Читайте также:
|
|
Рељаи ваќти корї ин таќсими меъёри ваќти корї дар давраи муайяни календари аст. Реља ифодакунандаи сохти њафтаи корї (панљрўа ва ё шашрўза), давомияти кори њаррўза, оѓоз ва анљоми рўзи корї, ваќт ва давомияти танафус дар давоми рўзи корї, шумораи бастњо дар давраи њисоботи ва ѓайра мебошад. Чунин намуњои рељаи ваќти корї љой дорад: 1. њафтаи кори панљрўза ва шашрўза ва рељаи ваќти кори якљоя бањисобгирифташаванда. Ѓайр аз се намуди рељаи ваќти корї инчунин чунин рељањо тадбиќ карда мешаванд.
Рељаи рўзи кории таќсимшуда ва ё бамеъёргирифтанашуда- барои кормандоне, Ки њаљми корашон дар давоми рўз бамеъёр гирифта нашудааст ва ду маротиба дар давоми рўз ба кор меоянд. Ба монанди кормандони алоќа, метрополитен. Њуќуќи интихоби чунин реља ба роњбари корхона бо гирифтани ризоияти итифоќи касаба ва ризояти корманд дода шудааст. Барои иљрои кор дар бастњо бо ду баромад ба кор иловапулї дода мешавад.
Моддаи 71. Якљоя ба њисоб гирифтани ваќти кор. Дар ташкилотњое, ки мувофиќи шароити истењсолот (кор) давомнокии муќарраргардидаи њарњафтаинаи ваќти коррро риоя кардан мумкин нест, метавонад бањисобгирии якљояи ваќти кор љорї карда шавад, ба шарте ки давомнокии ваќти кор дар давраи бањисобгирї аз шумораи мўътадили соатњои кор (моддањои 67-70 њамин Кодекс) зиёд набошад. Дар ин маврид давраи бањисобгирї набояд аз як сол ва давомнокии кори њаррўза (смена) аз 12 соат зиёд бошад. Тартиби татбиќи бањисобгирии якљояи ваќти корро шартномаи коллективї ва агар он баста нашуда бошад, корфармо баъди маслињат бо маќоми дахлдори намояндагии кормандон муќаррар менамояд.
Корфармо вазифадор аст бањисобгирии кориро ба роњ монад. Бањисобгирии ваќти кор воситаи муњими назорати иљрои меъёри муќарраршудаи давомияти кор аз љониби корманд мебошад. Ќонунгузории мењнат 3 намуди бањисобгирии ваќти корро пешбинї намудааст: “њаррўза”, “њафтаина” ва «якљоя”. Бањисобгирии њаррўза дар сурати якхела будани давомнокии кори њаррўза истифода бурда мешавад. Бањисобгирии њафтаинаи кор, њамон ваќт истифода бурда мешавад, ки агар ќонун њафтаи кориро бевосита муќаррар карда бошад (40, 36, 35, 24, 12 соат) ва давомнокии кори њаррўза тибќи љадвал дар доираи меъёри муќарраршудаи њафта муайян карда шуда бошад. Якљоя бањисобгирии ваќти кор њангоми кори басти барои њафта, моњ, семоња ва сол истифода бурда мешавад, агар бастњои корї давомнокии њархела дошта бошанд.
Чунин бањисобгирии ваќти кор дар ташкилотњои муттасилкоркунанда, њангоми иљро намудани кор дар љои дигар (аз рўи методи вахтавї), дар наќлиёти роњи оњан, дар корњои растанипарварї, геологї, кўњканї, сохтмон ва ѓайрањо истифода бурда мешавад. Кам ё зиёд кор кардан, ё зиёдкоркунї аз ваќти басти корї дар доираи бањисобгирии ваќти корї мувофиќ гардонидашуда, мувофиќан бо кам кардан дар дигар басти кори ва ё бо рўзњои истироњати иловагї љуброн карда намешаванд. Ваќти кори зиёда аз басти корї, изофакорї хисобида мешавад. Агар давомнокии ваќти кори воќеии њаррўза дар рўзњои алоњида бо давомнокии басти корї аз рўи љадвали корї рост наояд, он гоњ зиёд кор кардан дар баъзе рўзњо (дар доираи давомнокии аксари басти корї) бо кўтоњ намудани ваќти корї дар рўзњои дигар љуброн карда мешавад, ё дар доираи давраи бањисобгирї рўзи дигари истироњат дода мешавад. Дар ин њолат чунин зиёдкоркунї изофакорї њисоб намешавад. Тартиби бањисобгирии якљояи ваќти кор дар шартномаи мењнатї нишон дода мешавад ва агар дар он пешбинї нашуда бошад, корфармо онро бо маслињати пешакї бо маќоми намояндагии корманд, муќаррар менамоянд.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 56 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Намудњои ваќти корї. Ваќти кори мўътадил. Ваќти кори кўтоњшуда. Ваќти нопурраи кор. | | | Рељаи чандирии ваќти корї. Кори бастї. |