Читайте также:
|
|
Таѓийирёби шартномаи мењнатї ин таѓийт ёфтани шартњои шартномаи мењнатї мебошад. Дар шартномаи мењнатї шартњои њатмї ин музди мењнат, љойи кор, функсияи мењнатї (касб, тахассус, квалификатсия, мансаб) мебошад. Дар мавриде, ки яке аз ин шартњо таѓийр ёфт шартномаи мењнатї низ таѓийр меёбад. Дар КМ ЉТ асосан чунин њолатњо ба њайси њолатњои таѓийрёбандаи шартномаи мењнатї пешбини шудаанд.
Моддаи 35. Гузаронидан ба кори дигари доимї. Ба дигар кори доимї гузаронидан (таѓйир ёфтани вазифаи мењнатии корманд), супоридани кор аз рўи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танњо бо розигии корманд мумкин аст. Супоридани коре, ки њангоми иљрои он шароити мењнати дар созишномаи тарафњо муайяншуда хеле таѓйир меёбад ва бо сабабњои асоснокгардидаи истењсолї, ташкилї, технологї ва иќтисодї алоќаманд намебошанд, низ ба дигар кор гузаронидан њисоб мешавад ва розигии кормандро талаб мекунад. Розигии корманд барои дар худи њамон ташкилот ба дигар кор гузаронидан, ба дигар ташкилот гузаронидан ва ё ба мањалли дигар, њатто якљоя бо ташкилот гузаронидан њам, бояд ба таври хаттї гирифта шавад. Дар худи њамон ташкилот ба љои дигари кор гузаронидан, ба бахши таркибии њамон мањал гузаронидан, дар доираи тахассус, дараљаи ихтисос ё вазифа дар дигар дастгоњ ё таљњизот кор супоридан, ки аз шарти шартномаи (ќарордоди) мењнатї бармеояд ва дар айни замон шароити мењнат моњиятан таѓйир намеёбад, ба кори дигар гузаронидан њисоб карда ва розигии корманд гирифта намешавад. Корфармо њуќуќ надорад кормандро ба коре, ки хилофи вазъи саломатиаш аст, гузаронад. Агар давом додани кор аз рўи вазифаи мењнатї, ки дар шартномаи (ќарордоди) мењнатї муќаррар гардидааст, бо сабабњои объективї, ки Ќонун пешбинї намудааст, имконнопазир бошад, корфармо вазифадор аст ба корманд кори дигареро, ки дар ташкилот мављуд аст, пешнињод намояд. Њангоми аз тарафи корманд рад гардидани пешнињоди гузариш ба кори дигар амали шартномаи (ќарордоди) мењнатї метавонад дар асосњои умумї ќатъ гардад. Пойдорї ва устувории муносибатњои мењнатї яке аз рукнњои муњими њифзи њуќуќ ва манфиатњои мењнатии кормандон мањсуб мешавад. Корфармо њуќуќи аз коркун талаб намудани иљрои кори дар шартномаи мењнатї ќайду шарт нашударо надорад. Аммо њаёт ва истењсолот чунин шароитњоеро ба бор меоранд, ки зарурати ба кори дигар гузаронидани кормандро ба миён меоранд. Мутаассифона, дар ќонунгузории мењнатї таърифи мафњуми ба дигар кор гузаронидан (табдили кор) дода нашудааст.
