Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Онибњо ва тартиби умумии бастани шартномаи мењнатї.

Муносибати њуќуќии мењнатї ва хусусиятњои он | Корманд шахсе мебошад, ки дар муносибатњои мењнатї бо корфармо дар асоси шартномаи (ќарордоди) мењнатии басташуда ќарор дорад. | Мазмуни муносибати њуќуќии мењнатї | Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї | Муносибатњои њуќуќии иљтимої-шарикї1. | Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд | Корфармоён дар бахши шарикии иљтимої | Маќомоти шарикии иљтимої | Шартномањои коллективї ва созишномањо | Накардани онњо |


Читайте также:
  1. Ањдномаи никоњ: мазмун, шакл ва тартиби бастани он
  2. Атъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда.
  3. Ба расмият даровардани ќатъшавии шартномаи мењнатї.
  4. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд.
  5. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо.
  6. Корманд шахсе мебошад, ки дар муносибатњои мењнатї бо корфармо дар асоси шартномаи (ќарордоди) мењнатии басташуда ќарор дорад.
  7. Мазмуни шартномаи мењнатї.

Тарафњои шартномаи мењнатї корманд ва корфармо мебошанд. Тибќи моддаи 27 КМ ЉТ Шањрванде, ки ба синни 15 расидааст, метавонад чун корманд, тарафи шартномаи (ќарордоди) мењнатї бошад. Хонандагоне, ки ба синни чордањсолагї расидаанд, метавонанд тибќи њолат ва тартиби муќаррарнамудаи Кодекси мазкур (моддаи 174, ќисми дуюм) шартномањои (ќарордодњо) мењнатї банданд.

Инњо метавонанд чун корфармо, тарафи шартномаи (ќарордоди) мењнатї бошанд:

1) маќомоти дахлдори њокимияти давлатї, ташкилот, ки тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонун ба сифати шахси њуќуќї ба ќайд гирифта шудаанд, инчунин намояндагї ва филиалњои он;

2) шахси воќеї, ки тибќи тартиби муќаррарнамудаи Ќонун ба сифати соњибкори фардї ва ё ба сифати истифодабарандаи мењнати ашхоси дигар барои эњтиёљи хољагии истеъмолии худ ба ќайд гирифта шудааст.

Ба њайси тарафњои шартномаи (ќарордоди) мењнатї корманд ва корфармо баромад мекунанд. Зимнан њамчун корманд танњо шахсони воќеї баромад менамоянд.

Ќисми якуми моддаи мазкур ба шахсони воќеї бахшида шудааст, ки њуќуќи бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатиро доро мебошанд.

Тибќи муќаррароти ин модда њуќуќи бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатиро он шахсоне доро мебошанд, ки ба синни 15 расида бошанд.

Њамзамон бо назардошти њадафњо ва бо риояи шарту талаботњои дар Кодекси мазкур пешбинишуда бо шахсоне ба синни 14 расида бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї низ иљозат дода шудааст (нигаред ба моддаи 174 КМ ЉТ ва тафсири он).

Љониби дигари шартномаи (ќарордоди) мењнатї корфармо буда, ба сифати он маќомоти дахлдори њокимияти давлатї ва ташкилоти ба њайси шахси њуќуќї ба ќайд гирифташуда, њамчунин шахсони воќеї баромад менамоянд.

Тамоми ташкилотњои ба сифати шахси њуќуќї дар маќомоти дахлдори адлия ба ќайд гирифташуда, ба ду намуд чудо мешаванд. Ба намуди аввал ташкилотњои тиљоратї, яъне ширкату љамъиятњои хољагидорї (ширкати комил, ширкати ба боварї асосёфта, љамъияти дорои масъулияти мањдуд, љамъияти дорои масъулияти иловагї, љамъияти сањомї), кооперативњои истењсолї, корхонањои воњид ва давлатї шомиланд, ки ба даст овардани фоида њадафи асосии фаъолияташон мебошанд.

Намуди дуюми ташкилотњо, ташкилотњои ѓайритиљоратие мебошанд, ки ба даст овардани фоида њадафи асосии фаъолияташонро ташкил намедињад (муассисањои аз њисоби молик маблаѓгузоришаванда, кооперативњои матлуботї, ташкилотњои љамъиятї ё динї, бунёдњои хайрия ва ѓайра).

Ќобилияти соњибњуќуќии мењнатии ташкилотњои тиљоратї ва ѓайритиљоратї аз лањзаи таъсис, яъне аз лањзаи ба ќайди давлатї гирифта шуданашон ба вуљуд меояд (ќисми дуюми моддаи 51 КГ ЉТ).

