Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд.

Муносибатњои њуќуќии иљтимої-шарикї1. | Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд | Корфармоён дар бахши шарикии иљтимої | Маќомоти шарикии иљтимої | Шартномањои коллективї ва созишномањо | Накардани онњо | Мафњум ва ањамияти шартномаи мењнатї. | Онибњо ва тартиби умумии бастани шартномаи мењнатї. | Мазмуни шартномаи мењнатї. | Намудњои алоњидаи шартномаи мењнатї. |


Читайте также:
  1. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  2. Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї
  3. Атъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда.
  4. Ба расмият даровардани ќатъшавии шартномаи мењнатї.
  5. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо.
  6. Иттифоќњои касаба ташкилотњои ихтиёрии љамъиятї буда, ба маќсади њифзи њуќуќ ва манфиатњои мењнатї, иљтимої-иќтисодии мењнаткашон таъсис дода мешаванд.

Моддаи 45 КМ ЉТ. Корманд њаќ дорад ду њафта пештар корфарморо ба таври хаттї огоњ намуда, шартномаи (ќарордоди) мењнатиро, ки ба мўњлати номаълум баста шудааст, бекор кунад. Баъди гузаштани мўњлати огоњї корманд њаќ дорад корро ќать намояд, корфармо бошад вазифадор аст ба корманд дафтарчаи мењнатиашро супорида, бо ў њисобу китобро баробар кунад. Бо хоњиш ва розигии корфармо шартномаи (ќарордоди) мењнатї то ба итмом расидани мўњлати огоњї метавонад бекор карда шавад. Дар њолате, ки аризаи корманд дар бораи бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо имконнопазирии давом додани кор вобаста аст, корфармо бояд шартномаи (ќарордоди) мењнатиро дар мўњлати хоњишкардаи корманд бекор кунад. Дар давоми мўњлати огоњї корманд њаќ дорад аризаи худро дар бораи бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї пас гашта гирад, агар ба љои кори ў ба таври гузаронидан корманди дигар даъват нашуда бошад. Шартномаи (ќарордоди) мўњлатноки мењнатї бо талаби корманд дар њолатњои беморї ё маъюб шудани ў, ки барои аз рўи шартномаи (ќарордоди) мењнатї иљро намудани кор халал мерасонад, аз љониби корфармо вайрон кардани санади ќонунгузорї ва дигар санади меъёрии њуќуќї оид ба мењнат ё шартномаи (ќарордоди) мењнатї, инчунин бо дигар сабабњои узрнок бекор карда мешавад. Корманд њаќ дорад дар њолатњое, ки њангоми бастани шартнома (ќарордод) корфармо дар бораи шароити мењнат дар љои кор ба ў хабари нодуруст додааст ё ўњдадориашро оиди таъмини шароитњои солим ва бехавфи мењнат дар љои кор вайрон кардааст, шартномаи (ќарордоди) мењнатиро бидуни огоњии пешакии корфармо бекор кунад. Дар бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї корманд озод аст. Аз ин лињоз ў дар пешнњоди ташаббус оид ба бекор кардани шартномаи мењнатии ба мўњлати номуайян басташуда низ, озод мебошад. Њалли масъалаи мазкур аз хоњиши корманд вобаста аст. Лекин дар ин маврид ќонунгузор шарти пешнињоди аризаро дар бораи бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї муќаррар кардааст. Корманд корфарморо дар бораи бекор кардани шартномаи зикргардида бояд ду њафта пеш корфарморо ба таври хаттї огоњ намояд. Огоњномаи хаттї исботи ифодаи озодонаи хоњиши корманд мебошад. Дар ин маврид огоњии шифоњї ба инобат гирифта намешавад. Муќаррар кардани мўњлати огоњсозї њам ба њимояи манфиати корманд ва њам корфармо равона шудааст. Корфармо дар ин мўњлат имконият пайдо мекунад, ки ба љои корманди аз кор мерафта корманди навро љустуљў намояд. Корманд бошад имкон пайдо мекунад паи љустуљўи кор шавад. Шартномаи (ќарордоди) мењнатї ифодаи иродаи озоди ду тараф аст. Аз ин лињоз дар њолати ба мувофиќа омадани корманд ва корфармо шартномаи мењнатї то сипарї гаштани мўњлати ду њафта бекор карда шуданаш мумкин аст. Лекин корманд то ба охир расидани мўњлати огоњонии муќарраркардаи ќонун њуќуќи яктарафа ќатъ кардани кор, корфармо бошад, яктарафа аз кор озод намудан ** тарк кардани љои кори худро надорад. Дар акси њол асоси бекор кардани шартномаи мењнатї таѓйир ёфта, аз ташаббуси корфармо во-баста мегардад. Гузаштани мўњлати огоњї ба корманд њуќуќи зеринро медињад: якум, корро ќатъ намояд; дуюм, аз корфармо бо ў њисобї намудан ва додани дафтарчаи мењнатиашро талаб намояд; сеюм, дар њолати аз љониби корфармо иљро накардани вазифањояш њуќуќи рўёнидани зарарро пайдо мекунад. Дар навбати худ сипарї гаштани мўњлати огоњї корфарморо вазифадор менамояд, ки кормандро аз кор озод намуда, бо ў њисобї намояд ва дафтарчаи мењнатиашро сари ваќт супорад. Мўњлати огоњї мумкин аст, риоя нашавад. Чунин њолатро ќонунгузор бо сабабњои объективї вобаста кардааст. Агар корманд ба таври объективї имконияти давом додани корро надошта бошад, дар мўњлати таклиф карда аз корфармо бекор кардани шартномаи мењнатиро талаб карда метавонад. Ќонунгузор мафњуми имконнопазирии давом додани корро муайян накардааст. Њолатњои имконнопазирии давом додани корро амалия муайян месозад. Ба ин њолатњо беморї, маъюбии ба мањали дигар назди оила кўчидани ў, корманд, дохил шудани корманд ба мактабњои миёнаи махсус, олї (тањсили рўзона) ва дигар сабабњои узрнок дохил мегарданд. Дар ин маврид ќонунгузор корфарморо ўњдадор менамояд, ки дар мўњлати таклифкардаи корманд шартномаро бекор намояд.

