Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Намудњои ваќти корї. Ваќти кори мўътадил. Ваќти кори кўтоњшуда. Ваќти нопурраи кор.

Шартномањои коллективї ва созишномањо | Накардани онњо | Мафњум ва ањамияти шартномаи мењнатї. | Онибњо ва тартиби умумии бастани шартномаи мењнатї. | Мазмуни шартномаи мењнатї. | Намудњои алоњидаи шартномаи мењнатї. | Таѓйир ёфтани шартномаи мењнатї. | Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд. | Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо. | Атъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда. |


Читайте также:
  1. Азо: маќсад ва намудњои он
  2. Ваќти дамгирї
  3. Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз.
  4. Мафњум ва намудњои назорати андоз
  5. Моддаи 1172. Роњхат, барасмиятдарорї, низоми ваќти корї ва ваќти истироњат њангоми сафари хизматї
  6. Намудњои алоњидаи шартномаи мењнатї.

Намудњои ваќти корї ба се гурўњ људо карда мешавад. 1.Ваќти кори мўътадил. 2.Ваќти кори кўтоњшуда. 3.Ваќти нопурраи кор.

Давомнокии мўътадили ваќти кор дар ташкилотњо дар як њафта набояд аз 40 соат зиёд бошад. КМ ЉТ дар фарќият аз Кодекси ќонунњо оид ба мењнати Љумњурии Тољикистон (тањрири соли 1972) давомнокии мўътадили ваќти корро дар як њафта 1 соат кам муќаррар намудааст (яъне 40 соат). Давомнокии мўтадили ваќти кор, ин меъёри аз тарафи ќонун муќаррарнамудаи ваќти коре мебошад, ки бояд онро тарафњои шартномаи мењнатї (корманд ва корфармо) новобаста аз шакли моликияти ташкилот, ки дар он муносибатњои мењнатї ба амал бароварда мешаванд, риоя намоянд. Давомнокии мўътадили ваќти кор, ки ќонун муайян кардааст, бо дигар санади меъёрии њуќуќии ё созишномањо зиёд карда намешавад. Мувофиќи меъёри умумї давомнокии мўътадили ваќти кор дар як њафта барои њамаи кормандон, ки шартномаи мењнатї бастаанд, на бояд аз 40 соат зиёд бошад. Корфармо метавонад ваќти мўътадили корро дар як њафта аз 40 соат кам намуда, ваќти дамгирии кормандро зиёд намояд.

Моддаи 61. Давомнокии кўтоњи ваќти кор. Барои гурўњи алоњидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломатї, шароити мењнат, хусусияти вазифаи мењнатии онњо ва дигар њолатњо тибќи санади ќонунгузорї ва дигар санади меъёрии њуќуќии оид ба мењнат, инчунин шартњои шартномаи (ќарордоди) мењнатї, давомнокии кўтоњи ваќти кор бидуни кам кардани музди мењнат муќаррар карда мешавад. Давомнокии кўтоњи ваќти кор барои инњо муќаррар карда мешавад:

1) ба кормандоне, ки ба синни њаждањ нарасидаанд (моддаи 178 њамин Кодекс);

2) ба кормандони маъюб (моддаи 152 њамин Кодекс);

3) ба кормандоне, ки бо корњои шароити мењнаташ номусоид (моддаи 62 њамин Кодекс) машѓуланд ё хусусияти махсуси кор доранд (моддаи 63 њамин Кодекс).

Ќисми якуми моддаи 61 КМ ЉТ давомнокии кўтоњи ваќти корро барои гурўњи алоњидаи кормандон вобаста ба синну сол, вазъи саломатї, шароити мењнат, хусусияти вазифањои мењнатї ва дигар њолатњо тибќи ќонунгузорї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї оид ба мењнат, инчунин шартњои шартномаи (ќарордоди) мењнатї муќаррар намудааст, ки дар тафовут аз моддаи 64 КМ ЉТ њангоми иљрои он андозаи музди мењнат кам карда намешавад. Ќисми дуюми моддаи 61 КМ ЉТ гурўњњои алоњидаи кормандонро пешбинї намудааст, ки ба онњо њатман давомнокии кўтоњи ваќти корї бояд муќаррар карда шавад. Бояд ќайд намуд, ки КМ ЉТ дар моддањои 167, 186, 187, 188 низ, ба гурўњи алоњидаи кормандон ваќти кори кўтоњро муќаррар кардааст (нигаред ба моддањои зикршуда ва тафсири онњо). Давомнокии ваќти кўтоњи кор на танњо асоси кам кардани музди мењнат, инчунин асоси барои кам кардани давомнокии рухсатии мењнатї низ шуда наметавонад.

