Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Андоз аз арзиши иловашуда

Мавќеи андозњо дар љодаи таъмини дороии давлат | Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї | Навъњои андоз дар ЉТ | Мавзўи 3. Унсурњои асосии андоз | Андозсупоранда | Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз. | Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї. | Имтиёзњо дар бахши андоз. | Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз. | Система ва намудњои андоз дар Љумњурии Тољикистон. |


Читайте также:
  1. А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.
  2. А. Минтаќаи дорои андозбанди имтиёзнок(оффшорї).
  3. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  4. Андоз аз амволи шахси воќеї
  5. Андоз аз даромади шахси воќеї
  6. Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї

Андоз аз арзиши иловашуда дар марњилањои аввалини инкишофи андозбандї муќарар карда шуда, ба гурўњи андозњои умумиљумњуриявї шомил гардид. Ин намуди андоз бори аввал тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи андози арзиши иловашуда» аз 06.01.1992 с. љорї карда шуда, дар м.19 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи асосњои низоми андоз» аз 20.06.1994 с. ва минбаъд дар фасли 7 (аз боби 24 то боби 32) Кодекси андоз аз 12.11.1998 с. мустањкам гардид. Айни замон танзимнамоии њуќуќии андози арзиши иловашуда бар асоси меъёрњои фасли 7-уми КА ЉТ аз 04.12.2004 амалї гардонида мешавад.

Андози номбурда чї дар марњилањои аввал ва чї баъдина вобаста ба меъёри фоизї ба тариќи мустањкам ва афзуншаванда ситонида мешавад. Агар дар соли 2007-ум даромадњо ба њисоби буљет аз њисоби ин намуди андози муњими умумиљумњуриявї дар њаљми 210,7 млн. сомонї пешбинї шуда бошад њам наќша бо ќиёси 220 млн. сомонї иљро гардид, ки ин њам бошад аз нуфузи ин андоз дарак медињад[14].

Андози арзиши иловашуда андози мутаносиб низ ба њисоб меравад. Мавриди чунин як тарзи анозбандї њаминро ќайд кардан љоиз аст, ки дар адабиётњои њуќуќї шарњ дода нашуда њамчун андозбандии мутаносиб барои њар андозсупоранда на маблаѓи баробари андоз, балки муќаррар кардани меъёри баробари андозро дар назар дорад.[15] Мисоли равшани муќаррарсозии чунин як меъёрњои баробарро метавон дар Ќонунњои ЉТ дар бораи буљети давлатии соли дахлдор дарёфт намуд.[16] Дар назар аст, ки андози номбурда ба гурўњи андозњои мутаносиб дохил мешавад, њамон тавре ки аксари андозњои умумиљумњуриявї ба њамин гурўњи андозњо шомиланд.

Барои фањмиши њамаљониба андози номбурда хуб мешуд, ки ба мафњуми легалии он рў биёрем. Тибќи м. 200 КА ЉТ андози арзиши иловашуда гуфта, шакли ба буљет гирифтани ќисми арзиши дар љараёни истењсол ва муомилоти мол, иљрои кор ва хизматрасонии дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон иловашуда, инчунин ќисми арзиши тамоми молњои андозбандишавандаи ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон воридшавандаро меноманд. Ќонунгузор њамчунин муайян намудааст, ки андози арзиши иловашуда дар њама марњилањои истењсолот, муомилоти молњо, иљроиши корњо ва хизматрасонї пардохта мешавад. Дар баробари ин андози арзиши иловашуда ба тарзи мусбї, яъне меъёри мустањкамгардида ва ба тариќи меъёри сифрї ситонида мешавад.

Супорандагони асосии андози арзиши иловашуда соњибкорон мањсуб меёбанд. Мањз доираи фаъолияти онњоро истењсол ва муомилоти мол, иљрои кор ва ё расонидани хизмат ташкил медињад. Мутобиќи муќаррароти ќонунгузории андоз њаддии нињоии амалиётњои андозбандишавандаи субъектони хољагидор дар 12 моњ яъне соли таќвимї зиёда аз 200 њаз. сомонї муайян карда шавад, он гоњ дар ин њолат чунин субъектон ба сифати супорандаи андози арзиши иловашуда эътироф мегарданд.

