавї ва дигар созишномањо пешбинї гарданд.

Моддаи 87. Рухсатии иловагии њарсола барои кор дар шароитњои зарарноку вазнини мењнат

Рухсатии иловагии њарсола барои кор дар шароитњои зарарнок ва вазнини мењнат бо давомнокии на камтар аз 7 рўзи таќвимї ба кормандоне, дода мешавад, ки дар корњои кўњии зеризаминї, дар конњои кушоди кўњї, бурриш ва карерњо, дар минтаќањои аз љињати радиоактивї олуда, дар дигар корњои ба саломатии инсон зараровар кор мекунанд, ки дорои омилњои номусоиди физикию химияви, биологї ва дигар омилњо мебошанд.

Номгўи истењсолот, корњо, касбу вазифањое, ки кор дар онњо ба рухсатии иловагии њарсола барои шароити мењнати ба саломатї зарарнок ва вазнин њуќуќ медињад, инчунин давомнокии рухсатї, тартиб ва шароити додани онро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

Рухсатии иловагии мазкур танњо бо яке аз асосњои дар номгўй пешбинигардида дода мешавад.

Њуќуќи гирифтани рухсатии иловагии њарсоларо барои кор дар шароитњои зарарноку вазнини мењнат танњо он кормандоне доранд, ки бевосита дар шароити мазкур кор мекунанд. Ба собиќаи корї барои гирифтани рухсатии иловагї вобаста ба шароити зарарноку вазнин, танњо он ваќти корие дохил мешавад, ки бо чунин шароитњо рост омада бошад. Номгўи истењсолот, сехњо, корњо, касбу вазифањое, ки шароити мењнати зарарнок ва вазнини кор дар онњо барои рўзи кўтоњи кор ва рухсатии иловагии њарсола њуќуќ медињад ва Дастури татбиќи ин Номгўй бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 декабри соли 2002 № 521 тасдиќ шудаанд. Мувофиќи ин Дастур рухсатии иловагї ва рўзи кории кўтоњ ба коргарон, кормандони муњандисию техникї ва хизматчиён мутобиќи Номгўї истењсолот, коргоњњо, ихтисос ва вазифае, ки шароити зараровар доранд ва кору фаъолият дар онњо мутобиќи Конститутсияи ЉТ ва Ќонунњои Љумњурии Тољикистон барои рухсатии иловагї ва рўзи кўтоњи корї иљозат медињад, дода мешавад. Коргарон, кормандони муњандисию техникї ва хизматчиёне, ки ихтисосу вазифаи онњо дар истењсолот ва коргоњњои фаслњои дахлдори ин Номгўй пешбинї гардидаанд, сарфи назар аз он, ки дар кадом соњаи иќтисодиёт фаъолият мекунанд, ба рухсатии иловагї ва рўзи кўтоњи корї њуќуќ доранд. Рухсатии иловагї якљоя бо рухсатии солона дода мешавад. Мутобиќи ин Номгўї ба коргарон, кормандони муњандисию техникї ва хизматчиёне рухсатии иловагии пурра дода мешавад, ки агар онњо воќеан дар соли корї дар истењсолот, коргоњњо, ихтисос ва вазифањои дорои шароити зараровари мењнат на камтар аз 11 моњ кор карда бошанд.

Ба собиќаи корие, ки њуќуќи гирифтани рухсатии иловагиро ба кормандони номбаршуда медињад, њамчунин дохил мешад:

а) муддати муваќатан ѓайриќобили мењнат будани онњо;

б) муддати рухсатии њомиладорї ва таваллуд, муддати аз тарафи занон иљро намудани корњои сабук бинобар њомиладорї ва њамчунин аз тарафи занон иљро намудани корњои дигар, ки онњо бо сабаби ширдињї ба кўдак ё доштани кўдакони то синни як сола гузаронида шуда будаанд;

в) ваќти иљрои вазифањои давлатї ва љамъиятї.

Иваз намудани рухсатии иловагї бо љуброни пулї роњ дода намешавад. Пардохти ин љубронпулї танњо њангоми аз кор озод гардидани корманд љой дошта метавонад. Агар коргар, корманди муњандисию техникї ё хизматчї дар соли корї дар истењсолот, коргоњњо, ихтисосњо ва вазифањои дар Номгўї пешбинигардида камтар аз 11 моњ кор кунад, пас рухсатии иловагї ба ў мутаносибан ба муддати ваќти кориаш дода мешавад. Агар ин кормандон доимо дар ин корњо кор кунанд, пас рухсатии иловагии мењнатї мумкин аст, то гузаштани 11 моњ пурра дода шавад, ба шарте, ки онњо њуќуќи гирифтани рухсатии асосии њарсоларо то итмом расидани 11 моњ дошта бошанд. Дар њолатњое, ки њуќуќи гирифтани рухсатии солона (асосї ва иловагї) дар мўњлатњои гуногун ба миён меояд, ин рухсатињо якљоя ва пурра дода мешаванд (ниг., ба Номгўи зикршуда).

Моддаи 88. Рухсатии иловагии њарсола барои характери махсуси кор. Рухсатии иловагии њарсола барои характери махсуси кор бо давомнокии на камтар аз се рўзи таќвимї ба гурўњњои алоњидаи кормандон, ки мењнати онњо бо шиддати зиёди асаб ва эњсосот вобаста мебошад ё дорои характери махсуси иљрои кор аст, дода мешавад. Номгўи касбу вазифаи кормандонро, ки барояшон рухсатии иловагї барои характери махсуси кор дода мешавад, инчу-нин давомнокии мушаххас ва шарту шароити додани чунин рухсатиро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

Моддаи 88 КМ ЉТ додани рухсатии иловагии њарсолаи пардохтшавандаро ба гурўњњои алоњидаи кормандон барои хусусияти махсуси кори онњо пешбинї намудааст. Ин Номгўї ва шарту шароити додани чунин рухсатї мутаасифона аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян нашудааст, аммо чунин рухсатињо барои гурўњњои алоњидаи кормандон, аз љумла хизматичиёни давлатї, коркунони илмї, педагогї ва ѓайра бо ќонунњо муайян карда шудаанд. Муайян намудани номгўи касбу вазифаи кормандони њуќуќ ба рухсатии иловагидошта бинобар хусусияти махсуси кор ваколати Њукумати Љумњурии Тољикистон мебошад. Њукумати Љумњурии Тољикистон инчунин давомнокии мушаххас ва тартиби додани чунин рухсатињоро муайян менамояд.

Моддаи 89. Рухсатии иловагии њарсола барои кор дар шароитњои махсуси табиию иќлимї. Рухсатии иловагии њарсола барои кор дар шароитњои махсуси табиию иќлимї бо давомнокии на камтар аз 8 рўзи таќвимї дода мешавад. Давомнокии мушаххаси рухсатї ва шарти додани онро ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии Љумхурии Тољикистон, инчунин шартномањои (созишномањои) коллективї муайян мекунанд.

Тибќи муќаррароти ќисми 1 моддаи тафсиршаванда шахсоне, ки дар шароитњои махсуси табиию иќлимї (номусоид) кор мекунанд, њуќуќ ба гирифтани рухсатии иловагї бо даномнокии на камтар аз 8 рўзи кориро доранд. Давомнокии мушаххас ва шарти додани чунин рухсатињо бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 27 декабри соли 1997 № 802 «Дар бораи давомнокии рухсатии мењнатии асосї ва иловагии њарсола» муќаррар шудааст.