Моддаи 62. Давомнокии кўтоњи ваќти кор барои кормандоне, ки бо корњои дорои шароити зарарноки мењнат машѓуланд. Давомнокии кўтоњи ваќти кор на зиёда аз 35 соат дар як њафта барои кормаидоне муќаррар карда мешавад, ки дар љараёни мењнат ба таъсири барои саломатї зарарноки омилњои физикї, кимиёвї, биологї ва дигар омилњои истењсолї дучор мешаванд. Рўйхати истењсолот, сехњо ва вазифањоеро, ки кор дар онњо барои давомнокии кўтоњи ваќти кор њуќуќ медињад, Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ мекунад. Љињати амалї сохтани модда аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 декабри соли 2002 № 521 Ќарор «Дар бораи Номгўи истењсолот, сењњо, корњо, касбу вазифањое, ки шароити мењнати зарарнок ва вазнини кор дар онњо барои рўзи кўтоњи кор ва рухсатии иловагии њарсола њуќуќ медињад» ќабул карда шудааст. Ќарори мазкур дар ташкилоту муассисањои њамаи шаклњои моликият ва фаъолияти хољагидорї мавриди истифода ќарор мегирад. Рўзи кории кўтоњ мутобиќи Номгўї нишондодашуда ба коргарон, кормандони муњандисию техникї ва хизматчиён дар он рўзњое муќаррар карда мешавад, ки агар онњо ба шароити зараровари мењнат на камтар аз нисфи рўзи кории кўтоњи барои кормандони њамин истењсолот, коргоњ, ихтисос ё вазифа пешбинигардида машѓул бошанд. Рўзи кории кўтоњ мутобиќи мўњлати дар Номгўї нишондодашуда, ба коргарон, кормандони муњандисаю техникї ва хизматчиён танњо дар он рўзњое муќаррар карда мешавад, ки онњо воќеан ба шароити мењнати зараровар дар давоми тамоми рўзи кории кўтоњ машѓул мебошанд. Ба коргарон, кормандони муњандисию техникї ва хизматчиёне, ки ихтисосу вазифаашон ба Номгўї ворид карда нашудааст, вале дар рўзњои алоњида дар истењсолот, коргоњњо, ихтисосу вазифањои дорои шароити зараровари мењнатї дар Номгўї кор мекунанд, рўзи кории кўтоњ дар ин рўзњо ба он мўњлате муќаррар карда мешавад, ки барои коргарон, кормандони муњандисию техникии доимо ба ин кор машѓулбуда муќаррар шудааст. Дар њолатњое, ки коргарон, кормандони муњандисию техникї ва хизматчиён дар давоми рўзи корї ба корњои гуногуни дорои шароити зараровари мењнат машѓул буданд ва дар ин корњо рўзи кории мўњлаташ гуногун муќаррар карда шудааст ва ба њисоби умумї дар ин ќитъањо ќисми зиёди мўњлати рўзи кории кўтоњ кор кардаанд, рўзи кории онњо набояд аз 6 соат зиёд бошад.

Ба коргарон, кормандони муњандисию техникї, хизматчиёни ташкилоти берунї (сохтмонї, сохтмонию васлгарї, таъмири сохтмонї, ба истифодадињї ва ѓайра) ва кормандони коргоњњои иловагй ва ёридињандаи ташкилотњо (механикї, таъмирї энергетикї, дастгоњњои назоратию ченкунанда ва ѓайра) дар рўзњои кори онњо дар истењсолот, сехњо ва ќитъањои амалкунандаи дорои шароити зараровари мењнат, ки њам барои кормандони асосї ва њам барои њайати таъмиркунанда ва хизматрасони ин истењсолот, коргоњњо ва ќитъањо рўзи кории кўтоњ муќаррар карда шудааст, њамчунин рузи кории кутоњ ба тартиби пешбининамудаи бандњои 2 ва 4 моддаи тафсиршаванда муќаррар карда мешавад. Корфармо метавонад аз њисоби маблаѓи ташкилоташ ба дигар гурўњи кормандон низ давомнокии кўтоњи ваќти корро муќаррар намояд. Муќаррар намудани давомнокии кўтоњи ваќти кор ба кормандон ўњдадории корфармо буда, тарафњо њангоми бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї њуќуќи дароз кардани давомнокии ваќти корро, ки ќонунгузорї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї муќаррар намудаанд, надоранд.