Бояд гуфт, ки супорандагони ин намуди андоз њам дар асосњои ихтиёрї ва њам иљборї ба чунин сифат ба ќайд гирифта мешаванд. Иловатан њангоми баќайдгирии чунин субъектон ба онњо аз љониби маќомоти андоз шањодатномаи баќайдгирї њамчун супорандаи андози арзиши иловашуда дар мўњлати 10 рўз аз рўзи пешнињоди њуљљатњои лозимї дода мешавад. Супорандагони андози арзиши иловашуда дар фењрасти супорандагони чунин намуди андоз љой мегиранд ва дар назди маќомоти андоз њисоботдињанда мебошанд. Давраи њисоботии онњо моњи таќвимї муайян гардидааст. Њамзамон ќонунгузор дар м.203 КА ЉТ баќайдгирии ихтиёриро бо маќсади андозбандї пешбинї намуда, омили асосиро машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї медонад. Шахсони љисмонии муќаррарї наметавонанд дар навбати худ њамчун супорандаидаи андози арзиши иловашуда эътироф гарданд.

Объекти андозбандии андози арзиши иловашударо тибќи м. 206 КА ЉТ инњо ташкил медињанд:

-амалиётњои андозбандї ва воридоти андозбандишаванда;

-тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонї;

-хариди молњо (корњо, хизматрасонињо) аз тарафи андозсупоранда бо пардохти андози арзиши иловашуда ва бањисобгирии маблаѓи дахлдор ё доштани чунин њуќуќ, агарчанде ки истифодаи молњо (корњо, хизматрасонињо) барои фаъолияти ѓайрисоњибкорї бошад;

-тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонї ба кормандони худ, агарчанде ки ройгон бошад;

-истењсоли молњо, иљрои кор ва хизматрасонї аз ашё ва ё маводњои фармоишгар;

-молњои ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон воридшаванда ва ё воридшуда тибќи эъломияи гумрукї ба расмият даровардашуда.

Ќонунгузор дар баробари объектњои андозбандишаванда њамчунин номгўи объектонеро муќаррар намудааст, ки аз супоридани андози арзиши иловашуда озод мебошанд (м. 211 КА ЉТ). Ба ин доира тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонињои зерин (ба истиснои содироташон) дохил мешаванд:

фурўш, ба иљора супоридани амволи ѓайриманќул ба љуз аз:

-фурўш ва ё супоридани бинои мењмонхонањо ё манзилгоњњо барои истироњаткунандагон[17];

-фурўш ва ё супоридани биноњои истиќоматии аз нав сохташуда ба ѓайр аз њолатњое, ки ин биноњо њамчун манзили истиќоматї камаш дар давоми 2 сол истифода шудааст.

-хизматрасонињои молиявї (дар ќисмати иљораи молиявї) дар ин њолат танњо фоизњо озод карда мешаванд;

-тањвили асъори миллї ва (ё) хориљї, коѓазњои ќимматнок (ба истиснои маќсадњои нумизматї);

-хизматрасонии динї ва маросимї аз љониби ташкилоти динї;

-хизматрасонии тиббї дар њолати доштани иљозатномаи дахлдор барои машѓул шудан ба њамин намуди фаъолият ѓайр аз хизматрасонии косметологї;

-хизматрасонињо дар соњаи таълиму тарбияи томактабї, тањсилоти умумии асосї, миёнаи умумї, тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї, -тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиї, тањсилоти иловагї ва махсус дар сурати доштани иљозатномаи дахлдор барои машѓул шудан ба чунин намуди фаъолиятњо;

-тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонињо, ки мустаќиман муассисањои пенитенсиарии Љумњурии Тољикистон ё корхонањои давлатие, ки ба низоми пенитенсиарии љумњурї шомиланд, истењсол намудаанд (иљро намудаанд, хизмат расондаанд);

-тањвили рўзномаю маљаллањо, адабиёти бадеї, адабиёти бачагона, асарњои илмии техникї, адабиёти таълимї, инчунин иљрои корњо оид ба нашри онњо (ба истиснои навъњои эротикї ва хусусияти махсуси рекламавї дошта);

