Читайте также:
|
|
Моддаи 46 КМ ЉТ. Бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо ташаббуси корфармо бояд асоснок бошад. Инњо асос шуда метавонанд:
1) барњам хўрдани ташкилот; ќать ёфтани фаьолияти соњибкор; ихтисор шудани шумора ё штати кормандон;
2) ошкор гардидани номувофиќии корманд ба вазифаи ишѓолкардааш ё кори иљро мекардагиаш дар натиљаи нокифоягии ихтисос ё ањволи саломатиаш, ки барои давом додани
њамон кор халал мерасонад;
3) бидуни сабабњои узрнок вазифањои мењнатиро, ки шартномаи (ќарордоди) мењнатї ё ќоидањои тартиботи дохилии мењнатї ба зиммаи ў гузоштааст, мунтазам иљро накардани
корманд, агар ба корманд пештар чорањои љазои интизомї дода шуда бошад;
4) прогул (аз љумла дар давоми рўзи корї зиёда аз се соат набудан дар кор) бидуни сабабњои узрнок;
5) њозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моњи бефосила дар натиљаи корношоямии муваќќатї, бидунн њисоб кардани рухсатии давраи њомила ва таваллуд, агар ќонунгузорї мўњлати аз ин зиёдтари нигоњ доштани љои корро (вазифаро) њангоми бемории муайян муќаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки ба сабаби латхурии мењнатї ё бемории касби ќобилияти мењиатиашонро гум кардаанд, то барќарор шудани ќобилияти мењнатї ё муќаррар гардидани маъюбї љои кор (вазифа) нигоњ дошта мешавад;
6) дар њолати мастї аз шароб, маводи нашъаовар ва токсикї њозир шудан ба кор;
7) дуздидани амволи корфармо дар љои кор, ки онро њукми ќувваи ќонунї пайдокардаи суд ё ќарори маќоме, ки додани љазои маъмурї ба салоњияти он дохил мешавад, муќаррар намудааст;
8) ќатъ кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо шахсони дар чанд љой коркунанда бинобар ќабули корманди дигаре, ки дар чанд љой кор намекунад, инчунин вобаста ба мањдуд гардонидани кор дар чанд љой;
9) ќатъ намудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо роњбари ташкилот бинобар иваз шудани молик;
10) вайронкунии даѓалонаи яккаратаи ќонунгузори оид ба мењнат аз љониби роњбарони ташкилот (воњидњои алоњидаи он) ва муовинони онњо;
11) аз љониби корманде, ки бо арзишњои пулию молї бевосита сару кор дорад, содир намудани амали гунахкоронае, ки барои нисбат ба вай гум шудани боварии корфармо асос медињад;
12) аз љониби корманде, ки вазифањои тарбиявиро иљро менамояд, содир шудани рафтори бадахлоќона, ки барои давом додани он кор сазовор намебошад;
13) вайрон намудани тартиб ва коидањои муќаррар намудаи ќонун њангоми ќабул ба кор.
Ќонунњо, оинномањо ва низомномањо оид ба интизом метавонанд дигар асосњои иловагии бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатиро низ бо ташаббуси корфармо пешбинї намоянд.
Бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї аз рўи асосњое, ки дар бандњои 1 (ба ѓайр аз барњам хўрдани ташкилот) ва 2 њамин модда, банди 2 моддаи 53 њамин Кодекс роњ дода мешавад, агар кормандро бо розигии ў ба кори дигар гузаронидан имконнопазир бошад.
Бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии муваќќатї (ба ѓайр аз озодкунї аз рўи банди 5 њамин модда) ва дар давраи дар рухсатї будани корманд, ба истиснои њолатњои барњам хўрдани ташкилот, ќатъ шудани фаъолияти соњибкор, роњ дода намешавад.
Њамчун бо ташабуси корфармо бекор намудани шартномаи мењнатї бо занони њомила ва тифли то сесолаги (модарони танњо њангоми доштани фарзанди маъюби то шонздањсола) мумкин нест, ба ѓайр аз њолатњои пурра барњам хўрдани ташкилот (ниг., ба мода 172 КМ ЉТ ва тафсири он).