Моддаи 891. Рухсатии иловагии кормандон бо рўзи кори ба меъёр гирифтанашуда. Ба кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда барои зиёда аз давомнокии ваќти кории мўътадили муќарраргардида иљро намудани кор рухсатии иловагї на камтар аз 10 рўзи таќвимї дода мешавад. Давомнокии мушаххаси чунин рухсатї барои кормандони ташкилотњои аз њисоби буљети давлатї фаъолиятдошта аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ва барои кормандони ташкилотњои ѓайридавлатї дар шартномаи (созишномаи) коллективї ва дар сурати мављуд набудани он тибќи созиши тарафњои шартномаи (ќарордоди) мењнатї муќаррар карда мешавад. Номгўи кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи ташкилотњои давлатї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ва кормандони зайли ташкилотњои дар асоси воситањои худї фаьолиятдошта бо шартномаи коллективї ё дигар санади меьёрии дохилии ташкилот муќаррар карда мешавад.

Ќонунгузор танњо давомнокии аќали рухсатии иловагии кормандони рўзи корашон ба меъёр гарифтанашударо муќаррар кардааст, ки он набояд аз 10 рўзи таќвимї камтар бошад.

Давомнокии мушаххаси чунин рухсатї бошад, аз шакли моликияти ташкилот, ки дар он корманд кор мекунад вобаста аст. Ќонунгузор њалли масъалаи зикргардидаро дар ташкилотњои давлатии аз њисоби буљет фаъолиятдошта ба салоњияти њукумати Љумњурии Тољикистон вогузор намудааст. Бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон, инчунин Номгўи кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи муассисаю ташкилотњои давлатии аз њисоби буљаи давлатї фаъолият дошта, муайян карда мешавад. Ќонунгузор муайян кардани Номгўї кормандони рўзи кориашон ба меъёргирифтанашуда ва давомнокии рухсатии иловагии зикргардидаро барои кормандони дар ташкилотњои ѓайридавлатї фаъолият дошта, њаволаи шартнома (созишномаи) коллективї менамояд. Агар шартномаи коллективї баста нашуда бошад, масъалаи рухсатии иловагии зикргардида дар шартномаи (ќарордоди) мењнатї њаллу фасл мегардад.

Моддаи 892. Рухсатии иловагї барои собиќаи кории давомнок. Ба кормандоне, ки дар соњањои алоњида машѓул буда, дорои собиќаи кории давомнок дар як ташкилот мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рўзи таќвимї дода мешавад. Номгўи соњањо, истењсолот, кор, касб ва вазифањо, шароити пешнињод ва давомнокии рухсатиро барои давомнокии собиќаи кор њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ мекунад.

Ба шахсони дар Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон № 557 аз 25 декабри соли 1997 «Дар бораи чорањои амалї намудани Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 1 сентябри соли 1997 № 802 «Дар бораи давомнокии рухсатии мењнатии асосї ва иловагии њарсола» (нигар. ба моддаи 85 ва тафсири он) номбаршуда рухсатии пардохтшавандаи иловагии њарсола мутобиќи собиќаи кории умумии мењнатї ба мўњлатњои зайл дода мешавад:

аз 5 то 10 сол - ба 3 рўзи таќвимї;

аз 10 то 15 сол - 5 рўзи таќвимї;

аз 15 то 20 сол - 10 рўзи таќвимї;

беш аз 20 сол - 15 рўзи таќвимї.

Ба муддатњои зайл рухсатии њарсолаи пулакии иловагї ба шахсони мансабдор маќомоти гумрук дода мешавад;

-баъди 5 соли хизмат - 3 рўзи таќвимї;

-баъди 10 соли хизмат - 5 рўзи таќвимї;

-баъди 15 соли хизмат-10 рўзи таќвимї;

-баъди 20 соли хизмат - 15 рўзи таќвимї.

Рухсатии иловагии њарсолаи пулакї барои собиќаи кор ба сифати прокурор ё муфаттиш ба мўњлатњои зайл дода мешавад:

- баъди 5 сол - 3 рузи таќвимї;

- баъди 10 сол - 5 рўзи таќвимї;

- баъди 15 сол - 10 рўзи таќвимї;

- баъди 20 сол -15 рўзи таќвимї.

Ба корманди милитсия рухсатии мењнатии њарсолаи иловагии пулакї ба мўњлати зайл дода мешавад:

-баъди 10 соли хизмат- 5 рўзи таќвимї;

-баъди 15 соли хизмат - 10 рўзи таќвимї;

-баъди 20 соли хизмат - 15 рўзи таќвимї.

Барои судяњо њангоми доштани собиќаи корї аз рўи касби њуќуќшиносї ба муддати зайл рухсатии иловагии пулакї дода мешавад:

-баъди 5 соли собиќаи корї - 3 рўзи корї;

-баъди 10 соли собиќаи корй - 5 рўзи корї;

-баъди 15 соли собиќаи корй - 10 рўзи корї;

-баъди 20 соли собиќаи корй - 15 рўзи корї.

Моддаи 90. Бањисобгирии давомнокии рухсатињои њарсола. Давомнокии рухсатињо бо рўзњои таќвимї, сарфи назар аз низом ва љадвали корї, ба њисоб гирифта мешаванд. Рўзњои ид, ки ба давраи рухсатї рост меоянд ва рўзи корї намебошанд, мувофиќи моддаи 83 ин Кодекс њангоми муайян намудани давомнокии рухсатї ба њисоб гирифта намешаванд. Њангоми бањисобгирии давомнокии умумии рухсатии њарсола рухсатии иловагї, ки мўњлати онро Ќонун муќаррар мекунад, ба рухсатии асосии њарсола (аз љумла дарозкардашуда) зам карда мешавад. Њангоми бањисобгирии давомнокии рухсатињо мутаносибан ба ваќти кори анљомдодашуда давомнокии онњо бо роњи таќсими андозаи њар як рухсатї ба 12 ва зарбзании он ба шумораи моњњои пурраи корї муайян карда мешавад. Зимнан ваќти изофа, ки ба 15 рўзи таќвимї баробар ва бештар аз он бошад, яклухт бо як моњ баробар њисоб карда шуда, вале камтар аз 15 рўз ба инобат гирифта намешавад.

Ќисми якуми моддаи 90 КМ ЉТ њисоб кардани давомнокии рухсатињоро бо рўзњои таќвимї пешбинї намудааст. Рўзњои иди ѓайрикорї, ки ба давраи рухсатї рост меоянд ва дар моддаи 83 њамин Кодекс пешбинї шудаанд, њангоми муайян намудани давомнокии рухсатї ба инобат гирифта намешаванд. Агар рўзи ба охир расидани рухсатї ба рўзњои истироњат рост ояд, корманд бояд ба кор рўзи аввали кории баъди истироњат барояд.

Ба мўњлати рухсатии пардохтшавандаи њарсола як ќатор даврањо дохил карда намешаванд:

1) муваќќатан ѓайриќобили мењнат будани корманд;

2) аз тарафи корманд иљро намудани вазифањои давлатї дар давраи рухсатии пардохтшавандаи њарсола, агар барои он мувофиќи ќонун аз кор озод будан пешбинї шуда бошад;

3) дар дигар њолатњои бо ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї, санади дохилии ташкилот пешбинишуда (нигаред, ба моддаи 95 КМ ЉТ тафсири он).

Моддаи 901. Соли корї. Соли корие, ки барои он рухсатии мењнатї дода мешавад, фосилаи ваќтест, ки баробар бо давомнокии соли таќвимї буда, барои њар як корманди алоњида аз рўзи ќабул ба кор њисоб карда мешавад.

Соли корї аз рўзи ба кор дохил шудани корманд (дар њамон ташкилот) ба 12 моњ баробар аст. Барои њар як корманд соли кори фардї буда, барои ў шахсан аз рўзи ќабул шудан ба кор њисоб карда мешавад.

