Читайте также:
|
|
Системаи андози мамлакати мо аз маљмўи андозњо, принсипњо, шаклу усулњои муќаррар намудан, таѓйир додан ва бекор кардан, пардохтан ва андешидани тадбирњо љињати пардохти онњо, инчунин, шаклу усулњои назорати андоз ва љавобгарї барои вайрон кардани ќонунгузории андоз иборат аст, ки дар моддаи 3 КА дарљ ёфтааст.
Мувофиќи кодекси андози Љумњурии Тољикистон ду намуди асосии андозро фарќ кардан зарур аст:
а) андозњои умумидавлатї;
б) андозњои мањаллї.
Андозњои умумидавлатї чунин андозњое мебошанд, ки ба буљети давлатї пардохта мешаванд. Маъмултарин андозњои давлатї чунинанд: андози даромад аз шахсони воќеї, андоз аз шахсони њуќуќї, андоз аз арзиши иловашуда, аксизњо, андоз ва фоида ва ѓайрањо.
Ќайд кардан зарур аст, ки дар кодекси андози Љумњурии Тољикистон аниќтараш дар моддаи 6 он номгўи андозњои љумњуриявї ва мањаллї оварда шудаанд ва зарурияти дар ин љо дарљ намудани ин модда эњсос карда мешавад.
Ба андозњои умумидавлатї инњо дохил мешаванд:
1) андози даромад аз шахсони воќеї (андоз аз даромади шахсони воќеї);
2)андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї;
3) андоз аз арзиши иловашуда;
4) аксизњо;
5) андози иљтимої;
6) андози замин;
7) андозњо аз истифодабарандагони ќаъри замин;
8) андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард;
9) андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;
10) андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї;
11) бољи гумрукї ва дигар пардохтњои гумрукї;
12) бољи давлатї;
13) андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);
14) андози њадди аќал аз даромади корхонањо;
15) андоз аз мањсулоти коркарди молњо;
16) дигар пардохтњои њатмии умумиљумњуриявї.
Ба андозњои мањаллї инњо дохил мешаванд:
1) андоз аз амволи ѓайриманќул;
2) андоз аз соњибони воситањои наќлиёт;
3) андоз аз фурўши чакана;
4) дигар пардохтњои њатмии мањаллї.
Маблаѓи аз њисоби андозњои умумидавлатї воридгардида байни буљети љумњуриявї ва буљетњои мањаллї мутобиќи ќонунгузории буљетии Љумњурии Тољикистон таќсим карда мешавад. Маблаѓњо аз њисоби андозњои мањаллї ба буљетњои мањаллии дахлдор ворид карда мешаванд.
Агар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тартиби дигаре муќаррар накарда бошад, андозњо бо воњиди пулї њисоб карда шуда, бо асъори миллї супорида мешаванд.
Љамъоварии андозе, ки дар ќисми махсуси Кодекс зикр шудааст, ба истиснои андоз аз соњибони воситањои наќлиёт, аз љониби маќомоти андоз таъмин карда мешавад. Љамъоварии андоз аз соњибони воситањои наќлиёт аз љониби бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон анљом дода мешавад.
Озодкунї аз њама гуна андози умумидавлатї ё таѓйир додани меъёри андози пешбининамудаи њамин кодекс метавонад бо роњи ворид намудани таѓйиру иловањо ба њамин кодекс ва нисбати андозњои мањаллї бошад - дар асоси ќарорњои Маљлисњои мањаллии вакилони халќи дахлдор анљом дода шавад.
Вобаста аз объекти андозбандишаванда, андозњои бевоиста ва бавоситаро људо кардан мумкин аст.
Андози бевосита гуфта, чунин андозеро меноманд, ки аз даромадњои пулї ё бинобар доштани амволи муайян пардохта мешаванд. Андоз аз даромади ањолї андоз аз молумулки шахсони воќеї ва ѓайра аз ќабили чунин андозњоянд.
Андози бавосита бошад, ба арзиш ё нархи мањсулот алоќаманд буда, вазнинии он ба дўши истеъмолкунандагон гузошта мешавад. Ба чунин намуди андозњо аксизњо, андоз аз арзиши илова мањсубанд.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 128 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз. | | | Андозбандии шахсони њуќуќї |