Читайте также:
|
|
Дар низоми муносибатњои њуќуќии таалуќманди предмети њуќуќи мењнатї њамчун соњаи мустаќили њуќуќи Љумњурии Тољикистон, мавќеи марказї ва асосиро муносибатњои њуќуќии мењнатї ишѓол менамоянд.
Мањз муносибатњои њуќуќии мењнатї њастї, моњият ва хусусияти дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќамандро муайян менамоянд.
Муносибати њуќуќии мењнатї гуфта, муносибати љамъиятии мењнатии дар асоси шартномаи (ќарордоди) мењнатї бавуљудомада ва тавассути меъёрњои њуќуќи мењнатї танзимшудаеро меноманд, ки аз рўи он корманд ўњдадор мешавад шахсан функсияи мењнатиро бо риоя ва итоат ба ќоидањои тартиботи дохилии мењнатї иљро намояд, корфармо бошад, ўњдадор мешавад ба корманд кор дода, шароитњои солим ва бехатари мењнатро, ки ќонунгузории мењнатї, шартномаи коллективї, созишномањо ва шартномаи мењнатї пешбинї намудаанд фароњам оварад, музди мењнати кормандро мувофиќи дараља, тахассус, мураккабии кор, миќдор ва сифати мењнат, аммо на камтар аз њадди аќали муќарраршудаи музди мењнат бипардозад.
Муносибати њуќуќии мењнатї аз дигар муносибатњои љамъиятии ба он алоќаманд аз лињози њайати субъектњо, мазмун, асосњои пайдоиш, таѓйирёбї, ќатъшавї, хусусияти њуќуќу ўњдадорињои субъектњо тафовут дорад.
Ба муносибати њуќуќии мењнатї якчанд хусусиятњои фарќкунанда аз дигар муносибатњои њуќуќии ба он алоќаманд, хосанд:
1) муносибати њуќуќии мењнатї њамеша хусусият нисбї ва дуљониба дошта, байни субъектњои мушаххас, яъне корманд ва корфармо ба вуљуд меояд.
2) ба муносибати њуќуќии мењнатї таркиби мураккаби њуќуќу ўњдадорињои субъектњои он хос мебошад.
Њар яке аз субъектњои муносибати њуќуќии мењнатї дар муносибат бо якдигар њамчун ашхоси ўњдадор ва ваколатдор баромад мекунанд. Илова бар ин, њар яке аз субъектњои муносибати њукуќии мењнатї дар назди якдигар якчанд ўњдадорињоро ба дўш доранд. Сониян, аз рўи баъзе аз ўњдадорињо корфармо худ масъул буда, аз рўи дигар ўњдадорињо роњбар, ки аз номи корфармо баромад мекунад, масъулиятро ба дўш мегирад.
Масалан, агар барои зиёни моддии ба корманд расонидашуда, корфармо масъул бошад, барои напардохтани музди мењнат њам корфармо ва њам роњбар бори масъулиятро ба дўш доранд (дар чунин маврид корфармо ба љавобгарии моддї ва роњбар бошад, ба љавобгарии интизомї ё љиноятї кашида мешаванд).
3) хусусияти шахсї доштани њуќуќу ўњдадорињои корманд. Дар чорчўбаи муносибати њуќуќии мењнатї корманд вазифадор аст шахсан дар фаъолияти истењсолии корфармо ширкат варзад. Аз ин рў, корманд њуќуќ надорад ба љои худ шахси дигарро пешнињод намояд ё иљрои корро ба зиммаи ў гузорад. Корфармо бошад, наметавонад як кормандро бо дигар корманд иваз намояд, ба ѓайр аз њолату мавридњои дар ќонун пешбинишуда, масалан, дар мавриди дар кор њозир набудани корманд бинобар беморї.
4) бардавом будани муносибати њуќуќии мењнатї. Корманд вазифадор аст пайваста ва муттасил функсияи муайян ва ќаблан шартшудаи мењнатиро иљро намояд, на супоришњои алоњида ва мушаххасро, ки хоси муносибатњои њуќуќии гражданї дар бахши татбиќи мењнат мебошанд.
5) дар чорчўбаи муносибати њуќуќи мењнатї подоши мењнат асосан барои иљро ва сарфи мењнати амалї, на барои натиљаи он сурат мегирад.
6) корманд њамчун иштирокчии муносибати њуќуќии мењнатї ўњдадор аст ќоидањои тартиботи дохилии мењнатиро риоя намуда, мутеи онњо бошад, ки чунин њолат ба коллективї мењнатии ташкилот шомил шудани кормандро таќозо менамояд.
Њамин тариќ, муносибати њуќуќии мењнатї дар худ чї робитањои амудї ва чї робитањои уфуќї, яъне озодии мењнат ва зарурати мутеъ будан ба ќоидањои тартиботи дохилии мењнатиро таљассум менамояд.
7) њуќуќи њар яке аз субъектњои муносибати њуќуќиимењнатї ба ќатъ намудани он бо риояи тартибу шартњои тибќи ќонун муќарраршуда, ки ифодагари принсипи озодии мењнат ва озодии шартномаи мењнатї мебошад.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 66 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Саволу супоришњо барои худсанљї | | | Корманд шахсе мебошад, ки дар муносибатњои мењнатї бо корфармо дар асоси шартномаи (ќарордоди) мењнатии басташуда ќарор дорад. |