Моддаи 63. Давомнокии кўтоњи вакти кор барои кормандоне, ки корашон дорои хусусияти хос мебошад. Барои гурўњи алоњидаи кормандон (духтурон, педагогњо ва дигарон), ки кори онњо бо шиддати баланди эњсосотї, зењнї, асабї алоќаманд аст (хусусияти хос дорад), давомнокии ваќти кор дар як њафта на бештар аз 35 соат муќаррар карда мешавад. Номгўи чунин кормандон ва давомнокии мушаххаси ваќти кори онњоро санади ќонунгузорї ва дигар санади меъёрии хуќуќии оид ба мењнати Љумњурии Тољикистон муайян менамоянд. Ба духтурон (аз љумла, духтур - сардори бахш, кабинет, лаборант, духтури лаборант, њайати миёнаи тиббї (ѓайр аз лаборант ва оморшиноси тиббї) ва њайати хурди тиббї, њамшираи хољагидор, ки дар профилаткорияњои табобатию мењнатї барои табобати маљбурии шахсоне, ки гирифтори майзадагї ва нашъамандии музмин мебошанд, тибќи Номгўї истењсолот, сехњо, корњо, касбу вазифањое, ки шароити мењнатии зарарнок ва вазнини кор дар онњо барои рўзи кўтоњи кор ва рухсатии иловагии њарсола њуќуќ медињад, рўзи кўтоњи 6 соата муќаррар карда шудааст, яъне 40 - 6 = 34 соат дар як њафта. Ин Номгўї барои дигар кормандони соњаи тандурустї низ давомнокии ваќти кори кўтоњро пешбинї намудааст (ниг. ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 декабри соли 2002, № 521). Коркунони муассисањои тиббї - профилактикї, кормандони институтњои тадќиќотї, ки махсус бо гузаронидани тадќиќот бо маводи сироятшуда машѓуланд, кори профилактики ва хизматрасонии ташхиси шахсони мавриди сирояти вируси норасоии масунияти бадан ва беморони СПИД-ро анљом медињанд, инчунин коркунони ташкилотњое, ки бо вируси СПИД ва маводи сирояти вируси норасоии масунияти бадан сарукор доранд, ба рўзи кории 6 соата њуќуќ доранд ва мувофиќи меъёри моддањои 62 ва 63 КМ ЉТ, давомнокии кори ин гуна гурўњи кормандон бояд аз 35 соат дар як њафта зиёд набошад. Ин масаъала њалли худро дар ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 декабри соли 2002 № 521 низ ёфтааст (нигар ба фасли «Нигањдории тандурустии Номгўї истењсолот, сехњо, корњо, касбу вазифањое, ки шароити мењнати зарарнок ва вазнин кор дар онњо барои рўзи кўтоњи кор ва рухсатии иловагии њарсола њуќуќ медињад»). Давомнокии кўтоњи ваќти кор, инчунин барои омўзгорони макотиби тањсилоту њамагонї, омўзишгоњњои касбї-техникї, макотиби миёнаи махсус ва олї муќаррар шудааст. Давомнокии кори чунин ва шахсон дар як њафта аз 36 соат зиёд шуда наметавонад. Дар бораи давомнокии кўтоњи ваќти кори кормандоне, ки дар баробари кор тањсил мекунад, нигаред ба моддањои 186, 187, 188 КМ ЉТ ва тафсири онњо).

