Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд

Шахси воќеї њамчун субъекти њуќуќи мењнатї | Корфармо њамчун субъекти њуќуќи мењнатї | Коллективи мењнатї њамчун субъекти | Иттифоќњои касаба ташкилотњои ихтиёрии љамъиятї буда, ба маќсади њифзи њуќуќ ва манфиатњои мењнатї, иљтимої-иќтисодии мењнаткашон таъсис дода мешаванд. | Иттињодияњои корфармоён метавонанд аз рўи нишонањои њудудї, соњавї, байнисоњавї, њудудиву соњавї таъсис дода шаванд. | Саволу супоришњо барои худсанљї | Муносибати њуќуќии мењнатї ва хусусиятњои он | Корманд шахсе мебошад, ки дар муносибатњои мењнатї бо корфармо дар асоси шартномаи (ќарордоди) мењнатии басташуда ќарор дорад. | Мазмуни муносибати њуќуќии мењнатї | Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї |


Читайте также:
  1. А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.
  2. Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї
  3. Атъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда.
  4. Ба расмият даровардани ќатъшавии шартномаи мењнатї.
  5. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд.
  6. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо.
  7. Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда

Агар ѓояњои шарикии иљтимої дар муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд барои Љумњурии Тољикистон падидаи нисбатан наву тоза бошад, барои мамолики Аврупои ѓарбї як зуњурот ва њодисаи маъмулу муќаррарї мањсуб мешаванд. Ѓояњои шарикии иљтимої мањз дар мамолики Аврупои ѓарбї, бахусус Олмон баъд аз анљоми Љанги дуюми љањонї ба вуљуд омада, ташаккул ёфтанд.

Феълан дар Љумњурии Тољикистон пойсутуни њуќуќї бањри амалї намудани ѓояњои шарикии иљтимої, ки ифодагари манфиатњои мутаќобилаи кормандон ва корфармоён дар симои маќомоти намояндагии онњо љињати баланд бардоштани самаранокии истењсолот, муњайё намудани шароитњои солиму бехатари мењнат, таќвияти њифзи иљтимоии кормандон мебошанд, асосан омода шудааст. Ба сифати пойсутуни њуќуќии шарикии иљтимоии кормандон ва корфармоён КМ ЉТ, Ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттифоќњои касаба, њуќуќњо ва кафолатњои фаъолияти онњо», «Дар бораи шарикии иљтимої, шартномањои коллективї ва созишномањо», «Дар бораи иттињодияњои корфармоён», «Дар бораи мусоидат ба шуѓли ањолї» хизмат мекунанд.

Наќши њалкунандаро дар бобати муќаррар ва амалї намудани ѓояњои шарикии иљтимої, Созишномаи СБМ(№154) «Дар бораи мусоидат ба музокиротњои коллективї» аз соли 1981, Тавсияномањои СБМ (№163) «Дар бораи мусоидат ба музокиротњои коллективї» ва (№91) «Дар бораи шартномањои коллективї», мебозанд.

Шарикии иљтимої гуфта, низоми муносибатњои байнињамдигарии кормандон (намояндагии корманд), корфармоён (намояндагии корфармоён), маќомоти њокимият ва идоракунии давлатї, маќомоти худидораи мањаллиро меноманд, ки бањри мувофиќаи манфиатњои кормандон ва корфармоён дар хусуси танзими муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд нигаронида шудааст.

Низоми шарикии иљтимої љонибњо, маќомоти шарикии иљтимої, сатњ ва шаклњои шарикии иљтимоиро дарбар мегирад.

Шарикии иљтимої дар шаклњои гуногун сурат мегирад, чунончї:

- музокироти коллективї дар хусуси тањия, омода намудани лоињањои шартномањои коллективї ва созишномањо;

- машваратњои мутаќобила оид ба масъалањои танзими муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд;

- таъмини кафолати њуќуќњои мењнатии кормандон ва такмили меъёрњои њуќуќи мењнатї;

- иштироки кормандон ва намояндагони онњо дар идоракунии ташкилотњо;

- иштироки намояндагони кормандон ва корфармоён дар баррасии ќабл аз судии бањсњои мењнатї.

Шартномањои коллективии дар ташкилотњо ва созишномањои дар сатњи соњањои гуногуни иќтисодиёти миллї (саноат, кишоварзї, сохтмон, манзил, роњсозї, наќлиёт, сињати омма, маориф ва ѓайра), дар сатњи минтаќа (ноњия, шањр, вилоят), дар сатњи љумњурї (созишномањои генералї) басташуда бошанд, мањсулу натиљаи шаклњои зикршудаи шарикии иљтимої мебошанд.

Агар шартномањои коллективї манфиатњои ду гурўњи иљтимої, яъне кормандони кироя ва корфармоёнро ифода намоянд, пас созишномањои дар сатњи баландтар басташуда, ифодагари манфиатњои на танњо кормандону корфармоён, инчунин манфиатњои љониби сеюм, яъне сохторњои дахлдори давлатї (њукумат, вазорату идорањо њокимиятњои мањаллї) мебошанд.

Шаклњои зикршудаи шарикии иљтимої дар асоси ѓояњои зайл амалї мегарданд:

1) баробарњуќуќии љонибњои муносибатњо дар шарикии иљтимої;

2) салоњиятдор будани љонибњои муносибатњои бахши шарикии иљтимої;

3) эњтиром ва назардошти манфиати љонибњои шарикии иљтимої;

4) њавасмандї ва манфиатдории љонибњо дар муносибатњои шартномавї;

5) мусоидати давлат ба таќвият ва такмили шарикии иљтимої дар асосњои демократї;

6) риояи љонибњои шарикии иљтимої ва намояндагони онњо ба ќонунњо ва дигар санадњои меъёрї;

7) интихоб ва муњокимаи озодонаи масъалањои марбут ба мењнат;

8) аз љониби муносибатњои бахши шарикии иљтимої ихтиёрона пазируфтани ўњдадорињо;

9) воќеї будани ўњдадорињои мустаќилона пазируфтаи љонибњо;

10) иљрои њатмии шартномањои коллективї ва созишномањо;

11) масъулияти љонибњо, намояндагони онњо барои гунањкорона иљро накардани шартномањои коллективї ва созишномањо.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 99 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Муносибатњои њуќуќии иљтимої-шарикї1.| Корфармоён дар бахши шарикии иљтимої

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.008 сек.)