Моддаи 91. Бањисобгирии собиќаи кор, ки барои рухсатии њарсолаи асосї њуќуќ медињад. Ба собиќаи кор, ки барои рухсатии харсолаи асосї њуќуќ медињад, инњо дохил мешаванд:

- ваќти кори воќеї дар давоми сол;

- ваќте, ки корманд амалан кор накардаву вале љои кораш (вазифааш) барои ў нигоњ дошта шудааст;

-ваќти ноилољ њозир нашудан ба кор њангоми ѓайриќонунї аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав барќарор намудан ба кори пештара;

- дигар ваќтњое, ки шартномањои соњавї (тарифї), ќарордодњои коллективї ва дигар санадњои алоњидаи ташкилот, шартњои шартномаи (ќарордоди) мењнатї пешбинї намудаанд.

Агар дар шартномаи коллективї, дигар шартномањои (ќарордоди) мењнатї тартиби дигаре пешбинї нашуда бошад, ба собиќаи кор, ки ба рухсатии њарсола њуќуќ медињад, инњо дохил карда намешаванд:

- ваќти бе сабабњои узрнок ба кор њозир набудани корманд;

- ваќти рухсатињои бемаош барои нигоњубини кўдак то ба синни муайяннамудаи ќонун расидани ў;

- ваќти рухсатињои бемаош, ки бо хоњиши корманд бо давомнокии беш аз 15 рўзи таќвимї дода шудаанд.

Ќонунњо ва дигар санадњои меьёрї оид ба мењнат метавонанд ќоидањои махсуси бањисобгирии собиќаи кориро, ки барои гирифтани рухсатињои иловагї хуќуќ медињанд, пешбинї намоянд.

Рухсатињои њарсолаи пардохтшавандаи мењнатї барои кор дар давоми давраи муайян, яъне барои собиќаи корї дода мешавад. Собиќаи корие, ки барои рухсатии њарсолаи асосї њуќуќ медињад, аз даврањои зерин иборат аст:

а) ваќти кори воќеї дар давоми сол, яъне ваќте, ки корманд таи он корњои (вазифањои) тибќи шартномаи (ќарордоди) мењнатї бар ўњда доштаро иљро карда буд, аз љумла давраи дар сафари хизматї будани он;

б) ваќте, ки корманд амалан кор накардаву вале љои кораш (вазифаш) барои ў нигоњ дошта шудааст, чунончи:ваќти аз тарафи корманд иљро намудани ўњдадорињои давлатї ва ё љамъиятї (масалан, ба љамъомадњои њарбї њозир шудан, ба сифати машваратчии халќї дар суд иштирок кардан, ваќти дар рухсатињои мењнатии асосї ва иловагии пардохтшавандаи асосии њарсола, будани корманд; давраи баланд бардоштани савия дониш ва ихтисоси касбї бо људо шудан аз истењсолот; даврае, ки корманд кўмакпулї аз њисоби суѓуртаи иљтимоии давлатї мегирифт ва дар ин давра љои кор (вазифаи) ў нигоњ дошта мешуд (давраи њомиладорї ва таваллуд, давраи нигоњубин аъзои бемори оила, табобати санаторию курортї, дар муассисањои статсионарї-протезї – ортопедї будани корманд);

в) ваќти ноилољ њозир нашудан ба кор бинобар ѓайриќонунї аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав барќарор намудан ба кори пештара.

Ин давра ба собиќаи кор барои додани рухсатии њарсолаи асосї аз он сабаб дохил мешавад, ки корфармо амали ѓайриќонунии худро пешгирї намуда, кормандро бо ташаббуси худ ва ё дар асоси њалномаи суд ба кор барќарор менамояд. Асос барои дохил намудани ин давра барои баромадан ба рухсатии асосї фармон ё амри корфармо дар хусуси барќарор намудани корманд мегардад;

г) дигар ваќтњое, ки шартномањои соњавї (тарифї), шартномањои коллективї ва дигар санадњои алоњидаи меъёрии дохилии ташкилот, шартњои шартномаи (ќарордоди) мењнатї пешбинї намудаанд (масалан, давраи иштироки корманд дар љараёни тартиб додан ва бастани шартномаи коллективї ва созишномањо, инчунин давраи иштироки ў дар корпартоии ќонунї). Ќисми дуюми моддаи 91 КМ ЉТ ваќти бе сабабњои узрнок дар кор њозир набудани корманд, ваќти дар рухсатињои бемаош будани ўро ба собиќаи кории ба рухсатии њарсола њуќукдињанда, дохил намекунад. Ќисми сеюми моддаи 91 КМ ЉТ ќоидањои махсуси бањисобгирии собиќаи кориро, ки барои гирифтани рухсатињои иловагї хуќуќ медињанд, нишон додааст, ки онњоро ќонунњо ва дигар санадњои меъёрї оид ба мењнат пешбинї менамоянд. Яке аз чунин санадњои меъёрї Ќарори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон № 764 аз 14 майи соли 1999 «Дар хусуси тасдиќи Низомнома дар бораи њисоб карани собиќаи хизмати давлатї»1 мебошад, ки мувофиќи он собиќаи бањисобгирифташудаи хизматчиёни давлатї, ба онњо њуќуќи гирифтани иловапулї барои хизмати дарозмуддат, рухсатии пулакии иловагї ва нафаќаро аз рўи сину сол медињад.

Моддаи911. Њуќуќи корфармо оиди таѓйир додани соли корї. Агар маљмўи даврањое, ки тибќи моддаи 91 њамин Кодекс ба соли корї дохил мешаванд, аз дувоздањ моњи пурраи таќвими кам бошанд, соли кории корманд ба ваќти нарасидаи он таѓйир дода мешавад.

Мафњуми соли корї дар моддаи 901 КМ ЉТ дода шудааст, ки он тибќи санадњои меъёрию њукуќї дар баъзе мавридњо аз тарафи корфармо таѓйир дода мешавад. Масалан, ба омўзгорон новобаста аз лањзаи ќабул шуданашон ба кор рухсатї дар фасли тобистон дар давраи таътили тобистона дода мешавад. Мутобиќи меъёри ин мода, таѓйр додани соли корї дар ташкилот барои соли корие дар назардошта шудааст, ки дар он корманд камтар аз 12 моњи пурраи таќвимї кор кардааст. Масалан, мутобиќи моддаи 92 КМ ЉТ ба занон пеш аз рухсатии њомиладорї ва таваллуд ё баъди он барои соли аввали корї то 11 моњи корї рухсатї дода мешавад. Баъди ба кор баргаштани онњо соли кори онњо аз лањзаи шурўъи кор њисоб карда мешавад.

Моддаи 92. Шартњои пешнињоди рухсатии мењнатї барои соли аввали корї. Рухсатии мењнатї (асосї ва иловагї) барои соли аввали корї на барваќттар аз ёздањ моњи корї аз љониби корфармо дода мешавад.

То ба итмом расидани ёздањ моњи корї корфармо вазифадор аст бо хоњиши корманд ба ў дар њолатњои зерин рухсатии мењнатї пешнињод намояд:

1) ба занон пеш аз рухсатии њомиладорї ва таваллуд ё баъди он;

2) ба кормандони синни то њаждањсола;

3) ба кормандоне, ки бо тартиби гузариш ба кор ќабул карда шудаанд;

4) ба кормандоне, ки мувофиќи хулосаи тиббї барои табобат дар истироњатгоњу санатория роњхат доранд;

5) ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) љой кор мекунанд, агар рухсатии мењнатиашон дар љойи кори асосї дар давраи то ёздањ моњи корї аз рўи дар ду (якчанд) љой кор кардан мувофиќ ояд;

6) ба омўзгорони мактаб, муаллимони муассисањои таълимї, касбию техникї, њайати профессорию омўзгории муассисањои таълимии олї ва миёнаи махсус;

6) ба иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї;

7) ба заноне, ки соњиби ду ва зиёда кўдаки синни то чордањсола ё кўдаки маъюби синни то њаждањсола мебошанд;

8) ба кормандоне, ки аз истењсолот људо нашуда, дар мактабњои тањсилоти њамагонии шабона (бастї), муассисањои таълимии касбию техникї, шўъбањои шабонаю ѓоибонаи муассисањои таълимии олї ва миёнаи махсус ва аспирантурањо таълим мегиранд;

10) дар дигар њолатњои тибќи ќонунгузории ЉумњурииТољикистон ва шартномаи (созишномаи) коллективї ё шартномаи (ќарордоди) мењнатї муайяншуда.