Дар ќисми дуюми моддаи тафсиршаванда дар баробари шахсони њуќуќї филиалњо ва намояндагињои онњо низ ба сифати корфармо эътироф шудаанд. Дар айни замон бояд зикр намуд, ки филиал ва намояндагињо воњиди махсуси шахси њуќуќї буда, худ шахси њуќуќї нестанд. Онњо дар асоси Низомномаи аз љониби шахси њуќуќї тасдиќнамуда ва роњбаронашон бошанд, дар асоси ваколатномаи аз љониби шахси њуќуќї додашуда амал мекунанд (моддаи 56 КГ ЉТ). Пас, филиал ва намояндагињоро танњо дар сурате тарафи шартномаи мењнатї эътироф намудан мумкин аст, ки агар ба роњбарони онњо тибќи њуљљатњои таъсисї ва (ё) ваколатнома њуќуќи ба кор ќабул кардан ва аз кор озод намудани кормандон дода шуда бошад.

Дар ќисми дуюми моддаи мазкур шахсони воќеии бо тартиби муќаррарнамудаи ќонун ба сифати соњибкори фардї ба ќайдгирифташуда, инчунин он шахсоне, ки дар хољагии шахсии матлуботии худ аз мењнати дигарон истифода мебаранд, ба сифати корфармо эътироф шудаанд.

Ќобилияти субъектњуќуќии ташкилот њамчун субъекти муносибати мењнатї, аниќтараш њамчун корфармо аз лањзаи ба сифати шахси њуќуќї ба ќайди давлатї гирифтани он, ќобилияти субъектњуќуќии шахси воќеї њамчун корфармо аз лањзаи ба сифати соњибкори фардї ба ќайд гирифтан ў ба вуљуд меояд.

Бояд таъкид намуд, ки на њамаи соњибкорони фардї дорои ќобилияти субъектњуќуќии мењнатї буда, ба њайси субъекти муносибати њуќуќии мењнатї мањсуб мешаванд. Масалан, тибќи моддаи 3 «Тартиби додани патент ва Шањодатномаи соњибкори фардї ба шахсони воќеї, ки фаъолияти соњибкориро бидуни таъсиси шахси њуќуќї ба амал мебароранд» (Бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 марти соли 2004 №140 тасдиќ шудааст), ба соњибкорони фардии дар асоси патент ба фаъолияти соњибкорї машѓул буда, њуќуќи истифода намудан аз мењнати кирояи дигар шахс дода нашудааст.

Ќобилияти субъектњуќуќии мењнатии шахсони истифодабарандаи мењнати ашхоси дигар барои эњтиёљоти хољагии истеъмолї бошад, аз синни 18 солагї ба вуљуд меояд.

Тартиби бастани шартномаи мењнатї дар моддаи 32 КМ ЉТ оварда шудааст. Шартномаи мењнатї метавонад хаттї ва ё шифоњї баста шавад, ќарордод бошад танњо ба шакли хаттї баста мешавад. Шартномаи (ќарордоди) мењнатии дар шакли хаттї басташуда дар ду нусха тартиб дода шуда, ба он тарафњо имзо мегузоранд. Як нусхаи шартномаи (ќарордоди) мењнатї ба корманд дода мешавад, нусхаи дигарро корфармо мањфуз медорад.

Њангоми ба кор дохил шудан њуљљатњои зерин пешнињод карда мешаванд:

1) дафтарчаи мењнатї (ба ѓайр аз њолатњои бори аввал ба кор дохил гардидан);

2) шиноснома (шањодатномаи таваллуд барои шахсоне, ки ба синни шонздањсолагї нарасидаанд);

3) њуљљатњо дар бораи маълумот дар њолатњои пешбининамудаи санади меъёрї;

4) барои ўњдадорони њарбї - билети њарбї ё шањодатномаи баќайдгирї.

Корфармо њуќуќ надорад, агар дар Ќонун тартиби дигаре пешбинї нашуда бошад, аз шахси ба кор ќабулшаваида дигар санадро талаб кунад.

Ба кор ќабул намудан бо фармони (амри) роњбари ташкилот ё шахси ваколатдори ў ба расмият дароварда мешавад.

Фармон (амр) ба корманд бо гузоштани имзо эълон карда мешавад.

Амали шартномаи (ќарордоди) мењнатї аз рўзи оѓози воќеии кор сар мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинї нашуда бошад.

Амали шартномаи (ќарордоди) мењнатї, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинї нашуда бошад, аз рўзи огози воќеии кор шурўъ мегардад. Корманд дар сурати мављуд набудани шартномаи (ќарордоди) хаттии мењнатї бо огоњии корфармо амалан ба кор шурўъ карда бошад, пас шартномаи (ќарордоди) мењнатї аз рўзи оѓози кор ба имзорасида њисоб шуда, бояд дар давоми се рўзи оѓози кор ба расмият дароварда шавад.

Ќисми 1 моддаи тафсиршаванда шакли хаттї ва шифоњии бастани шартномаи мењнатиро пешбинї менамояд, њол он ки нисбати ќарордоди мењнатї танњо, як шакл, яъне шакли хаттї татбиќ мегардад. Шакли хаттии шартномаи (ќарордоди) мењнатї дар ќиёс ба шакли шифоњии он имкониятњои бештареро дар бобати аниќтар ва мушаххастар ифода намудани шартњои зарурї ва иловагии шартнома фароњам меоварад.

