Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз

Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз. | Система ва намудњои андоз дар Љумњурии Тољикистон. | Андозбандии шахсони њуќуќї | Андоз аз арзиши иловашуда | Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї | Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда | Андоз аз даромади шахси воќеї | Андоз аз амволи шахси воќеї | Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор | Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз. |


Читайте также:
  1. А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.
  2. А. Минтаќаи дорои андозбанди имтиёзнок(оффшорї).
  3. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  4. Андоз аз амволи шахси воќеї
  5. Андоз аз арзиши иловашуда
  6. Андоз аз даромади шахси воќеї
  7. Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї

Тибќи моддаи 90 КА ЉТ таѓйир додани мўњлати пардохти андоз, љарима ва фоизњо (ба таъхир гузоштан) ин аз мўњлати мутобиќи КА ЧТ муќаррарнамудаи пардохти андоз, љарима ва фоизњо, аз љумла пардохтњои љорї, ба мўњлати нисбатан дертар гузарондани он ба њисоб меравад. Батаъхиргузорї танњо нисбати он ўњдадорињои андоз анљом дода мешавад, ки мўњлати пардохташон расидааст. Батаъхиргузорї метавонад доир ба як ё якчанд андоз фароњам оварда шавад. Маблаѓи андоз, љарима ва фоизњое, ки ба таъхир гузошта шудаанд, то рўзи ба охир расидани давраи батаъхиргузорї њамчун баќияпулї ба њисоб намеравад ва нисбати он тадбирњои ситонидани маљбурии андоз, љарима ва фоизњо, ба истиснои њисоби фоиз, татбиќ намегарданд. Батаъхиргузорї андозсупорандаро, ба истиснои њолатњои дар натиљаи офати табиї, садамаи технологї ва дигар њолатњои таъсири ќуввањои рафънопазир ба ин шахс расидани зарар ва сари ваќт аз буљет маблаѓгузорї нашудани ин шахс ё сари ваќт напардохтани маблаѓи фармоиши давлатї, ки аз љониби ин шахс иљро шудааст пешбинигардида, аз љавобгарии њисоби фоизњо нисбати маблаѓњои ба таъхир гузошташудаи андозњо то ба охир расидани давраи батаъхиргузорї озод наменамояд. Батаъхиргузорї андозсупорандаро аз иљрои ўњдадорињои дар мўњлатњои муќарраршуда пешнињод намудани эъломия ва дигар њисоботи муќарраршуда ба маќомоти андоз нисбати андозњое, ки ба таъхир гузошта шудаанд, озод намекунад. Дар давраи батаъхиргузорї љараёни мўњлатњои даъво, ки КА муќаррар кардааст, ќатъ мегардад. Пўшонидани маблаѓи ўњдадорињои андози ба таъхир гузошташуда аз моње, ки баъди моњи давраи батаъхиргузорї фаро мерасад, оѓоз мегардад. Њамзамон андозсупоранда дар баробари пўшонидани маблаѓи ўњдадорињои андози ба таъхир гузошташуда ўњдадор аст ба буљет тамоми маблаѓњои ўњдадорињои љории андозро пардозад. Њангоми пардохт ба буљет маблаѓњои барои иљрои ўњдадорињои андоз равонашуда аввал барои пўшонидани ўњдадорињои љории андоз ва ќисми боќимонда барои пўшонидани ўњдадорињои андозњои ба таъхир гузошташуда истифода мешаванд.

Батаъхиргузорї метавонад ба шахсе фароњам оварда шавад, ки барои он манфиатдор (шахси манфиатдор) буда, аќаллан яке аз ин асосхоро доро аст:

1) дар натиљаи офати табиї, садамаи технологї ва дигар њолатњои таъсири ќуввањои рафънопазир ба ин шахс зарар расидааст;

2) сари ваќт аз буљет маблаѓгузорї нашудани ин шахс ё сари ваќт напардохтани маблаѓи фармоиши давлатї, ки аз љониби ин шахс иљро шудааст;

3) аз љониби ин шахс гузаронидани корњои илмию тадќиќотї ё таљрибавию конструкторї;

4) аз љониби ин шахс анљом додани фаъолияти љоринамої ё инноватсионї, аз љумла офаридани технологияњои нав ё такмили технологияњои истифодашаванда, кор карда баромадани ашё ё маводи нав.