Ќонунгузор асосњои бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатиро муќаррар намудааст. Аммо асосњои пешбинї намудаи моддаи тафсиршаванда пурра нестанд, чунки дигар санадњои меъёрии њуќуќї ба таври иловагї асосњои бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатиро муќаррар карда метавонанд. КМ ЉТ назар ба Кодекси ќаблан амалдоштаи ќонунњо оид ба мењнати Љумњурии Тољикистон номгўи васеътари асосњои бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатиро муќаррар кардааст.
Дар ќисми якуми моддаи 46 КМ ЉТ понздањ асоси бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї муайян шудаанд.
Барњам хўрдани ташкилот ё ќатъ ёфтани фаъолияти соњибкор ду асоси бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї мањсуб мегарданд. Асосњои барњам хўрдани шахсони њуќуќї, ќатъ ёфтани фаъолияти соњибкор дар моддањои 26, 62 ва дигар моддањои КГ ЉТ муќаррар шудаанд. Далели барњам хўрдани шахси њуќуќї ќарори муассисон ё маќоми шахси њуќуќии мутобиќи хуљљатњои таъсис ваколатдор ё ќарори суд шуда метавонад.
Дигар асоси бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї ихтисор шудани шумора ё штати кормандон мебошад. Бе ташабуси корфармо бекор кардани шартномаи мењнатї бинобар ихтисори штат ё шумораи кормандон дар сурате асоснок ва ќонунї эътироф мегардад, ки агар шартњои зерин риоя шуда бошанд: якум, ихтисори воќеии шумора ё штати кормандон љой дошта бошад, дуюм, ба корманд дигар кор дар њамон ташкилот пешнињод шуда бошад; сеюм, муќаррароти моддаи 47 КМ ЉТ риоя шуда бошанд (ниг., ба моддаи мазкур ва тафсири он). Воќеан љой доштан ё надоштани ихтисори шумора ё штати кормандон бо љадвали штатии бо тартиби муќарраргардида тасдиќшудаи шахси юридикї, инчунин дигар њуљљатњо, ки дар бораи шумораи кормандон шањодат медињанд, собит мегардад. Дар мавриди бо њуљљатњои расмї (фармон, љадвали штатї ва ѓайра) тасдиќ нашудани ихтисори шумора ё штати кормандон бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо асоси номбурда беэътибор њисобида мешавад, чунки ихтисори шумора ё штати кормандон дар амал љой надошта эътироф мегардад.
Асоси дигари бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо ташаббуси корфарморо ошкор гардидани номувофиќии корманд ба вазифаи ишѓолкарда ё кори иљро мекарда бинобар нокифоягии ихтисос ё ањволи саломатї, ки барои давом додани њамин кор халал мерасонад, ташкил медињад.
Номувофиќии корманд ба вазифаи ишѓолкарда ё кори иљро мекарда бинобар нокифоягии ихтисос бо хулосаи аттестатсия муайян мегардад. Њангоми санљиши сифатњои касбии корманд, имкониятњои аслии ў оид ба иљрои кор аз љониби комиссияи аттестатсионї бањо дода мешавад. Аз сабаби паст будани ихтисос корманд бидуни гуноњ вазифаи аз шартномаи (ќарордоди) мењнатї бармеомадаро иљро карда наметавонад. Агар корманд ба таври гунањгорона вазифањои кориашро иљро накунад, он гоњ асоси бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї дигар мешавад.
Бояд дар назар дошт, ки танњо бад шудани вазъи саломатї ва њатто маъюбии корманд, асоси кофї барои аз кор озод намудани ў шуда наметавонанд. Бояд тибќи асноди тиббї исбот шавад, ки бад шудани вазъи саломатї кормандро аз имконияти давом додани иљрои вазифањои мењнатї мањрум сохтааст. Муваќќатан бад шудани саломатии корманд асоси бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї тибќи муќаррароти банди 3 моддаи 46 КМ ЉТ шуда наметавонад.
Мутобиќи ќисми 3 моддаи 6 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ёрии тиббї ва бемории рўњї» аз 2 декабри соли 2002 номгўи беморињои рўњиро, ки монеаи амалї кардани намудњои алоњидаи фаъолияти касбї ва фаъолияти бо хатари зиёд алоќаманд мебошанд, њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар мекунад. Номгўи зикргардида бо дарназардошти таљрибаи њосилшуда ва дастовардњои илмї давра ба давра (на камтар аз як маротиба дар 5 сол) таљдиди назар мешавад1.