Табдили кор гуфта, чунин вазъу њолатеро меноманд, ки дар натиљаи он функсияи мењнатї (касб, тахассус, квалификатсия, мансаб) ва (ё) љои кори корманд таѓйир меёбанд. Таѓйир ёфтани шароитњои муњими мењнатии дар шартномаи (ќарордоди) мењнатї шарткардашуда низ (ѓайр аз мавридњои дар моддаи 36 КМ ЉТ пешбинишуда) њамчун табдили кор мањсуб мешавад. Санаи оѓози кор, мўњлати амали шартномаи (ќарордоди) мењнатї, низом ва њаљми музди мењнат, рељаи кор, давомнокии рухсатии мењнатї, таъвизи касбњо, таѓйири дараљаи корњо ва номи касбњо, дараљаи мустаќилият ва масъулияти корманд ва дигар шартњои дар шартномаи (ќарордоди) мењнатї ќайду дарљшуда, аз ќабили шартњои муњими он мањсуб мегарданд. Ба дигар кор гузаронидани корманд танњо дар асоси ризоияти хаттии ў имкон дорад, ѓайр аз мавридњои дар ќонун пешбинишуда (ниг., ба моддањои 37, 38, 39 КМ ЉТ ва тафсири онњо). Бояд дар назар дошт, ки агар ба дигар кор гузаронидан бе гирифтани розигии хаттии корманд ба амал бароварда шуд. Гузаронидан ба кори дигар ду намуд дорад: якум, гузаронидан ба кори дигари доимї ва дуюм, гузаронидан ба кори дигари маваќќатї. Гузаронидан ба кори дигари доимї дар навбати худ аз се намуд иборат аст: якум, гузаронидан ба дигар кор дар худи њамон ташкилот; дуюм, ба ташкилоти дигар ва сеюм ба мањалли дигар дар якљоягї бо ташкилот, ки танњо бо ризоияти хаттии корманд сурат гирифтанашон мумкин аст. Аз љониби корманд рад намудани таклиф дар хусуси гузаштан ба дигар кори доимї дар њамон ташкилот ва ташкилоти дигар, њељ гуна оќибати њуќуќиро барои корманд ба бор намеоварад. Дар сурати аз љониби корманд рад шудани таклиф дар хусуси гузаштан ба мањали дигар дар якљоягї бо ташкилот бошад, боиси бо ў ќатъ намудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї мегардад. Тибќи муќаррароти ќисми 4 моддаи тафсиршаванда љойивазкунии муќаррарї дар худи њамон ташкилот ё бавоњиди таркибии дар њамон мањал воќеъбудаи ташкилот, ба корманд супурдани кор дар дигар дастгоњ ва таљњизоти дар доираи касб, тахассус, квалификатсия ё мансаб, ки дар шартномаи (контракти) мењнатї шарт шуда буданд, табдили кор њисоб наёфта, бе ризояти корманд амалї шуданаш мумкин њаст, ба шарте ки дар ин мавридњо шароитњои муњими мењнатї таѓйир наёбанд. Вале агар шароитњои дар ин ќисми моддаи овардашудаи мењнатї њангоми бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї махсусан таъкид шуда, дар шартнома (ќарордод) шарту ќайд шуда бошанд, таѓйири минбаъдаи онњо танњо бо ризоияти корманд имкон дорад.
Моддаи 36. Таѓйир ёфтани шароити мењнат. Корфармо њуќуќ дорад шароити мењнатро таѓйир дињад, агар чунин таѓйирот дар технология ва ташкили истењсолии мењнат пешакї муќаррар шуда бошад. Дар шартномањои коллективй метавонад машварати пешакї бо маќомоти њифзкунандаи манфиати кормандони ташкилот оид ба таѓйироти шароити мењнат барои гурўњњои алоњидаи кормандон пешбинї карда шавад. Корфармо вазифадор аст кормандро оид ба таѓйирёбии ояндаи шароити мењнат на дертар аз ду моњ огоњ созад. Агар корманд дар шароити нави мењнат ба идомаи кор розї набошад, пас шартномаи (ќарордоди) мењнатї метавонад ќатъ карда шуда, ба ў барои аз кор рафтан ба андозаи на камтар аз ду маоши миёнаи моњона маблаѓ пардохта шавад. Корманд њуќуќ дорад дар бораи аз љониби корфармо таѓйир додани шароити мењнат ба суд арз кунад. Њангоми баррасии бањс корфармо вазифадор аст исбот кунад, ки нигоњ доштани шароити пештараи мењнат имконнопазир аст. Дар мавридњое, ки таѓйирот дар истењсолот, мењнат ва њаљми кор боиси ба таври оммавї аз кор озод гардидани кормандон мегардад, корфармо бо маќсади нигоњ доштани љои корї њуќуќ дорад бо розигии маќомоти намояндагии дахлдори кормандони ташкилот, бидуни риояи мўњлати огоњонї, ки ќисми 3 њамин модда пешбинї намудааст, шароити мењнати кормандонро таѓйир дињад. Бе ризояти корманд таѓйир додани шароитњои муњими мењнат мумкин нест, ба ѓайр аз мавридњои пешбининамудаи ќонунгузории мењнатї.