Батаъхиргузории такрории пардохти андоз, љарима ва фоизњо бе пурра пўшонидани маблаѓњои андози ќаблан ба таъхир гузошташуда, ба истиснои њолатњои мављудияти асосњои пешбининамудаи бандњои 1) ва 2) дар боло зикршуда, манъ аст.

Агар ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон тартиби дигаре пешбинї накарда бошад, ќоидањои пешбининамудаи њамин модда њамчунин њангоми ба таъхир гузоштани пардохти андоз, љарима ва фоизњо вобаста ба гузаштани молњо ва воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон татбиќ мегардад. Ќарор дар хусуси батаъхиргузорї оид ба андозњои умумидавлатї бо пешнињоди Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон, ки бо маќоми ваколатдори давлатї ва Вазорати иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон мувофиќа шудааст, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ќабул карда мешавад. Ќарор дар хусуси батаъхиргузорї оид ба андозњои мањаллї бо пешнињоди маќомоти дахлдори молия ва андози шањр (ноњия) аз љониби раиси шањри (ноњияи) дахлдор ќабул карда мешавад. Бо назардошти талаботи њамин модда Низомномаи тартиб ва мўњлати (давомнокии) батаъхиргузории ўњдадории андоз аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

 

Арзи андоз.

Аз рўи ќоидаи умуми андоз бояд дар мўњлати муайяннамудаи КА ЉТ(мўњлати прдохт) аз љониби андозсупоранда пардохт гардад. Мўњлати пардохти андоз санаи таќвимие мебошад, ки мутобиќи КА муайян шудааст ва то ё дар лањзаи фарорасии он маблаѓи њисобшудаи андоз бояд ба буљет супорида шавад, яъне ўњдадории андоз бояд иљро гардад. Мисол шахсони њуќуќї дар асоси маълумот оид ба амволи ѓайриманќул ба санаи 1 январи соли љорї мустаќилона маблаѓи андоз аз амволи ѓайриманќулро барои соли љории таќвимї тибќи тартиб ва шакли муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї њисоб карда, ба маќоми андози мањали љойгиршавии амволи ѓайриманќул њисоби дар боло зикршударо то 1 феврали соли љорї пешнињод менамоянд ва маблаѓи њисобшудаи андоз аз амволи ѓайриманќулро барои соли љории таќвимї на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли љорї бо љамъбасти афзоянда аз оѓози сол дар њаљми мутаносибан на камтар аз 25 фоиз, 50 фоиз, 75 фоиз ва 100 фоизи маблаѓи солона мепардозанд. Маблаѓи њисобшудаи андоз аз амволи ѓайриманќули шахсони воќеї барои соли љории андоз, ки дар огоњномаи маќоми андоз нишон дода шудааст, бояд ба буљет то 1 октябри соли љорї пардохта шавад. Агар бо ягон сабаб огоњнома дар бораи маблаѓи њисобшудаи андоз аз амволи ѓайриманќул ба шахси воќеї то 1 июли соли љорї расонда нашавад, чунин шахси воќеї ўњдадор аст мустаќилона дар ин бора ба маќоми андози мањали љойгиршавии амволи ѓайриманќул хабар дињад, то ки аз маќоми андоз огоњномаро дар бораи њисобкунии андоз гирифта, маблаѓи андозро то мўњлати 1 октябри соли љорї муќарраршуда пардозад.Шахсони воќеї пардохти љории андоз аз амволи ѓайриманќулро на дертар аз 1 феврал, 1 май ва 1 августи соли љорї бо љамъбасти афзоянда аз оѓози сол дар њаљми мутаносибан на камтар аз 25 фоиз, 50 фоиз ва 75 фоизи маблаѓи андоз аз амволи ѓайриманќули њисобшуда барои соли гузашта ва на дертар аз 1 октябри соли љорї ба маблаѓи баробари фарќи байни маблаѓи андоз аз амволи ѓайриманќули њисобшуда барои соли андози љорї ва маблаѓи андоз аз амволи ѓайриманќули барои давраи гузаштаи соли љорї пардохташуда анљом медињанд.Дар мавриди баракс мутобиќи модддаи 92 КА ЉТ тадбирњои таъмини иљрои ўњдадорињои андози дар мўњлаташ иљронашуда тадбиќ мегардад(пурратар нигаред ба мавзўи 14 китоби мазкур-воситањои њуќуќии таъмини иљроиши дахлдори ўњдадории андоз). Яке аз ин тадбирњо муќаррар намудани ќарзи андоз њисобида мешавад.

