Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда

Навъњои андоз дар ЉТ | Мавзўи 3. Унсурњои асосии андоз | Андозсупоранда | Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз. | Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї. | Имтиёзњо дар бахши андоз. | Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз. | Система ва намудњои андоз дар Љумњурии Тољикистон. | Андозбандии шахсони њуќуќї | Андоз аз арзиши иловашуда |


Читайте также:
  1. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  2. Андозбандии шахсони њуќуќї
  3. Дар силсилаи санадњои меъёрї-њуќуќї оид ба мењнат мавќеи марказиро КМ ЉТ аз 15 маи соли 1997 ишѓол менамояд, ки аз 11 маи соли 1997 мавриди амал ќарор дода шудааст.
  4. ДИГАР ВОСИТАЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ
  5. Кафолатњо ва љубронпулињо њангоми фиристонидани кормандон ба сафари хизматї ва кўчидан љињати иљрои кор ба дигар мањал.
  6. Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї

Шахсони њуќуќї супорандаи дигар намуди андозњо ва пардохтњои давлатї мебошанд, ки ба онњо дохил карда мешаванд.:

1. андоз азистифодабарандагони ќаъри конњо;

2. андози иљтимої;

3. андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард;

4. андози њадди аќал аз даромади корхонањо;

5. андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;

6. дигар пардохтњои гумрукї ва бољњо давлатї.

Дуруст мебуд агар ин андозњоро мухтасар дида бароем.

Андоз аз истифодабарандагони ќаъри конњо бо фароњам омадани вазъи мусоиди сармоягузорї ва мустањкам намудани истифодаи самараноки захирањои табиї дар асоси иљозатномаи аз љониби маќомоти дахлдор додашаванда роиљ гардид. Танзими њуќуќии он дар асоси боби 37 КА ЉТ ба роњ монда шудааст. Низоми андозбандиро њамчунин ќарордодњо оиди истифодаи ќаъри замин муќаррар менамоянд ва дар њолати иштироки якчанд субъект дар ин гуна ќарордодњо низоми якхела чун андозсупорандаи ягона нисбати онњо пешкаш карда мешавад.

Супорандагони ин андоз шахсони њуќуќи ва дар баробари онњо шахсони воќеие ба њисоб мераванд, ки амалиётро оид ба истифодаи ќаъри замин дар Љумњурии Тољикистон содир менамоянд, ба он аз љумла истихрољи канданињои фоиданок аз ташкилањои техногении минералї низ дохил карда мешавад.

Андозбандї дар асоси экспертизаи андоз амалї карда мешавад, ки њолатњои гирифтани даромадро аз бастан ва ё таѓйир додани нуќтањои алоњидаи ќарордодњо оиди истифодаи ќаъри замин дар бар мегирад.Тибќи м. 278 КА ЉТ экспертизаи андоз – экспертизаи махсус буда, тањлил ва бањодињии лоињаи ќарордоди байни истифодабарандаи ќаъри замин ва маќоми салоњиятдор басташуда, иловаю таѓйироти онро дар бар мегирад, ки бо маќсади муайян намудани низоми андоз, аз љумла мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар намудани пардохтњои махсус гузаронда мешавад.

Ќонунгузор асосан ду шакли супоридани ин намуди андозњоро муайян менамояд:

1. бонусњо;

2. роялтї.

Мафњуми бонус аз калимаи лотинии bonus гирифта шуда, маънои хуб, накуиро дошта, ифодагари подоши иловагї мебошад.[43] Ба сифати бонусњо пардохтњои устуворонаи истифодабарандагони ќаъри замин баромад менамоянд, ки дар шакли пулї, тибќи њаљм ва тартиби дар ќарордоди истифодаи ќаъри замин муќарраргардида супорида мешаванд. Танзими њуќуќї дар асоси боби 38 КА ЉТ амалї гардонда мешавад.

Бо дарназардошти шартњои инфиродии истифодаи ќаъри замин намудњои зерини бонусро ќонунгузор (м. 279 КА ЉТ) муайян намудааст:

1) бонуси обунавї;

2) бонуси кашфи тиљоратї;

3) бонуси истихрољ.