Тибќи ќисми 1 моддаи тафсиршаванда корфармо метавонад дар иртибот бо таѓйиротњои ташкилї ва технологии мењнат якљониба шароитњои муњими мењнатро таѓйир дињад (аммо бидуни таѓйири касб, ихтисос, квалификатсия ва мансаби корманд). Корфармо дар ин маврид вазифадор аст робитаи бевоситаи таѓйироти ташкилию технологии мењнат ва таѓйири шароитњои муњими мењнатро собит созад. Дар акси њол, аз љониби корфармо таѓйир додани шароитњои муњими мењнат, ки онњоро љонибњои шартномаи мењнати муайян намуда буданд, ѓайриќонунї дониста мешаванд. Ќисми 2 моддаи тафсиршаванда имконияти анљом додани машварати пешакии корфармо ва маќомоти намояндагии кормандони ташкилотро љињати таѓйир додани шароитњои муњими мењнати баъзе гурўњњои алоњидаи кормандон пешбинї менамояд. Чунин муќаррарот кафолати муњимест дар љодаи њифзи њуќуќу манфиатњои ќонунии кормандон њангоми таѓйири шароитњои муњими мењнат. Шарти муњиме, ки онро корфармо дар мавриди таѓйири шароитњои муњими мењнат риоя менамояд, огоњсозии хаттии кормандон мебошад, ки бояд 2 моњ ќабл аз шурўъ намудан ба таѓйири шароитњои мењнат сурат гирад. Њадаф аз муќаррар намудани чунин мўњлат он аст, то корманд имкон дошта бошад, таи ин мўњлат дар хусуси давом додан ё надодани кор дар шароитњои нав ба хулосаи муайян биёяд. Агар корманд барои идомаи кор дар шароитњои нави мењнат розї нашавад, пас шартномаи (ќарордоди) мењнатї метавонад ќатъ карда шуда, ба корманд кўмакпулии аз корравї дар њаљми на камтар аз ду маоши миёнаи моњона пардохта шавад. Ба корманд инчунин њуќуќ дода шудааст, ки дар хусуси аз љониби корманд таѓйир додани шароитњои муњими мењнат ба суд арзи норизої намояд. Дар ќисми 3 моддаи тафсиршаванда боз як кафолати њифзи њуќуќу манфиатњои кормандон дар мавриди таѓйир ёфтани шароитњои мењнат пешбинї шудааст, ки тибќи он бањри нигоњ доштани љойњои корї ва пешгирии аз кор озодкунии омавии кормандон корфармо метавонад бо розигии маќомоти намояндагии дахлдори кормандони ташкилот бидуни риояи мўњлати 2-моњаи огоњсозї, шароити мењнатии кормандонро таѓйир дињад (нигаред ба тафсири моддаи 42 КМ ЉТ). Агар давом додани кор аз рўи функсияи мењнатї, ки дар шартномаи (ќарордоди) мењнатї шарт карда шуда буд, бо сабабњои объективї номумкин гардад, корфармо вазифадор аст ба корманд дигар кори дар ташкилот мављудбударо пешнињод намояд (дар мавриди ихтисори шумора ё штати кормандон, ошкор шудани номувофиќии корманд ба вазифаи ишѓолкарда ё кори иљрокардаистода ба сабаби нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатї). Дар сурати аз кори пешнињоднамуда даст кашидани корманд шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо ў бо асосњои умумї ќатъ мегардад.
Моддаи 37. Муваќќатан ба кори дигар гузаронидан дар сурати бекористї. Дар сурати бекористї кормандон бо назардошти ихтисос ва дараљаи касбашон дар худи њамон ташкилот дар тамоми давраи бекористї ба кори дигар, бо розигии онњо ба ташкилоти дигар, вале дар њамон мањал ба мўњлати то як моњ гузаронда мешаванд, агар дар шартномаи коллективї мўњлати дигар муќаррар нашуда бошад. Њангоми гузаронидан ба кори каммузд дар натиљаи бекористї музди мењнати корманд дар њаљми на камтар аз маблаѓи миёнаи моњона (маош) дода мешавад. Бекористї гуфта, таваќќуфи ночори корро меноманд, ки њолатњои ѓайричашмдошти хусусияти истењсолї дошта (ќатъи интиќоли нерўи барќ, шикасти дастгоњ, набудани маводи хом, сўзишворї ва ѓайра) боиси он гаштаанд. Бекористї сабаби талафи ваќти корї, бесамар гаштани ќувваи корї, афзудани харољоти ѓайриистењсолї мегардад. Аз ин рў, ба кори дигар гузаронидан дар рафъи чунин оќибатњои номатлуби бекористї наќши муњимро мебозад. КМ ЉТ асосњо ва тартиби ба кори дигари муваќќатї гузаронидани кормандро дар сурати бекористї муайян намудааст. Дар ќисми 1 моддаи тафсиршаванда омадааст, ки дар сурати бекористї кормандон бо назардошти тахассус ва квалификатсияи онњо ба дигар кор дар њудуди њамон ташкилот дар тамоми давраи бекористї, бо ризоияташон бошад, ба дигар ташкилоти дар њамон мањал воќеъбуда ба мўњлати то як моњ гузаронида мешаванд. Мўњлати мушаххаси ба дигар кор гузаронидан дар сурати бекористиро шартномаи коллективї муќаррар менамояд. Бо баробари аз байн рафтани њолатњое, ки боиси бекористї гашта буданд, корманд бояд ба кори пешинааш баргардонда шавад.