-тањвили молњои (либос ва пойафзол, кўлоњ ва мањсулоти љўроб) навъњои кўдакона, ки бо номгўй аз тарафи Њукумати ЉТ муайян карда мешаванд;

тањвили мањсулоти махсуси истифодаи фардї барои маъюбон, ки аз тарафи Њукумати ЉТ муайян карда мешаванд;

-хизматрасонии санаторию курортї;

-тањвили мањсулоти њунармандию бадеї, асбобњои мусиќї, ки бо номгўй аз тарафи Њукумати ЉТ муайян карда мешаванд[18];

-тањвили алюминийи аввалия, пахтаи коркарднашуда ва нахи пахта, аз љумла барои содирот (ба истиснои пахтаи коркарднашуда, ки барои содирот пешбинї шудааст);

-тањвили тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) ба Бонки миллии Љумњурии Тољикистон њамчунин тањвили тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосњои табии (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфирњо, зумуррад, рубин, александритњо, гавњар ва шпинелњо ба Вазорати молияи ЉТ барои Хазинаи давлатии сарватњо[19].

Ѓайр аз ин як ќатор воридот аз супоридани андози арзиши иловашуда озод карда шудааст. Ба монанди:

-воридоти асъори миллї ва (ё) хориљї, коѓазњои ќиматнок (ба истиснои маќсадњои нумизматї);

-воридоти тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) аз љониби Бонки миллии Љумњурии Тољикистон, њамчунин воридоти тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосњои табии (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфирњо, зумуррад, рубин, александритњо, гавњар ва шпинел аз љониби Вазорати молияи ЉТ барои Хазинаи давлатии сарватњо;

-воридоти молњо ба сифати кўмаки башардўстона, воридоти молњо ба ташкилотњои эњсонкорї бо маќсади бартараф кардани оќибатњои офатњои табиї, ва фалокатњо, ки ройгон дода мешаванд, инчунин воридоти молњое, ба маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон ройгон дода мешаванд;

-воридоти таљњизоти истењсолию технологї ва мањсулоти такмилии (комплектии) онњо (ки маљмуи ягонаро ташкил медињанд, яъне кори таљњизоти истењсолию технологї бе онњо имконнопазир аст) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонањо ё азнавтаљњизонии техникии истењсолоти амалкунанда ба шарте, ки ин амвол мустаќиман дар истењсои молњо, иљрои корњо ва хизматрасонї мутобиќи њуљљатњои таъсисии корхона истифода гардад ва ба категорияи молњои тањтиаксизї ќарор нагирад, инчунин амволи шахсие, ки кормандони хориљии корхонањои дорои сармояи хориљї мустаќиман барои эњтиёљоти худ ба љумњурї ворид менамоянд. Имтиёзи номбурда тибќи Ка ЉТ аз 4 сол зиёд буда наметавонад[20];

-воридоти техникаи кишоварзї ва ќисмњои эњтиётии он тибќи номгўи муайянннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, инчунин дорувории тиббї, воридоти асбобњои тиббї фармасевтї мутобиќи номгўйе, ки аз љониби Њукумати ЉТ муайян карда мешавад[21];

-воридоти молњое, ки барои татбиќи лоиањои маќсадноки маъќул донисташудаи Њукумати ЉТ аз њисоби (дар доираи) маблаѓи грантњо ва (ё) кредитњо (ќарзњо), ки шахсони њуќуќї ва воќеї, давлатњои хориљї, њукуматњои давлатњои хориљї ё ташкилотњои байналмилалї додаанд, амалї мешаванд;

-воридоти намудњои асоии ашёи хом (ба истиснои молњои зераксизї), масолењ, захирањои энергетикї ва таљњизот, тибќи номгўй ва њаљми муќарраркардаи Њукумати ЉТ, ки бевосита заводи алюминийи љумњурї бо маќсади истењсоли алюминийи аввалия истифода мебарад;

-воридоти мањсулоти махсуси истифодаи фардї барои маъюбон, ки аз тарафи Њукумати ЉТ муайян карда мешавад.

