Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз.

Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї. | Имтиёзњо дар бахши андоз. | Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз. | Система ва намудњои андоз дар Љумњурии Тољикистон. | Андозбандии шахсони њуќуќї | Андоз аз арзиши иловашуда | Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї | Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда | Андоз аз даромади шахси воќеї | Андоз аз амволи шахси воќеї |


Читайте также:
  1. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  2. Азо: маќсад ва намудњои он
  3. Имтиёзњо дар бахши андоз.
  4. Корфармоён дар бахши шарикии иљтимої
  5. Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї
  6. Мафњум ва ањамияти шартномаи мењнатї.

Њангоми муќаррар намудани андозњо бояд њамаи омилњои андозбандї, аз љумла: андозсупорандагон; объекти андозбандї; манбаи андоз; давраи андоз; тартиби њисоб кардани андоз; тартиб ва мўњлати пардохти андоз; дар њолатњои пешбининамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон имтиёзњои андоз ва асосњо барои ба даст овардани (истифодаи) онњо аз љониби андозсупоранда муайян карда шаванд (з.б.1.м.7 КА ЉТ). Аз ин муќаррарот бармеояд, ки зерфунксияи њавасмандгардонии ќонунгузори андоз пеш аз њама ин муќаррар кардани имтиёзњо дар мавриди андозбандї аст, ки бо роњи ба категорияи алоњидаи шахсони воќеї ва ташкилотњо фароњам овардани рељаи хуби андозбандї амали мегардад. Додани имтиёз яке аз усулњои баамалбарории сиёсати андозбандї буда, тибќи банди 9 ќисми 1 моддаи 37 КА ЉТ истифодабарии имтиёз аз андоз ба њайси яке аз њуќуќњои андозсупоранда муќаррар шудааст. Имтиёзњои андоз афзалиятњое, ки мутобиќи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ё шартномањои байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, ки дорои муќаррароти вобаста ба андозбандї мебошанд, ба гурўњњои алоњидаи андозсупорандагон нисбат ба дигар андозсупорандагон фароњам оварда шудаанд, аз љумла бе ягон таъсири манфї ба андозсупорандаи имтиёздор додани имконияти напардохтан, ё дар њаљми камтар, ё дар мўњлати нисбатан дертар супоридани андоз, эътироф карда мешаванд(м. 14 КА ЉТ)(Оиди шартномањои байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ба мавзўи 12 «Андозбандии байналмилалї» китоби мазкур нигаред). Дар баробари мафњуми муќарарнамудаи КА ЉТ дар адабиёти илмї чунин мафњум љой дорад- имтиёзњо дар бахши андоз гуфта ин ба категорияи алоњидаи андозсупорандагон додани бартарияти бо ќонунгузори андоз пешбинишударо меноманд, ки дар пурра озод намудан аз андоз ва ё пардохти он дар њаљми кам ё инки дар мўњлати дертар ифода меёбад. Аз имтиёз истифода бурдан ва ё истифода накардани он танњо ба иродаи андозсупоранда вобаста мебошад[72]. Яъне ў метавонад аз имтиёз истифода барад, аз имтиёз пурра даст кашад ва ё истифодабарии имтиёзро дар як давра ё якчанд давраи њисоботи боздорад. Аммо дар њолати гузоштани маќсади истифода аз имтиёз андозсупоранда ўњдадор мегардад, ки њуќуки худро барои гирифтани имтиёз дар бахши андоз асоснок намояд ва онро исбот кунад. Њангоми мукаррар кардани имтиёзњо дар бахши андоз субъекти андозситон (маќомоти андоз) пеш аз њама бояд ба муќарарроти зайл таваљуњ намояд:

-риояи принсипи адолат њангоми таќсими маблаѓњои молиявї;

-бењтар намудан ва устувор гардонидани њолати молиявии категорияњои алоњидаи шахсони воќеї ва ташкилотњо;

-банизомоварии намудњои алоњидаи фаъолияти истехсолї;

-ташкили муњити хуби сармоягузорї дар давлат ва ё њудуди алоњидаи он.

Намудњои имтиёзњо дар бахши андоз вобаста ба асосњои гуногун тасниф мегардад:

1) Вобаста аз таѓийр ёфтани усулњои андоз ва хислати он:

- ихтисор намудан (изъятие);

-кам кардан;

- паст кардани меъёри андоз;

-таѓийр додани мўњлати супоридани андоз;

-реструктуризатсияи карзи андоз, љарима ва фозњо;

-озоднамои аз пардохти андоз.

Ихтисор намудан –як намуди имтиёз дар бахши андоз аст, ки ба андозсупоранда њуќуќ медињад, ки аз базаи андозбандї объектњои алоњидаи андозбандї ва ё ќисми онро барорад.

