Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Дигар воситањои байналмилалї

СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАЊИД ВА ГУРЕЗАЊО | Поймолкунии њуќуќи инсон ва бозгардонии ихтиёрї | КОНВЕНСИЯИ СОЛИ 1951 ДАР БОРАИ МАЌОМИ ГУРЕЗАЊО |


Читайте также:
  1. Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда
  2. Кафолатњо ва љубронпулињо њангоми фиристонидани кормандон ба сафари хизматї ва кўчидан љињати иљрои кор ба дигар мањал.
  3. Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї
  4. Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд
  5. Танзими байналмилалї-њуќуќии мењнат

 

Муќаррароте, ки метавонанд ба гурезањо ба гурезањо иртибот дошта бошанд, њамчунин дар дигар конвенсияњо ва эъломияњо мавчўданд, баъзеи онњо дар поён номбар карда мешаванд:

 

- Конвенсияи чоруми соли 1949 Женева оид ба њифзи ањолии ѓайринизомї дар давраи љанг:

моддаи 44 ин Конвенсия, ки маќсади он аз њифзи љабрдидагони байни ањолии ѓайринизомї иборат аст, ба гурезањо ва шахсони кўчонидашуда дахл дорад.

 

Дар моддаи 73 Протоколи иловагии соли 1977 пешбинї мегардад, ки гурезањо ва апатридњо аз њимояе, ки мутобиќи ќисмњои I ва III Конвенсияи чоруми Женева пешнињод карда мешавад, истифода мебаранд;

 

- Конвенсияи соли 1954 оид ба маќмоми апатридњо:

тањти истилоњи «апартеид» шахсе дар назар дошта мешавад, ки аз љониби ягон давлат бинобар ќонуни он шањрванд дониста намешавад. Баъдан дар он муќаррароти меъёрии марбут ба маќоми апартеид баён карда мешаванд;

 

- Конвенсияи соли 1961 оид ба кам кардани бешањрвандї:

давлати узви ин Конвенсия розї мешавад шањрвандии худро ба шахсе, ки дар ќаламрави он таваллуд шудааст, дињад, вагарна ў шањрвандї намедошт. Давлат њамчунин розї мешавад, дар сурати риоя гардидани баъзе шартњо шахсро аз шањрвандии ў мањрум накунад, агар чунин мањрумият ўро апартеид намояд. Дар Конвенсия пешбинї мегардад, ки шахс ё гурўњи шахсон набояд бо нишонаи нажодї, этникї, динї ё асосњои сиёсї аз шањрвандии худ мањрум карда шаванд;

 

- Эъломияи Созмони Милали Муттањид аз соли 1967 оид ба паноњгоњи минтаќавї:

дар ин Эъломия Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттањид як ќатор принсипњои асосии марбут ба паноњгоњњои минтаќавї муќаррар менамояд. Дар он гуфта мешавад, ки пешнињод намудани паноњгоњи минтаќавї «амали осоишта ва башардўстона мебошад ва бинобар ин наметавонад аз љониби ягон давлати дигар њамчун амалї ѓайрилўстона арзёбї гардад». Дар он принсипи асосии башардўстона манъи бозгардонии маљбурї зикр шудааст ва ба моддањои 13 ва 14 Эъломияи умумии њуќуќи башар истинод оваарда мешавад, ки дар онњо мутобиќан, њуќуќи тарк намудани њама гуна кишвар ва бозгаштан ба кишвари худ ва њуќуќи паноњгоњ љустан ва аз ин паноњгоњ истифода бурдан, пешбинї мегарданд.

 

 

ВОСИТАЊОИ МИНТАЌАВЇ

АФРИКА

 

Аз охири солњои 50-ум сар карда афзоиши шумораи гурезањое, ки аз љангњо ва низоъњои дохилї дар Африка паноњ мељустанд, аз рўи арзёбии умумї, боиси ќабул шудани шартномаи фарогиртар ва муњимтари минтаќавї марбут ба гурезањо гардид. 10 сентябри соли 1969 Ташкилоти ягонагии Африка Конвенсияи Ташкилоти ягонагии Африкаро ќабул намуд, ки он љанбањои хоси проблемањои гурезањоро дар Африка менамояд. Ањамияти асосии ин Конвенсия аз он иборат мебошад, ки дар он ба истилоњи «гуреза» мафхуми васеътар дода мешавад. Тавре ки давлатњои Африка дар назар доштанд, «хавфи комилан асосноки аз таъќиб љабр дидан» барои он ки тамоми њолатњои марбут ба гурезањои Африка ба эътибор гирифта шаванд, нишондињандаи ба таври кофї васеъ намебошад.

 

Дар банди дуюми моддаи 1 Конвенсияи Африка пешбинї мегардад, ки «истилоњи «гуреза» њамчунин нисбати њама гуна шахсе, ки бинобар таљовузи берунї, ѓасби давлати хориљї ё њодисањое, ки ба таври љиддї тартиботи љамъиятиро дар як ќисм ё дар тамоми ќаламрави кишвари асл ё шањрвандии ў халалдор месозанд, маљбур аст макони истиќомати мукаррарии худро бо маќсади љустуљўи паноњгоњ дар дигар макон берун аз кишвари асл ё шањрвандии худ тарк намояд, истифода мегардад».

 

Конвенсияи Ташкилоти ягонагии Африка Конвенсияи соли 1951-ро пурра мекунад, на такрор. Ѓайр аз мафњуми васеи истилоњи «гуреза», Конвенсияи Ташкилоти ягонагии Африка масъалаи оид ба паноњгоњро танзим менамояд (моддаи 11). Дар он муќаррароти муњим оид ба ихтиёран ба ватан бозгардондан (моддаи V) ва оид ба манъи фаъолияти тахрибкоронаи гурезањо (моддаи III) мављуданд.

 

То феврали соли 1992 Конвенсияи Ташкилоти ягонагии Африка аз љониби 42 давлат тасдиќ гардида буд.

 

 

ЕВРОПА

 

Шўрои Европа якчанд њуљљатњоро оид ба масъалањои гурезањо ќабул намуд. Ба љумлаи муњимтарини онњо инњо мансубанд:

 

a) Созишномаи Европа оид ба манъи визањо барои гурезањо (аз соли 1959);

 

b) резолютсияи 14 (1967) оид ба пешнињод намудани паноњгоњ ба шахсоне, ки тањти тањдиди таъќиб ќарор доранд;

 

c) Созишномаи Европа оид ба тањвили масъулият нисбати гурезањо (аз соли 1980);

 

d) тавсияњо оид ба мувофиќасозии расмиёти миллии марбут ба пешнињод намудани паноњгоњ (аз соли 1981);

 

e) тавсияњо оид ба њифзи шахсоне, ки ба нишондињандањои Конвенсияи Женева мутобиќ буда, расман гуреза намебошанд (аз соли 1984);

 

f) Конвенсияи Дублин (соли 1990), ки дар он нишондињандањои мафњумњое, ки кадом давлати узв барои баррасии дархост оид ба пешнињод намудани паноњгоњ масъул мебошад, њангоме ки аризадињанда дар бораи пешнињод намудани паноњгоњ ба як ё якчанд давлати узви Иттињод ариза додааст, муќаррар карда мешаванд.

 

Дар конвенсияњои европої дар бораи супурдани шахсон ва таъминоти иљтимої њамчунин муќаррароти марбут ба гурезањо мављуданд. Дигар созишномањое, ки давлатњои аъзои Иттињоди Европа бастаанд, дар поён номбар карда мешаванд.

 

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 81 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо| ПОЙМОЛКУНИИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ГУРЕЗАЊО

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.007 сек.)