Меъёри андози арзиши иловашуда тибќи м.224 КА ЉТ 20%-ро ташкил медињад. Њамзамон, ќонунгузор меъёри номбурдаро дар ду њолат яъне гардишоти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда (ба истиснои содирот) татбиќ менамояд. Дар робита ба ин меъёр њамчунин ќайд кардан лозим аст, ки ба њайси исботи супоридани ин намуди андоз счет-фактурањо баромад менамоянд. Ин њуљљатњои ќатъии њисобу китоб буда, дар 3 нусха тартиб дода мешаванд ва бо эъломияи андози арзиши иловашуда пешнињод карда мешаванд. Яке аз он ба дастраскунандаи (харидор, фармоишгар) молњо, кор ва хизматрасонї тааллуќ дошта, нусхаи дигар ба андозсупоранда (шахсе, ки онро навиштааст) мутааллиќ аст ва ахиран нусхаи сеюм ба маќомоти андоз нигаронида шудааст, ки мутаносибан дар журнали ќайди махсус ба њисоб гирифта мешавад.

Инчунин ќонунгузории андоз дар нисбати содироти молњо меъёри ба тариќи сифр андозбандишавандаро муайян намудааст. Мутобиќи м. 214 КА ЉТ дар сурати содироти молњо ба истиснои содироти алюминийи аввалия, пахтаи коркарднашуда, нахи пахта, металњои ќимматбањо, сангњои ќимматбањо, маснуоти заргарї аз метал ва сангњои ќимматбањо чунин меъёр мавриди истифодабарї ќарор мегирад.

Ќайд кардан лозим аст, ки нисбати як ќатор аз ин имтиёзњо аллакай дар љумњурї таљрибаи ќонунгузорї андўхта шудааст. Масалан, тибќи м.11 Ќонуни ЉТ «Дар бораи Буљети давлатии Љумњурии Тољикистон барои соли 2008» аз 14.11.2007 с. тањти №337 иљрои кор ва хизматрасонии фармоишгарону пудратчии асосии мењмонхонањои панљситорадори ш. Душанбе «Исмоили Сомонї», «Сирена Душанбе», воќеъ дар хиёбони Айнї, Исмоили Сомонї, Маркази фарњанги Осиёи Миёна ва корхонаи ресандагию бофандагї бо сехи рангу бор аз андози арзиши иловашуда дар соли 2008 озод карда шудаанд. Ва на танњо аз ин намуди андоз балки андозњои истифодабарандагони роњњои автомобилгард, андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї, андози њадди аќал аз даромади корхонањо ва андози иљтимої аз ашхосе, ки шањрвандони Љумњурии Тољикистон намебошанд ва дар ин объектон кор менамоянд. Мавриди дигар бошад бар асари як ќарори иловагии парлумони кишвар ба буљети давлатї корхонаи муштараки Тољикистону Эрон оид ба истењсоли трактор «ТољИрон» аз андози арзиши иловашуда њангоми ворид кардани таљњизот озод гардид. Ин дар навбати худ метавонад боиси паст гардидани арзиши аслии ин намуди мањсулот бо маќсади минбаъд бештар ба истењсолот ворид кардани технологияњои навтарини хољагии ќишлоќ гардад.[22]

Таљрибаи аксари давлатњои дунё шањодат медињад, ки андози арзиши иловашуда навобаста аз вазъи пешрафти иќтисодї ситонида шуда, маъмулан барои пиёдасозии функсияњои иљтимоии давлат равона шудааст. Масалан, дар Олмон объекти чунин намуди андоз гардишњо оиди фурўши молњои њамхудї ва њам аз дигар љой дастрасгардида, расонидани хизмати истењсолї ва ѓайриистењсолї дар њудуди кишвари номбурда пешбинї карда мешавад. Ё ин, ки воридоти молњо аз давлатњои ѓайри Иттињоди Аврупо ва истеъмолоти худї низ андозбандишаванда мебошанд.[23] Меъёри андози арзиши иловашуда низ дар мамолики хориљї гуногун мебошад. Вале дар аксари њолатњо њадди андозбандишаванда ва доираи фаъолият таѓйирёбанда аст. Барои мисол, дар Уганда доираи субъектони чунин намуди андозро ашхоси соњибтахассус ба мисли меъморон, аудиторон ва ё њуќуќшиносон ташкил менамоянд, ки дар навбати худ њамчун соњибкор баромад менамоянд. Дар давлатњои Иттињоди Аврупо бошад дар ин мавридњо њадди баќайдгирии ин гуна ашхос муќаррар карда шудааст, ки 15 њаз. евроро ташкил медињад. Њаљми андоз низ гуногун аст, масалан, дар Эквадор он 15%-ро ташкил медињад.[24]