Ба хизматчиёни њарбие, ки ба эњтиёт љавоб шудаанд ва бо тартиби муташаккилона ба кор фиристода шудаанд, рухсатии мењнатї баъди гузаштани се моњ дода мешавад.

Ба зани (шавњари) хизматчии њарбї бо хоњишаш рухсатии мењнатї дар як ваќт бо рухсатии шавњари (зани) ў дода мешавад.

Ба ѓайр аз њолатњои дар банди 1-9 ќисми дуюм, ќисмњои сеюм ва чоруми њамин модда нишондодашуда рухсатї мутаносибан ба рўзњои дар давоми сол кор кардашуда, аммо на камтар аз 14 рўзи таќвимї дода мешавад.

Рухсатии асосии мењнатї ба корманд барои соли аввали кор баъди гузаштани 11 моњи кори бефосила дар њамон ташкилот дода мешавад. Рухсатї барои соли корї дода мешавад, вале на барои соли таќвимї (аз 1 январ то 31 декабр). Масалан, агар корманд фаъолияти мењнатиашро дар њамон ташкилот аз 10 августи соли 2003 сар карда бошад, пас рухсатии якуми мењнатї ба ў баъди 11 моњ, яъне 10 июли соли 2004 дода мешавад.

То гузаштани 11 моњи бефосилаи корї рухсатии њарсолаи асосї ба кормандони зерин дода мешавад:

а) ба занон - пеш аз рухсатии њомиладорї ва таваллуд ё баъди он ва ё баъди рухсатии нигоњубини кўдак, сарфи назар аз собиќаи кориашон дар ташкилоти мазкур (моддаи 170 КМ ЉТ);

б) ба кормандони аз њаждањсола хурд дар фасли тобистон ё њар ваќти барои онњо мувофиќ (моддаи 180 КМ ЉТ);

в) дар мавридњои дигари пешбининамудаи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрї.

Масалан, ба муаллимони мактабњо ва ба њайати профессорону омўзгорони мактабњои олї ва миёнаи махсус новобаста аз ваќти ба кор ќабул шудан рухсатии мењнатии њарсола дар давраи таътили тобистона дода мешавад. Кодекси ќонунњои мењнати соли 1972 (ќисми 3 моддаи 73) имконияти љамъбасти собиќаи мењнатиро барои гирифтани рухсатии пардохташавандаи њарсола њангоми гузаронидани корманд аз як ташкилот ба ташкилоти дигар пешбинї карда буд. Кодекси мењнати феълан амалкунанда низ чунин муќарраротро пешбинї кардааст. Корфармо ўњдадор аст барои чунин шахсон то фаро расидани ёздањ моњи кор дар њамин ташкилот рухсатї дињад.

Моддаи 92(1). Шартњои додани рухсатии мењнатї барои солњои дуюм ва баъдинаи корї. Рухсатии мењнатї (асосї ва иловагї) барои солњои дуюм ва баъдинаи корї њар ваќти соли корї мувофиќи навбати додани рухсатињои мењнатї дода мешавад, агар дар њамин Кодекс њолатњои дигар пешбинї нашуда бошанд.

Рухсатї барои солњои дуюм ва минбаъда мутобиќи навбати дар љадвали рухсатињо муќарраршуда дода мешавад. Љадвали рухсатињо санади меъёрии дохилї буда, њама сола на дертар аз 5 январ тартиб дода шуда, аз љониби корфармо ва кумитаи иттифоќи касабаи ташкилот тасдиќ карда мешавад. Љадвали мазкур дар воњидњои таркибии ташкилот овехта ё бо гузоштани имзо ба кормандон эълон мешавад. Рухсатї ба баъзе гурўњи кормандон дар њолатњои пешбининамудаи Кодекси мењнат бе риояи навбати дар ин љадвал муќаррар гардида дода мешавад. (Нигар ба тафсири моддаи 94).

Моддаи 93. Додани рухсатии њарсола ба ашхосе, ки аз профилакторияњои табобатию мењнатї баргаштаанд. Рухсатињои њарсола ба ашхосе, ки аз профилакторияњои табобатию мењнатї баргаштаанд, барои муддати кори воќеї дар љои кори охирин дода мешаванд.

Мувофиќи талаботи моддаи 21 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 27 июни соли 1991, № 370 «Дар бораи муолиљаи маљбурии беморони мубталои майзадагї ё нашъамандї», рухсатињои њарсола ба шахсоне, ки аз профилакторияњои табобатию мењнатї баргаштаанд, барои муддати кори воќеї дар љои кори охирон дода мешаванд. Давраи дар профилакторияи табобатию мењнатї будани кормандон ба собиќаи умумии кори онњо дохил мешавад. 'Масалан, мувофиќи моддањои 17 ва 18 Ќонуни Љумњурпи Тољикистон «Дар бораи воситањои нашъадор, моддањои психотропї ва прекурсорњо», табобати беморони нашъамандї ва токсикомандї дар асоси мурољиати ихтиёриашон, ашхоси ба синни 16 солагї нарасида бошад, бо розигии волидон ё дигар намояндагони ќонунии онњо сурат мегирад. Дар тамоми ваќти дар профилакторияи табобатию мењнатї будани ин гуна ашхос љои корашон нигоњ дошта шуда, барои тамоми давраи муолиља ба онњо вараќаи корношоямї дода мешавад.

Моддаи 94. Ваќт ва навбати додани рухсатии мењнатї. Ваќт ва навбати додани рухсатии мењнатї бо тартиби пешбининамудаи шартномаи (созишномаи) коллективї ва ё шартномаи (ќарордоди) мењнатї, ќоидањои тартиботи дохилии мењнатї, љадвали рухсатињо, ки бо маќомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ё байни корфармо ва корманд мувофиќа гардидааст, муайян карда мешаванд.

Љадвали дода шудани рухсатињои мењнатї барои соли таќвимї тибќи мўњлатњои муќарраргаштаи шартномаи (созишномаи) коллективї тартиб дода мешавад, ки он бо корфармою иттифоќи касаба ё дигар маќомоти намояндагии кормандон ба мувофиќа расида, ба маьлумоти њамаи кормандон пешнињод карда мешавад.