Моддаи 64. Ваќти нопурраи кор. Бо созишномаи байни корманд ва корфармо чї њангоми ќабул ба кор ва чї минбаъд рўзи нопурра ва ё њафтаи нопурраи кор бо пардохти музди мењнат вобаста ба њаљми истењсол ва ё мутаносибан ба ваќти кор муќаррар карда мешавад. Корфармо вазифадор аст дар њолатњои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва санади дигари меъёрии њуќуќї оид ба мењнат ваќти нопурраи корро муќаррар намояд. Њангоми љорї намудани низоми ваќти нопурраи кор давомнокии ваќти корї наметавонад аз нисфи меьёри моњонаи ваќти кор камтар ва музди мењнат аз андозаи њадди аќали муќаррарнамудаи Ќонун камтар бошад. Кор дар шароити ваќти нопурраи кор барои корманд боиси ягон мањдудияти давомнокии рухсатии њарсола, њисоби собиќаи корї ва дигар њуќуќњои мењнатї намегардад. Ду намуди ваќти нопурраи корро фарќ бояд кард - рўзи нопурраи кор (ваќте, ки давомнокии рўзи корї кам карда шуда, шумораи рўзњои корї дар њафта кам намешаванд) ва њафтаи нопурраи корї (ваќте, ки шумораи рўзњои корї дар њафта кам карда шуда, соатњои корї кам соатњои корї кам карда намешаванд). Ваќти нопурраи кор одатан бо хоњиши корманд муќаррар карда мешавад. Аммо агар муќаррар намудани ваќти кории нопурра бо ташаббуси корфармо сурат гирад, дар ин њолат ў бояд кормандро ќаблан на дертар аз 2 моњ огоњ созад (нигаред ба моддаи 36 КМ ЉТ ва тафсири он). Агар давомнокии кўтоњи ваќти кор (моддаи 61 КМ ЉТ) боиси кам кардани музди мењнат нагардад, музд барои ваќти нопурраи кор (ќисми 1 моддаи 64 КМ ЉТ) мутаносибан ба ваќти кор ё њаљми истењсол муќаррар карда мешавад. Ќисми дуюми моддаи 64 корфарморо ўњдадор намудааст, ки дар њолатњои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санади меъёрии *** њуќуќї оид ба мењнат ваќти нопурраи корро муќаррар намояд. Масалан мувофиќи талаботи моддаи 168 КМ ЉТ бо хоњиши зани њомила, зане, ки фарзанди то 14 сола (фарзанди маъюби то 16 сола) дорад, аз љумла онњое, ки тањти парастори ў њастанд ё барои шахсоне, ки аз рўи хулосаи тиббї ба аъзои бемори оила нигоњубин мекунанд, корфармо вазифадор аст рўзи нопурраи корї ё њафтаи нопурраи корї муќаррар намояд.Ќисми сеюми моддаи 64 КМ ЉТ меъёри ваќти нопурраи ваќти кор ва андозаи камтарини пардохти онро муќаррар намудааст, ки набояд аз нисфи меъёри мўътадили ваќти кор ва аз андозаи њадди аќали музди мењнат кам бошанд. Ваќти кори нопурра боиси кўтоњ намудани давомнокии рухсатии њарсола, собиќаи корй ва мањдуд намудани дигар њуќуќњои мењнатии корманд шуда наметавонад.

3. Д авомияти ваќти корї дар арафаи рўзњои истироњат, рўзњои ѓайрикории ид ва кори шабона.

Моддаи 69. Давомнокии кор дар арафаи рўзњои ид. Давомнокии кори њаррўза (смена) дар арафаи рўзњои ид (ѓайрикори, моддаи 83 њамин Кодекс) барои њамаи кормандон на камтар аз як соат кўтоњ карда мешавад.

Давомнокии кори њаррўза (смена) пеш аз рўзи ид дар њолатњое, ки агар пеш аз рўзи ид рўзи истироњат бошад, инчунин агар барои кормандон давомнокии кўтоњи њафгаи кор муќаррар шуда бошад, кам карда намешанад. Дар истењсолоти муттасил ва намудхои плоњидаи кор, ки тибќи шароити истењсолот (кор) кўтоњ кардани давомнокии кори њаррўза дар рўзњои пеш аз ид имконнопазир аст, иљрои кор дар ваќти зиёда аз меъёр бо додани ваќти иловагии истироњат мувофиќи тартибе, ки корфармо баъди маслињати пешаки бо маќоми дахлдори намояндагии кормандон муайян намудааст, љуброн карда мешанад ё бо розигии корманд чун кори зиёда аз ваќти муќаррарї пардохта мешавад.