Кам кардан- ин додани њуќуќ ба андозсупоранда оид ба камнамои манбаи андозситонї аз маблаѓи муайяни вичотњо аст.

Паст кардани меъёри андоз – ин имконияти аз љониби андозсупоранда пардохти андоз аз рўи меъёри хурдтар нисбат ба ќоидаи умумии муќарраршуда аст.

Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз – имтиёзе, ки тибќи он ба андозсупоранда имконият дода мешавад, ки андозро дар мўњлати дертар супорад.

Реструктуризатсияи ќарзи андоз, љарима ва фозњо –ин додани имконият ба андозсупоранда оиди батаъхиргузорї (отсрочкаи) иљрои ўхдадори барои пардохти камомад, фоиз ва љарима хангоми вайрон намудани конунгузории андоз аст.

Озоднамои аз супоридани андоз – ин пурра ва ё ќисман даст кашидани субъекти андозситонанда аз талаби андозбандї нисбати категорияи алоњидаи андозсупорандагон дар мўњлати муайян ва ё бемўњлат аст[73]. Имконияти озоднамои аз андозро дар мисоли андоз аз аксиз дида мебароем:

Аз супоридани аксиз инњо озод мебошанд:

- нўшокињои спиртдор, ки шахсони воќеї дар доираи номгўй ва меъёри муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон барои истеъмоли худї истењсол мекунанд;

- ворид намудани як литр нўшокии спиртї, як баста (200 дона) сигор аз тарафи шахси воќеї барои истеъмоли худї, инчунин сўзишвории автомобил мувофиќи ѓунљоиши зарфи сўзишвории автомобил барои шахсоне, ки ба Љумњурии Тољикистон тавассути автомобил ворид мешаванд;

- молњое, ки ба таври транзит тавассути ќаламрави Љумњурии Тољикистон кашонида мешаванд;

- воридоти муваќќатии молњо ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон, ба истиснои молњое, ки барои реэкспорт таъин шудаанд;

- воридоти молњои барои реэкспорт пешбинишуда, дар њолати таъминоти кафолати гарав тибќи тартиби пешбиникардаи ќонунгузории гумрукї;

- молњои зераксизї, ба ѓайр аз маснуоти спиртдор ва тамоку, ки дар доираи кўмаки башардўстона ворид мешаванд, инчунин молњои воридшаванда барои беподош додан ба ташкилотњои эњсонкорї ба маќсади бартараф намудани оќибатњои офатњои табиї, садамањо, фалокатњо ва барои беподош додан ба маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон;

- содироти молњои зераксизї, агар чунин содирот љавобгўи талаботи муќаррарнамудаи моддаи 245 КА бошад.

Озодкунї аз аксиз, ки дар бандњои 3)-6) зикр шудааст, танњо дар њолатњое татбиќ мешавад, ки шартњои озодкунї аз бољи гумрукї њангоми низоми дахлдор мутобиќи ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон иљро шаванд. Дар ин њолатњо, агар барои маќсади ситонидани бољи гумрукї воридот тањти низоми баргардонидани бољи гумрукї ќарор гирад ё супоридани бољи гумрукї дар њолати вайрон намудани шарти озодкунї талаб карда шавад, њамин низом нисбати ситонидани аксиз татбиќ мегардад.

Аз муќаррароти овардашудаи моддаи 244 КА ЉТ ошкор гардид, ки воќеан имтиёзњо дар бахши андоз ин додани њуќуќ ба андозсупоранда бо шарти муайян аст.

2)вобаста ба муносибат ба манбаи анозбандї чунин намуди имтиёзњо чой дорад:

-ќарзи андоз;

-манбаи миќдори камтарини андозбандинашаванда;

-аз љамовари гирифтани унсурњои муайяни объекти андоз;

-вычет аз аклади андоз (пардохти андоз барои мўњлати њисоботї).

3) Вобаста ба мўњлати додани имтиёз:

- ба мўњлати муайян;

- бемўњлат.

Мисоли имтиёзи дар мўњлати муайян дода шаванда ин муќаррароти ќисми 6 моддаи 145 КА ЉТ аст, Ки тибќи он корхонањои наве, ки дар соњаи истењсоли молњо таъсис меёбанд, дар соли баќайдгирии давлатї ва аз соле, ки баъди соли баќайдгирии ибтидоии давлатї фаро мерасад, њангоми аз љониби муассиси онњо бо назардошти њаљмњои њадди аќали инвеститсияњои муќаррарнамудаи ќонунгузорї ба фонди оинномавии чунин корхонањо ворид намудани њаљмњои дар поён зикргардидаи инвеститсияњо ба мўњлати:

- 2 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари то 500 њазор доллари ИМА бошад;

- 3 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари бештар аз 500 њазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошад;

- 4 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошад;

- 5 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошад аз андоз аз фоида шахсони њуќуќї озод карда мешаванд.