Њамин тавр, андози арзиши иловашуда, яке аз воситаи муњими ѓанигардонии буљети давлатїба њисоб рафта, дар шароити иќтисоди бозорї љорї кардани он ба принсипњои амалисозии фаъолияти соњибкорї ќаробат дошта, одатан барои рушди иќтисодиёти миллї ва њифзи манофеи љамъиятї нигаронида шудааст.

Аксиз

Ба њисоби яке аз ўњдадорињои асосии андозсупорандагон супоридани андози аксиз дохил карда мешавад, ки њамчун сарчашмањои мустањкамгардидаи ѓанигардонии буљети давлатї баромад менамояд[25]. Аксиз (андози аксиз) тибќи муќарароти ќонунгузории андоз ва гумруки Љумњурии Тољикистон ситонида шуда, ба гурўњи андозњои ѓайримустаќим дохил аст.

Мавриди ќайд аст, ки табиати њуќуќии аксиз дар адабиётњои њуќуќї якранг маълум нагардидааст. Гоњо он њамчун андози омехта низ маънидод мешавад.[26] Вале ба њар минвол аќидаи пањншуда, ки аз љониби муаллифони дигар низ ќобили тазаккур гардидааст ин њамчун андози ѓайримустаќим баррасї кардани он мебошад[27]. Айни замон бошад онро њам ба мазмуни иќтисодї, њуќуќї ва њам этимологї фањмидан лозим аст. Аз нуќтаи назари этимологї аксиз ба забони фаронсавї «accise», истилоњи лотинї буда, «accidere»-маънои буриданро дорад.

Аз лињози таърихї аксиз аллакай дар давлатњои Юнону Рими ќадим маълум буд. Махсусан, низоми мукаммали андозбандии Рим љолиби диќќат мањсуб меёфт, ки љорї намудани андозњоро барои истеъмолот, супоридани бољро барои интиќоли молњои давлатњои ѓайр (ба истилоњи лотинї-portoria) ва бољ барои озод намудани ѓуломон (боз њам ба истилоњи лотинї-vicensima manumissionum)-ро пешбинї намуда буд.[28]Ба ќавле «аксиз дар Рими ќадим як шакли ќадимаи андозбандї мањсуб ёфта, аз љониби сарварони ин империяи бузург њамчун сарчашмаи асосии ѓанигардонии даромади хазинаи давлатї баромад менамуд».[29] Дар замони муосир ин нуќта мадди назар карда намешавад, зеро аксиз њамчун сарчашмаи муњими даромади буљети аксари давлатњои дунё ба њисоб меравад.

Аксиз дар аксарияти манотиќи олам рўё буда, бештар ваќт тавассути муќаррар кардани меъёрњои мустањкамкардашуда барои моли муайян ва ашёи хом, ё ин ки тавассути тамѓагузории аксизї ситонида мешавад. Масалан, дар Индонезия номгўи зиёда аз 40 намуди молњои зераксизї ба монанди машруботи алкоголї ва ѓайриалкоголї, яхдон, таљњизоти варзишї, мањсулот аз пўст, ќаиќњои муњаррикдор, њавопаймоњо, яроќи оташфишон, бозињои видеої ва ѓайрањо муайян карда шудаанд, ки вобаста ба намуд ва арзишашон дар њаљми аз 10 то 75% андоз ситонида шуда, дар Камбоља бошад ба истењсолкунандагони сигаретањо ўњдадории њатман харидорї ва ширеш намудани тамѓањои аксизї барои њар як борљома бо эњтилофи роњ надодан на танњо ба фурўш балки баровардани он аз њудуди заводњои истењсолкунандаи чунин молњо дар сурати акс муќарар карда шудааст.[30]

