Читайте также:
|
|
Мафњум ва намудњои ваќти дамгирї. Дамгирии кўтоњмуддат.
Рухсатињои боподоши њарсола. Мафњум ва намудњои рухсатии боподоши њарсола. Тартиби пешкаш намудани рухсатињои боподоши њарсола.
Рухсатињои эъљодї ва иљтимої.
Рухсатињои бе подоши музди мењнат.
1. Мафњум ва намудњои ваќти дамгирї. Дамгирии кўтоњмуддат.
Моддаи 75. Мафњуми ваќтї дамгирї ва намудњои он. Ваќти дамгирї ваќте мебошад, ки корманд дар давоми он тибќи Ќонун аз иљрои ўњдадорињои мењнатї озод буда, онро мувофиќи хоњишаш барои ќонеъ намудани манфиатњои худ ва барќарор сохтани ќобилияти мењнатиаш истифода мебарад.
Навъњои ваќти дамгирї инњоянд:
а) танаффусњо дар давоми рўзи корї;
б) танаффусњо байни рўзњои (сменаи) корї;
в) рўзњои истироњат (истироњати њарњафтаина);
г) рўзњои ид;
д) рухсатињои мењнатии њарсолаи пардохтшаванда;
е) рухсатињои иљтимої.
Мутобиќи моддаи 37 Конститутсияи ЉТ њар шахс њуќуќ ба истироњат дорад. Ин њуќуќ бо роњи муќаррар намудани њафта ва рўзи корї, рухсатии њарсолаи пулї пардохтшаванда, рўзњои њарњафтаинаи истироњат ва шароитњои дигаре таъмин карда мешавад, ки бо ќонун муайян карда мешавад. Мафњуми ваќти дамгирї бори аввал дар ќонунгузории мењнатии Љумњурии Тољикистон инъикоси худро ёфтааст. Тибќи муќаррароти ќ. 1 моддаи тафсиршаванда, ваќти дамгирї ду љанба дорад, якум он ваќтест, ки корманд дар давомаш мувофиќи Ќонун аз иљрои ўхдадорињои мењнатй озод мешавад ва дуюм, аз ин ваќти озод корманд мувофиќи хоњиши худ истифода мебарад (барои истироњат) ва барќарор намудани нерўи корї, иљрои корњои хона, тањсил, варзиш ва ѓайра. Аз ин рў, корманд гарчї аз иљрои вазифањои мењнатї озод бошад, вале ваќти озод аз вазифањои мењнатиро бо хоњиши худ истифода бурда натавонад, чунин ваќтро ваќти дамгирї номидан мумкин нест. Масалан, барои амалї сохтани баъзе њадафњои муайяннамудаи ќонун (иљрои вазифањои давлатї ва љамъиятї, иштирок ба њайси шоњид, тарљумон, коршинос, мутахассис, машваратчии халќї дар суд, њозир шудан ба комиссариати њарбї љињати њаллу фасли масъалањои марбути баќайдгирї ва ѓайра), корманд аз иљрои ўњдадорињои мењнатї озод карда мешавад. Аммо чунин давра ба ваќти истироњат мансуб дониста намешаванд. Ќисми 2 моддаи тафсиршаванда ба намудњои мушаххаси ваќти дамгирї бахшвда шудааст, ки дар атрофи онњо сухан дар моддањои алоњидаи КМ ЉТ меравад.
Моддаи 76. Танаффус барои дамгирї ва хўрокхўрї. Дар давоми рўзи корї (смена) ба кормандон бояд барои дамгирї ва хўрокхўрї танаффус дода шавад. Давомнокии мушаххаси ин танаффусњо дар ќоидањои тартиботи дохилии мењнатї, љадвали кори сменањо ва ё шартномаи байни корманд ва корфармо муќаррар мегардад. Чун ќоида танаффус бояд камаш баъди чањор соати шурўи кор дода шавад. Ин гуна танаффусњо ба ваќти кор дохил намешаванд ва ба онњо музд дода намешавад ва давомнокии онњо набояд аз ду соат зиёд бошад.
