Читайте также: |
|
Меъёри андоз ин бузургии њисобкардашудаи маблаѓи андозњо мебошад, ки нисбати воњиди ченаки манбаи андозбанди истифода бурда мешавад. Меъёри андоз бо фоиз ё (ва) маблаѓи мутлаќ нисбати воњиди ченаки манбаи андозбанди муќаррар карда мешавад. Масалан, бо назардошти ќисмњои 2 ва 3 моддаи 144 КА ЉТ фоидаи корхона, ки тибќи муќаррароти моддаи 160 Кодекси андози ЉТ ба маблаѓи зарари ба давраи дигар гузаронидашуда кам карда шудааст, аз рўи меъёри 25 фоиз андозбанди мегардад. Меъёри андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои содирот, 20 фоизи муомилоти андозбандишаванда ва (ё) 20 фоизи воридоти андозбандишавандаро ташкил медињад.
Меъёрњои андоз аз рўи тарзу усули муќарраргардида ба се намуд људо карда мешавад.
1. Меъёри ќатъї андоз- барои воњиди андозбандї ба андозаи муайян муќаррар карда шудааст. Масалан меъёри андози замин (ба њисоби сомони барои як гектар ё метрии мураббаъ).
2.Меъёри фоизи андоз- барои андозбандии аксари андозњо хос мебошад. Меъёри фоизї аз рўи моњияти худ ба 3 намуд људо карда мешавад:
а) меъёрњои марљї (миргиналї)- дар тавсифу таърифи андоз муќаррар карда мешавад. Истилоњи марљї (миргиналї)- тадбиќ гардидан нисбати ќисматњои људогонаи даромад, дараљањои андоз мебошад. Масалан, дар тавсифу таърифи андози даромади шахсони воќеї -на зиёда аз музди мењнатї њадди аќали миёна аз даромад андозбанди намешавад, зиёда аз музди мењнатї њадди аќали миёна то 100 сомонї 8 фоиз, зиёда аз 100 сомонї 13 фоиз маблаѓи даромади андозбандишаванда аст. Дар ин маврид меъёрњои 8 фоиз, 13 фоиз меъёрњои марљї (маргиналї) мебошанд.
б) меъёри воќеї – њамчун муносибат озоди пардохта ба манбаи андоз муайян карда мешавад.
в) меъёри иќтисодї – њамчун таносуби андози пардохта нисбати тамоми даромад муайян карда мешавад.
3. Меъёри омехтаи андоз. Дар як маврид њам меъёри ќатъи ва њам меъёри фоизии андоз истифода карда мешавад.
Тарзу усули андозбандї – тартиби вобаста ба афзоиши манбаи андоз таѓийр ёфтани меъёри андоз мебошад. Чунин тарзу усули андозбанди љой дорад:
1.Баробар. Барои њар андозсупоранда маблаѓи баробари андоз муќаррар карда мешавад. Ин усул ваъзи амволии андозсупорандаро бањисоб намегирад. Он ќонеъ гардониджани талаботи умумии андозсупорандагонро њамчун аъзоёни љаъмият бо љиду љањди умумии баробари онњо, бо воситаи љаиоварї кардани маблаѓи якхелаи андоз аз њар андозсупоранда пешбинї менамояд. Дар сурати андозбандии баробар бори вазнини андоз назар ба андозсупорандагони доро ба дўши андозсупорандагони нодортар меафтад. Ќодекси андози ЉТ ин навъи андозро пешбинї накардааст.
2.Мутаносиб. Барои њар андозсупоранда на маблаѓи баробари андоз балки меъёри баробари андоз муќаррар карда мешавад. Меъёри андоз ба бузургии манбаъи андозбандї вобаста намебошад. Бо афзоиши манбаъи андозбандї мутаносибан маблаѓи андоз андозбандї гардидааст, ки таќсими баробари андозро дар бай ни њамаи андозсупорандагон мувофиќи маблаѓу амволи њар кадомашон, ќудрати иќтисодї, ќобилияти пардохти андоз таъмин менамояд. Аксари андозњои имрўаи ЉТ(андози замин, андози соњибони воситаи наќлиёт ва ѓайра) андозбандии мутаносибанд.
3.Прогресивї (пешрафт). Дар баробари васеъ шудани манбаи андоз меъёри андоз меафзояд. Дар ин андозбанди манбаи андоз ба дараљањои андоз аз рўи меъёри алоњида андозбанди мегардад.
4.Регресивї (пастравї). Дар баробари афзоиши манбаи андоз њаљму андозаи меъёри андоз кам мешавад.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 172 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз. | | | Имтиёзњо дар бахши андоз. |