Моддаи мазкури КМ ЉТ дар фарќият аз моддаи 49 Кодекси ќонунњои оид ба мењнати соли 1972 давомнокии кори (басти) њаррўза дар арафаи рўзњои иди ѓайрикориро, ки дар моддаи 3 њамин Кодекс пешбинї шудаанд, барои њамаи кормандон, яъне њам њафтаи кории 5 рўза ва њам 6 рўза дошта на камтар аз як соат кўтоњ намудааст. Азбаски мутобиќи талаботи моддаи 49 Кодекси ќонунњои оид ба мењнати РСС Тољикистон аз соли 1972 давомнокии кори њаррўза дар арафаи рўзњои ид 1 соат кам карда мешуд, бинобар њамин њафтаи кории 41 соата, ба 40 соат мубаддал мегашт. Аммо мутобиќи моддаи 69 КМ ЉТ даономнокии кор дар арафаи идњои ѓайрикорї аз тарафи корфармо муайян карда мешавад, яъне ў метавонад кормандонро на камтар аз як соат, яъне 2, 3 соат ё зиёдтар пеш аз ба охир расидани ваќти кории муќарраршудаи њаррўза љавоб дињад. Агар пеш аз рўзи иди ѓайрикорї як ё ду рўзи истироњат рост ояд, пас кўтоњ намудани рўзи корї дар арафаи рўзи ид љой дошта наметавонад. Давомнокии кори (сменаи) њаррўза пеш аз иди ѓайрикорї, њамчунин барои кормандон давомноки ваќти корашон кўтоњ кам карда намешавад. Дар њолатњои ба рўзњои сешанбе ва ё панљшанбе рост омадани рўзи иди ѓайрикорї, корфармо бо маќсади самаранок истифода бурдани рўзњои истироњат аз њисоби рўзњои истироњати ба кормандон муќарраршуда (одатан аз рўи њафтаи кории 5 рўза) яке аз ин рўзњои истироњатро (одатан рўзњои шанбе ё якшанберо) ба рўзи кории душанбе ё љумъа гузаронида, рўзи иди ѓайрикориро дар пайдарњамї бо рўзи истироњати барои кормандон муќарраршуда пешнињод менамояд. Масалан, Иди Курбони соли 2003 ба рўзи 11 феврали соли 2003 рост омад, ки он рўзи сешанбе буд. Бо ин маќсад Њукумати Љумњурии Тољикистон бо Ќарори худ (№ 65) аз 6 феврали соли 2003 «Дар бораи гузаронидани рўзи истироњат аз шанбеи 8 феврал ба душанбеи 10 феврали соли 2003», рўзи истироњатро аз шанбеи 8 феврал ба душанбеи 10 феврали соли 2003 гузаронид. Барои кормандоне, ки аз рўи њафтаи кории 5 рўза бо ду рўзи истироњат кор мекарданд (яъне шанбе ва якшанбе), рўзњои чоршанбе, панљшанбе, љумъа ва шанбе њамчун рўзи корї муќарраршуда, рўзњои якшанбе, душанбе, сешанбе, яъне 9, 10, 11 феврали соли 2003 рўзњои истироњат эълон карда шуда буданд. Азбаски рўзи кории душанбе - 10 феврал ба рўзи ѓайрикории шанбе (барои ташкилотњои бо њафтаи кории 5 рўза, бо рўзњои истироњати шанбею якшанбе коркунанда) гузаронида шуда буд, бинобар ин рўзи шанбе рўзи кории кўтоњ ба њисоб рафта буд. Барои кормандоне, ки аз рўи њафтаи кории 6 рўза (муаллимон, духтурон ва дигарон) кор мекарданд, тибќи ин ќарори Њукумат рўзи истироњати якшанбе (одатан ба онњо ин рўз чун рўзи истироњати асосї муќаррар шудааст), рўзи корї эълон шуда, рўзњои душанбе ва сешанбе (яъне 10. 11 феврал) рўзњои истироњат њисобида шуда буданд. Дар ташкилотњое, ки вобаста ба шароити истењсолї, техникї, сабабњои зарурати таъминоти бефосилаи ањолї, ќатъи кор дар онњо имкон надорад (моддаи 90 КМ ЉТ) дар арафаи ид кўтоњ намудани кори њаррўза имконнопазир буда, ба онњо иљрои кор дар ваќти зиёда аз меъёр бо додани ваќти иловагии истироњат бо тартиби муќарраргардида аз рўи маслињати пешакї бо тартиби муќарраргардида аз рўи маслињати пешакї бо маќоми намояндагии корманд аз тарафи корфармо љуброн гардида, ё бо розигии корманд чун кори зиёда аз ваќти корї (моддаи 105 КМ ЉТ) пардохта мешавад.