Њангоми муайян намудани ваќт ва навбати пешнињоди рухсатї, њуќуќњои кормандоне, ки барои гирифтани рухсатї имтиёз доранд, бояд таъмин карда шаванд:

дар давраи тобистон ва дигар ваќти муносиб:

1) ба кормандони синни то њаждањсола;

2) ба омўзгорони мактаб, муаллимони муассисањои таълимии касбию техникї, њайати профессорию омўзгории муассисањои таълимии олї ва миёнаи махсус;

3) ба иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї;

4) ба заноне, ки ду ва зиёда кўдаки синнашон то њаждањсола доранд;

5) ба кормандоне, ки бемории нурњои радиоактивиро аз сар гузаронидаанд;

6) ба кормандоне, ки дар бартарафкунии оќибати садамаи Чернобил иштирок кардаанд;

7) дар дигар њолатњое, ки дар шартномаи (созишномаи) коллективї ё шартномаи (ќарордоди) мењнатї пешнињод гаштаанд;

дар давраи муайян:

1) ба кормандоне, ки аз истењолот људо нашуда, дар мактабњои тањсилоти њамагонии шабона (бастї), муассисањои таълимии касбию техникї, миёнаи махсус ва олї, аспирантурањо - ќабл аз гузаронидан ё дар њолати гузаронидани машѓулиятњои муќарраргашта, иљрои корњои лабораторї ё таълимї, супурдани имтињонот ё санљишњо ба омўзиш машгуланд;

2) ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) љой кор мекунанд, дар як ваќт бо рухсатии мењнатии љойи кори асосї.

Ба мардони корманд мувофиќи хоњишашон дар давраи рухсатии њамсарашон барои њомиладорї ва таваллуд рухсатии њарсолаи мењнатї пешнињод карда мешавад. Ваќт ва навбати додани рухсатї бо санадњои дохилии ташкилот муќаррар карда мешавад. Корфармо дар мувофиќи бо маќомоти намояндагии кормандон ва ё корманд метавонад ин ваќтро дар шартномањои коллективї, ќарордоди мењнатї ва ё љадвали рухсатињо, ќоидањои тартиботи дохилии мењнатї муайян намояд. Љадвали рухсатињо њарсол тартиб дода мешавад ва ба маълумоти њар як корманд расонида мешавад.Чадвали рухсатињо бояд баробар таќсим намудани рухсатињо дар давоми як сол ва тамоми моњњоро дар бар гирад, то ки рафти кори мўътадили ташкилотро халалдор нагардонад. Дар љадвали рухсатињо бояд њуќуќи баъзе гурўњи кормандон, ки ба онњо тибќи ќонунгузорї барои истифодаи рухсатињо имтиёз дода шудааст, ба инобат гирифта шавад. Масалан, дар асоси аризаи корманд рухсатии њарсолаи пардохтшаванда бояд дар ваќти барои онњо ќулай дода шавад:

1) ба занњо - пеш аз рухсатии њомиладорї ва таваллуд ва ё баъди он (ниг., ба ќисми 1 моддаи 92 КМ ЉТ);

2) ба кормандони аз њаждањсола хурд (ниг., ба ќисми 1 моддаи180КМЉТ);

3) ба ветеранњои Љанги Бузурги Ватанї, ветеранњои амалиёти љангї дар ќаламрави давлатњои дигар, ветеранњои хизмати њарбї, ветеранњои мењнат мувофиќи банди 7 моддаи 24 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ветеранњо»1;

3) ба хизматчиёни њарбї (ба ѓайр аз хизматчиёни њарбие, ки хизмати њарбиро тибќи даъват адо мекунанд), ки барои њимояи сохти конститутсионї, истиќлолият ва тамомияти арзи Љумњурии Тољикистон дар амалиётњои љангї иштирок кардаанд. Њамчунин ба ашхоси ба онњо баробаркардашуда дар давраи адои хизмат њуќуќ дода шудааст рухсатии 50 рўзаро дар ваќти барояшон муносиб гиранд (ниг., ба моддаи 30 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи статус ва замонатњои њимояи иљтимої ва њуќуќии хизматчиёни њарбї ва ањли оилаи онњо»2;

4) ба занони (шавњарони) афсарњо, прапорщикњо аз рўи хоњиши онњо дар давраи рухсатии шавњар (зан).

Корфармо ўњдадор аст, ки њар як кормандро ба таври хаттї на дертар аз 15 рўз пеш аз оѓози рухсатї огоњ созад. Ба омўзгорони мактаб ва њайати омўзгорию профессории мактабњои олї ва таълимгоњњои миёнаи махсус новобаста аз ваќти ба кор ќабул шудани онњо, рухсатии њарсола дар давраи таътили тобистона дода мешавад.

Моддаи 941. Рухсатии мењнатии њарсола ва њолатњои истисноии ба соли дигар гузаронидани он. Корфармо ўњдадор аст, ки ба корманд, чун ќоида, дар давоми њар як соли корї (њар сол) рухсатии мењнатї пешнињод намояд. Дар њолатњои истисної, ки пешнињоди рухсатии пурраи мењнатї ба корманд дар соли љорї ба љараёни мўътадили кори муассиса, соњибкори инфиродї таъсири номатлуб расонида метавонад, бо розигии корманд як ќисми рухсатии ўро ба соли дигар гузаронидан мумкин аст. Ќисми боќимондаи рухсатии мењнатї набояд аз дањ рузи таќвимї кам бошад ва он то охири соли корї ба корманд дода мешавад. Ќисми рухсатии мењнатие, ки бо хоњиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи корї њамроњ карда мешавад ё ба таври алоњида, на дертар аз як соли пайдо кардани њуќуќ ба рухсатї мавриди истифода ќарор мегирад. Ба кормандони синнашон ба њаждањсола нарасида ва кормандоне, ки ба корњои вазнин машѓул мебошанд ва дар шароити вазнини зараровари мењнатї кор мекунанд, њамчунин дар дигар њолатњое, ки мувофиќи ќонунгузорињои Љумњурии Тољикистон пешбинї шудаанд, ба соли дигар гузаронидани рухсатии мењнатї иљозат дода намешавад. Дар давоми ду сол пай дар пай надодани рухсатии мењнатї мань аст.

Агар додани рухсатї ба корманд дар соли љорї ба кори мўътадили ташкилот халал расонад, бо розигии корманд рухсатї ба дигар сол гузоронида шуданаш мумкин аст. Ќонунгузор корфарморо ўњдадор месозад, ки ба корманд рухсатии мењнатии њарсола дињад. Лекин њолатњои истисноии ба соли дигар гузарондани рухсатї пешбинї шудаанд. Ќонунгузор доираи кормандонеро, ки рухсатии мењнатии онњо ба соли дигар гузаронида намешавад, мањдуд накардааст, ба ѓайр аз рухсатии њарсолаи ноболиѓон, шахсони ба кори вазнин машѓулбуда, инчунин дигар шахсони дар ќонун зикргардида. Инчунин њангоми надодани рухсатии солона корфармо вазифадор аст, ки дар соли дуюм рухсатии кормандро њатман дињад.

Моддаи 95. Њукуќи корманд оиди ба дигар ваќт гузаронидан ва дароз намудани мўњлати рухсатии мењнатї дар давоми соли корї. Рухсатии мењнатї метавонад ба дигар ваќт гузаронида ё дароз карда шавад:

1) њангоми корношоямии муваќќатии корманд;

2) њангоми фаро расидани мўњлати рухсатї барои њомиладорї ва таваллуд;

3) њангоми рост омадани рухсатии солонаи мењнати бо рухсатї барои тањсил бе људо шудан аз истењсолот (агар корманд чунин рухсатиро пеш аз рухсатии мењнатї ва ё дар ваќти рухсатии мењнатї ва баъд аз даъвати муассисаи таълимї ба расмият дароварда бошад);

4) њангоми иљрои вазифањои давлатй ё љамъиятї, агар ќонунњо ва ё дигар санадњои меъёрии њуќуќї барои иљрои чунин вазифањо аз кор озод намудани кормандро пешбинї карда бошанд;

5) њангоми пардохт накардани музди мењнати корманд дар мўњлати муќаррарнамуда барои рухсатї;

6) бо мувофиќаи тарафњо, инчунин дар дигар њолатњое, ки ќонунгузорї ва шартномањои коллективї пешбинї намудаанд.