Аз лањзаи соњибистиќлолии Тољикистони муосир бошад то ба имрўз вобаста ба муносиботи андозбандии аксиз Ќонуни ЉТ «Дар бораи аксиз»-ро аз 06.01.1992 ёдрас шудан лозим аст, ки минбаъд асоси ќабули ќарори Девони Вазирони Љумњурии Тољикистон гашта, номгўи 17 намуди молњои аксизиро ба мисли спирти истеъмолї, араќ, шоколад, мањсулоти тамоку, мањсулоти муинавї ва монанди онњо муайян карда буд.[31]

Мавриди ќайд аст, ки дар таносуб бо њолати кунунї марњилањои аввали љорї намудани аксиз дар он зоњир гашта буд, ки ба сифати супорандагони аксиз танњо корхона ва ташкилотњо, корхонањои ба сармояи хориљї асос ёфта, филиал ва намояндагињои онњо баромад менамуданду халос. Њолатњое низ мављуд буданд, ки корхонањои ба сармояи хориљї асос ёфта, аз ин намуди андоз озод карда мешуданд. Барои мисол бар асари Ќарори Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон аз 05.03.1993 тањти №111 корхонаи муштараки Амрико ва тољикии «Интерфер», ки мебоист ба истењсоли пойафзол дар кишвар машѓул гардад, солњои 1993-1994 аз супоридани аксиз бо маќсади минбаъд ба пуррагї ба истифода додани он озод гардид.[32] Баъдан, номгўи молњои зераксизї чандин маротиб таѓйир ёфт. Чунин вазъ оњиста-оњиста ба ташкили низоми воњиди андозбандї ва ситонидани бољу хирољи давлатї ва афзудани нуфузи андози аксиз оварда расонид. Њамзамон, ин боиси мустањкамкунии аксиз њамчун андози умумиљумњуриявї дар боби алоњидаи аввалин санади кодификатсионии соњаи ќонунгузории андоз низ гардид.[33]

Аксизро (андози аксизро) ба њар њол аз нуќтаи назари ќонунгузории андоз бояд бањогузорї намуд. Мутобиќи м. 239 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон аксиз (андози аксиз) гуфта, андози ѓайримустаќимеро меноманд, ки ба нархи фурўши молњои зераксизї дохил карда мешавад [34]. Маъмулан, аксиз (андози аксиз) андози умумиљумњуриявї њисобида мешавад, ки андозсупорандагони ин намуди андозро њам шахсони љисмонї ва њам шахсони њуќуќї, истењсолкунандагони молњои зераксизї дар дохили кишвар ва воридкунандагони он ташкил медињанд.

Доираи иштирокчиёни муносибатњои њуќуќии андози аксизро аз лињози объекти андозбандї, яъне амалиётњои андозбандишаванда муќарар намудан мувофиќи маќсад аст чунки ќонунгузор доираи ин гуна амалиётњоро мушахассан дар м. 241 КА ЉТ пешбинї менамояд. Асосан ба соири ин объектон амалиётњои воридотї ва содиротиро дохил кардан лозим аст, ки бевосита ба фаъолияти иќтисодии берунї алоќаманданд. Одатан дар ин њолат на танњо ќонунгузории андоз балки ќонунгузории гумрук њам руи кор меояд.

Ба сифати супорандагони андози аксиз тибќи м. 240 КА ЉТ ашхоси зерин баромад менамоянд:

v ашхоси воќеї ва њуќуќие, ки истењсолкунанда ва ё воридкунандаи молњои зераксизї дар ќаламрави Тољикистон мебошанд;

v тањвилкунандагони молњои зераксизии мусодирашуда, бесоњиб, инчунин молњои зераксизии тибќи њуќуќи меросгузорї ва ройгон дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ба моликияти давлат додашуда;

v онњое, ки ба вайроншавї, нестшавии молњои зераксизї роњ додаанд;

v шахсони њуќуќї-ѓайрирезидентњо ва воњидњои махсуси онњо.

