Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Поймолкунии њуќуќи инсон ва гурезањо

СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАЊИД ВА ГУРЕЗАЊО | Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо | КОНВЕНСИЯИ СОЛИ 1951 ДАР БОРАИ МАЌОМИ ГУРЕЗАЊО |


Читайте также:
  1. Амчун субъекти њуќуќи маъмурї
  2. Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї
  3. Болезнь Паркинсона
  4. Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї
  5. КОНВЕНСИЯИ СОЛИ 1951 ДАР БОРАИ МАЌОМИ ГУРЕЗАЊО
  6. Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ манбаъи умда барои тамоми соњањои њуќуќ, аз љумла њуќуќи мењнатї мањсуб мегардад.
  7. Корфармо њамчун субъекти њуќуќи мењнатї

 

Поймолкунии њуќуќи инсон њамчун сабаби фирори оммавї

 

Аз соли 1980 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттањид ва Комиссияи оид ба њуќуќи инсон таваљљўњи худро ба роњњои пешгирї намудани фирори оммавї равона намуданд. Комиссия њар сол масъалаи оид ба њуќуќи инсон ва фирори оммавиро ба рўзномаи худ ворид менамуд ва дар як ќатор резолютсияњо он робитаи байни поймолкунии њуќуќи инсон ва гурўњњои гурезањо таъкид намуд. Дар солњои охир Комиссия њамчунин шароити вазнини шахсони дар дохили кишвар кўчонидашударо баррасї намуд.

 

Ин ду маќом дар резолютсияњои мухталифи худ ба Котиби генералї бо дархости тањия намудани маърўзањо оид ба «њамкории байналмилалї бо маќсади пешгирї намудани гурўњњои нави гурезањо» мурољиат намуданд, Маърўзакунандаи махсусро доир ба омўхтани масъалањо оид ба њуќуќи инсон ва фирори оммавї таъин намуданд ва Гурўњи иборат аз 17 коршиноси њукуматиро оид ба њамкории байналмилалї бо маќсади пешгирии гурўњњои нави гурезањо таъсис доданд.

 

Маърўзакунандаи махсус тадќиќоти худро2 дар иљлосияи сиюми Комиссияи оид ба њуќуќи инсон соли 1982 ба Комиссия пешниход намуд.

 

Мутобиќи маърўза, фирори оммавї на танњо боиси мањрумият ва ќашшоќии инсон мегардад, балки њамчунин бори гароне бар дўши љомеаи љањонї мебошад. Бинобар хислати таѓйирёфтаистодаи проблемањои гурезањо се варианти анъанавии њалли онњо, ки аз бозгардии ихтиёрї ба ватан, љойгиронї дар мањалњо ва кўчонидан ба кишварњои сеюм иборат мебошад, ањамияти худро нигоњ медоранд, вале ба онњо њамроњ намудани дигар усулњо низ зарур аст.

 

Маърўзакунандаи махсус хислати гуногунї ва маљмўии омилњоеро зикр намуд, ки дар натиљаи фирори оммавї ба миён меоянд. Он поймол гардидани њуќуќи инсонро яке аз сабабњои фирори оммавї номид:

 

«Комилан возењ аст, ки агар роњњои таъсиррасонї ба рад гардидани њуќуќњои инсон ё поймолкунии рўирости ин њуќуќњо пайдо карда шаванд, агар таќсимоти одилонатари захирањои љањонї, тоќатпазирї ва тањаммули бештар, ба њар кас, сарфи назар аз нажод, дин, узвият дар ягон гурўњи иљтимої ё њизби сиёсї, њуќуќи љузъи љомеа будан ё муташаккилона ба ин љомеа ворид шудан дар љустуљўи кор, шароити ќаноатбахши зиндагї ва озодї аз душманї, сулњ таъмин нагардад, проблемаи фирори оммавї дар назди љомеаи љањонї боќї хоњад монд. Агар ба ин проблема таваљљўњ зоњир накунем, он ба сулњу субот дар тамоми љањон бештар тањдид хоњад кард»3.