Агар корманд дар сурати бекористї ба кори муздаш камтар гузаронида шавад, он гоњ музди корманд дар њаљми на камтар аз маблаѓи миёнаи моњона дода мешавад.
Моддаи 38. Муваќќатан боздоштани истењсолот. Агар ташкилот душворињои дорои хусусиятњои истењсолї, иќтисодї, технологї ё ташкилиро њис намояд, дар ин њолат корфармо метавонад бо розигии маќомоти намояндагии дахлдори кормандони ташкилот кори воњидњои (сехњо, участкањо, бригадањои) алоњидаро бидуни гузаронидани чорањои ихтисори шумора ё штати кормандон муваќќатан боз дорад. Муваќќатан боздоштани ташкилот чун бекористии бидуни гуноњи корманд њисобида мешавад ва дар сурати имконнопазир будани гузаронидани кормандон ба кори дигар дар њаљми маблаѓи моњона (маош) њаќ дода мешавад. Муваќќатан боздоштани кор бидуни додани њаќќи бекористї манъ карда мешавад, агар корфармо барои ба кори дигар гузаронидани кормандон имконият надошта бошад. Дар мавридњои ба мушкилоти истењсолї, иќтисодї, технологї ва ташкилї мувољењ гаштани ташкилот корфармо метавонад бо ризоияти маќомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот кори баъзе воњидњои алоњидаи ташкилотро (сех, бригада, участка) муваќќатан боздорад. Муваќќатан боздоштани воњидњои алоњидаи ташкилот њамчун бекористї бидуни айби корманд мањсуб мешавад. Њангоми рух додани бекористї бинобар муваќќатан боздоштани истењсолот, ба рухсати бемаоши тўлонї фиристонидани кормандон ё аз кор озод намудани онњо бо сабаби ихтисори шумора ё штати кормандон манъ аст. Кормандон бояд муваќќатан ба дигар кор гузаронида шаванд. Агар корфармо имконияти ба дигар кор гузаронидани кормандро надошта бошад, пас њуќуќ надорад бе њаќдињї барои бекористї корро муваќќатан хобонад, балки ўњдадораст музди мењнати кормандро дар њаљми маблаѓи моњона пардозад.
Моддаи 39. Мањдуд кардани гузаронидан ба корњои ѓайритахассусї. Дар ваќти бекористї ва њолатњои муваќќатан иваз иамудани корманди њозирнабуда кормандони ихтисоснокро бидуни розигии онњо ба корњои ѓайритахассусї гузаронидан мумкин нест.
Муваќќатан ба кори дигар гузаронидан дар мавриди бекористї ва мувакќатан иваз намудани корманди ба сабабњои узнок дар љои кор њозирнабуда бояд бо дарназардошти манфиатњои мутаќобили корфармо ва корманд сурат гирад. Дар назар доштани манфиатњои мутаќобил ифодаи худро дар он меёбад, ки муваќќатан ба кори дигар гузаронидан дар мавриди бекористї ва ивази корманди дар кор њозирнабуда, бидуни ризоият, вале бо назардошти ихтисос ва дараљаи касбии корманд анљом дода мешавад (ќисми 1 моддаи 37 КМ ЉТ). Дар айни замон муќаррароти ќисми 1 моддаи 37 КМ ЉТ нисбати баназаргирии ихтисосу дараљаи касбии корманд мутлаќо омирона набуда, балки хусусияти шартї дорад. Далели њаќќонияти чунин ибрози назарро аз моддаи 39 КМ ЉТ дарёфт бояд кард, ки тибќи он ба корњои ѓайритахассусї гузаронидан дар мавриди бекористї ва иваз намудани корманди дар кор њозирнабуда, бидуни ризоияти корманд мумкин нест. Аз мазмуни моддаи мазкур дарк кардан мумкин аст, ки он имконияти бо ризоияти корманд ба кори ѓайритахассусї гузаронидани ўро дар мавриди бекористї ва иваз намудани корманди дар кор њозирнабуда истисно намесозад.