Дар корњое, ки аз рўи шароити истењсолот додани танаффусњо барои истироњат ва хўрокхўрї имкон надорад, корфармо вазифадор аст барои истироњат ва таомхўрии корманд дар ваќти корї шароит муњайё кунад. Номгўи чунин корњо дар ќарордодњои коллективї (агар ќарордодњои коллективї баста нашуда бошад - аз тарафи корфармо бо машварати пешакї бо маќомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот муайян мегардад), љои истироњат ва таомхўрї аз тарафи корфармо муќаррар карда мешавад. Матни моддаи мазкур дар фарќият аз Кодекси ќонунњо оид ба мењнати РСС Тољикистони соли 1972 як меъёри њатмиеро муќаррар намудааст, ки тибќи он корфармо муваззаф аст, баъди камаш чањор соати шурўи рўзи (басти) корї ба кормандон бояд барои хўрокхўри танаффус дињад. Давомнокии мушаххаси танаффусњо барои дамгирї ва таомхўрї бо ќоидањои тартиботи дохилии мењнатї, љадвали кори бастњо ё шартномаи байни корманд ва корфармо муќаррар карда мешавад.Ин давра ба ваќти корї дохил нагашта, барои он музди мењнат дода намешавад ва он аз 2 соат зиёд шуда наметавонад. Масалан, мувофиќи банди 2 «Шартномаи намунавии ќабул ба хизмати давлатї», ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон № 32 аз 4 феврали соли 2002 тасдиќ гардидааст, корфармо ўњдадор аст, ки ба корманд дар давоми кори њаррўза барои истироњат ва таомхўрї як соат танаффус дињад.
Моддаи 78. Давомнокии истироњати њаррўза.
Ба кормандон бояд танаффуси байни рўзњои корї (сменањо) бо давомнокии на камтар аз 12 соат дода шавад.
Мутобиќи талаботи Конвенсияњои СБМ № 14 «Дар хусуси истироњати њарњафтаина дар ташкилотњои саноатї» аз соли 1921 ва № 106 «Дар хусуси истироњати њарњафтаина дар савдо ва муасисањо» аз соли 1957, давомнокии истироњати њарњафтаина муќаррар гардидааст, ки он бояд аз 42 соат кам набошад. Меъёри моддаи мазкур давомнокии истироњати њаррўзаро муайян намуда, танаффусњои байни рўзњои (бастњои) кориро муќаррар намудааст, ки аз 12 соат камтар буда наметавонад. Дар ташкилотњое, ки аз рўи њафтаи кории 5 рўза кор мекунанд, чунин давомнокии истироњати њаррўза то 14 - 15 соатро ташкил мекунад, ки ин ба меъёри Конвенсияи дар боло зикргардида мутобиќат дорад. Истироњат байни рўзњои (бастњои) корї аз лањзаи ба охир расидани рўзи (басти) корї сар шуда, бо оѓози дигар рўзи (басти) корї анљом меёбад. Моддаи 79. Рўзњои истироњат. Ба њамаи кормандон рўзњои истироњат (истироњати бефосилаи њарњафтаина) дода мешавад. Дар њафтаи панљрўзаи кор ба кормандон дар њафта ду рўзи истироњат ва дар њафти шашрўзаи корї - як рўзи истироњат дода мешавад. Рўзи истироњати умумї - якшанбе мебошад. Рўзи истироњати дуюм, дар њафтаи панљрўзаи корї, тибќи љадвали кори ташкилот муќаррар карда мешавад. Њар ду рўзи истироњат, чун ќоида паи њам дода мешаванд
Моддаи тафсиршаванда масъалањои зеринро њал менамояд:
1) додани рўзњои истироњат вобаста ба намуди њафтаи корї;
2) рўзи истироњати умумї.
Ќисми дуюми моддаи мазкур рўзи истироњати умумиро муќаррар намудааст, ки он ба рўзи- якшанберо мувофиќ меояд.
Њангоми њафтаи панљрўзаи кор, рўзи дуюми истироњат метавонад рўзи пеш аз якшанбе (шанбе) ва ё баъди он (душанбе) бошад. Чун ќоида њангоми њафтаи кории панљрўза рўзњои истироњат паи њам дода мешаванд. Муайян намудани рўзи истироњати дуюм дар асоси љадвали кори ташкилот муќаррар карда мешавад.
