Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.

Андозбандии шахсони њуќуќї | Андоз аз арзиши иловашуда | Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї | Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда | Андоз аз даромади шахси воќеї | Андоз аз амволи шахси воќеї | Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор | Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз. | Паст кардани меъёри андоз | Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз |


Читайте также:
  1. Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд
  2. Моддаи 1172. Роњхат, барасмиятдарорї, низоми ваќти корї ва ваќти истироњат њангоми сафари хизматї
  3. Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор
  4. Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон.
  5. Низоми тарифии музди мењнат ва унсурњои он.
  6. Шаклњо ва низоми музди мењнат.

Фасли 13 боби 41 моддањои 302-305 КА ЉТ ба андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад бахшида шудааст. Тибќи моддаи 302 КА ЉТ супорандагони андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, корхонањое мебошанд, ки даромади умумии онњо дар оѓози соли андоз бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана аз њадди 3-каратаи муќаррарнамудаи КА ЧТ барои маќсадњои баќайдгирї ба сифати супорандаи ААИ яъне 144 сомонї зиёд намебошад(ќ. 1. м. 202 КА ЉТ), ба истиснои чунин корхонањое, ки ба истењсоли молњои зераксизї, тањвили нахи пахта ва алюминийи аввалия ќарордошта, онњое, ки истифодабарандагони ќаъри замин, дорои воњидњои махсус мебошанд, муассисањои суѓуртакунї, фондњои инвеститсионї, иштирокчиёни касбии бозори коѓазњои ќиматнок, ташкилотњои кредитї. Объекти андозбанди ин низоми соддакардашуда даромади умумии дар давраи њисоботї бадастомада мебошад. Даромади умумї дар асоси усули хазинавї чун маблаѓи фурўш, ки аз тањвили молњо (кору хизмат), нархи фурўши амволи дар давраи њисоботї тањвилшуда ва даромадњои ѓайрифурўшї дар доираи фаъолияти соњибкорї бо тарњи маблаѓи ААИ ва андоз аз фурўши чакана њисоб карда мешавад. Даромади умумї бояд дар асоси њуљљатњои даромад, ки тибќи тартиби муќарраршуда ба расмият дароварда шудаанд, тасдиќ гардад. Корхонањое, ки тибќи низоми соддакардашуда андозбандї мегарданд, супорандагони андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї ва андози њадди аќал аз даромади корхонањо, инчунин андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард намебошанд. Андозсупорандагони дар боло зикрёфта доир ба андоз аз даромад нисбати кормандон агентњои андоз ва доир ба андози иљтимої бошад, - њамзамон андозсупорандагон ва агентњои андоз ба њисоб мераванд. Супорандагони андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, бањисобгирии оддии даромад, харољот ва њисоботро бо усули соддакардашуда, тибќи тартиби бо мувофиќаи маќоми ваколатдори давлатї муайяннамудаи Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон пеш мебаранд.

Имтиёзњои пешбининамудаи моддаи 145 КА ЉТ ба андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, татбиќ мегардад.

Меъёри андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад дар њаљми 4 фоизи объекти андозбандї муќаррар карда мешавад.

Тартиби истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандї чунин мебошад:

 

- Давраи андоз (њисоботї) барои корхонањо њангоми истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандї семоња мебошад.

- Корхона ба маќоми андоз дар мўњлати то рўзи 15-уми моњи минбаъдаи давраи њисоботии андоз эъломияро оид ба маблаѓи пардохтшавандаи андоз пешнињод менамояд ва дар њамин мўњлат андози дахлдорро мепардозад.

- Супорандаи андозе, ки дар моддаи 302 КА ЧТ зикр шудааст, њуќуќ дорад ба низоми умумии андозбандї гузарад. Чунин гузариш танњо аз 1 январи њар сол амалї шуда метавонад. Дар ин њолат андозсупоранда бояд маќоми андозро, ки дар он ба ќайд гирифта шудааст, дар бораи гузаштан ба низоми умумии андозбандї то 15 январи соле, ки дар он чунин гузариш амалї мегардад, огоњ намояд.

Андозсупорандае, ки ба низоми умумии андозбандї гузаштааст, метавонад гузариши баръаксро барои пардохти андоз тибќи боби мазкур дар мўњлати на пештар аз гузаштани 2 соли таќвимї аз лањзаи гузариши охирин ба низоми умумии андозбандї анљом дињад.

Б. Андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї.

Муќарррароти фасли 14 боби 42 моддањои 306-310 КА ЉТ ба андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзи бахшида шудааст. Супорандагони андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї (минбаъд – «андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї») шахсони њуќуќї ва хољагињои дењќонї (фермерї), ширкатњои хољагидорї ва (ё) кооперативњои истењсолии дар заминаи онњо таъсисёфта мебошанд, ки барои онњо замин воситаи асосии истењсолот (минбаъд – «истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї») ба њисоб мераванд. Андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї танњо ба њамон ќисми фаъолияти истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї татбиќ мегардад, ки ба истењсол ва тањвили мањсулоти кишоварзї (фаъолияти кишоварзї) алоќаманд аст. Њангоми анљом додани фаъолияти дигари ѓайрикишоварзї нисбати чунин фаъолият истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї бояд тибќи тартиби умумии муќаррарнамудаи КА ЧТ андозбандї карда шаванд ва оид ба даромад ва харољоти фаъолияти кишоварзї ва ѓайрикишоварзї њисоби алоњидаро пеш мебаранд. Дар айни замон арзиши мањсулоти кишоварзии рўёндаи истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї, ки худаш ба сифати ашёи хом барои коркарди минбаъда истифода мебарад, дар асоси нархи бозории чунин мањсулоти кишоварзї муайян карда мешавад.

