Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Ањдномаи никоњ: мазмун, шакл ва тартиби бастани он

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи давлатии оила | Уќуќ ба њимояи модарї ва кўдакї | Принсипњои њуќуќи оилавї | Тавсифи ќонунгузории оила | Никоњ: шартњо ва тартиби бастани он. Монеањои аќди никоњ |


Читайте также:
  1. Никоњ: шартњо ва тартиби бастани он. Монеањои аќди никоњ
  2. Онибњо ва тартиби умумии бастани шартномаи мењнатї.
  3. Рухсатињои боподоши њарсола. Мафњум ва намудњои рухсатии боподоши њарсола. Тартиби пешкаш намудани рухсатињои боподоши њарсола.

Дар муносибатњои њуќуќии байни одамон ба воситаи шартнома муайян кардани низоми њуќуќии молумулкии миёни њамсарон ва онњое, ки нияти издивољ кардан доранд, таърихи хеле ќадима дорад.

Ќадимтарин намунаи ањдномаи никоњро аз сангнавиштањои кўњи Муѓ (мансуб ба давлати Суѓд, асриVIII ќабл аз милод) дарёфт кардаанд. Њамчун њуљљати муайянкунандаи њуќуќу ўњдадорињои амволии њамсарон дар давраи никоњ ва дар њолати бекор шудани он эътироф шудани ањдномаи никоњ дар таљрибаи давлатдории мамакатњои Ѓарб низ таърихи дерина дорад ва дар замони муосир низ васеъ истифода мешавад.

Дар ќиёс бо ќонунгузории оилавї, ки низоми амволиро аз лањзаи бастани аќди никоњ ба танзим медарорад, ањдномаи никоњ на танњо њуќуќи моликияти њамсаронро ба молу мулки дар давраи тоникоњї ва дар давоми зиндагии якљоя муќаррар месозад, балки муљозоти амволиро дар мавриди бекор шудани никоњ низ пешбинї менамояд. Яъне суд њангоми баррасии бањси молумулкии њамсарон муќаррароти ањдномаи никоњро дар мавриди аввал ба эътибор мегирад.

Ањдномаи никоњ дорои мавзўи хос – амволи њамсарон ва мазмуни мушаххас – низоми њуќуќии молумулкии њамсарон аст ва бояд аз рўи табиати њуќуќї ба талаботи ањдњои њуќуќи гражданї аз нигоњи шаклу мазмун мувофиќат кунад. Тибќи моддаи 178 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон «амали шањрвандон ва ашхоси њуќуќї, ки ба муќаррар намудан, таѓйир додан ё ќатъ намудани њуќуќу ўњдадорињои гражданї равона гардидааст, ањд дониста мешавад».

Ањдномаи никоњ мафњуми нав буда, бори нахуст дар ќонунгузории оилавї дар Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон (1998) дохил карда шудааст. Шахсоне, ки нияти аќди никоњ бастанро доранд, ё ин ки зану шавњаре, ки дар никоњи расмї мебошанд, њуќуќ доранд байни њамдигар ањдномаи никоњ банданд. Ањдномаи никоњ танњо њуќуќу ўњдадорињои момумулкии зану шавњарро дар никоњи расмї ва ё њангоми бекор кардани никоњ муайян месозад ва аз рўи табиати њуќуќии худ ањди дутарафа мебошад, чунки дар ин ањднома ду тараф – шахсоне, ки нияти ба никоњ даромадан доранд, ё ин ки зану шавњари дар никоњи расмї буда иштирок менамоянд. Њамон мардону заноне ањдномаи никоњ баста наметавонанд, ки ба таври воќеї, бе ќайди давлатии никоњ зиндагї мекунанд ва дар оянда нияти ба расмият даровардани никоњашонро њамон тавре ки Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, надоранд.

Дар ањдномаи никоњ зану шавњар њуќуќ доранд амволеро муайян намоянд, ки дар њолати бекор кардани никоњ ба ихтиёри њар кадоми онњо вогузор мешаванд. Зану шавњар инчунин њуќуќ доранд, ки њамагуна муќаррароти дигари марбут ба муносибатњои амволиашонро дар ањдномаи никоњ инъикос намоянд.