 

Моддаи 70. Давомнокии ваќти кори шабона. Аз соати 22 то слати 6 сањар ваќти шабона њисоб мешавад. Давомнокии кори шабона бо мутаносибан кўтоњ кардани давомнокии њафтаи кор як соат кўтоњ карда мешавад, агар на камтар аз нисфи давомнокии кори њаррўзаи (смена) барои корманд муќарраргардида ба ваќти шабона рост ояд. Дар истењсолоти мутаасил коркунанда ва намудњои алоњидаи кор, ки мувофиќи шароити истењсолот кўтоњ кардани давомнокии кори њаррўза (смена) дар ваќти шабона имкопазир аст, иљрои кор дар ваќти зиёд аз меъёр бо додани ваќти иловагии истироњат мувофиќи тартибе, ки корфармо баъди маслињати пешакї бо маќоми дахлдори намояндагии кормандон муайян намудаст, љуброн карда мешавад. Ба кори шабона љалб намудани кормандон тибќи риояи мањдудиятњое, ки моддањои 152, 161, 181 њамин Кодекс муќаррар кардаанд, сурат мегирад.

Дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ваќти шабона аз соати 22 то соати 6 сањар њисобида мешавад. Њамаи корњоре, ки дар ин фосилаи ваќт анљом дода мешаванд, кори шабона мањсуб мегарданд. Агар на камтар аз нифси давомнокии кори (сменаи) њаррўзаи ба корманд муќарраргардида ба ваќти шабона рост ояд, он гоњ давомнокии кори забона мутаносибан бо њафтаи кор кўтоњ карда мешавад. Дар ташкилотњое, ки вобаста ба шароити кор, истењсолот, сабабњои технологї ва ѓайра (мутобиќи моддаи 80 КМ ЉТ) кўтоњ намудани ваќти кори шабона имконнопазир аст, дар асоси маслињати пешакии корфармо бо маќоми намояндагии кормандон иљрои кор дар ваќти зиёда аз меъёр бо додани ваќти иловагии истироњат бо тартиби муќарраргардида чуброн карда мешавад. Дар ќисми 4 моддаи тафсиршаванда сухан аз боби ба кори шабона љалб намудани маъюбон, занон ва шахсони аз њаждањсола хурд меравад. Кормандони маъюбро ба кори шабона танњо бо ризояти худашон ва ба шарте љалб кардан мумкин аст, ки агар иљрои чунин корњо бо нишондоди тиббї манъ нашуда бошад (нигаред ба моддаи 152 КМ ЉТ ва тафсири он). Занонро ба кори шабона љалб кардан манъ аст, ба истиснои он соњањои хољагии халќ, ки дар он мењнати занон раво ва зарур дониста шудааст. Корњое, ки истифодаи мењнати занон дар онњо иљозат дода намешавад аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад (ниг, ба моддаи 161 КМ ЉТ ва тафсири он). Ба кори шабона кормандони аз 18 сола хурдро низ љалб намудан, манъ аст (ниг., ба моддаи 181 КМ ЉТ ва тафсири он).

Изофакорї.

Моддаи 72. Изофакорї. Изофакорї коре мебошад, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давоми ваќти кории њаррўзаи барои корманд муќарраргардида ва ё зиёда аз миќдори муќаррарии соатњои кори давраи бањисобгирї иљро мекунад. Изофакорї дар њолатњои истиснои, ки моддаи 73 ин Кодекс муќаррар намудааст, бо розигии корманд дар асос ва ба тартибе, ки корфармо бо мувофиќаи маќомоти дахлдори намояндагии кормандон муќаррар намудааст, татбиќ карда мешавад. Корфармо вазифадор аст њангоми изофакорї бехатарии мењнат ва шароити мўътадили истењсолї ва иљтимоию маиширо таъмин намояд.