Моддаи 80. Рўзњои истироњат дар ташкилотњои муттасил амалкунанда ва ташкилотњое, ки кор дар рўзњои истироњати умумї низ ќатъ намегардад. Дар ташкилотњое, ки вобаста ба шароити истењсолию техникї ё бо сабаби зарурати таъминоти бефосилаи ањолї ќатъи кор дар онњо имкон надорад, инчунин дар дигар ташкилотњои муттасил коркунанда рўзњои истироњат дар рўзњои гуногуни њафта ба њар гурўњ кормандон мувофиќи љадвали сменањо, ки корфармо бо машварати пешакии маќомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот муќаррар кардааст, дода мешаванд.
Дар ташкилотњое, ки фаъолият дар рўзњои истироњати умумї низ вобаста ба зарурати таъминоти ањолї (театр, музей, магазин, ташкилотњои хизматрасонии маишии ањолї) ќатъ намегардад, рўзњои истироњат бо мувофиќаи маќомоти њокимияти иљроияи мањаллї (њукуматњо), муќаррар карда мешаванд. Дар ташкилотњое, ки вобаста ба шароити истењсолию техникї ё бо сабаби зарурати таъминоти бефосилаи ањолї ќатъи кор дар онњо имкон надорад ва ё дар дигар ташкилотњои муттасил коркунанда бо машварати пешакии маќомоти мамояндагии кормандон дар асоси љадвали бастњои корї рўзњои истироњат дар рўзњои гуногунї њафта дода мешаванд. Муќаррар намудани ин меъёр дар моддаи 80 КМ ЉТ аз он шањодат медињад, ки љамъият ба кори ин ташкилотњо дар рўзњои истироњат низ, эњтиёљоти зиёде дорад. Феълан, ки маѓозањо, ташкилотњои њизматрасонии маишии ањолї ва ѓайрањо асосан дар пояи молиќияти хусусї ќарор доранд ваќти корию истироњати онњоро соњибмулк дар мувофиќа бо маќомоти дахлдори иљроияи мањаллии њокимияти давлатї муайян менамоянд. Ќисми дуюми моддаи 80 КМ ЉТ бевосита ин ташкилотњоро ўњдадор намудааст, ки рўзњои истироњати кормандонашонро дар мувофиќа бо маќомоти дахлдори мањаллии њокимияти давлатї муќаррар намоянд.
Моддаи 81. Манъи кор дар рўзњои истироњат. Мавридњои истисноии љалби кормандон ба кор дар рўзњои истироњат
Дар рўзњои истироњат кор кардан манъ аст.
Дар рўзњои истироњат ба кор љалб намудани кормандон бо мувофиќаи маќомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот дар њолатњои истисноии зайл иљозат дода мешавад:
- барои пешгирї ва рафъи офатњои табиї, садамањои истењсолот ё фавран бартараф намудани оќибатњои онњо;
- барои пешгирии њодисањои фољиавї, њалокат ва нобудшавии амвол;
- барои иљрои корњои таъхирнопазири ќаблан пешбини-нагардида, ки аз таъљилан иљро намудани онњо умуман кори мўътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшњои алоњидаи он вобаста мебошад;
- дар дигар њолатњое, ки ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї пешбинї намудаанд.
Дар рўзњои истироњат ба кор љалб намудани кормандон бо амри хаттии корфармо бо риояи мањдудиятњои муайяннамудаи моддањои 152,162,181 ин Кодекс ба амал бароварда мешавад.