Асоси дигари бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї, бе сабабњои узрнок мунтазам аз љониби корманд иљро накардани вазифањои мењнатї, ки аз мазмуни шартномаи (ќарордоди) мењнатї ва ќоидањои тартиботи дохилии мењнатї бармеояд, мањсуб мегардад, ки дар банди 3 ќисми 1 моддаи 46 КМ ЉТ нишон дода шудааст. Барои татбиќи асоси зикргардида ќонунгузор чанд шартро гузоштааст: якум, бе маъзурат иљро накардани вазифањои мењнатї; дуюм, иљро накардани вазифањои мењнатї аз љониби корманд такроран бошад; сеюм, такроран иљро накардани вазифањои мењнатї аз љониби корманд гунањкорона бошад; чорум такроран ва гунањкорона иљро накардани вазифањои мењнатї аз љониби корманд дар давраи амали муљозоти интизомии ќаблан татбиќшуда, рух дода бошад; панљум, азбаски аз кор озод намудани корманд барои мунтазам иљро накардани вазифањои мењнатї њамчун муљозоти интизомї мањсуб мешавад, бояд тартиби татбиќи муљозоти интизомї, ки дар моддаи 124 КМ ЉТ пешбинї шудааст, риоя гардад (нигаред ба моддаи 124 КМ ЉТ ва тафсири он).
Банди 4 ќисми 1 моддаи 46 КМ ЉТ ду асоси аз кор озод кардани кормандро муќаррар кардааст, ки онњо низ њамчун асосњои муљозоти интизоми мањсуб мешаванд. Прогул њамчун асоси мустаќил маънои бе сабабњои узрнок дар љои кор дар тамоми рўзи корї њозир набудани кормандро дорад. Ѓайр аз ин бе сабаби узрнок муддати зиёда аз се соат дар давоми рўзи корї дар љои кор њозир набудани корманд низ, асоси мустаќили аз кор озод кардани корманд мебошад. Воќеияти прогул ва муддати зиёда аз се соат дар љои кор њозир набудани корманд бо табели бањисобгирии ваќти кор, санади тартиб додаи корфармо, баёнотњои худи корманд, шахсони мутасадї, шоњидон ва дигар далелњо исбот мегардад.
Дигар њолатњое низ, љой доранд, ки њамчун прогул мањсуб мешаванд. Масалан, бе иљозати корфармо (маъмурият) худсарона ба рухсатии мењнатии навбатї баромадан, аз рўзњои мушаххасї (отгул) худсарона истифода намудан, ё ин ки то ба охир расидани мўњлати дуњафтаинаи огоњї дар бораи аз кор рафтан яктарафа ба кор набаромадан гузоштани кор аз тарафи шахсе, ки бо ин кор пас хатми муассисаи олии таълимї ё миёна махсус фиристода шудааст, дар ваќти корї дар маљлисњо гирдињамоињо, роњпаймоињо, намоишгоњои иљозат доданашуда иштирок кардани корманд, новобаста аз давомнокии њузур надоштаним ў дар кор
Азбаски прогул ё зиёда аз се соат дар љои кор њозир набудан бе сабабњои узрнок асоси муљозоти интизомї мебошанд, њангоми бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо ин асосњо тартиб ва мўњлати татбиќи муљозоти интизомї, ки њамин Кодекс (моддаи 124) муќаррар кардааст, бояд риоя шаванд. Дар акси њол аз кор озод кардани корманд ѓайриќонунї эътироф карда мешавад.
Ба сифати дигар асоси бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї њозир нашудани корманд ба кор дар давоми бештар аз чор моњи бефосила дар натиљаи корношоямии муваќќатї муќаррар шудааст. Ќонунгузор ба мўњлати зикргардида рухсатии давраи њомиладорї ва таваллудро дохил накардааст. Ѓайр аз ин ќонунгузор мўњлатњои зиёдтари (аз чор моњ зиёдтар) нигоњ доштани љои кори беморони муайянро пешбинї намудааст. Мувофиќи моддаи 42 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њифзи саломатии ањолї» аз 15 маи соли 19971 шањрвандони мубталои касалии сил вазифадоранд бо талаби муассисаи тиббї муоина шуда худро табобат кунанд. Агар бемор аз муоина ва табобат саркашї кунад, ў маљбуран ташхис ва табобат карда мешавад. Аз рўи талаботи Укази Президиуми Совети Олии РСС Тољикистон аз 3 августи соли 1979 «Дар бораи госпитализатсияи маљбурї ва табобати касалињои сил, ки аз худ микробактерия људо менамоянд ва аз табобат саркашї менамоянд»1 табобати маљбурии касалињои сил дар муассисањои табобатии низомаш махсуси Вазорати тандурустї аз 6 моњ то 1 сол муќаррар шудааст. Њамин тавр, мўњлати нигоњдории љои кори корманди мубталои бемории сил ба мўњлати табобати ў вобаста аст ва аз 6 моњ то як сол муќаррар шудааст.
Ќонунгузор муќаррар кардааст, ки агар ќобилияти мењнатии корманд бо сабаби осеби мењнатї ё бемории касбї гум шуда бошад, то барќарор шудани ќобилияти мењнатї ё муќаррар намудани маъюбї љои кори ў нигоњ дошта мешавад. Муќаррар кардани маъюбї, ки он сабаби давом дода натавонистани вазифањои мењнатї шуда бошад, асоси бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатиро таѓйир медињад.
Дигар асоси бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї ба асоси чорањои интизомї дахл дошта хуњуроти худро дар њолати мастї дар ваќти корї њозир шудани корманд ба љои кор дар њудуди ташкилот ё ташкилоте, ки корманд бо супориши корфармо ё намояндаи ў вазифањои мењнатиашро иљро мекард, меёбад. Воќеияти мастии корманд аз шароб, маводи нашъовар ва токсикї бо санади муойинаи тиббї, баёноти шоњидон тасдиќ мегардад. Дар ин маврид барои аз кор озод кардани корманд масъалаи барои мастї аз кор дур кардани ў ягон наќш намебозад. Инчунин муќаррар кардани воќеияти мастии корманд дар оѓоз, мобайн ё охири кор барои аз кор озод кордани корманд ягон наќш надорад. Барои аз кор озод кардани корманд бо асоси мастии ў, корфармо бояд тартиб ва мўњлати татбиќи муљозоти интизомиро ба инобат гирад.
Содир кардани дуздии амволи корфармо дар љои кор дигар асоси аз кор озод намудани корманд мањсуб мешавад. Воќеияти номбурда бо њукми суд ва ќарори маќомоти дахлдори давлатї, ки парвандаи маъмуриро баррасї менамояд, тасдиќ мегардад.
Дар љои кор содир кардани дуздии амволи корфармо танњо дар сурате асоси бо корманд бекор намудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї шуда метавонад, ки дуздї бо санади судии ба ќувваи ќонунї даромада собит шуда бошад. Дуздии амволи ба корфармо мансуб набуда, новобаста аз љои содиршудаи он, ки бо њукми суд собит шудааст, асоси бо банди 7 ќисми 1 моддаи 46 КМ ЉТ аз кор озод кардани корманд шуда наметавонад. Дар њолати зикргардида шартномаи (ќарордоди) мењнатї дар асоси банди 3 ќисми 1 моддаи 53 КМ ЉТ ќатъ карда мешавад.
Бо дарназардошти он, ки бо банди 7 ќисми 1 моддаи 46 КМ ЉТ аз кор озод кардан чораи муљозоти интизомї мебошад, мўњлати муќарраршудаи якмоња барои татбиќ намудани ин муљозоти интизомї аз рўзи ба ќувваи ќонун даромадани њукми суд ё ќарори маќомоте, ки барои татбиќ намудани муљозоти маъмурї салоњиятдор мебошад, њисоб карда мешавад.
Банди 8 ќисми 1 моддаи 46 КМ ЉТ нисбати шахсони дар ду ё якчанд љой коркунанда татбиќ мегардад. Ба кор ќабул кардани дигар корманди доимї, ки ў дар дигар љой кор намекунад асоси аз љониби корфармо бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо шахсони дар ду ё як чанд љой коркунанда мебошад. Љои кор барои корманди аз кор озодшаванда љои кори ягона нест. Ѓайр аз ин, талаби банди 8 ќисми 1 моддаи номбурда то ќадри имкон аз мањдуд гардонидани кори корманд якбора дар чанд љой иборат аст.
Амали банди 9 ќисми 1 моддаи 46 КМ ЉТ танњо ба роњбарони ташкилотњое дахл дорад, ки моликашон иваз мешавад. Масалан, чунин њолат њангоми хусусигардонии моликияти давлатї, азнавташкилкунии он ба вуљуд омаданаш мумкин аст. Дар ин маврид молики нав њуќуќ дорад шартномаи (ќарордоди) мењнатиро бо роњбари ташкилот бекор кунад (ба таври муфассал нигаред ба ќисми 2 моддаи 43 КМ ЉТ ва тафсири он).
Банди 10 ќисми 1 моддаи 46 КМ ЉТ нисбати на њамаи кормандон татбиќ мегардад. Доираи кормандоне, ки нисбати онњо меъёри зикргардида татбиќ мегардад, мањдуд аст. Ин меъёр танњо нисбати роњбари ташкилот, муовини он, роњбарони вохидњои таркибии ташкилот (филиалњо, сехњо ва монанди он) татбиќ мегардад. Шахсони мансабдори номбудра дар таъмин намудани шароитњои зарурии мењнат барои корманон ўњдадор мебошанд. Вайронкунии яккаратаи даѓалонаи ќонунгузорй аз љониби чунин ашхос дар шакли прогул, дар њолати мастї ба кор омадан, таъмин накардани муњофизати бехатарии зидди сўхтор, техникаи бехатарї ва монанди он ифода ёфтанаш мумкин аст.
Азбаски асоси пешбиникардаи банди 10 ќисми 1 моддаи тафсиршаванда ба муљозоти интизомї дахл дорад, аз ин лињоз њангоми татбиќи банди зикргардидаи модда бояд тартиб ва мўњлати татбиќи муљозоти интизомї аз љониби корфармо риоя гардад.
Банди 11 ќисми 1 моддаи 46 КМ ЉТ танњо нисбати шахсоне, ки бо арзишњои молию пулї бевосита сару кор доранд татбиќ мегардад. Корфармо бо шахсони зикргардида шартномаи махсуси хаттї мебандад (нигаред ба моддаи 136 КМ ЉТ ва тафсири он). Чунин шахсон бо ќабул, нигоњ доштан, таќсими арзишњои пулию молї ва ѓайра машѓул мебошанд. Агар шахси бо арзишњои молию пулї бевосита сару кор дошта рафтори гунахгорона содир намояд ва аз ин рафтор зарар расида бошад ва байни рафтору оќибати рўйдода алоќаи сабабї љой дошта бошад, он гоњ чунин рафтор ба корфармо дар бораи гум кардани боварї нисбати корманд асос мешавад. Гум кардани боварї бо далелњои эътимоднок, ки рафтори гунањгоронаи шахси бо арзишњои молию пулї бевосита сару кор доштаро тасдиќ менамоянд, бояд собит шавад. Ба доираи чунин шахсон хазинадор, мудири анбор ва дигар шахсони бо арзишњои молию пулї бевосита сару кор дошта дохил мебошанд. Мутобиќи ќисми 7 моддаи 8 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бањисобгирии бухгалтерї» аз 14 майи соли 1999, таъин кардан, озод намудан ва аз як љой ба љои дигар гузаронидани ашхоси масъули модии ташкилот дар мувофиќа бо сармуњосиб сурат мегирад. Аз ин рў, сармуњосиб салоњияти назоратї дошта вазифаи шахси бо арзишњои молию пулї бевосита сару кор доштаро ба ўњда гирифта наметавонад. Бинобар ин, гум кардани боварї барои аз кор озод кардани сармуњосиб асос намешавад. Дар ин маврид сармуњосиб дар асоси суиистеъмоли мансаб, хунукназарї њангоми иљрои вазифа ва дигар рафтори ѓайриќонунї аз вазифа озод карда мешавад.
Банди 12 ќисми 1 моддаи 46 КМ ЉТ нисбати доираи муайяни кормандон татбиќ мегардад. Ба доираи амали банди номбурдаи модда корманде, ки вазифањои тарбиявиро иљро менамоянд (мураббиён, муаллимон, омўзгорон, устоњои таълими истењсоли ва дигар кормандони педагоги) дохил мешаванд. Њуќуќ ва вазифањои коркунони педагогї дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» аз 17 майи соли 2004 пешбинї шудаанд. Яке аз вазифањои коркунони зикргардида аз он иборат аст, ки одобу ахлоќи педагогиро риоя намоянд, њуќуќ ва ќадру эътибори кўдак, хонанда, донишљўро эњтиром кунанд. Дар сурати рафтори бадахлоќона содир кардани чунин ашхос, онњо ба давом додани кор (вазифаи тарбиявї) сазовор намебошанд. Мафњуми рафтори бадахлоќона дар Кодекс оварда нашудааст ва ин истилоњ бо ченаки бањодињї маълум мегардад. Таљрибаи судї нишон медињад, ки рафтори бадањлоќонаи корманди ба вазифаи тарбиявї машѓул буда, дар амали ќабењ нисбати тарбиятгиранда, кўдак, тањкир кардани онњо њангоми таълим ва монанди он зоњир гаштанаш мумкин аст. Рафтори чунин кормандон берун аз фаъолияти корї низ, ба одобу ахлоќи педагог бояд мутобиќат намояд. Чунки љинояти барќасдона (масалан, љиноятњои муќобили тартиботи љамъиятї ва ахлоќ, ки бо моддањои 237-243 КЉ ЉТ пешбинї шудаанд, њуќуќвайронкунии маъмурї (масалан, њуќуќвайронкунии маъмурие, ки тартиботи љамъиятиро вай-рон мекунад бо моддањои 166-176 Кодекси Љумњурии Тољикистон дар бораи њуќуќвайронкунии маъмурї пешбинї шудаанд содир кардани омўзгор низ рафтори бадањлоќона аст, ки барои давом додани фаъолияти таълимию тарбиявї созгор нест.
Дигар асоси бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо вайрон кардани тартиб ва ќоидањои муќаррарнамуда ба кор ќабулкунї мебошад, ки зуњуроти он чунин аст:
а) дар давоми мўњлати таъиннамудаи суд ба кор ќабул намудани ашхосе, ки бо њукми суд аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муаян мањрум карда шудаанд;
б) ба кор ќабул намудани шахсони ба љавобгарии моддї вобастабуда, ки ќаблан барои тасарруф, порахурї ва дигар љиноятњои ѓаразнок суд шудаанд, агар доѓи суди бардошта ё барњам нахўрда бошад;
в) ба кор ќабул кардани хизматчиёне, ки байни њамдигар хеш ё каси наздик мебошад, агар хизмати онњо ба тобеъият ё зерназоратии бевоситаи яке аз онњо ба дигараш алоќаманд бошад, ба ѓайр аз њолатњое, ки мутобиќи ќонунгузории амалкунанда мављудияти хешутабории наздик ва каси наздик будан барои бастани шартномаи мењнатї мамониат намекунад;
г) ба кор ќабул намудани ноболиѓон ё занон ба корњое, ки истифодаи мењнати онњо дар ин корњо бо ќонунгузорї манъ карда шудааст.
Бањсњои марбут ба ќатъ намудани муносибатњои мењнатиро бо асосњои мазкур баррасї намуда истода, судњо дар њар як њолати мушаххас бояд муќаррар намоянд, ки њангоми ќабул намудан ба кор ба кадом вайронкунии мушаххас роњ дода шудааст ва оё он барои ќатъ намудани шартномаи мењнатї асос шуда метавонад.
Дар ин маврид бояд дар назар дошт, ки бо банди 13 ќисми 1 моддаи 46 КМ ќатъ намудани шартномаи мењнатї танњо дар он њолат љоиз аст, ки агар вайрон намудани тартиб ва ќоидањои муќаррарнамудаи ќонун њангоми ба кор ќабул кардани корманд роњ додашударо бартараф намудан номумкин боша два он барои давом додани кор мамониат кунад.
Ќисми дуюми моддаи тафсиршаванда аз меъёри њаволакунанда (бланкетї) иборат мебошад. Тибќи ин ќисми моддаи 46 КМ ЉТ асосњои иловагии бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо ташаббуси корфармо дар дигар ќонунњо, оинномањо, низомномањо муќаррар шуданашон мумкин аст. Масалан, мувофиќи муќаррароти ќисми дуюми моддаи 16 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» аз 13 ноябри соли 1998, бо ташаббуси роњбари маќоми давлатї аз кор сабукдўш кардани хизматчии давлатї бинобар расидан ба синну соли нињоии дар хизмати давлатї будан, ќатъ гардидани шањрвандии Љумњурии Тољикистон ва дигар њолатњо сурат гирифта метавонад. Аз ин рў, ибрози назар дар хусуси он, ки гўё номгўи асосњои дар моддаи 46 КМ ЉТ овардашудаи ќатъ кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо ташаббуси корфармо мукаммал мебошанд, он ќадар бебањс нест. Бояд ёдовар шуд, ки чунин ибрози назар ба мазмуни ќисми 2 моддаи 46 КМ ЉТ мувофиќат надорад, зеро ки ин ќисми модда асосњои иловагии бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатиро бо ташаббуси корфарморо истисно наменамояд. Исботи он ќонунњои дар боло зикргардида мебошанд.
Ќисми сеюми моддаи 46 КМ ЉТ дар мавриди бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо ташаббуси корфармо бинобар ихтисор шудани шумора ё штати кормандон, ошкор гардидани номувофиќии корманд ба вазифаи ишѓолкарда ё кори иљро мекарда бинобар нокифоягии ихтисос ё ањволи саломатї, ки барои давом додани њамон кор халал мерасонад ва ба дар мавриди барќарор кардани корманде, ки пештар ин корро иљро мекард, як шартро муќаррар кардааст. Ин шарт аз он иборат аст, ки ќабл аз кор озод намудани корманд бо асосњои зикршуда, корфармо бояд ба корманд љои дигари кори мављуд бударо пешнињод намояд. Танњо дар сурати розигї надодани корманд барои ба кори пешнињодшуда гузаштан ё мављуд набудани дигар кор, шартнома бо чун асосњо бекор карда мешавад.
Ќисми чоруми моддаи тафсиршаванда њолатњоеро муќаррар кардааст, ки њангоми љой доштани онњо бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо ташаббуси корфармо манъ мебошад. Ба ин њолатњо давраи корношоямии муваќќатї (ѓайр аз бештар аз чор моњ бефосила корношоям будани корманд) ва дар давраи рухсатии мењнатї будани корманд мањсуб мешаванд. Бояд дар назар дошт, ки муваќќатан корношоям будани корманд ё дар рухсатї будани ў барои бекор намудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бинобар барњам хурдани ташкилот ва ќатъ гаштани фаъолияти соњибкор садди роњ намегардад.
Корфармо вазифадор аст кормандро дар бораи бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї, ки ба мўњлати номуайян баста шудааст, дар мўњлатњои зерин ба таври хаттї огоњонад:
1) њангоми бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бинобар барњам хўрдани ташкилот, ихтисор шудани шумора ё штати кормандон на дертар аз ду моњ;
2) њангоми бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бинобар ба кори иљро мекардагиаш мувофиќ наомадани корманд аз сабаби нокифоягии тахассус ё ањволи саломатї на камтар аз як моњ.
Дар давраи огоњонї ба корманд њуќуќ дода мешавад, ки барои љустуљўи кори дигар њафтае на камтар аз як рўз ба кор набарояд ва музди кораш нигоњ дошта мешавад.
Бо созишномаи тарафњо шартномаи (ќарордоди) мењнатї метавонад аз рўи асосњои зикршуда то ба охир расидани мўњлати огоњонї бо додани љубронпулї дар хаљми на камтар аз музди миёнаи рўзона барои њар рўзи боќимондаи то ба охир расидани ии мўњлат бекор карда шавад.
Корфармо вазифадор аст дар мўњлати муќарраркардаи Ќонун дар бораи аз кор озодшавии дар пешистодаи кормандон бо нишон додани ихтисос, дараљаи касбї ва њаљми музди мењнати онњо ба маќоми дахлдори хадамоти шуѓли ањолї маълумот дињад.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 95 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд. | | | Атъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда. |