Дар њолатњое, ки ин гуна сабабњо дар давраи рухсатї ба миён омада бошанд, рухсатї ба муддати он рўзњо дароз ё бо мувофиќаи корманд ва корфармо ќисми рухсатии истифоданашуда бо розигии корфармо ба мўњлати дигари соли равони корї гузаронида мешавад.

Агар сабабњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда то оѓози рухсатии мењнатї ба вуљуд омада бошанд, рухсатї бо хоњиши кирманд ба ваќти дигари соли корї бо розигии байни корманду корфармо гузаронида мешавад.

Корманд ўњдадор аст корфарморо аз сабабњое, ки ба истифодабарии рухсатї дар мўњлати муайяншуда ва ваќти дароз намудани рухсатї монеъ мешаванд, огоњ созад. Рухсатии њарсола барои истироњат дода мешавад. Бинобар ин давраи корношоямии муваќќатї, давраи њомиладорї ва таваллуд ва дигар даврањои дар моддаи 95 КМ ЉТ пешбинишуда ба њисоби рухсатињои њарсолаи мењнатї дохил карда намешаванд. Агар корманд дар давраи дар рухсатї буданаш бемор шавад, он гоњ рухсатии корманд мутобиќан ба шумораи рўзњои беморї дароз карда мешавад. Рухсатии мењнатї ба ваќти дигар гузаронида ва ё дароз карда мешавад, ба шарте, ки беморї ва ё зиён дар ваќти рухсатї љой дошта бошад ва он бо асноди муассисаи тиббї тасдиќ шуда бошад. Вале, агар корманд дар давраи рухсатї муваќќатан бо сабаби мастй, њамчунин дар натиљаи сўистеъмоли нўшокињои спиртї ва моддањои нашъовар корношоям гардида бошад, дар ин сурат асноди додашуда, асоси ба ваќги дигар гузаронидан ва дароз намудани рухсатї намешавад. Агар корношоямии муваќќатии корманд то саршавии рухсатии њарсола рух дода бошад, пас дар мувофиќаи корфармо бо корманд мўњлати нави рухсатї муайян карда мешавад. Ќонун дароз кардан ва ё ба ваќти дигар гузаронидани рухсатии мењнатиро танњо бо корношоямии муваќќатии худи корманд алоќаманд намудааст, бинобар ин ба сабаби дар давраи рухсатї ба нигоњубини аъзои бемори оила банд будани корманд, рухсатии ў дароз ё ба дигар мўњлат гузаронида намешавад. Агар дар лањзаи рухсатии њарсола мўњлати рухсатии давраи њомиладорї ва таваллуд фаро расад, пас ба корманд вараќаи корношоямии пеш аз таваллуд дода мешавад. Рўзњои истифоданашудаи рухсатї бояд баъди ба охир расидани рухсатии баъди таваллуд ва ё ваќти дигари барои корманд мувофиќ дода шаванд. Ба сифати яке аз кафолатњои барои кормандони дар баробари кор дар омўзишгоњњои касбию техникї, омўзишигоњњои дигар ва мактабњои миёнаи махсус ва олї тањсил дошта, рухсатињои иловагї баромад мекунанд, ки барои корњои лабораторї, супоридани санљишњо ва имтињонњо, омодагї ва дифои лоињаи (корњои) дипломї аз љои кор дода мешавад (ниг., ба моддањои 184-188 КМ ЉТ). Ин рухсатињо аз рўи таъиноташон дар амалия рухсатињои таълимї номида мешаванд. Њангоми рост омадани ваќти рухсатии тањсил бо ваќти истифодабарии рухсатии пардохтшавандаи мењнатии њарсола, рухсатии њарсола бо хоњиши корманд ба ваќти дигар гузаронида мешавад ва ё мўњлати рухсатии њарсола дароз карда мешавад (нигар ба моддаи 95 КМ ЉТ). Моддаи 110 КМ ЉТ пешбинї намудааст, ки њангоми иљрои вазифањои давлатї ва љамъиятии пешбининамудаи ќонун, ба корманд љои кораш (вазифааш) нигоњ дошта шуда, музди миёнаи мењнаташ пардохта мешавад (масалан, иљрои вазифањои аъзои комиссияи интихоботї, гузаштани љамъомадњои њарбї ва ѓайра). Агар ваќти иљрои вазифањои давлатї бо ваќти рухсатињои пардохташавандаи њарсола рост ояд, он гоњ рухсатї ба миќдори он рўзњо дароз карда мешавад.

 

Моддаи 951. Оќибати бе асоси ќонунї ва ризояти корфармо рад намудани истифодаи рухсатии мењнатї аз љониби корманд. Агар рухсатии мењнатї бо риояи тартиботи муќарраргашта пешнињод карда шавад, аммо корманд истифодаи онро дар мўњлати муайяншудаи он то охири соли корї бе асоси ќонунї рад кунад, корфармо њуќуќ дорад рухсатии кормандро ба ваќти дигар нагузаронад ва истифода нашудани рухсатиро бо маблаѓи пулї љуброн накунад, ба ѓайр аз њолатњое, ки дар ќисми якуми моддаи 100 њамин Кодекс нишон дода шудаанд

Дар моддаи тафсиршаванда истифода накардани рухсатии мењнатї ба иродаи корманд вобаста аст. Корманд аз рухсатии мењнатии дар асоси ќонун пешнињодшуда бе ягон асоси узрнок даст мекашад. Дар ин маврид корфармо њуќуќ дорад (лекин казифадор нест), ки рухсатии кормандро ба соли дигар нагузаронад ва љубронпулии онро надињад. Ќонунгузор дар як њолат, яъне њангоми аз кор озод шудани корманд ба ў љубронпулї барои истифода накардани рухсат медињад.

Моддаи 96. Ба ќисмњо људо кардани рухсатї. Бозхонд аз рухсатї. Бо мувофиќаи корманд ва корфармо рухсатиро ба ќисмњо људо кардан мумкин аст. Зимнан яке аз он ќисмњо бояд ва 14 рўзи таќвимї камтар набошад. Аз рухсатї бозхондан танњо бо розигии корманд мумкин аст. Ба ин иртибот ќисми истифоданашудаи рухсатї бояд ба корманд дар давоми њамон соли корї ваќти барояш мусоид дода шавад ва ё ба рухсатии соли кории оиндааш бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 94' ин Кодекс илова гардад, агар њолатњои дигар дар шартномаи коллективї пешбинї нашуда бошанд. Аз рухсатї бозхондани кормандони аз њаждањсола хурд ва кормандоне, ки дар шароити барои саломатї зараровар ё хавфнок ва вазнини мењнатї кор мекунанд ё корашон характери махсус дорад, њамчунин дигар ашхос дар њолатњои дар ќонунгузорї пешинишуда мумкин нест.