Ќисми якуми моддаи мазкур дар рўзњои истироњат кор карданро манъ намудааст (ниг. ба тафсири моддањои 79 ва 80 КМ ЉТ). Ќисми дуюми ин модда њолатњои истисноии дар рўзњои истроњат ба кор љалб намудани кормандон ва тартиби љалби онњоро муќаррар намудааст. Ин ќисм аз чор банд иборат буда, дар се банди аввали он њолатњои мушаххаси љалбкунии корманд ба кор дар рўзњои истироњат муайян шудаанд. Банди охирини ќисми дуюми моддаи мазкур бошад, ба кор дар рўзњои истироњат љалб намудани кормандонро ба њолатњое, вобаста кардааст, ки дар ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї муќаррар шудаанд. Ба корманде, ки дар сафари хизматї мебошад, рељаи ваќти кории он ташкилоте пањн мегардад, ки корманд ба он љо ба сафари хизматї фиристода шудааст. Аз ин рў, бояд корманд аз рўзњои истироњатї дар љои сафари хизматї истифода барад, чунки баъди баргаштан аз сафари хизматї рўзњои истироњати дар сафари хизматї истирофаданашуда ба дигар рўзњои истироњат иваз карда намешаванд. Агар корманд ба сафари хизматї дар рўзи истироњати ба ў муќарраргардида фиристода шуда бошад, пас ба ў баъди аз сафари хизматї баргаштан ин рўзи истироњат дода мешавад. Ќисми сеюми моддаи тафсиршеванда ба кор љалб намудани кормандонро дар сурати љой доштани амри њаттии корфармо имконпазир дониста, ба кор љалднамудани баъзе гурўњи кормандонро махдуд намудааст, масалан, маъюбон, заноне, ки фарзанди аз 3 то 14 сола (фарзандони маъюби то 16 сола) доранд, кормандони аз њаждањсола хурд. Љалб намудани маъюбон ва занони фарзанди аз 3 то 14 сола (фарзанди маъюби то 16 сола) дошта ба изофакорї ё ба кор дар рўзи истироњат танњо бо розигии худи онњо сурат мегирад. Барои дар рўзњои истироњат ба кор љалб намудани маъюбон дар баробари розигии онњо боз як талабот ба инобат гирифта мешавад, яъне иљрои кор барояшон бо нишондодњои тиббї манъ карда нашуда бошад. Љалб намудани занони њомила, занони тифли то се сола дошта ва кормандони аз њаждањсола хурд ба кор дар рўзњои истироњат ё изофакорї манъ аст. Ќисми сеюми ин модда љалб намудани кормандонро дар рўзњои истироњат дар асоси амри њаттии корфармо пешбини намудааст. Дар амри њаттии корфармо бояд њолатњои (асосњои) ба кор љалб намудани корманд дар рўзњои истироњат, таърихи рўз, ному насаби кормандони дар ин рўз ба кор љалбшаванда (барои минбаъд љуброн намудани кор дар рўзи истироњат), розигии маќомоти намояндагии кормандон ва розигии хаттии шахси номбаршуда нишон дода шавад.
Моддаи 82. Љуброни кори рўзњои истироњат. Кори рўзњои истироњат мувофиќи хоњиши корманд бо додани рўзи дигари истироњат ва ё дар шакли пулї ба андозаи муќаррарнамудаи моддаи 105 ин Кодекс љуброн мегардад.
Дар ин модда сухан дар хусуси аз љониби корманд интихоб намудани шаклњои љуброни кор дар рўзњои истироњат меравад. Корманд метавонад бар ивази кор дар рўзи истироњат аз дигар рўзи мураххасї истифода намояд, ё барои кор дар рўзи истироњат ба андозаи дукаратаи маош љубронпулї гирад, ба шарте, ки дар шартномаи коллективї ва агар он баста нашуда бошад, бо маслињати пешакии корфармо ва маќомоти дахлдори намояндагии кормандон дигар андозаи љубронпулї муќаррар нашуда бошад.
Моддаи 83. Рўзњои ид
Ташкилотњо дар рўзњои идњои зерин кор намекунанд:
1 январ - Соли нав;
8 март - Рўзи байналхалќии занон;
21-24 март - љашни Наврўз;
1 май - Рўзи њамрайъии байналхалќии мењнаткашон;
9 май - Рўзи ѓалабаи халќњо дар Ч,анги Бузурги Ватанї;
27 июн- Рўзи Вањдати миллї;
9 сентябр -Рўзи истиќлолияти давлатии Чумњурии Тољикистон;
6 ноябрь - Рўзи Конститутсияи Чумњурии Тољикистон;
Иди Рамазон - як рўз њар сол, рўзе, ки рост меояд;
Иди Ќурбон - як рўз њар сол, рўзе, ки рост меояд;
Дар рўзњои ид корњое иљозат дода мешаванд, ки боздоштани онњо бинобар шароити истењсолию техникї (ташкилотњои муттасил амалкунанда) номумкин аст, корњое, ки барои хизматрасонии ањоли зарур мебошанд, инчунин корњои таъхирнопазири таъмир, борфурорї ва боркунї.
Кор дар рўзњои ид тибќи муќаррароти моддаи 105 ин Кодекс љуброн карда мешавад.
Агар рўзи истироњат ба рўзи ид рост ояд, рўзи истироњат ба рўзи аввали кори баъди рўзи ид гузаронида мешавад.
Рўзњои хотиравии зайл бидуни истироњат ид карда мешаванд:
22 июл - Рўзи забони тољикї;
- иди Мењргон;
- иди Сада.