Мисоли имтиёзи бемўњлат ин муќаррароти зербанди 1, 2, 3,4 ва 5 банди 1 моддаи 145 КА ЉТ аст, ки тибќи он а з андозбандї аз фоидаи шахсони њуќуќї инњо озоданд:

- ташкилотњои динї, эњсонкорї, буљетї, созмонњои байнињукуматї ва байнидавлатии (байналмилалии) ѓайритиљоратї, ба истиснои фоидае, ки онњо аз фаъолияти соњибкорї мегиранд. Њамзамон чунин ташкилотњо бояд бањисобгирии људогонаи фаъолияти асосї (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соњибкориро пеш баранд;

- маблаѓгузаронињои ройгон ва амволи ройгон, аъзоњаќќињо, хайрия ва грантњое, ки ташкилотњои ѓайритиљоратї мегиранд;

- Бонки миллии Тољикистон ва муассисањои он;

- суди сањмияњое (дивидендњое), ки корхонањои резидентї аз корхонањои резидентї мегиранд;

- корхонањое, ки дар онњо дар як ваќт дар соли њисоботии андоз:

а) на камтар аз 50% шумораи кормандонро маъюбон ташкил медињанд, ва

б) на камтар аз 50% маблаѓњои музди мењнат ва дигар таъминоти моддї, аз љумла натуралї, барои эњтиёљоти маъюбон сарф карда шудааст.

Инчунин имтиёзњоро дар бахши андоз вобаста ба асосоњои мазкур низ тасниф менамоянд:

-вобаста ба муќарароти ќонунгузорї оид ба андоз ва пардохтњо;

- вобаста ба ќарори маќомоти босалоњият.

Барои гирифтани имтиёз нисбат ба таснифи аввал доштани асоси бо ќонунгузории андоз муќараршуда басанда аст. Барои гирифтани имтиёзи намуди дуюм ѓайр аз асоси конунгузори инчунин ќарори маќомоти босалоњият зарур мебошад.

Маќомоте, ки дар асоси муќарароти ќонунгузории амалкунанда њуќуќи додани имтиёз аз андозро доранд инњо мебошанд:

1) оид ба андозњои умумидавлатї бо пешнињоди Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон, ки бо маќоми ваколатдори давлатї ва Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон мувофиќа шудааст, Њукумати Љумњурии Тољикистон;

2) оид ба андозњои мањаллї бо пешнињоди маќомоти дахлдори молия ва андози шањр (ноњия) аз љониби раиси шањри (ноњияи) дахлдор.

Аз муќаррароте, ки дар боло зикр намудем бармеояд, ки шахси манфиатдор барои гирифтани имтиёз аз андозњо умумидавлатї ба Вазорати молияи ЉТ ва барои гирифтани имтиёз аз андозњои мањалї ба маќомоти дахлдори молия ва андози шањр (ноњия)-шўъбаи молия ва шўъбаи нозироти андоз боа риза мурољиат менамояд. Ин маќомотњо аризаро омухта ба Њукумати ЉТ(оиди андозњои умумидавлатї) ва ё раиси шањр (ноњия) пешнињод менамоянд.

Дар баробари имтиёзњое, ки дар ќонунгузори андоз бевосита пешбинї шудааст маќомоти босалохияти давлатї метавонанд дар њудуди давлат ва ё ќисмати он рељаи имтиёзнок барои андозсупорандагон муќаррар намоянд. Ингуна минтаќа њамчун минтаќаи имтиёзнок ва ё оффшорї номида мешавад.

Доираи шахсоне, ки нисбати онњо муќаррароти амалкунандаи ќонунгузорї оиди асосњо, тартиб ва шартњои тадбиќ намудани имтиёзњо аз андоз пањн мегардад ин шањрвандон ва ташкилотњои мушахас набуда, балки катигорияи андозсупорандагоне, ки дорои нишонаи умумї барои гурўњи мушахас мебошанд (мисол, корхонахое, ки дар онњо дар як ваќт дар соли хисоботї андоз накамтар аз 50% шумораи кормандонаш маъюб мебошанд). Пешнињоди имтиёз набояд дорои хислати истисморї бошад. Ба андозсупоранда њангоми пардохти андози зиёдтар аз меъёри бо ќонун муќарраршуда маќомоти андоз набояд монеъ шавад. Гарчанде, ки дар моддаи 37 КА ЉТ тартиби дасткашидан аз имтиёз пешбини нагардидида бошад њам ингуна дасткашї бояд дар шакли аризаи хаттї ба маќомоти андоз ирсол шавад. Дасткашидан аз имтиёз дар њолате банљом мерасад, ки ариза аз љониби маќомоти андоз ќабул карда мешавад.