Моддаи 8 Конвенсияи СБМ № 132 (соли 1970 аз сари нав дида баромадашуда) муќаррар намудааст, бо розигии маќомоти ваколатдори њокимият ва ё маќомоти дигари дахлдор дар њар як мамлакат ба ќисмњо људо кардани рухсатии њарсолаи пардохташаванда имкон дорад. Яке аз ин ќисмњои рухсатї бояд аз 2 њафтаи бефосилаи корї кам набошад. Ќисми 1 моддаи 96 КМ ЉТ мутобиќи ин Конвенсия тањия шуда, имконияти ба ќисмњо људо кардани рухсатиро бо мувофиќаи корманд ва корфармо пешбинї намудааст. Таќсимоти рухсатии пардохтшавандаи њарсола ба ќисмњо дар асоси аризаи корманд ва розигии корфармо сурат мегирад. Ба ќисмњо људо намудани рухсатињо барои як ќатор кормандон муќаррар шудааст. Масалан, дар асоси талаботи ќисми 3 моддаи 126 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон»1, бо хоњиши судя рухсатї мумкин аст ќисм - ќисм дода шавад ва дар ин маврид давомнокии як ќисми рухсатии додашуда бояд аз 14 рўзи таќвимї камтар набошад. Мувофиќи ќисми сеюми моддаи 30 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» бошад, рухсатии њарсолаи пулакї ва рухсатии иловагии пулакї љамъ карда шуда, бо хоњиши хизматчии давлатї мумкин аст, ќисм -ќисм дода шавад. Зимнан давомнокии њар як ќисми рухсатї набояд аз 14 рўзи таќвимї кам бошад. Кодекси мењнат ба чанд ќисмњо људо кардани рухсатии мењнатиро муайян накардааст. Муњимаш он аст ки як ќисми рухсатї аз 14 рўзи таќвимї камтар набошад. Ќисми дуюми моддаи 96 КМ ЉТ аз рухсатї бозхондани кормандро танњо бо розигии ў имконпазир мешуморад. Ќисми рухсатии истифоданашуда бояд ба корманд дар давоми њамон соли корї ва дар ваќти барояш мусоид дода шавад ва ё тибќи талаботи меъёрњои моддаи 941 (ниг., ба моддаи мазкур ва тафсири он) ба рухсатии соли кории ояндааш илова гардад. Бозхонди корманд аз рухсатї дар асоси фармони (амри) хаттии корфармо, ки дар он розигии корманд ба таври хаттї ифода ёфтааст, сурат мегирад. Рад намудани корманд дар хусуси ба кор набаромадани он вобаста ба бозхонди ў аз рухсатї, вайронкунии интизоми мењнат намешад ва боиси татбиќи љазои интизомї намегардад. Бозхонд аз рухсатї боиси бозњисобии музди мењнат мегардад. Музди мењнат барои давраи ќисми истифоданашудаи рухсатї ба њисоби музди мењнате, ки корманд бояд њангоми ба кор баромадан гирад, дохил мешавад. Њангоми аз тарафи корманд гирифтани ќисми истифоданашудаи рухсатї њисоб кардани маблаѓи ин давра аз сари нав сурат мегирад. Ќисми чоруми моддаи 96 Кодекси мењнат манъ будани бозхонд аз рухсатии мењнатиро барои баъзе гурўњи кормандон, аз љумла кормандони аз 18 сола хурд ва шахсоне, ки дар шароити барои саломатї зараровар ва вазнини мењнат кор мекунанд ё корашон хусусияти махсус дорад, муќаррар кардааст. Азбаски рухсатии њарсолаи пардохташаванда барои истироњат, барќарор намудани ќобилияти мењнатї дода мешавад (ниг., ба ќисми 1 моддаи 84 КМ ЉТ ва тафсири он), бинобар ин ќонунгузор имконнопазир будани бозхонди гурўњи кормандони дар ќисми 2 моддаи 96 КМ ЉТ пешбинишударо хеле бамаврид муќаррар намудааст.

Моддаи 97. Пардохти рухсатии асосии њарсола. Дар давраи рухсатии асосии њарсола ба корманд ба андозаи на камтар аз музди миёнаи мењнат пардохт кафолат дода мешавад. Пардохти рухсатї дар мўњлатњои муќаррарнамудаи шартномаи коллективї, вале ба њар њол на дертар аз як њафта пеш аз оѓози он сурат мегирад.

Пардохти рухсатињо мувофиќи талаботи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 декабри соли 2002 № 500 «Дар бораи тадбирњои татбиќи фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 25 октябри соли 2002 № 930» ба амал бароварда мешавад. Мувофиќи Низомнома «Дар бораи тартиби муайян намудани музди миёнаи мењнат барои пардохти корношоямии муваќќатї, пардохти рухсатињо ва дар дигар њолатњое, ки њисоб кардани музди миёнаи мењнатро талаб мекунанд ва андозаи музди мењнат, ки ба он коеффитсиентњои муќарраргардидаи ноњиявї (барои кор дар бисбон ва љойњои беоб), коэффитсиент барои баландкўњї њисоб карда мешаванд», музди миёнаи мењнати якрўза барои пардохти маблаѓи рухсатї бо роњи таќсими њамаи маблагњои воќеии њисобкардашуда барои давраи аз лањзаи баландшании охирини маошњои вазифавии амалкунанда (меъёрњои тарифї) ба миќдори пурраи моњњои то пешнињоди рухсатї ва бо коеффисенти 29,4 - микдори миёнаи рўзњои таќвимї муќарраршуда, муайян карда мешавад. Њангоми њисоб кардани музди миёнаи мењнат дар њолатњои додани рухсатї то давраи зиёдшавии маошњои вазифавии (меъёрњои тарифии) амалкунанда, маошњои вазифаии (меъёрњои тарифї), инчунин мукофотњо ва дигар пардохтњо ба андозаи афзоиш тасњењ карда намешаванд. Агар рухсатї барои давраи аз лањзаи баланд бардоштани маошњои вазифавии амалкунаида ва минбаъда дода шавад, њангоми њисоб кардани музди миёнаи мењнат, њамаи пардохтњои баъди баландшавї суратгирифта, инчунин мукофотњо ва дигар пардохтњои (ба ѓайр аз маошњои вазифавї) то баландшавї анљом дода шуда ва ба давраи њисобї воридшаванда, ба хисоб гирифта мешаванд. Њамаи мукофотњо ва пардохтњои давраи то зиёдшавї ва шомили давраи хисобї, ба андозаи зиёдкунї тасњењ карда мешавад. Дар сурате, ки агар давраи њисобї пурра адо нашуда бошад, рухсатї аз рўи музди миёнаи мењнатї рўзона, бо тарзи таќсим намудани музди мењнати барои ваќти ба таври воќеї коркардашуда муайяншаванда ба миќдори рўзњои таќвимї пардохт карда мешавад. Њангоми њисоб кардани давомнокии рухсатии њарсола бо рўзњои таќвимї, рўзњои љашнии ѓайрикорї, ки ба давраи рухсатї рост меоянд, ба микдори рўзњои таќвимии рухсатї дохил нашуда, пардохт карда намешаванд. Њангоми бо корманд ќатъ намудани муносибатњои мењнатї амалњои зерин анљом дода мешаванд:

- њисоби љубронпулї барои рухсатии истифоданашуда, кўмакпулии аз корравї ва дигар пардохтњои минбаъда, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар намуда, аз рўи музди миёнаи мењнати рўзона бо дарназардошти маошњои вазифавие (меъёрњои тарифї), ки то лањзаи ќатъи муносибатњоимењнатї амал мекарданд;

- дар сурати аз тарафи корманд пешакї истифода шудани рухсатї, мувофиќи тартиби муќаррарнамудани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ситонидани маблаѓњои барои рузњои рухсатї аз музди миёнаи мењнати рўзонаи ба корманд пардохташуда.

Мувофиќи ќисми дуюми моддаи 97 КМ ЉТ пардохти рухсатї дар мўњлатњои муќаррарнамудаи шартномаи коллективї, вале ба њар њол на дертар аз як њафта пеш аз оѓози он сурат мегирад. Агар ин мўњлат аз тарафи корфармо риоя карда нашавад, пас мувофиќи талаботи моддаи 95 КМ ЉТ бо аризаи корманд рухсатї ба мўњлати дигар гузаронида мешавад (ниг., ба моддаи мазкур ва тафсири он).