Объекти андозбандии андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї масоњати замини истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї мебошад. Маблаѓи андози ягона аз натиљањои фаъолияти хољагии истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї вобаста намебошад, ба истиснои њолатњое рух додани офатњои табиї ё садама ва дар шакли пардохтњои устувор барои воњиди масоњати замин ба њисоби як сол муќаррар карда мешаванд. Истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар ќисми фаъолияте, ки бо андози ягона андозбандї мегарданд (фаъолияти кишоварзї), аз пардохти андозњои зерин озод карда мешаванд:

- андоз аз арзиши иловашуда оид ба тањвили мањсулоти кишоварзї, ки дар заминњои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;

- андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард оид ба тањвили мањсулоти кишоварзї, ки дар заминњои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;

- андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї;

- андози њадди аќал аз даромади корхонањо;

- андози замин;

- андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда супорида мешавад.

Маблаѓи андози ягона њамчун њосили зарби масоњати ќитъаи замини истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї ба меъёрњои муќарраршудаи андози ягона муайян карда мешавад. Даромади вобаста ба фаъолияти кишоварзї бадастовардаи аъзои хољагии дењќонии (фермерии) бе шахси њуќуќї таъсисёфта, ки бояд бо андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї андозбандї шавад, аз андози даромад озод карда мешавад. Аъзои хољагии дењќонї (фермерї), ки шахси њуќуќї намебошад, бояд суѓуртаи иљтимої кардашуда, ба буљет аз даромад ки мутобиќи ќисми 5 моддаи 307 КА ЧТ аз андоз аз даромад озод карда шудааст, тибќи тартиб ва на камтар аз њаљми барои соњибкорони инфиродї муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки дар асоси патенти харида кор мекунанд, мутобиќи ќисми 2 моддаи 260 ва ќисми 2 моддаи 262 КА ЉТ андози иљтимої супорад. Њамзамон андози иљтимої аз љониби чунин истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї дар мўњлати барои пардохти андози ягона муќаррарнамудаи моддаи 310 КА ЧТ супорида мешавад. Њангоми рух додани офатњои табиї ё садама бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон меъёри андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар њудуди муайян ё барои андозсупорандагони муайян мумкин аст кам карда шавад.

Меъёрњои андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар њаљмњои зерин муќаррар карда шаванд:

а) доир ба заминњои кишти обї ва дарахтзорњои бисёрсолаи обї дар њаљми чоркаратаи меъёри андози замин, ки моддаи 267 КА пешбинї намудааст;

б) доир ба заминњои дигар дар њаљми меъёри андози замин, ки моддаи 267 КА пешбинї намудааст.

Доир ба заминњои кишти обї, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, меъёри андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар њаљми нисфи меъёри дар ќисми 1 моддаи 308 КА ЉТ зикр шудааст муќаррар карда мешавад. Маълумот дар бораи масоњати заминњое, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, аз љониби андозсупоранда ба маќоми андози мањали ќайд то 1 июни соли њисоботї (андоз) пешнињод карда мешавад.

Тартиби пешнињод кардани њисоби андоз аз љониби субъекти андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї чунин аст:

- Истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї то 1 марти соли љорї ба маќоми андози мањали љойгиршавии (бањисобгирии, баќайдгирии) худ њисоби маблаѓи андози ягонаи соли љорї ва њисоби маблаѓи андози иљтимоиро барои соли љорї тибќи шакл ва тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї пешнињод менамояд.

- Истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї, ки фаъолияташон аз доираи андозбандии андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї берун аст (яъне фаъолияте, ки аз доираи истењсол ва тањвили мањсулоти кишоварзї берун аст), ба маќоми андози мањали љойгиршавии (бањисобгирии, баќайдгирии) худ њисоботи андозро тибќи шакл, тартиб ва мўњлати мутобиќи муќаррароти њамин Кодекс муќарраршуда пешнињод менамоянд. Истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї, ки фаъолияташон танњо бо андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї андозбандї мешавад, њисоботи андози дар боло зикршударо пешнињод намекунанд.

- Истењсолкунандагони пахта њисоби аниќи маблаѓи андози ягонаи соли љории барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї муайяншударо ба маќоми дахлдори андоз то 1 июни соли љорї пешнињод мекунанд. Њамзамон пардохти маблаѓи андоз, ки барои 15 июн њисоб шудааст, бо назардошти тасњењи пардохти маблаѓи андоз барои 15 марти соли љорї анљом дода мешавад.

Андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї барои соли андози љорї на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли љорї бо љамъбасти афзоянда аз оѓози сол дар њаљми мутаносибан на камтар аз 10 фоиз, 25 фоиз, 45 фоиз ва 100 фоизи маблаѓи солона супорида мешавад.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 230 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон.| Минтаќањои озоди иќтисодї.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.007 сек.)