 

Дар маърўзаи хотимавии Гурўњи коршиносони њукуматї4 хислати мураккаб ва аксаран ба њам алоќаманди сабабњои сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва табиии фирори оммавї њамчун таъкид карда мешавад. Дар тавсияњои худ Гурўњ ба Ассамблеяи Генералї пешнињод намуд, ки давлатњои аъзоро ба он даъват намояд, ки гурўњњои нави оммавии гурезањоро пешгирї намуда, риояи принсипњои дар Оиннома зикргардида, аз љумла аз тањдиди истифодаи ќувва ё аз истифодаи он худдорї намоянд, воситањои осоиштаро барои танзими бањсњо истифода баранд, ба риояи њуќуќњои инсон мусоидат намоянд ва ба пайдо шудани шароите, ки метавонанд боиси ба миён омадани гурўњњои гурезањо гарданд роњ надињанд, бо якдигар бо маќсади пешгирии пайдошавии гурўњњои минбаъдаи гурезањо њамкорї намоянд ва меъёрњои њуќуќи байналмилалии танзими муносибат бо гурезањоро риоя кунанд.

 

Тибќи тавсияи дар маърўзаи Маърўзакунандаи махсус мављудбуда, Котиби генералї Раёсати оид ба тадќиќот ва љамъоварии иттилоотро таъсис дод, ки он аз соли 1987 то соли 1991 фаъолият дошт. Ин Раёсат фаъолияти оид ба пешгирии барваќтиро бо маќсади роњ надодан ба пайдошавии гурўњњои нав ва оммавии гурезањо, оид ба назорати омилњои ба пайдошавии гурўњњои имконпазири гурезањо ва шахсони кўчонидашуда ва њолатњои шабењ вобастабуда, инчунин оид ба тањияи наќшањои тадбирњои имконпазири таъсиррасонии дахлдор танзим менамуд. Ин вазифањоро њоло Департаменти Созмони Милали Муттањид оид ба масъалањои сиёсї анљом медињад.

 

Чунин фаъолият ќисми муњими бархўрдњои нав фарогир љињати пешгирї намудани пайдошавии гурўњњои оммавии гурезањо мебошад, ки он мавриди баррасии љомеаи љањонї ќарор дорад. Дар доираи ин бархўрдњо таъсир расонидан ба омилњое, ки асоси проблемањои бамиёнояндаро ташкил медињанд, зарур аст. Дар њоли њозир ба вазъи сиёсию иќтисодии кишварњои асли гурезањо, аз љумла ба низоъњои дохилию берунї, ба поймол шудани њуќуќи инсон ва сатњи рушд ва вазъи иќтисод таваљљўњи бештару бештар зоњир карда мешавад. Њамаи масъалањо ба њамдигар алоќаманданд. Давлатњо борњо таъкид кардаанд, ки њуќуќњои инсон ба њамдигар алоќаманданд ва танњо аз њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї иборат набуда, балки њамчунин њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангиро дар бар мегиранд. Риояи њамаи ин њуќуќњо шарти зарурии таъмини рушди инсон ва нигоњдории шаъну эътибори инсон мебошад.

 

Ѓайр аз фаъолият оид ба пешгирии фирори оммавї Комиссияи оид ба њуќуќи инсон солњои охир њамчунин шароити вазнини шахсони дар дохили кишвар кўчонидашударо баррасї намудааст. Соли 1992 намояндаи Котиби генералї таъин гардид, аз љумла барои љамъоварии иттилоот оид ба масъалањои њуќуќи инсон, вобаста ба шахсони дар дохили кишвар кўчонидашуда ва омўзиши њуќуќи мављудаи байналмилалї ва меъёрњо дар соњаи њуќуќи инсон, масъалањои гуманитарї ва гурезањо, инчунин нисбати шахсони дар дохили кишвар кўчонидашуда ќобили истифода будани онњо. Маърўзаи намоянда соли оянда ба иљлосияи нуњуми Комиссия пешнињод гардида буд5.

 

Дар маърўза тавсия карда мешуд, ки дар доираи системаи байналмилалї механизми њамаро фарогиранда таъсис дода шавад, ки ба проблемањои шахсони кўчонидашаванда, бо дарназардошти он ки љанбањои ин проблема ба њуќуќи инсон дахл доранд, бо љанбањои гуманитарї, сиёсї ва иќтисодии он зич алоќаманд мебошанд, машѓул шавад. Яке аз функсияњои муњими ин механизм муоинаи њолатњо бо маќсади дар марњилаи ибтидої ошкор намудани нишонањои кўчонидани ањолї бошад. Таъсиси чунин системаи пешгирии барваќтї дар доираи фаъолияти мувофиќашудае, ки ба сабукгардонии мушкилоти ањолии кўчонидашаванда ва пешгирии кўчиданњои минбаъда равона гардидааст, метавонад иќдоми нахустин бошад.

 

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 46 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
ДИГАР ВОСИТАЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ| Поймолкунии њуќуќи инсон ва бозгардонии ихтиёрї

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.009 сек.)