Ќарзи андоз гуфта таѓийр додани мўњлати супоридани андозро аз љониби субъекти андозситон дар давомияти аз се моњ то се сол меноманд, ки њангоми бавуљуд омаданаи асосњое, ки дар ќисми 10 моддаи 90 КА ЉТ пешбинишуда, тадбиќ мегардад. Дар КА ЉТ мафњуми ќарзи андоз бевосита дода нашудааст, аммо муќарароти алоњида, ки додани ќарзи андозро иникос менамояд, љой дорад. Дар моддаи 160 КА ЉТ муќаррарот оиди ба давраи дигар гузаронидани зарар мављуд аст, ки тибќи он нисбати корхона барзиёдии тарњњои имконпазир нисбат ба даромади умумї (зарар аз фаъолияти соњибкорї) ба давраи минбаъдаи давомнокиаш то 3 солро дарбаргиранда гузаронида мешавад ва аз њисоби фоидаи то андозбандишавандаи даврањои минбаъда пўшонида мешавад. Нисбати шахси воќеї бошад барзиёдии тарњњои имконпазир аз даромади умумї аз фаъолияте, ки мењнати кироя намебошад, нисбати чунин даромади умумї аз музди мењнати ин шахс тарњ шуда наметавонад, вале мумкин аст ба давраи минбаъдаи давомнокиаш то 3 солро дарбаргиранда барои пўшонидан аз њисоби даромади умумии даврањои минбаъда аз фаъолияте, ки мењнати кироя намебошад, гузаронида шавад.

Карзи андоз дар асоси аризаи андозсупоранда ба у барои як ва ё якчанд андоз дода мешавад[75]. Тартиби пешниход ва баррасии аризаи ин шахс доир ба додани ќарзи андоз, ќабули карор оиди он, эътибор пайдо намудани он бо тартиби таѓийр додани мўњлати супоридани андоз монанд аст. Танхо дар карзи андоз як хусусияти хос чой дорад, ки он ба воситаи шартномаи карз барасмият дароварда мешавад. Ба ќарз фоиз зам карда мешавад. Ба истиснои њолатњои муќаррарнамудаи КА ЉТ, агар ягон маблаѓи андоз, аз љумла пардохтњои љорї, дар мўњлати муќарраргардида пардохт нашуда бошад, яъне њангоми мављуд будани пардохти кам (баќияпулї), андозсупоранда вазифадор аст фоизњои ин маблаѓи кам пардохтшударо (баќияпулиро) дар мўњлати аз санаи фаро расидани мўњлати пардохт то санаи пардохти маблаѓи кам супоридашуда (баќияпулї) пардозад. Фоизњо ба андозсупоранда пардохта намешаванд, агар баргардонидани маблаѓи изофагї дар мўњлати на бештар аз 30 рўз аз лањзаи аз љониби андозсупоранда додани ариза дар мавриди баргардонидани маблаѓњои зиёдатии пардохтшуда анљом дода шавад. Меъёри фоизњо мутобиќи њамин модда бо фоизњои оддї дар њаљми 150 фоизи меъёри азнавмаблаѓгузории (рефинансирование) Бонки миллии Тољикистон дар шакли меъёрњои азнавмаблаѓгузорињо ба њисоби миёнаи арифметикии барои њар як семоњаи љорї муайяншуда муќаррар карда мешавад. Дастуруламал дар бораи њисобкунии фоизњо оид ба пардохти баќияпулї ё изофапулї вобаста ба андозњо аз љониби маќоми ваколатдори давлатї бо мувофиќаи Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ва Бонки миллии Тољикистон ќабул карда мешавад.