Рўзњои ид гуфта, рўзњои тибќи ќонун муќарраршударо меноманд, ки ба рўйдодњои барљаста ва санањои хотиравию анъанавї бахшида шудаанд. Рўзњои ба рўйдодњои барљаста бахшидашуда тибќи ќ. 1 моддаи тафсиршаванда рўзњои иди ѓайрикорї мебошанд. Кор дар рўзњои ид тибќи муќаррароти моддаи 105 КМ ЉТ љуброн карда мешавад (ниг., ба моддаи мазкур ва тафсири он). Њангоми рост омадани рўзи истироњат ба рўзи иди ѓайрикорї, рўзи истироњат ба рўзи аввали кории баъди рўзи ид гузаронида мешавад (ниг., ба моддаи 69 КМ ЉТ ва тафсири он). Рўзњои ба санањои хотиравию анъанавй бахшида шуда, њамчун рўзњои ид бидуни истироњат љашн гирифта мешаванд.
Дамгирии кўтоњмуддат. Моддаи 77. Танаффусњои дохилисменавї. Танаффусњои махсус барои гармшавї ва дамгирї
Дар баъзе намуди корњо ба кормандон дар давоми ваќти корї додани танаффусњои дохилисменавї пешбинї мешавад, ки онро хусусияти технологї, ташкили истењсолот ва мењнат таќозо менамояд. Навъи ин гуна корњо, давомнокї ва тартиби додани чунин танаффусњо дар ќарордодњои коллективї тасдиќ карда мешавад (агар ќарордодњои коллективї баста нашуда бошанд - бо мувофиќаи маќомоти дахлдори намояндагии коркунони ташкилот, аз тарафи корфармо муќаррар карда мешавад).
Барои кормандоне, ки дар фаслњои сард ва ё гарми сол, дар њавои кушод ва ё биноњои пўшидаи гарм нашаванда кор мекунанд, борбардороне, ки ба корњои борфарорї ва боркунї машѓуланд, инчунин ба дигар гурўњи коркунон мувофиќи шароит ва тартибе, ки ќонунњо ва дигар санади меъёрию њуќуќї ва шартномањо оид ба мењнат, пешбинї намудаанд, барои истироњат, гармшавї, салќиншавї, хушк кардани сару либос, варзиши истењсолї ва маконидани тифл (моддаи 166 ин Кодекс) танаффусњои махсус барои истироњат дода мешаванд. Чунин танаффусњо ба њисоби ваќти кор дохил гардида, музди онњо пардохта мешавад. Корфармо вазифадор аст биноњоеро, ки љињати гармшавї ё салќиншавї, инчунин истироњати кормандон пешбинї гардидаанд, таъмин намояд. Ба ѓайр аз танаффус барои дамгирї ва таомхўрї, ќонун танаффусњои таъиноти махсусдоштаро пешбинї намудааст.
Истироњат дар байни ду рўзи (басти) корї аз лањзаи ба охир расидани кор (баст) сар шуда то лањзаи сар шудани дигар рўзи корї (басти) давом мекунад.
Ба танаффусњои махсус дар давоми ваќти корї инњо дохил мешаванд:
а) танаффусњое, ки вобаста ба хусусияти технологї, ташкили истењсолот ва мењнат дода мешаванд;
б) барои кормандоне, ки дар фаслњои сард ва ё гарми сол, дар њавои кушод ва ё биноњои пўшидаи гармнашаванда кор мекунанд;
в) ба кормандони ба корњои борфарорї ва боркунї машѓул буда;
г) инчунин ба дигар гурўњи коркунон мувофиќи шароит ва тартибе, ки ќонунњо ва дигар санади меъёрию њуќуќї ва шартномањо оид ба мењнат пешбинї намудаанд.
Дар тафовут аз танаффусњои барои дамгирї ва таомхўрї додашаванда, танаффусњои дар ќ. 2 моддаи тафсиршаванда муќарраршуда, ба њисоби ваќти корї дохил буда, барояшон њаќ дода мешавад.
Мўњлаташ 5-10 даќиќа аст.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 81 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Таќсимоти рўзи корї ба ќисматњо. Бањисобгирии ваќти корї. | | | Рухсатињои боподоши њарсола. Мафњум ва намудњои рухсатии боподоши њарсола. Тартиби пешкаш намудани рухсатињои боподоши њарсола. |