Ситонидани аксиз ба молњои зераксизї ва ашёи хом њамчун объекти андозбандї бещтар алоќаманд буда, хусусияти асосии онњоро ба мисли сермасрафї, чандирї айният ва ба истеъмолкунандаи охирин вобаста будан ќайд кардан љоиз аст. Ѓайр аз ин андози аксиз ба арзиш ё нархи мањсулот алоќаманд буда, вазнинии он ба дўши истеъмолкунандагон гузошта мешавад.[35]

Номгўи молњои зераксизї мутобиќи мукарароти м. 247 КА ЉТ пешбинї карда шуда, рўйхати объектњои андозбандї пешакї аниќ мебошанд. Меъёри андозбандии ин гуна молњо бошад дар асоси Ќарори Њукумати ЉТ аз 02.04.2005 тањти №126 муайян карда шуда, тибќи Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб ва пардохт намудани аксизњо», ки Кумитаи андози назди Њукумати ЉТ бо мувофиќаи Вазорати молияи ЉТ аз 14.12.2006 сол тасдиќ кардааст (тањти №10-4-2/2068) ситонида мешавад. Дар баробари ин меъёрњои ин намуди андозро ќайд намудан лозим аст, ки он дар мувофиќа бо Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљии ташкилоти Авруосиё бо асъори евро њисоб карда шуда, бо пули миллї дар асоси ќурби Бонки милллии Тољикистон дар рўзи тањвили мол, ќабули борхати гумрукї ё рухсати молњо ситонида мешавад. Барои мисол, агар меъёри аксиз барои 1 литр араќ 0,75 евро муќаррар шуда бошад ва ќурби евро ба 4,2 сомонї баробар бошад, андозсупоранда ба нархи фурўши њар 1 литр араќ бояд 3,15 (0,75 х 4,2) сомонї зам намояд. Тартиби тамѓагузории молњои зераксизї вобаста ба њар як молу мањсулот низ мебошад. Масалан, чун анъана ситонидани андози аксиз аз нўшокињо ва ё мањсулоти тамоку бо тамѓагузории њар як зарф ва ё ќуттї хотимаёфта њисобида мешавад.

Љамъулљамъ, номгўйи молњова ашёи хоми зераксизї 6 гурўњро ташкил карда, меъёрњои як ќатори он дар наќша чунинанд:

Номгўй, воњиди шартї-миќдорї ва маблаѓи як ќатор молњое ки аз онњо аксиз (андози аксиз) ситонида мешавад (бо назардоштињадди нињоии аз/то):

№ гурўњ Молњои зераксизї Воњиди шартї Маблаѓї аксиз бо фоизњо аз арзиши гумрукї ё ин ки бо евро

 

  спирт, нўшокињои беспирт ва спиртдор -обњои минералї ва газнок / коняк 1 литр 0,01 / 1,2  
  тамокуи коркардшуда ва мањсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку -сигаретњои тамокудор (бе фильтр) / сигаретњои тамокудор (бо фильтр) ё диагр тамокуи бо роњи саноатї истењсолшуда ва ивазкунандањои саноатии тамоку 1000 дона 0,34 / 0,75 ё 10%
  сўзишвории минералї, нафт ва мањсулоти коркарди онњо; моддањои битуминозї; шамъњои минералї -дистилятњои вазнин (газойлњо) / бензинњои моторї 1 тонна 6,6 / 50
  шина ва покришкањои пневматикии резинии нав, шина ва покришкањои пневматикии барќароршуда ё пештар истифодашуда; шина ва покришкањои яклухт ё нимпневматикиї, протекторњои шинагї ва лентањои њошиядори резинї -шинањо ва поркишкањои аз нав барќарор када шудаанд (дар Љумњурии Тољикистон) / шинањо ва покришкањои резинии нав - 5% / 10%
  мањсули љавоњирот аз тилло, платина ё нуќра -љавоњирот, маснуоти тиллої ва нуќрагии заргаргарон ва дигар маснуоти бо он рўйпушкардашуда - 5%
  автомобилњои сабукрав ва њама гуна васоити наќлиёти мотордоре, ки барои кашонидани одамон таъин шудаанд -автомобилњои сабукрав дигар воситањои наќлиёти мотордор, ки асосан барои њамлу наќли одамон пешбинї гардидаанд (ба ѓайр аз автомобил-фургонњои боркашонию мусофирбар ва автомобилњои пойга)   - 10%