Моддаи 40. Муваќќатан ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истењсолї ва бекористї. Бинобар зарурати истењсолї ва бекористї кормандро бидуии розигии ў ба мўњлати то як моњ ба кори дигар муваќќатан гузаронидан мумкин аст. Дар айни замон кормандро ба коре, ки хилофи вазъи саломатии ў мебошад, гузаронидан мумкин нест. Дар давраи муваќќатан гузаронидан ба корманд аз рўи кори иљрокардааш, вале на камтар аз музди миёнаи пештара њаќ дода мешавад. Дар њолатњои зарурати истењсолї мўњлатњои нињоии гузаронидан ба кори дигар, инчунин њаљми мушаххаси музди мењнат дар шартномаи коллективї муќаррар карда мешавад, агар шартнома баста нашуда бошад, онро корфармо баъди машварат бо маќоми намояндагии кормандон муайян менамояд.
Ќонунгузорї ду њолатро њамчун зарурати истењсолї мењисобад:
1) љой доштани њолатњои фавќулодда ва ѓайричашмдошт, ки ба љараёни мўътадили истењсолот таъсир мерасонанд (офати табиї, садамаи истењсолї, њодисаи нохуш, талаф ва вайрон гаштани амвол ва ѓайра);
2) иљрои корро манфиатњои танњо њамин ташкилот таќозо намояд.
Иваз намудани корманди бо сабабњои узрнок дар љои кор набуда низ њамчун зарурати истењсолї мањсуб мегардад. Ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истењсолї, аз љумла бинобар иваз намудани корманди муваќќатан дар кор њозирнабуда тавассути фармон ё амри роњбари ташкилот дар сурате ба расмият дароварда мешавад, ки агар ин ду њолат љой дошта бошанд. Гузаронидан ба кори дигар бинобар зарурати истењсолї ба мўњлати то як моњ иљозат дода шуда, ба корманди бинобар зарурати истењсолї муваќќатан ба кори дигар гузаронидашуда аз рўи кори иљрокарда, вале на камтар аз музди миёнаи пештара њаќ дода мешавад. Мўњлати нињоии табдили кор ба сабаби зарурати истењсолї, инчунин њаљми мушаххаси музди мењнати корманд дар шартномаи коллективї муќаррар карда мешавад. Дар сурати дар ташкилот баста нашудани шартномаи коллективї, чунин мўњлатро корфармо баъди машварат бо маќомоти намояндагии кормандон муайян менамояд. Кормандро њангоми ба вуљуд омадани зарурати истењсолї ба чунин коре, ки ба саломатии ў зараровар аст, гузаронидан мумкин нест.
Моддаи 41. Муваќќатан ба кори дигар гузаронидан бо ташаббуси корманд. Хоњиши корманд дар бораи гузаронидан ба кори дигар бояд аз љониби корфармо ќонеъ гардонда шавад, агар ин хоњиш сабабњои узрнок дошта, чунин кор дар ташкилот мављуд бошад. Номгўи сабабњои узрнокро барои муваќќатан ба кори дигар гузаронидан, инчунин тартиби пардохти музди мењнатро њангоми гузаронидан њамин Кодекс, шартномаи коллективї, агар он баста нашуда бошад, корфармо баъди машварат бо маќоми намояндагии кормандон ва розигии тарафњо муайян менамояд. Муваќќатан ба кори дигар гузаронидан на танњо бо ташаббуси корфармо, инчунин бо ташаббуси корманд низ ба амал бароварда мешавад. Ќисми 1 моддаи тафсиршаванда имконият ва зарурати бо ташаббуси корманд муваќкатан ба кори дигар гузарониданро бо љой доштани сабабњои узрнок ва дар ташкилот мављуд будани кори мувофиќ вобаста месозад. Номгўи сабабњои узрноки барои муваќќатан ба кори дигар гузаронидан зарурї ва тартиби пардохти музди мењнат њангоми гузаронидан ба кори дигар, на бо моддаи мазкур, балки бо дигар моддањои дахлдори Кодекси мењнати ЉТ, шартномаи коллективї ва агар чунин шартнома баста нашуда бошад, бо созиши корфармо ва корманд муайян карда мешаванд. Сабабњои узрноки барои бо ташаббуси корманд муваќќатан ба кори дигар гузаронидан зарурї, аз љумла дар ќисми 1 моддаи 151 ва моддаи 163 КМ ЉТ муайян шудаанд (нигаред ба моддањои мазкур ва тафсири онњо).
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 62 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Намудњои алоњидаи шартномаи мењнатї. | | | Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд. |