Барии истифодаи имиёз аз андоз анозсупорандаи манфиатдор ўњдадор аст, ки чунин расмиёти њуќуќиро риоя намояд. Шахсони њуќуќї, аз љумла воњидњои махсуси таъсиснамудаи онњо (филиалњо, намояндагињо, муассисањои доимї ва ѓайра) ва шањрвандон (минбаъд дар њамин модда - “андозсупоранда”, “андозсупорандагон”) бояд ба маќомоти андози мутаносибан дар мањали љойгиршавии шахси њуќуќї, мањали љойгиршавии воњидњои махсуси он, мањали зисти шахси воќеї, инчунин мањали љойгиршавии амволи ѓайриманќул ва воситањои наќлиёти андозбандишавандаи ба онњо тааллуќдошта тибќи тартиби муќаррарнамудаи КА ЉТ ариза пешнињод намояд. Њангоми пешнињоди ариза шахси њуќуќї њамзамон бо ариза нусхаи мувофиќи тартиби муќарраргардида тасдиќшудаи: шањодатномаи баќайдгирии давлатї, њуљљатњои таъсисї ва дигар њуљљатњоеро, ки мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъсис шудани шахси њуќуќиро тасдиќ мекунанд, пешнињод менамояд. Њангоми пешнињоди ариза шахси воќеї њамзамон бо ариза шиносномаи шањрванди Љумњурии Тољикистонро (минбаъд – «шиноснома»), ки шахсияти андозсупорандаро тасдиќ мекунад, пешнињод менамояд. Ариза бояд дорои чунин маълумот бошад:

1) насаб, ном, номи падар;

2) санаи таваллуд;

3) љинс;

4) суроѓаи мањали зист;

5) маълумоти шиноснома (раќам, серия, рўзи супоридан, кї супоридааст);

6) шањрвандї.

Маќоми андоз ўњдадор аст дар мўњлати 10 рўзи таќвимї баъди пешнињоди тамоми њуљљатњои зарурї аризаро омўзад ва дар њамин мўњлат ба андозсупоранда љавоб гардонад. Баъд аз омўзиши ариза маќомоти онро омўхта ќарор дар бораи додани имитиёз аз андоз ва ё рад кардани он мебарорад.

Бояд ќайд кард, ки бо ќонунгузории андоз њолатњои истиснокунандаи додани имтиёз аз андоз муќаррар шудааст[74]. Агар яке аз ин асосњо љой дошта бошад ба шахси манфиатдор додани имтиёз аз андоз рад карда мешавад:

1) оѓоз намудани парвандаи љиноятї нисбати шахси манфиатдор оид ба вайрон кардани ќонунгузории андоз;

2) гузаронидани истењсолот аз рўи парванда оид ба њуќуќвайронкунии андоз ва ё аз рўи парванда оид ба њуќуќвайронкунии маъмурї дар соњаи андоз ва пардохтњо, парвандаи гумрукї вобаста ба супоридани аноз ва пардохтњо њангоми интиќоли мол ва воситаи наќлиёт аз сарњади гумрукии ЉТ;

3) мављуд будани асосњои кофї, Ки шахси манфиатдор, имтиёз аз андозро бо маќсади пўшонидани воситањои пулї ва ё дигар амволи андозбандишаванда истифода мебарад ё инки ин шахс барои истиќомати доимї берун аз њудуди ЉТ рафтанї аст;

Дар мавриди љой доштани асосњои зикршуда ќарор дар бораи рад кардан аз додани имтиёз бароварда мешавад. Агар ќарор дар бораи додани имтиёз бароварда шуда бошад он бекор карда мешавад. Оид ба бекор кардани ќарор дар мўњлати се рўз шахси манфиатдор ва маќомоти андози љои баќайдгирии ў огоњ карда мешаванд. Дар њолате, ки додани имтиёз рад карда мешавад шахси ба ин имтиёз манфиатдор њуќуќ дорад бо тартиби муќаррар намудаи бобби 11, моддањои 100-102 КА ЉТ аз болои ин ќарор шикоят намояд(пурратар нигаред ба мавзўи 18 китоби мазкур- бањсњои андоз ва танзими њуќуќии онњо).

Тартиби мушахастари тадбиќи ин њуќуќро да саволњои мибаъда тавсиф менамоем.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 130 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор| Паст кардани меъёри андоз

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.012 сек.)