Ќонунгузор дар баробари ин як зумра њолатњоеро пешбинї менамояд, ки мувофиќан озодкуниро аз супоридани андози аксиз пешбинї менамояд. Одатан ин гуна озодкунї нисбати шахсони воќеие татбиќ мешавад, ки молу мањсулоти мазкурро барои эњтиёљоти шахсї истифода мебаранд. Фарз кардем агар чунин шахсон дар як сол то 30 литр шароби ангурї ё дигар шароби мевагиро истењсол намоянд ва ё 1 литр нўшокии спиртї, як баста сигор (200 дона) ё ин ки ѓунљоиши зарфи сўзишвории автомобилиро ворид созанд, пас онњо андозбандї карда намешаванд[36].

Айни замон ќонунгузории љорї фурўши молу мањсулоти тамѓаношударо мамнўъ медонад ва њатто љавобгарии љиноятиро дар робита ба ин пешбинї намудаааст. Аз ин љост, ки тибќи Ќонуни ЉТ «Дар бораи ворид намудани таѓйироту иловањо ба Кодекси љиноятии Љумњуриии Тољикистон» аз 25.06.2005 с. тањти №92, меъёри алоњида яъне истењсол, ба даст овардан, нигоњдорї, њамлу наќл ё ба муомилот баровардани мол ва мањсулоти тамѓаношуда љорї гардид. Дар сурати вайрон кардани чунин як тартибот њаддди нињоии љавобгарї дар шакли љарима аз 500 то 1000 маоши њадди аќал, мањрум сохтан аз озодї то 2 сол (агар зарар калон бошад) аз 1000 то 2000 маоши њадди аќал ва ё мањрум кардан аз озодї ба мўњлати аз 2 то 5 сол (дар сурати зарари махсусан калон расонидашуда) љазо дода мешавад[37]. Зарар њамон ваќт калон њисобида мешавад, ки агар аз њазор маоши њадди аќали пешбинишуда зиёд бошад, ки айни замон 20 000 њаз. сомониро ташкил медињад. Албатта, чунин њолат боиси он мегардад, ки маблаѓњои андозбандишаванда самаранок ситонида намешаванд вале дар сурати акс њам ба иќтисодиёт зарар расонида мешавад.

Талаботи манъ будани воридот ва (ё) фурўши молњои бе аксиз дар м. 256 КА ЉТ низ пешбинї карда мешавад. Муќаррароти м.62 КА ЉТ бошад аз он гувоњї медињад, ки љавобгарї барои вайрон кардани ќоидањои тамѓагузории аксизї бар дўши истењсолкунанда ва воридкунандаи молњои зераксизї вогузор карда мешавад. Айни замон мутобиќи ин модда на танњо вогузор кардани љавобгарї барои тамѓагузории молњои зераксизї ба истењсолкунанда, балки манъи фурўши онњо дар сурати набудани тамѓањои аксизї дар муомилоти озод, маѓозаи бебољ, њудуди гумрукии озод ва анбори озод, пешбинї шудааст. Зимнан, назорати иљроиши ин муќаррарот ба ўњдаи њам маќомоти гумрук ва њам маќомоти андоз вогузор карда мешавад. Вобаста ба ин дар корхонањое, ки молу мањсулоти зераксизиро истењсол менамоянд, махсусан дар корхонањои истењсолкунандаи машрубот ва тамоку дидбонгоњњои назоратї амал менамоянд, ки Дафтари бањисобгириро пеш бурда, дар њар 10 рўза ба нозироти андоз њисобот меспуоранд.

Аксиз, њамин тавр на танњо њамчун воситаи ѓанигардонии буљети давлатї балки воситаи њифзи њуќуќњои истеъмолкунандаи охирин аз љињати таъминоти бехатарии озуќаворї ба њисоб меравад.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 267 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Андозбандии шахсони њуќуќї| Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.013 сек.)