Масалан, бонуси обунавї пардохти яккаратаи устуворонаи истифодабарандаи ќаъри замин барои њуќуќи фаъолият љињати истифодаи ќаъри замин дар њудуди ќарордодї мебошад ва њангоми бастани ќарордод мувофиќи тартиби муайяннамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад. Њаљми ибтидої ва нињоии муќаррар карда мешавад, ки тибќи шартњои тендер ва дар ќарордод пешбинї шуда бо мувофиќаи Вазорати молияи ЉТ аз љониби маќоми ваколатдори давлатї муайян карда мешавад.

Мўњлати пардохт на дертар аз 30 рўзи таќвимї аз санаи бастани ќарордод.

Пешнињоди эъломия оид ба бонуси обунавї аз љониби истифодабарандаи ќаъри замин ба маќоми андози мањалли бањисобгирии худаш то рўзи 15-уми моњи минбаъдае, ки баъди моњи фарорасии мўњлати пардохт омадааст.

Ќайд кардан лозим аст, ки аксарияти меъёрњои Кодекси андоз дар мавриди бонусњо хусусияти њаволакунанда дошта њангоми андозбандї асосан мазмуни ќарордод ба назар гирифта мешавад.

Роялтї[44] пардохте мебошад, ки истифодабарандаи ќаъри замин дар алоњидагї, доир ба њар як намуди (доир ба тамоми намудњои) канданињои фоиданоки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон истихрољшаванда месупорад, новобаста аз он, ки онњо ба харидорон (ќабулкунандагон) тањвил (бор карда фиристода) шудаанд ё барои эњтиёљоти худї истифода гардидаанд (м.289 КА ЉТ). Он дар шакли пулї ва дар њолатњои бо ќонунгузории андоз пешбинї шуда дар шакли натуралї ситонида мешавад.

Супорандагони роялти истифодабарандагони ќаъри замине мебошанд, ки канданињои фоиданок, аз љумла канданињои фоиданокро аз ташкилањои минералии техногенї истихрољ менамоянд, сарфи назар аз он, ки тањвили (бор карда фиристодани) онњо дар давраи њисоботї сурат гирифтааст ё не.

Объекти андозбандї мањсулоти истихрољї ба њисоб меравад, ки дар рафти истихрољ, истифодабарї ва фурўш ба даст дароварда шудаанд. Масалан, ба сифати мањсулоти молии якум инњо дохил мешаванд:

а) худи канданињои фоиданок:

- нафт, гази табиї ва конденсати газ;

- ангишт ва слансњои сўзишворї;

- маъданњои молї;

- обњои зеризаминї, аз љумла аз коркарди аввалин гузашта;

- слюда, асбест, ашё барои истењсоли маводи сохтмон;

- ашёи хоми ѓайримаъданї барои металлургия;

б) металлњои ќиматбањо ва (ё) металлњои софи химиявї дар ќум, маъданњо, консентратњо;

в) консентрати металлњои сиёњ, ранга, нодир ва радиоактивї, ашёи кимиёвии кўњї;

г) сангњои ќиматбањо, ашёи сангњои ороишї ва пьезооптикии аз коркарди якум гузашта;

д) оид ба дигар канданињои фоиданок – ашёи минералии аз коркарди якум гузашта.

Меъёри андоз тибќи ќарордод муайян карда шуда, дар баробари ин њадди аќали он доир ба њама гуна канданињои фоиданок бояд на камтар аз 0,5 фоиз бошад. Меъёрњои роялти доир ба канданињои фоиданоки сахт, аз љумла тилло, нуќра, платина, дигар металлњо ва сангњои ќиматбањо бошад бо фоизи муайяншуда барои тамоми давраи амали ќарордод муќаррар карда мешаванд.

Њамзамон, меъёрњои роялти доир ба канданињои фоиданоки маъмулї ва обњои зеризаминї барои њамаи истифодабарандагони ќаъри замин ягона мебошанд ва онњоро Њукумати Љумњурии Тољикистон бо фоиз муќаррар мекунад.

Инњо аз супоридани роялтї озод мебошанд (м. 291 КА ЉТ):

1) шахсони воќеї, ки обњои зеризаминии дар ќитъањои замини ба онњо барои истифода вобасташуда ё истифодаи умрбоди меросї додашударо истихрољменамоянд, ба шарте агар чунин обњо ба дигар шахс тањвил дода ё барои истењсолот ва эњтиёљоти технологї њангоми фаъолияти соњибкорї истифода бурда нашаванд;

2) аз љониби ташкилотњои давлатие, ки обњои зеризаминиро барои эњтиёљоти хољагидории худ истихрољ менамоянд;

3) аз љониби истифодабарандагони ќаъри замин њангоми баргашта бо обњои зеризаминии њамроњ истихрољшуда пур кардани љои онњо барои нигоњдории фишори ќишри замин.

