Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Накардани онњо

Иттињодияњои корфармоён метавонанд аз рўи нишонањои њудудї, соњавї, байнисоњавї, њудудиву соњавї таъсис дода шаванд. | Саволу супоришњо барои худсанљї | Муносибати њуќуќии мењнатї ва хусусиятњои он | Корманд шахсе мебошад, ки дар муносибатњои мењнатї бо корфармо дар асоси шартномаи (ќарордоди) мењнатии басташуда ќарор дорад. | Мазмуни муносибати њуќуќии мењнатї | Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї | Муносибатњои њуќуќии иљтимої-шарикї1. | Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд | Корфармоён дар бахши шарикии иљтимої | Маќомоти шарикии иљтимої |


Самараи амали шартномаю созишномањои коллективї аз бисёр љињат ба ташкили дурусти назорати иљрои муќаррароти онњо вобаста аст.

Назорати иљрои шартнома ва созишномањои коллективиро љонибњо мустаќиман, њамчунин тавассути комиссияњои созмондодаашон, ки ба њайати он шумораи баробари намояндагони љонибњои шартнома ва созишномањои коллективї шомиланд, амалї менамоянд.

Намояндагони љонибњои ба шартномаи коллективї имзо гузошта, њамасола ё дар мўњлатњои муайяннамудаи шартномаи коллективї оид ба иљрои шарту муќаррароти он дар маљлиси умумии (конференсияи) коллективи мењнатї њисобот медињанд (моддаи 21 Ќонуни ЉТ «Дар бораи шарикии иљтимої, созишномањо ва шартномањои коллективї»).

Василаи муњими таъмини яќини шартнома ва созишномањои коллективиро масъулияти њуќуќии љонибњои чунин шартномаю созишномањо ташкил медињад.

Яке аз намудњои масъулияти њуќуќї, ки барои иљро накардани ќонунгузорї оид ба шартномањо ва созишномањои коллективї пешбинї шудааст, масъулияти маъмурї мебошад. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон якчанд намуди њуќуќвай-ронкуниро, ки боиси татбиќи масъулияти маъмурї дар шакли ситонидани љарима мегарданд, муќаррар намудааст.

Якум, саркашии ашхоси мансабдор аз иштирок дар музокироти коллективї. Тибќи моддаи 24 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи шарикии иљтимої, созишномањо ва шартномањои коллективї», ашхоси мансабдоре, ки аз иштирок дар музокироти коллективї саркашї менамоянд, аз даъват намудани комиссия дар хусуси гузаронидани музокирот ба маќсади бастани созишнома ва шартномаи коллективї даст мекашанд ё кори онро дар мўњлати муќаррарнамудаи моддаи 4 Ќонуни мазкур таъмин наменамоянд, ба љарима дар њаљми то се маоши моњона мувољењ сохта мешаванд.

Дуюм, саркашї намудани ашхоси намояндагикунандаи корфармо аз иштирок дар комиссияи мусолиња ё гунањкорона ба таъхир монондани иљрои ќарорњои маќомоти мусолиња. Тибќи муќаррароти ќ.1 моддаи 213 КМ ЉТ аз ашхоси намояндагикунандаи корфармо барои иштирок накардан дар кори комиссияи мусолиња ё барои ба таъхир монондани иљрои ќарорњои маќомоти мусолиња дар њаљми то дањ маоши њадди аќал љарима ситонида мешавад. Сеюм, аз љониби ашхоси намояндагикунандаи корфармо иљро накардани ўњдадорињои њосилгардида аз созишномаи дар натиљаи маросими мусолиња ба даст омада ё иљро накардани ќарори суд оид ба бањси коллективї (ќ. 2 моддаи 213 КМ ЉТ). Бояд таъкид намуд, ки дар мавриди охир сухан аз хусуси он бањсњои коллективие меравад, ки дар бобати бастани шартномаю созишномањои коллективї ва иљрои онњо рух медињанд. Барои кирдори дар ќисми 2 моддаи 213 КМ ЉТ муайяншуда, масъулияти маъмурии ашхоси намояндагикунандаи корфармо дар шакли љарима ба андозаи то сад маоши њадди аќали ашхоси мазкур муќаррар шудааст.

Парвандањо оид ба ситонидани љарима аз ашхоси содирнамудаи кирдорњои дар моддаи 24 Ќонуни ЉТ «Дар бораи шарикии иљтимої, созишномањо ва шартномањои коллективї», њамчунин дар ќисми 1 ва 2 моддаи 213 КМ ЉТ пешбинишуда, бо аризаи яке аз љонибњо ва далелњои хаттии ба он замимашуда дар суд баррасї мешаванд. Маблаѓи љаримаи рўёнидашуда бошад, ба буљаи љумњуриявї ворид мегардад.

Барои вайрон намудани ќонунгузорї оид ба шартномањо ва созишномањои коллективї масъулияти интизомї низ муќаррар шудааст. Тибќи муќаррароти ќисми 3 моддаи 23 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи шарикии иљтимої, созишномањо ва шартномањои коллективї» ва ќисми моддаи 213 КМ ЉТ, бо таќозои комиссияи назорати иљрои шартномањои коллективї, маќомоти иттифоќои касаба ё дигар маќомоти махсус ваколатдоршудаи намояндагии кормандон, соњибмулк ё маќомоти идораи хољагї вазифадоранд, ки тамоми чораю тадбирњои дахлдорро то дараљаи ќатъ намудани шартномаи мењнатї бо роњбари ташкилот ва (ё) дигар ашхоси гунањкор дар вайрон намудани ќонунгузорї оид ба шартномаю созишномањои коллективї андешанд.

Интихоб ва татбиќи муљозоти интизомї нисбат ба ашхоси гунањкор, аз љумла аз вазифа сабукдўш намудани онњо, бояд дар доираи талаботи моддањои 123 ва 124 КМ ЉТ сурат гирад.

Масъулияти маъмурї ва интизомї барои иљрои накардани ќонунгузорї оид ба шартнома ва созишномањои коллективї ба њељ ваљњ масъулияти модии љонибњои шартнома ва созишномањои коллективиро истисно намесозад. Мутобиќи моддаи 22 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи шарикии иљтимої, созишномањо ва шартномањои коллективї», њангоми бо гуноњи яке аз љонибњо иљро нашудани шартњои созишнома ва шартномаи коллективї, љониби дигар њуќуќ дорад љињати талофии зарари моддии ба ў расонидашуда, даъво пешнињод намояд. Зарари моддии расонидашуда бошад, мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон талофї мешавад.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 56 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Шартномањои коллективї ва созишномањо| Мафњум ва ањамияти шартномаи мењнатї.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.006 сек.)