Асос барои бастани шартнома оид ба ќарзи андоз ин ќарори маќомоти босалоњият дар бораи ба шахси манфиатдор додани ќарзи андоз аст, ки дар давоми 10 рўзи пас аз ќабули он шартнома бояд баста шавад. Ин шартнома бояд дорои муќаррарот оид ба маблаѓи ќарз, фоизи он, хуљљатњо оид ба амволе, ки предмети гарав, инчунин масъулияти тарафњо бошад. Нусхаи шартномаи мазкур ба шахси манфиатдор (ќарздор) ва маќомоти андози љойи баќайдгирии он дар давоми 10 рўз аз лањзаи бастани шартнома фиристода мешавад. Амалии шартнома оиди ќарзи андоз бо созиши тарафњо ё ќарори суд пеш аз муњлат метавонад ќатъ карда шавад.

Як намуди ќарзи андоз ќарзи сармоягузории андоз мебошад. Ќарзи сармоягузории андоз ин чунин таѓийр додани мўњлати супоридани андоз аст, ки тибки он ба андозсупоранда имконияти дар давоми то се сол ва дар њачми муайян кам намудани пардохтњо аз андоз бо супоридани марњилаи пешбининамудаи ќарз ба замми фоизи он дар њолате, ки асосњои муайян љой дорад, дода мешавад. Ингуна ќарз метавонад танњо оид ба андоз аз даромади ташкилот, инчунин ба андозњои мањалї дода шавад. Ќарзи сармоягузори андоз метавонад хангоми мавчуд будани аќалан яке аз асосњои муќаррарнамудаи ќисми 10 моддаи 90 КА ЉТ пешнињод гардад. Ташкилоте, ќи ќарзи сармоягузори андоз мегирад њуќуќ дорад пардохтњои худро мутобиќи андози муайян дар мўњлати амали шартномаи ќарз кам намояд. Ин ќарз бо аризаи ташкилот дода мешавад. Тартиб ва шарти бастану ичроиши шартномаи ќарзи сармоягузори андоз, ќабули ќарори маќомоти андоз оид ба додани ќарз монанди карзи андоз аст.

Нисбат ба ќарзи андоз реструктризатсия тадбиќ мешавад. Ќонунгузори амалкунанда њолатхоеро муќаррар кардааст, ки тибќи он ба андозсупоранда имконияти батахиргузории супоридани ќарзи кридиторро оид ба андоз, пардохт, фоиз ва љарима барои њуќуќвайронкунї ба воситаи ресруктаризстсияи он дода мешавад. Супоридани ин ќарз бояд аз љониби андозсупоранда марњила ба марњила дар асоси ќарори маќомоти андоз амалї мешавад, ќи ба наќшаи тадбиќнамуда мувофиќ аст. Оиди пешнињоди њуќуќ ба рестуктаризатсияи ќарз оид ба пардотхои њатмии буљет ташкилот ба маќомоти ваколатдор ариза пешкаш менамояд. Ќарз мувофиќи тартиботи муќаррарнамудаи Њукумати ЉТ аз њисоб бароварда (реструктаризатсия) мешавад(моддаи 99 КА ЉТ).

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 124 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Паст кардани меъёри андоз| Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.006 сек.)