Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Поймолкунии њуќуќи инсон ва бозгардонии ихтиёрї

СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАЊИД ВА ГУРЕЗАЊО | Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо | ДИГАР ВОСИТАЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ |


Читайте также:
  1. Амчун субъекти њуќуќи маъмурї
  2. Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї
  3. Болезнь Паркинсона
  4. Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї
  5. Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ манбаъи умда барои тамоми соњањои њуќуќ, аз љумла њуќуќи мењнатї мањсуб мегардад.
  6. Корфармо њамчун субъекти њуќуќи мењнатї
  7. Мазмуни муносибати њуќуќии мењнатї

 

Нињоят, проблемањои њуќуќи инсон ва гурезањоро масъалаи љустуљўи ќарорњои дарозмуддат низ муттањид менамояд. Дар банди С моддаи 1 Конвенсия дар бораи маќоми гурезањо таъкид мегардад, ки маќоми гурезањо доимї намебошад ва шартњое номбар карда мешаванд, ки дар сурати вуљуд доштани онњо муќаррароти Конвенсия минбаъд ба шахсони дахлдор пањн карда намешаванд.

 

Рондан на њалли дарозмуддат ва на њаќиќатан башардўстонаи проблемањои гурезањо ба њисоб намеравад. Рондан шакли људоии ноилољї аз ватан буда, танњо њалли муваќќатї мебошад. Вале бозгардонї ба ватан метавонад мувофиќи маќсад бошад ва танњо он ваќт хислати башардўстона дорад, ки агар он ихтиёрї бошад ва риояи њуќуќи инсон, ки гурезањо ин њуќуќро доранд, таъмин гардад.

 

То он даме, ки дар кишварњои асл поймолкунии њуќуќи инсон идома меёбад, аз эњтимол дур аст, ки ягон гуреза ихтиёран ба ватан баргардад. Њамин тариќ, шартњои зарурии ихтиёран бозгаштани гурезањо барќарор намудани эњтиром ва ташвиќи њама њуќуќњои инсон ва ќатъи низои мусаллањона дар кишварњои асл мебошанд.

 

ХУЛОСАЊО

Проблемаи гурезањо барои љомеаи љањонї њамчун ташвиши бузург њануз њам боќї мемонад. Давлатњое, ки гурезањоро ќабул мекунанд, бояд минбаъд низ ўњдадорињои худро оид ба таъмини њимояи онњо иљро намоянд ва бањри фароњам овардани муњити тањаммул нисбати намояндагони дигар халќњо мусоидат кунанд, давлатњои асли гурезањо ўњдадоранд амалњоеро, ки боиси фирори оммавии ањолии онњо мегарданд, пешгирї намоянд.

 

Дар айни њол љомеаи љањонї бояд роњњои бењтари пешгирии пайдошавии гурўњњои нави гурезањоро муайян намояд. Бояд омўзиши сабабњои амиќи ин зуњурот ва фаъолиятро љињати бењтар намудани вазъ идома дод. Агар сабаби асосии пайдошавии гурўњњои гурезањо ќашшоќї бошад, яке аз роњњои њал расонидани кўмак бо маќсади рушд ё кўмаки техникї метавонад буд. Агар сабаби асосии фирори оммавї поймол гардидани њуќуќи инсон бошад, назорати доимї ба љараёни инкишофи њодисањо аз љониби маќомоти системаи Созмони Милали Муттањид оид ба њуќуќи инсон, мањкум намудани поймолкунии њуќуќ аз љониби љомеаи љањонї ва таъин намудани маърўзакунандагони махсус барои омўзиши њолатњои мушаххас ва тањияи тавсияњо њалли проблема метавонад буд. Агар сабаби пайдоиши гурўњњои гурезањо низоъњо бо истифодаи зўрї бошад, он гоњ њалли проблемаро метавон дар соњаи дипломатияи превентивї, дар мусоидат ба миёнаравї, њамчун воситаи танзими низоъњо, инчунин дар риояи муќаррароти њуќуќи гуманитарї пайдо намуд.

 

 

Вале љомеаи љањонї њамеша бояд дар њолатњои фавќулодда ба амалњо омода бошад. Бинобар ин системаи пешгирии бариваќтї, ки Котиби Генералии Созмони Милали Муттањид таъсис додааст, ањамияти бузург метавонад дошт. Он метавонад дар ошкор намудани њолатњое, ки боиси пайдоиши гурўњњои бузурги гурезањо шуда метавонанд, наќши муњимро бозад. Бењтарин усули таъсирбахш дар њолатњои фавќулодда њамеша бархўрди њамоњангшуда ва умумисистемавї мебошад.

 

Боз як ташвиши нав проблемаи шахсони дар дохили кишвар кўчонидашуда мебошад, ки онњо наметавонанд аз сарњад гузашта, ба ќаламраве расанд, ки дар он љо аз њимоя ва кўмаки ба онњо хеле зарур бархўрдор бошанд. Тибќи маълумотњо, шумораи шахсони дар дохили кишварњо кўчонидашуда дар љањон зиёда аз 24 миллионро ташкил медињад. Бештари онњо дар вазъияти душвор ќарор доранд, зеро онњо аксаран маљбуранд дар минтаќањои амалиёти љангї бимонанд, аз камѓизої азият мекашанд ва имконият надоранд аз оби нўшокї ё хизматрасонии тиббї истифода баранд. Проблемаи шахсони дар дохили кишвар кўчонидашуда, шояд, дар солњои минбаъда барои љомеаи љањонї ташвиши бузургтарин гардад.

 

ЗАМИМАИ I


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 47 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
ПОЙМОЛКУНИИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ГУРЕЗАЊО| КОНВЕНСИЯИ СОЛИ 1951 ДАР БОРАИ МАЌОМИ ГУРЕЗАЊО

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.005 сек.)