Ќонунгузор ба корманд дар муддати ду њафтаи огоњсозї њуќуќи бозхонди ариза дар бораи бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатиро додааст. Мурољиат љињати бозхонди ариза бояд ба таври хаттї сурат гирад. Хоњиши корманд оид ба пас гардонидани ариза дар бораи бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї њамон ваќт ќонеъ мегардад, агар ба љои ў ба таври табдили кор корманди дигар даъват нашуда бошад. Ќисми панљуми моддаи тафсиршаванда асосњои узрноки пеш аз мўњлат бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мўњлатноки мењнатиро пешбинї намудааст ки номгўи онњо нопурра мебошад. Њангоми мављуд будани асосњои дар ќисми панљуми моддаи 45 КМ ЉТ пешбинишуда, ќонунгузор ба корманд њукуќ медињад, ки пеш аз мўњлат бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатии мўњлатнокро талаб кунад. Дар ќисми панљуми моддаи тафсиршаванда якчанд асоси узрнок, аз љумла беморї ё маъюб шудани корманд, ки боиси иљро карда натавонистани вазифањои мењнатии ў мегарданд ва аз љониби корфармо вайрон кардани санадњои меъёрии њуќуќї оид ба мењнат ё шартномаи (ќарордоди) мењнатї номбар карда шуда бошад њам, дар баробари ин ќонунгузор ба инобат гирифтани дигар сабабњои узрнокро истисно намекунад.

Асоси аввали узрнок, беморї ва маъюбии корманд мебошад, ки бо њуљљатњои тиббии дахлдор тасдиќи худро меёбанд. Аз љониби корфармо вайрон кардани санадњои меъёрии њуќуќї оид ба мењнат, аз љумла дар таъмин накардани корманд бо либосњои махсуси корї, олоти мењнат ва ѓайра низ, зоњир шуда метавонад. Вайрон кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї дар шакли сари ваќт надодани маош ва ѓайра зоњир шуданаш мумкин аст. Ба сифати дигар сабабњои узрнок барои корманд зарурати аз рўи саломатї дигар кардани иќлим ва монанди он мањсуб мешавад. Ќисми шашуми моддаи 45 КМ ЉТ бидуни огоњонии пешакї аз љониби корманд њукуќи талаби бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатиро муќаррар кардааст. Асоси амалї гаштани чунин талаб рафтори нодурусти корфармо мебошад. Ќонунгузор дар ин маврид ду шарт муќаррар кардааст. Якум, ваќте, ки корфармо њангоми ба кор ќабул кардани корманд ба ў дар бораи шароити мењнати љои кор маълумоти (ахбороти) нодуруст медињад. Шарти дуюм аз он иборат аст, ки корфармо бархилофи ўњдадориаш шароити солим ва бехатари мењнатро барои корманд дар љои кораш таъмин намекунад. Шароити солим онро дар назар дорад, ки љои кори корманд бояд ба ќоидањои санитарию гигиенї љавобгўї бошад. Шароити бехатари љои кори корманд бошад, онро дар назар дорад, ки тамоми дастгоњ, таљњизот ва дигар воситањои техникї ва зиддисўхтор љавобгўи талабот бошанд.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 108 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Таѓйир ёфтани шартномаи мењнатї.| Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.006 сек.)