Моддаи 971. Воситањои пардохти рухсатињо. Пардохти рухсатињои мењнатї ва иљтимоии пардохтшаванда (ба ѓайр аз рухсатии њомиладорї ва таваллуд (моддаи 164 њамин Кодекс) ва нигоњубини кўдак (модањои 165,166 њамин Кодекс) аз њисоби воситањои худи корфармо ва дар муассисањое, ки аз буљети давлатї маблаѓгузорї мешаванд, аз њисоби воситањое, ки дар сметаи харољот барои нигоњдории онњо ва музди мењнат пешбинї гардидаанд, амали карда мешавад. Пардохти рухсатї аз рўи њомиладорї ва таваллуд, рухсатии нигоњубини кўдак аз њисоби воситањои суѓуртаи давлатии иљтимої амалї карда мешавад.

Моддаи 100.Амалї кардани њукуќи рухсатї њангоми аз кор озод намудан. Њангоми аз кор озод намудан новобаста аз асосњои мављуда ба корманде, ки рухсатии мењнатии худро ќисман ё пурра истифода набурдааст, љубронпулї дода мешавад. Бо хоњиши корманд њангоми бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо ташаббуси ў рухсатињои истифоданашуда бо шарти пас аз ба итмом расидани рухсатї аз кор озод кардан дода шуда метавонанд. Дар ин њолат таърихи аз кор озод шудан рўзи охирини рухсатї њисоб карда мешавад.

Њангоми аз кор озод шудан бинобар ба охир расидани мўњлати шартномаи (ќарордоди) мењнатї, рухсатї бо шарти баъди рухсатї аз кор озод гардидан ваќте дода шуда метавонад, ки агар мўњлати рухсатї пурра ё ќисман аз мўњлати шартномаи (ќарордоди) мењнатї бештар бошад. Дар ин њолат амали шартномаи (ќарордоди) мењнатї то ба охир расидани рухсатї дарозкардашуда ба њисоб меравад. Љубронпулї барои рухсатии пурраи мењнатї дар сурате пардохта мешавад, ки агар корманд то рўзи аз кор озод шудан дар тамоми соли корї кор карда бошад. Агар то рўзи аз кор озод шудан корманд як ќисми соли корї мењнат карда бошад, љубронпулї мутаносибан ба ваќти кор кардашуда пардохта мешавад. Љубронпулї барои рухсатии мењнатии истифоданашуда њангоми аз кор озод кардан дар рўзи озодкунї пардохта мешавад.

Њангоми аз кор озод намудани корманд њамаи маблаѓњои ў дар рўзи охирини кор пардохта мешаванд (нигар ба ќисми 3 моддаи 108 КМ ЉТ ва тафсири он). Њисоб кардани љубронпулї барои рухсатии истифоданашуда, њисоби кўмакпулии аз корравї ва дигар пардохтњои минбаъда, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст, мувофиќи Низомнома «Дар бораи тартиби муайян намудани музди миёнаи мењнат барои пардохти корношоянии муваќќатї, пардохти рухсатињо ва дар дигар њолатњое, ки њисоб кардани музди миёнаи мењнат, ки ба он коэффитсиентњои муќарраргардидаи ноњиявї (барои кор дар биёбон ва љойњои беоб), коэффитсиент барои баландкўњї њисоб карда мешаванд» сурат мегардад (нигар ба ќисми 1 моддаи 97 КМ ЉТ ва тафсири он). Љуброни пулии њамаи рухсатињои истифоданашуда ба андозаи музди миёнаи мењнат мутаносибан ба давомнокии рухсатї барои шумораи моњњои корї дар давоми соли корї пардохта мешавад. Њангоми рухсатии 24 рўза он ба андозаи 2 музди маоши миёнаи рўзона барои њар як моњи корї, њангоми рухсатии 30 рўзаи таќвимї - 2,5 музди маоши миёна барои њар як моњи корї ва агар рухсатї 36 ва 48 рўзи таќвимї муќаррар шуда бошад, мувофиќан ба андозаи 3 ва 4 маоши миёнаи мењнати рўзона барои њар як моњи корї муќаррар карда мешавад. Моњњои нопурра, ки аз нисфи моњ каманд, њисоб карда намешаванд, аз нисфи моњ зиёд то як моњи пурра яклухт карда мешавад. Ќисми якуми моддаи тафсиршаванда новобаста аз он, ки корманд бо кадом асосњо аз кор озод мешавад (бо хоњиши худ, бо ташаббуси корфармо ва ё бо њолатњои ба иродаи тарафњо вобаста набуда), чуброни пулии њамаи рухсатињои аз тарафи ў истифоданашударо кафолат медињад. Ѓайр аз он, ин ќисми модда танњо њангоми бо хоњиши корманд бекор кардани шартномаи (ќарордоди) истифода бурдани њуќуќи рухсатињои истифоданашударо бо шарти баъди ба охир расидани рухсатї аз кор озод кардан пешбинї мекунад, ки ин ба озод намудани корманд аз кор бо ташаббуси корфармо ва ё бо њолатњои ба иродаи тарафњо вобастанабуда, дахл надорад.

Ќисми дуюми ин модда бошад, дар алоќамандї бо ќисми якуми њамин модда охирин рўзи рухсатиро таърихи аз кор озод шудан эътироф кардааст. Дар амалия њолатњое пайдо мешаванд, ки корманд баъди истифода бурдани рухсатии мењнатї, ки рўзи охирини он санаи аз кор озод шудани корманд мебошад, хоњиши дар кор монданро онро изњор менамояд. Дар ин њолат талаботи ќисми чоруми моддаи 45 КМ ЉТ бояд риоя карда шавад, яъне корманд метавонад аризаи худро оиди бекор кардани шартномаи мењнатї пас гашта гирад ба шарте, ки ба љои ў ба таври табдили кор корманди дигар даъват нашуда бошад. Њангоми аз кор озод шудани корманд то ба охир расидани соли корї, ки барои он аллакай ў аз рухсатии пардохташаванда истифода намудааст, мумкин аст маблаѓи зиёдатии пардохташуда барои рўзњои корнакардаи рухсатї нигоњ дошта шавад. Маблаѓ барои ин рўзњо нигоњ дошта намешавад, агар корманд бо асосњои дар моддаи 46 (ќисми якум бандњои 1, 2, 5, 9) ва бандњои 1, 2 ва 4 моддаи 53 КМ ЉТ аз кор озод шуда бошад (ниг., ба моддањои зикршуда ва тафсири онњо). Агар корманд дар рўзи аз кор озод шуданаш маблаѓи мегирифта надошта бошад, аз ў барои рўзњои рухсатии истифода кардааш маблаѓ нигоњ дошта намешавад (ниг., ба ќисми 2 моддаи 109 КМ ЉТ ва тафсири он). Кодекси мењнат он додани рухсатии мењнатиро бо шарти аз кор озод шудани корманд бинобар сипарї шудани мўњлати шартномаи мењнатї дар њолате пешбинї намудааст, ки агар мўњлати рухсатї пурра ё ќисман аз мўњлати шартномаи (ќарордоди) мењнатї бештар бошад. Масалан, агар шартнома ба мўњлати 1 сол баста шуда бошад, он гоњ мувофиќи талаботи моддаи 92 КМ ЉТ баъди гузаштани 11 моњи корї, корманд њуќуќи гирифтани рухсатии мењнатиро дорад. Агар давомнокии рухсатии ў 36 рўзи таќвимї бошад, пас то рўзи хатми рухсатї, амали шартнома (ќарордоди) мењнатї дароз кардашуда њисоб меёбад. Ё баръакс корманд метавонад баъди хатми мўњлати шартномаи бастааш, яъне баъди 12 моњ рухсатиашро истифода барад ва дар ин њолат рўзи ба охир расидани рухсатї, рўзи ќатъ гардидани амали шартнома мегардад.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 113 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Ваќти дамгирї| Рухсатињои эъљодї ва иљтимої.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.057 сек.)