Читайте также:
|
|
Мазмуни муносибати њуќуќии мењнатиро њуќуќу вазифањои ба њам вобастаи субъективии корманд ва корфармо ифода менамоянд.
Њуќуќу вазифањои корманд ба таври умда дар моддаи 4 КМ ЉТ сабт гаштаанд, аз љумла њуќуќ ба:
1) хизматрасонии бепул барои интихоби касб, омодагии касбї, бозомўзї ва такмили ихтисос;
2) таври одилона ќадр кардани мењнат ва сари ваќт пардохтани музди он;
3) мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиќ, мутобиќи ихтисос, ќобилият ва омодагии тахассусї бо кор таъмин намудани корманд;
4) шароити мењнат, ки ба талаботи бехатарї ва гигиена љавогў бошад;
5) истироњат, ки бо роњи муќаррар намудани давомнокии ваќти корї, рўзњои истироњати њарњафтаина, рухсатии њарсолаи пардохтшаванда, рўзњои кўтоњи кор барои як ќатор ихтисос ва корњо таъмин карда мешавад;
6) иштирок дар идора намудани ташкилот;
7) муњайё намудани кори мувофиќ ба мўњлати на камтар аз се сол барои мутахассисони љавон – хатмкунандагони муассисањои таълимии давлатї, ки бо дархости ташкилотњо ба кор омадаанд;
8) љуброни харољоти моддї барои кўчидан ба љои нави истиќомат ва кор тибќи муќаррароти ќонунњо;
9) љуброни зарари вобаста ба кор, ки ба саломатї ё амволи корманд расидааст;
10) муттањид шудан дар иттифоќњои касба ва дигар ташкилотњое, ки манфиати кормандон ва коллективњои мењнатиро ифода мекунанд;
11) корпартої;
12) њимояи судии мењнатї ва ёрии тахассусии њуќуќї;
13) ёрдампулї мувофиќи суѓуртаи иљтимої дар њолатњои муваќќатан гум кардани ќобилияти мењнатї ва дигар њолатњои муќаррарнамудаи ќонун;
14) њимоя аз бекорї.
Корманд њамчун субъекти муносибати њуќуќии мењнатї на танњо дорои њуќуќњо мебошад, ў инчунин тибќи моддаи 4 КМ ЉТ вазифањои муайянро бар дўш дорад, чунончї:
1) мутобиќи шартномаи (ќарордоди) мењнатї софдилона иљро намудани вазифањои мењнатї;
2) риояи интизоми мењнатї ва технологї;
3) муносибати эњтиёткорона ба амволи корфармо.
Моддаи 5 КМ ЉТ ба њуќуќ ва вазифањои асосии корфармо бахшида шудааст. Тибќи муќаррароти ќ.1 моддаи мазкур корфармо њуќуќ дорад:
1) ташкилотро идора кунад ва дар доираи салоњияти худ ќарор ќабул намояд;
2) шартномањои (ќарордоди) мењнатї баста, онњоро бекор кунад;
3) шумораи зарурии кормандонро барои иљрои кор муайян намояд;
4) дар доираи салоњияти худ санадњои дохилии њуќуќии барои кормандони ташкилот њатмиро ќабул намояд;
5) кормандонро барои мењнати сермањсули намунавї њавасманд гардонад;
6) аз кормандон иљрои ќоидањои тартиботи дохилии мењнатї, дигар ќоидањо ва муќаррарот, инчунин шартномањои мењнатиро талаб намояд. Дар сурати вайрон кардани интизоми мењнатї кормандро ба љавобгарии интизомї кашад;
7) якљоя бо дигар корфармоён барои њимояи манфиатњои касбии хеш иттињодияњои љамъиятї ташкил дињад ва ба чунин иттињодияњо шомил гардад.
Вазифањои корфармо бошанд, тибќи ќ.2 моддаи мазкур чунинанд:
1) Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, КМ ЉТ, ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї ва шартномањои мењнатиро риоя намояд, барои кормандон шароити мусоиди истењсолї фароњам оварад, дар ташкилот риоя гардидани ќоида ва меъёрњои њифзи мењнат, техникаи бехатарї, санитарияи истењсолї ва њимоя аз сўхторро таъмин намояд;
2) њангоми бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї кормандро бо шартномаи коллективї ва дигар санадњои дохилии меъёрии ташкилот шинос намояд;
3) музди мењнати кормандро сари ваќт пардозад;
4) ба кормандон васоит (таљњизот) ва маводи барои иљрои кор заруриро муњайё намояд.
Бояд таъкид намуд, ки њуќуќу вазифањои дар моддаи 4, 5 КМ ЉТ муайяншудаи корманд ва корфармо номукаммал, ѓайринаќдї буда, хусусияти «номутањаррик» доранд ва танњо бо шомил шудани корманд ва корфармо ба муносибати њуќуќии мењнатї воќеї, мукаммал, даќиќ ва мушаххас мегарданд.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 85 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Корманд шахсе мебошад, ки дар муносибатњои мењнатї бо корфармо дар асоси шартномаи (ќарордоди) мењнатии басташуда ќарор дорад. | | | Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї |