Читайте также:
|
|
Барасмиятдарории ќатъшавии шартномаи мењнатї бо роњи баровардани фармони корфармо амали мешавад. Дар фармон ва дафтарчаи мењнати корманд сабаби ќатъшавї бояд айнан тибќи муќаррароти ќонунугузори бо нишон додани банд ва моддаи мушахас дарљ гардад. Дар мавриди ќатъ ёфтани шартномаи мењнатї бо хоњиши худ корманд бо љой доштани сабаби узрнок зарур аст, Ки дар дафтарчаи мењнатї намуд, Ки бок адом сабаб корманд шартномаро ќат менамояд. Њангоми ќатънамои ба корманд дафтарчаи мењнатї бо навиштани муќаррароти ќатънамои шартнома ва нишон додани меъёри ќонун дода мешавад.
11. Дафтарчаи мењнатї.
М. 56 ЉТ. Дафтарчаи мењнатии намунааш муќарраргардида њуљљати асосии фаъолияти мењнатї буда, собиќаи мењнатии кормандро тасдиќ менамояд. Тартиби љорї кардани дафтарчањои мењнатиро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд. Корфармо вазифадор аст ба њамаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 рўз кор кардаанд, дафтарчањои мењнатї кушояд. Дар дафтарчаи мењнатї маълумот дар бораи ќабул ба кор, ба кори дигари доимї гузаронидан бо нишон додани касб (ихтисос), дараљаи касбї, вазифа (мувофиќи санади меъёрие, ки номи касб ва вазифаи кормандонро муќаррар менамоянд) ва аз кор озод кардани кормандон бо нишон додани асосњои ќатъ шудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї, инчунин дар бораи њавасмандгардонї ва мукофотонидан барои муваффаќиятњо дар кор ќайд карда мешавад.
Њангоми аз кор озод кардан дафтарчаи мењнатї дар рўзи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Дар сурати роњ додани кашолкорї оиди супоридани дафтарчаи мењнатї бо гуноњи корфармо ба корманд барои њар рўзи кашолкорї музди миёна дода мешавад.
Дафтарчаи мењнатї њуљљатест, ки њаигоми ба кор дохил шудан пешнињод мегардад (нигаред дар ин бора ба таври муфассал ба банди 1 ќисми дуюми моддаи 32 КМ ЉТ ва тафсири он). Дар дафтарчаи мењнатї тамоми фаъолияти кории корманд аз рўи ихтисосњо сабт мешавад. Аз рўи он собиќаи кории корманд муќаррар мегардад.
Дар асоси талаботи ќисми якуми моддаи тафсиршаванда Њукумати Љумњурии Точикистон Ќарори худро аз 12 апрели соли 1999 тањти № 154 «Дар бораи тасдиќи тартиби корбурди дафтарчаи мењнатии кормандон» ќабул, тартиби корбурди дафтарчаи мењнатии кормандонро муайян, инчунин намунаи дафтарчаи мењнатї ва вараќањои замимаи онњоро низ тасдиќ кардааст. Мутобиќи талаботи Ќарори зикргардида дафтарчањои мењнатии ќаблан муќарраршуда, ки дар дасти кормандон мављуданд, ба дафтарчањои нав иваз карда намешаванд. Дафтарчаи мењнатии намунаи кўњна ва нав њуљљати асосии фаъолияти мењнатї буда, собиќаи кории кормандро тасдиќ менамоянд.
Њангоми ба кор ќабул кардани кормандони ќабл аз ин љои кори дигар дошта, аз онњо пешнињод кардани дафтарчаи мењнатї талаб карда мешавад. Дар мавриди надоштани дафтарчаи мењнатї ба чунин корманд ва ба кормандони бори аввал ба кор дохил шуда, корфармо вазифадор аст дафтарчаи мењнатї кушояд. Ќонунгузор барои иљрои чунин вазифаи корфармо як шарт гузоштааст, ки он ба мўњлати кори корманд дар ташкилот вобаста карда шудааст. Чунин мўњлати кор аз љониби корманд дар ташкилот бояд аз 5 рўз зиёд, яъне 6 рўз ва аз он зиёд бошад. Дар мавриди аз мўњлати муќарраркардаи ќонун камтар кор кардани корманд дар ташкилот ба ў аз љониби корфармо дафтарчаи мењнатї кушода намешавад.
Ќисми сеюми моддаи 56 КМ ЉТ маълумотњоеро, ки дар дафтарчаи мењнатї бояд сабт гарданд, муќаррар кардааст. Ин маълумотњо оѓози кори корманд ва ќатъи муносибатњои мењнатии ўро дар ташкилот дарбар мегиранд.
Дар дафтарчаи мењнатї санаи ќабул ба кор ва раќами фармон (амр), касб (ихтисос), дараљаи касбї ва вазифаи корманд нишон дода мешаванд. Айнан маълумотњо њангоми ба кори дигари доимї гузаронидани корманд дар дафтарчаи мењнатї бояд сабт гарданд.
Њангоми аз кор озод кардани корманд дар дафтарчаи мењнатї санаи аз кор рафтан, раќами фармон (амр) дар ин бора, асосњои бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї (масалан бо таври мушаххас сабт кардани асосњои бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо ташаббуси корфармо, бо нишон додани банд, ќисми моддаи 46 КМ ЉТ ва ѓайра) сабт карда мешаванд.
Ѓайр аз ин, дар дафтарчаи мењнатї дар бораи комёбињо дар кор, чорањои њавасмандгардонии моддї ва маънавии корманд сабт карда мешаванд. Дар дафтарчаи мењнатї сабт кардани маълумот дар бораи муљозоти интизомии корманд мумкин нест, чунки муљозоти интизоми дар давоми як давраи муайян (як сол) амал мекунад.
Дар ќисми чоруми моддаи тафсиршаванда ўњдадории корфармо оиди дар рўзи охири кор ба корманд њатман супоридани дафтарчаи мењнатї муќаррар шудааст. Талаботи мазкури Ќонун ба њимояи њуќуќњои мењнатии корманд равона шудааст. Чунки њангоми барои ба кори дигар дохил шудан, корманд вазифадор аст дафтарчаи мењнатиашро ба корфармои нав пешнињод намояд.
Дар Дастурамали тартиби корбурд бо дафтарчањои мењнатии кормандон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 апрели соли 1999 тањти № 154 тасдиќ шудааст (дар бандњои 31 - 33) масъалаи додани дафтарчаи мењнатї њангоми аз кор озод шудани корманд ба танзим дароварда шудааст. Банди 31 Дастурамали мазкур мазмуни ќисми сеюми моддаи 56 КМ ЉТ такрор менамояд. Дар банди 32 Дастурамал омадааст, ки агар дар рўзи аз кор озод шудан корманд дар љои кор њозир набошад, маъмурияти ташкилот бояд њамон рўз ба ў тавассути почта мактуби огоњї барои гирифтани дафтарчаи мењнатї фиристад.
Ба воситаи почта фиристодани дафтарчаи мењнатї ва расонидани он фаќат бо розигии корманд сурат гирифтанаш мумкин аст.
Дар Дастурамали зикргардида инчунин омодааст, ки дар сурати аз кор озод шудан ва гирифтани дафтарчаи мењнатї, корманд бояд дар вараќаи шахсї (вараќаи махсуси байниидоравии маъмули № Т-2) ва дафтарчањои бањисобгирї имзо гузорад.
Дафтари мадохилу махориљ ва бањисобгирии дафтарчањои мењнатї бояд шуморабандї ва ресмонбандї карда шуда, бо имзои роњбари ташкилот ва мўњри сурѓучї, тасдиќ карда шавад.
Њамин тавр, корфармо ба кашолкорї оид ба супоридани дафтарчаи мењнатї набояд роњ дињад. Воќеияти сари ваќт супоридани дафтарчаи мењнатї ба корманд бо имзои ў дар вараќаи шахсї ва дафтари бањисобгирї тасдиќ мегардад. Яъне ин њолат бо далели хаттї исбот мегардад. Дар мавриди бо гуноњи корфармо сари ваќт ба корманд насупоридани дафтарчаи мењнатї, ба ў (корманд) барои њар рўзи кашолкорї музди миёна дода мешавад.Агар рафтори худи корманд ба чунин кашолкори оварда расонида бошад, ба у њељ гуна маблаѓ пардохта намешавад.
12. Кўмакпулї бинобар аз кор озодкунї.
Моддаи 55 КМ ЉТ. Ба корманд дар сурати ќатъ шудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї барои аз кор рафтан кўмакпулї дода мешавад:
- бо ташаббуси корфармо, ба ѓайр аз њолатњои бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї дар асосњои пешбиникардаи бандњои 3, 4, 6, 7, 10, 11, ќисми 1 моддаи 46 њамин Кодекс;
- дар њолатњои ба иродаи трафњо вобаста набуда, ба истиснои њолатњои ќатъ шудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї њангоми ќувваи ќонунї пайдо намудани њукмномаи суд (банди 3 моддаи 53 њамн Кодекс) ва дар сурати фавтидани корманд (банди 4 моддаи 53 њамин Кодекс).
Њаљми кўмакпулї њангоми аз кор рафтан бо роњи зарб задани чоряки музди миёнаи моњона ба шумораи солњои пурраи кор дар ташкилот муайян карда мешавад ва набояд аз њаљми музди миёнаи моњонаи корманд камтар бошад.
Ќисми якуми моддаи тафсиршаванда шартњои ба корманд додани кўмакпулиро њангоми ќатъ гаштани шартномаи (ќарордоди) мењнатї муайян кардааст. Шарти аввали муќарраршуда бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї мебошад. Дар баробари ќонунгузор њолатњоеро низ пешбинї кардааст, ки њангоми мављуд будани онњо кўмакпулї дар сурати бо ташаббуси корфармо аз кор рафтани корманд дода намешавад, чунончи: бидуни сабабњои узрнок вазифањои мењнатиро, ки шартномаи (ќарордоди) мењнатї ё ќоидањои тартиботи дохилии мењнатї ба зиммаи корманд гузоштааст, мунтазам иљро накардани ў, агар ба корманд пештар чорањои љазои интизомї дода шуда бошад; прогул (аз љумла дар давоми рўзи корї зиёда аз се соат набудан дар кор) бидуни сабабњои узрнок; дар њолати мастї аз шароб, маводи нашъовар ва токсикї њозир шудан ба кор; дуздидани амволи корфармо дар љои кор, ки онро њукми ќувваи ќонунї пайдокардаи суд ё ќарори маќоме, ки додани љазои маъмурї ба салоњияти он дохил мешавад, муќаррар намудааст; вайронкунии даѓалонаи яккаратаи ќонунгузорї оид ба мењнат аз љониби роњбарони ташкилот (воњидњои алоњидаи он ва муовинони онњо); аз љониби корманде, ки бо арзишњои пулию молї бевосита сару кор дорад, содир намудани амали гунањкоронае, ки барои нисбат ба вай гум шудани боварии корфармо асос медињад.
Ќисми дуюми моддаи тафсиршаванда њаљми аќали кўмакпулї њангоми аз кор рафтанро муќаррар кардааст, ки он набояд аз њаљми музди миёнаи моњонаи корманд камтар бошад. Масалан, корманд дар ташкилот 7 соли пурра кор кардааст. Музди миёнаи моњонаи ў дар муддати то аз кор рафтан 60 сомониро ташкил медињад. Аз рўи талаботи ќисми дуюми моддаи 55 КМ ЉТ чоряки музди миёнаи моњонаи корманд (60х25%= 15) сомонро ташкил медињад. Ин маблаѓ ба шумораи солњои пурраи кории корманд дар ташкилот зарб карда мешавад (15с х 7), ки он ба 105 сомонї баробар аст. Дар ин маврид ба корманд кўмакпулї барои аз кор рафтан бояд дар њаљми 105 сомонї дода шавад. Агар дар њолати зикргардида корманд дар ташкилот ду соли пурра кор карда бошад, он гоњ маблаѓи чунин кўмакпулї (15с х 2=30) сомониро ташкил медињад, ки он аз музди миёнаи моњонаи корманд (60 сомонї) кам аст. Пас, аз рўи талаботи ќисми дуюми моддаи тафсиршаванда дар ин њолат корфармо вазифадор аст ба корманд њангоми аз кор рафтан музди миёнаи моњонаи ўро ба маблаѓи 60 сомонї дињад. Кўмакпулї ба корманд дар рўзи аз кор рафтан, яъне дар рўзи охири кор бояд дода шавад (дар ин бора нигаред ба ќисми сеюми моддаи 108 КМ ЉТ ва тафсри ин).
БОБИ IX
Ваќти корї
Мафњум ва танзими њуќуќии ваќти корї.
Намудњои ваќти корї. Ваќти кори мўътадил. Ваќти кори кўтоњшуда. Ваќти нопурраи кор.
Давомияти ваќти корї дар арафаи рўзњои истироњат, рўзњои ѓайрикории ид ва кори шабона.
Изофакорї.
Реља ва бањисобгирии ваќти корї. Мафњуми рељаи ваќти корї. Рўзи кори ба меъёр гирифтанашуда. Рељаи чандирии ваќти корї. Кори бастї.
Таќсимоти рўзи корї ба ќисматњо. Бањисобгирии ваќти корї.
1. Мафњум ва танзими њуќуќии ваќти корї.
М. 60 КМ ЉТ. Ваќти кор ваќте ба њисоб меравад, ки дар давоми он корманд тибќи тартибот ё наќшаи кор ё шартњои шартномаи (ќарордоди) мењнатї бояд вазифањои мењнатии худро иљро намояд. Ваќти кор њамчун ченаки умумии мењнати сарфкарда барои тамоми намудњои фаъолияти мењнатї мањсуб мешавад. Танзими ќонунии ваќти кор имкон медињад аз як тараф ченаки зарурии мењнат муќаррар шавад, аз тарафи дигар давомияти мењнати корманд мањдуд шуда, њуќуќи ў ба истироњат ва њифзи саломатии таъмин мегардад. Танзими њуќуќии ваќти корї бо боби 5 моддањои 60-74 баамал бароварда мешавад.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 123 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Атъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда. | | | Намудњои ваќти корї. Ваќти кори мўътадил. Ваќти кори кўтоњшуда. Ваќти нопурраи кор. |