Арзиши мањсулоти молии истихрољшуда бо дарназардошти андозњои ѓайримустаќим ва арзиши тилло, нуќра ва платинаи истихрољкардаи истифодабарандаи ќаъри замин дар давраи андоз бошад, вобаста ба нархи миёнаи чунин металлњо дар давраи андоз дар Биржаи металлњои Лондон, тибќи тартиби бо мувофиќаи Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї њисоб карда мешавад.

Тартиби пардохт - моњи таќвимї.

Эъломияи (њисоби) роялтї аз истифодабарандаи ќаъри замин тибќи шакл ва тартиби бо мувофиќаи маќоми салоњиятдор муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї ба маќоми андози мањали бањисобгирии худ то рўзи дањуми моњи минбаъдаи давраи њисоботї пешнињодкарда мешавад.

Чун дигар субъектони андозсупоранда шахсони њуќуќї андози иљтимоиро низ месупоранд. Андози иљтимої яке аз андозњои асосии умумљумњуриявї ба шумор рафта тибќи боби 35 КА ЉТ ва Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб ва пардохт намудани андози иљтимої» аз 29.05.2007 тањти 15/1431 ситонида мешавад.

Мутобиќи банди 3 њамин Дастурамал ба сифати андозсупорандагон шахсони њуќуќї, муассисањои доимиии ѓайрирезидентњое баромад менамоянд, ки дар љараёни амалисозии фаъолияти соњибкории худ пардохтњои хизматрасонии дар Љумњурии Тољикистон дар асоси шартномањои хусусияти гражданї ва њуќуќї доштаро ё бе ин хосият пардохт менамоянд. Онњо низ њамчун суѓуртакунандагон эътироф шудаанд. Андози мазкур тибќи Ќарори Њукумати ЉТ аз 03.03.2007 тањти №103 «Дар бораи Агентии давлатии суѓуртаи иљтимої[45] ва нафаќа» ситонида шуда, маќомоти асосї дар ин самт мањз њамин маќомот ба њисоб меравад, ки алњол дар анзди Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии Љумњурии Тољикистон амал мекунад.

Объекти андозбандї:

1. маблаѓњои супоридашавандаи музди мењнат ба кормандони кироя;

2. маблаѓи супоридашавандаи музди мењнат ва маблаѓњои (даромадњои) ба он баробаркардашудаи шахсони воќеї, агар ин шахсон корманд бошанд.

Маблаѓи андоз њар моњ ба суратњисоби Агентї мустаќиман ситонида мешавад.

Дигар андозе, ки шахсони њуќуќї месупоранд андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард мебошад. Супорандагони андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард шахсони зерини њуќуќї мебошанд:

1) корхонањои резидентї;

2) корхонањои хориљие, ки фаъолияти соњибкориро дар Љумњурии Тољикистон тавассути муассисањои доимии худ амалї мекунанд.

Объекти андозбандї тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонињо эътироф карда мешаванд[46].

Бо ин андоз андозбандї карда намешаванд:

1) ташкилотњои буљетї, маќомоти њокимият ва идоракунии давлатї, аз љумла Бонки миллии Тољикистон ва муассисањои он;

2) иттињодияњо ва ташкилотњои динї, љамъиятњои миллию фарњангї, ба истиснои фаъолияти соњибкории онњо.

Меъёри андоз тибќи м. 299 КА ЉТ дар њаљми 2 %-и манбаи андоз муќаррар карда шуда, барои корхонањои савдо, мањсулоттайёркунї, таъминотию фурўш 0,5 %-и манбаи андозро ташкил медињад.

Тартиб ва мўњлати пардохт њамон таврест, ки нисбати андози арзиши иловашуда муќаррар карда шудааст.

Андози њадди аќал аз даромади корхонањо мутобиќи боби 44 КА ЉТ ситонида мешавад.