Љалби кормандон ба изофакорї бо риояи мањдудиятњое, ки моддањои 152, 163, 181 ин Кодекс муќаррар иамудаанд, сурат мегирад. Дар сурати 12 соат будани давомнокии смена, инчунин дар корњое, ки шароиташон махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошад, изофакорї манъ аст.

Изофакорї набояд дар давоми ду рўз пай дар пай беш аз ин бошад:

- ду соат дар корњое, ки шароити мењнат зараровар ва ё вазнин мебошад;

- чор соат дар дигар корњо.

Барои њар корманд изофакорї дар як сол набояд аз 120 соат зиёд бошад.

Кори изофа гуфта, кореро меноманд, ки онро корманд зиёда аз давомияти барои муќарраргардидаи ваќти корї бо амри корфармо иљро менамояд. Кори изофа ифодаи худро дар он меёбад, ки корманд онро зиёда аз ваќти кории њаррўза ё микдори соатњои давраи бањисобгирї иљро мекунад. Агар иљрои кори зиёда аз меъёр бо додани ваќти иловагии истироњатї ба корманд љуброн карда шуда бошад, пас он изофакорї њисобида нашавад. Изофакорї дар асоси амри корфармо ба амал бароварда мешавад, яъне дар ин хусус корфармо фармон бароварда, дар он зарурат ва сабабњои љалб намудани гурўњњои алоњидаи кормандонро ба иљрои ин кор дарљ менамояд. Агар чунин фармон бароварда нашуда бошад, вале кори зиёда аз аз давоми ваќти кори њаррўза аз љониби корманд дар асоси амри шифоњии роњбари ташкилот иљро шуда бошад, пас чунин кор низ, изофакорї ба њисоб меравад. Ба изофакорї занони њомила ва заноне, ки тифли то сесола доранд, љалб карда намешаванд. Занонеро, ки фарзанди аз 3 то 14 сола (фарзанди маъюби то 16 сола) доранд, ба изофакорї бо розигии худашон љалб кардан мумкин аст (нигаред, ба моддаи 162 КМ ЉТ ва тафсири он). Кормандони аз 18 сола хурдро ба изофакорї љалб кардан мумкин нест (нигаред, ба моддаи 181 КМ ЉТ ва тафсири он). Маъюбонро ба изофакорї бо розигии худашон ва бо шарте љалб кардан мумкин аст, ки агар чунин кор бо нишондоди тиббї манъ нашуда бошад (нигаред, ба тафсири моддаи 152 КМ ЉТ). Иљрои кор дар соатњои коркарди рухсатии бемаош, иљрои кор аз тарафи шахсони дар чанд љой коркунанда (ваќти зиёда аз давомнокии ваќти кории муќарраршуда), корњое, ки аз тарафи корманд зиёда аз нишондоди ваќти дар шартномаи мењнатї буда, вале дар доираи давомнокии рўзи (басти) кори муќарраршуда иљро мешавад, изофакорї ба њисоб намераванд. Ба изофакорї дар њолатњои истисної кормандон мувофиќи талаботи моддаи 73 љалб карда мешаванд (нигар., ба моддаи 73 КМ ЉТ ва тафсири он). Моддаи 72 КМ зарурияти гирифтани розигии кормандро барои љалб намудан ба изофакорї пешбинї намудааст. Иљозат барои истифода аз изофакорї бояд аз тарафи корфармо то сар кардани иљрои он гирифта шавад. Танњо дар њолатњои фавќуллода (офатњои табиї, садама, ба кор њозир нашудани корманди ивазкунанда ва ѓ.) мумкин аст изофакорї бидуни гирифтани розигии пешакии маќомоти намояндагии кормандон татбиќ карда шавад.Маќомоти намояндагии корманд бояд мурољиати корфарморо дар хусуси ба изофакорї љалб намудани корманд дар маљлиси худ дида барояд. Маљлис њамон ваќт салоњиятнок њисобида мешавад, ки агар дар он на камтар аз нисфи шумораи аъзоёни ин маќомот иштирок намуда бошанд. Ќарор бо овоздињии аксарият ќабул карда мешавад. Аз тарафи раиси маќомоти намояндагии корфармо баррасии мурољиат дар танњої роњ дода намешавад. Њангоми њал намудани масъала оид ба љалб намудани корманд ба изофакорї маќомоти намояндагии корманд бояд чунин њолатњоро муайян намояд:

1) њолатњои њаќиќии љалб намудан ба изофакорї;

2) таалуќ доштани ин њолатњо ба њолатњои истисноии, дар моддаи 73 КМ ЉТ пешбинишуда;

3) мушаххасан муайян намудани корманди ба изофакорї љалбшаванда:

а) љой доштани розигии кормандони дар ќисмњои 5 ва 7 моддаи 72 КМ ЉТ пешбинигардида;

б) дохил набудани корманди ба кори изофа љалбшаванда ба ќатори кормандони дар моддаи 72 КМ ЉТ пешбинишуда.

Моддаи тафсиршаванда њадди нињоии соатњои кори изофаро муќаррар намудааст, ки чунинанд:

ба њар як корманд дар давоми ду рўз пай дар пай то 2 соат дар корњои шароиташон вазнин ва ё зараровар ва то 4 соат дар дигар корњо вале, на зиёда аз 120 соат дар як сол зиёд шудани изофакорї. Ѓайр аз ин, ќонунњо гурўњи кормандонеро муќаррар намудаанд, ки ба онњо изофакорї тибќи нишондоди тиббї манъ шудааст (нигар., ба моддањои 152, 162 КМ ЉТ ва тафсири онњо).

Моддаи 73. Њолатњои истисноии истифодаи изофакорї. Њолатњои истисноии истифодаи изофакорї чунинанд:

а) иљрои корњое, ки барои мудофиаи кишвар, пешгирї ва рафъи оќибатњои офатњои табиї ва хатар зарур аст;

б) иљрои корњо барои рафъи њолатњои тасодуфї ва ѓайричашмдошт, ки фаъолияти мўътадили истењсолотро халалдор месозанд;

в) зарурати ба охир расонидани корњои шурўъгардида, ки онро бинобар сабабњои техникї ѓайричашмдошт ва тасодуфан ба таъхир афтодани истењсолот дар давоми ваќти муќаррарии корї иљро кардан имкон надорад, дар сурате ки зимиан ќатъи кори шурўъгардида боиси харобии маводу таљњизот гардад;

г) иљрои корњои муваќќатї оиди таъмир ва барќарорсозии таљњизоту иншооте, ки вайронии онњо боиси ќатъ шудани кори бисъёр коркунон мегардад;

д) давом додани кор дар истењсолоти муттасил коркунанда дар сурати ба кор њозир нашудани корманди ивазкунанда, дар ин њолат корфармо вазифадор аст, ки барои бо корманди дигар иваз намудани корманди навбатчї чорањои фаврї андешад;

е) иљрои корњои боркунї ва борфарорї ва корњои ба он вобаста дар наќлиёт дар сурати зарурати холї кардани анборњои ташкилоти наќлиёт, инчунин барои бор кардан ва фаровардани борњои воситаи наќлиёт ба маќсади пешгирии ѓуншавии бор дар нуќтањои борфиристию боргирї ва бекористии воситањои наќлиёт.

Моддаи мазкур њолатњои истисноиеро номбар кардааст, ки дар сурати рух доданашон кормандро ба изофакорї љалб кардан мумкин аст. Барои ба изофакорї љалб намудани корманд, корфармо бояд розигии пешакии ўро гирад ва бо тартибе, ки бо маќоми намояндагии дахддори кормандон муќаррар гардидааст, изофакориро ба роњ монад. Дар ташкилотњои муттасил коркунанда корфармо метавонад њангоми ба кор њозир нашудани корманди ивазшаванда, ба љои ў корманди ивазкунандаро ба кори изофа дар њолати розї шуданаш ба изофакорї љалб намояд. Истифода бурдани изофакорї аз тарафи корфармо бархилофи ќонун ва ё бархилофи тартиби муќарраргардида, боиси љавобгарии шахсони мансабдор мегардад (нигар., ба моддаи 228 КМ ЉТ ва тафсири он).

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 144 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Ба расмият даровардани ќатъшавии шартномаи мењнатї.| Реља ва бањисобгирии ваќти корї. Мафњуми рељаи ваќти корї. Рўзи кори ба меъёр гирифтанашуда.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.011 сек.)