Дар шакли хаттї бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї маънои аз љониби корманд ва корфармо тартиб додани њуљљати махсусро дорад, ки дар он номи љонибњо, шартњои зарурї ва дигар шароити мењнат сабт мешаванд (нигаред ба тафсири моддаи 30 КМ ЉТ). Шартномаи (ќарордоди) мењнатии хаттї дар ду нусха баста шуда бо имзои љонибњо ва мўњри корфармо тасдиќ мегардад. Як нусхаи он ба корманд супурда шуда, нусхаи дигарашро корфармо мањфуз медорад.

Дар шакли хаттї баста шудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї зарурати расмикунонии онро истисно намесозад. Расмикунонии шартномаи (ќарордоди) мењнатии чї ба таври хаттї ва чї ба таври шифоњї басташуда тавассути фармони аз љониби роњбари ташкилот интишоршуда анљом дода мешавад. Дар фармони интишорнамудаи роњбари ташкилот бояд касб, тахассус ва мансаби корманд, инчунин санаи шурўъ намудани ў ба кор инъикос шаванд. Агар дар марњалаи бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї љонибњо воњиди мушаххаси таркибии ташкилот ё дастгоњу таљњизоти мушаххасро њамчун љои кории корманд муайян карда бошанд, бояд дар ин хусус дар фармон ишора рафта бошад. Дар фармон инчунин дар хусуси музди мењнат ё маоши мансабї, мўњлати амали шартнома ва дигар шартњо бояд љой дода шаванд. Азбаски расмият бахшидан ба шартномаи (ќарордоди) мењнатї бар дўши корфармо вогузор шудааст, пас њамагуна иддао дар хусуси ба расмият надаровардан ё ба таври ѓайридахлдор расмигардонии шартномаи (ќарордодї) мењнатї на нисбати корманд, балки корфармо изњор мегардад. Риоя нашудани шакли хатии шартномаи (ќарордоди) мењнатї боиси беэътибор њисобидани он намегардад.

Агар дар шартномаи (ќарордоди) мењнатї ба санаи эътибор пайдо намудани он ишора нарафта бошад, амали шартнома (ќарордод) аз рўзи оѓози воќеии кор сар мешавад.

Бо огоњии корфармо воќеан ба кор шурўъ кардани корманд, корфарморо аз масъулият љињати минбаъд ба таври дахлдор ба расмият даровардани шартномаи (ќарордоди) мењнатї озод намекунад. Корфармо бояд дар давоми се рўз аз оѓози воќеии кор шартномаи (ќарордоди) мењнатиро ба расмият дарорад.

Дар моддаи тафсиршаванда номгўи њуљљатњое, ки пешнињоди онњо њангоми бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї зарур аст, муќаррар шудаанд.

Шахсони ба кор дохилшаванда, ќабл аз њама, бояд њуљљати яќинкунандаи шахсиятро пешнињод намояд, ки ба сифати он шиноснома мањсуб мешавад (барои шахсони то 16 сола бошад, шањодатнома дар бораи таваллуд).

Ба кор ќабул намудани шахсони воќеї бе дафтарчаи мењнатї мумкин нест, ѓайр аз шахсоне, ки бори аввал ба кор дохил мешаванд. Аз ин рў, њангоми бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї пешнињоди дафтарчаи мењнатї зарур аст (дар бораи дафтарчаи мењнатї нигаред ба тафсири моддаи 56 КМ ЉТ).

Дар њолатњои пешбининамудаи дигар санадњои меъёрї њангоми ќабул намудан ба кор пешнињоди њуљљат дар бораи доштани маълумоти дахлдор талаб карда мешавад. Масалан, барои таъин намудани сармуњандиси дастгоњи вазоратњо ва идорањои љумњуриявї њуљљат дар хусуси доштани маълумоти олии иќтисодї ва барои сармуњандиси ташкилот бошад, њуљљат дар хусуси доштани маълумоти миёнаи махсус зарур аст (ќисми 3 моддаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бањисобгирии бухгалтерї» аз 14 маи соли 1999).

Дар мавридњои алоњида бо назардошти хусусияти кори иљрошаванда корфармо метавонад аз ашхоси ба кор дохилшаванда њуљљатњои иловагиеро, ки дар дигар санадњои меъёрии њуќуќї пешбинї шудаанд, талаб намояд. Масалан, тибќи муќаррароти ќисми 2 моддаи 9 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» аз 13 ноябри соли 1998 њангоми дохил шудан ба хизмати давлатї шањрвандон бояд дар баробари њуљљатњои дар КМ ЉТ пешбинишуда, инчунин аснод аз маќомоти дахлдори андоз дар хусуси вазъи амволии хешро пешнињод намоянд.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 72 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Мафњум ва ањамияти шартномаи мењнатї.| Мазмуни шартномаи мењнатї.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.009 сек.)