Андозсупорандагон, ки муродифи корхона мебошанд:

1) корхонањои резидентї;

2)корхонањои хориљї, ки дар Љумњурии Тољикистон фаъолияти соњибкориро тавассути муассисањои доимии худ анљом медињанд.

Объекти андозбандї-даромади умумї (ба истиснои ААИ, андоз аз фурўши чакана ва дар мавриди тањвили нахи пахта ва алюминийи аввалия ба истиснои маблаѓи њисобкардашудаи андоз аз фурўш) мебошад, ки барои давраи њисоботї гирифта шудааст ва ё бояд гирифта шавад[47].

Меъёри андоз ва тартиби гузаронидани онро ба буљет м. 321 КА ЉТ муќаррар намудааст, ки ба 1 % объекти андозбандї баробар аст.

Давраи андозбандї - соли таќвимї.

Њисобкунии нињоии андоз ба буљет вобаста ба натиљаи сол дар мўњлати на дертар аз 10 апрели баъди соли андоз фарорасанда анљом дода мешавад.

Пешнињоди эъломия то 1 апрели соли баъди соли њисоботии андоз фарорасанда муайян шудааст.

Ќонунгузор муќаррар менамояд, ки ин андоз ба пуррагї пардохта шавад. Вале њолатњое мављуданд, ки андозсупорандагонро аз супоридани андози фоида аз шахсони њуќуќї озод менамояд. Масалан, агар маблаѓи андоз аз фоида камтар аз маблаѓи андози њадди аќал аз даромади корхонањо бошад, он гоњ андоз аз фоида пардохта намешавад.

Шахсони њуќуќї тибќи муќаррароти боби 41 КА ЉТ супорандагони андоз тибќи низоми соддакардашуда мебошанд.

Андозсупорандагон корхонањое мебошанд, ки даромади умумии онњо дар оѓози соли андоз бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана аз њадди 3-каратаи муќаррарнамудаи м. 202 Кодекси андоз барои маќсадњои баќайдгирї ба сифати супорандаи ААИ зиёд намебошад, ба истиснои чунин корхонањое, ки ба истењсоли молњои зераксизї, тањвили нахи пахта ва алюминийи аввалия ќарор доранд, ё онњое, ки њамчун истифодабарандагони ќаъри замин, дорои воњидњои махсус мебошанд, муассисањои суѓуртакунї, фондњои инвеститсионї, иштирокчиёни касбии бозори коѓазњои ќиматнок ва ташкилотњои кредитї.

Объекти андозбандї даромади умумии дар давраи њисоботї бадастомада мебошад. Даромади умумї дар асоси усули хазинавї чун маблаѓи фурўш, ки аз тањвили молњо (кору хизмат), нархи фурўши амволи дар давраи њисоботї тањвилшуда ва даромадњои ѓайрифурўшї дар доираи фаъолияти соњибкорї бо тарњи маблаѓи ААИ ва андоз аз фурўши чакана њисоб карда мешавад. Даромади умумї бояд дар асоси њуљљатњои даромад, ки тибќи тартиби муќарраршуда ба расмият дароварда шудаанд, тасдиќ мегардад.

Корхонањое, ки тибќи низоми соддакардашуда андозбандї мегарданд, супорандагони андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї ва андози њадди аќал аз даромади корхонањо инчунин андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард намебошанд.

Меъёри андоз дар њаљми 4 % аз объекти андозбандї муќаррар карда шудааст.[48]

Давраи андоз (њисоботї) барои корхонањо њангоми истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандї семоња, ё ин ки ба ибораи дигар квартал мебошад.

Эъломияи андоз дар мўњлати то рўзи 15-уми моњи минбаъдаи давраи њисоботии андоз пешнињод шуда дар њамин мўњлат пардохта мешавад.

Ќонунгузории андоз њамчунин њуќуќи андозсупорандаро дар мавриди гузаштан ба низоми андозбандии умумї муайян намудааст, ки то 1-уми январ вале на дертар аз 15 –уми январи аввали сол амалї гардонда мешавад. Гузариши баръакс бошад танњо баъди гузаштани 2 сол имконпазир аст.

Мўњтавои асосии андозбандии шахсони њуќуќиро дар замони муосир асосан њаминњо ташкил медињанд.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 136 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї| Андоз аз даромади шахси воќеї

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.012 сек.)