Ќонунгузор муќаррар кардааст, ки шахсони нияти бастани ањдномаи никоњро дошта бояд шартњои муайянро риоя намоянд. Яке аз шартњои пешбиникардаи ќонун дар он ифода меёбад, ки ањдномаи никоњ ба таври хаттї баста шуда, њатман бояд дар идораи нотариалї тасдиќ карда шавад. Дигар шарти ќонун аз он иборат аст, ки ањдномаи никоњ танњо ба муносибатњои молумулкии зану шавњари дар никоњи расмї буда ва шахсоне, ки нияти ба никоњ даромадан доранд, дахл дорад.

Мавзўи бањси ањдномаи никоњ молу мулки якљояи зану шавњар ё ин ки молу мулкест, ки онњо дар оянда нияти ба даст овардан доранд. Инчунин ба предмети ин ањднома молу мулки яке аз њамсарон шуданаш мумкин аст.

Ањдномаи никоњ бемўњлат баста мешавад, яъне њуќуќу ўњдадорињои пешбининамудаи ањднома метавонад ба мўњлати муайян мањдуд карда шавад, ё бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани мўњлат вобаста карда шаванд. Зану шавњар метавонанд мўњлати ањдномаи никоњро бо розигии якдигар муќаррар намоянд. Њамсарон њуќуќ доранд, ки мўњлати ањдномаи никоњро вобаста аз мундариљаи он ба муддати 5 сол, 10 сол ё зиёда аз он муќаррар намоянд. Бояд ќайд кард, ки ањдномаи никоњ наметавонад ќобилияти њуќуќдорї ва ќобилияти амали зану шањар, њуќуќи онњоро барои мурољиат ба суд бобати њифзи њуќуќњояшон – танзими муносибатњои шахсии ѓайриамволии зану шавњар ва њуќуќу ўњдадорињои зану шавњарро нисбати фарзандон мањдуд кунад ё худ чунин муќарраротеро пешбинї кунад, ки њуќуќи њамсари корношоямро ба таъминот мањдуд кунад ё худ шартњое дошта бошад, ки зан ё шавњарро дар њолати ногувор гузорад.

Мувофиќи моддаи 43 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон зану шавњар имконият доранд, ки њар ваќте ки хоњанд, ањдномаи никоњро таѓйир ё бекор кунанд. Дар ин маврид созишнома дар бораи таѓйир ё бекор кардани ањдномаи никоњ дар њамон шакле, ки ањдномаи никоњ баста мешавад, ба имзо мерасад.

Ањдномаи никоњ бо назардошти шартњои дар он гузошташуда њатман бояд иљро гардад. Барои њамин њам ќонунгузор аз иљрои ањдномаи никоњ даст кашидани яке аз тарафњоро иљозат намедињад. Ќонун муќаррар мекунад, ки дар њолати ба созиш наомадани зану шавњар бо талаби яке аз онњо ањдномаи никоњ бо њалномаи суд таѓйир ё бекор шуданаш мумкин аст.

Бояд таъкид кард, ки аз љињати оќибатњои њуќуќї бекор кардани ањдномаи никоњ ва беэътибор њисобидани он аз њам фарќ мекунанд. Агар ањднома беэътибор њисоб шавад, он барои зану шавњар оќибатњои њуќуќї надорад ва зану шавњар ба њолати аввалаи молумулкии худ бармегарданд. Бо маслињати зану шавњар ањдномаи никоњ бекор карда шуданаш мумкин аст ва он њатман бояд дар маќомоти нотариалї тасдиќ шавад. Ањдномаи никоњро метавонад танњо суд бекор кунад ва беэътибор эътироф намудани ањдномаи никоњ низ аз љониби суд дар асоси даъвои зан ё шавњар амалї мешавад.

 

Саволњо:

1) Оё ањдномаи никоњ собиќаи таърихї дорад? 2) Мавзўи ањдномаи никоњ кадом аст? 3) Ањдномаи никоњ аз рўи табиати њуќуќии худ чї гуна ањд аст? 4) Шартњои бастани ањдномаи никоњро шарњ дињед. 5) Кї ањдномаи никоњро њуќуќи таѓйир ё бекор кардан дорад? 6) Кадом масъалањо набояд дар ањдномаи никоњ зикр шаванд?

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 67 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Беэътибории никоњ ва ќатъ гардидани никоњ| ORIGIN OF LIFE

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.005 сек.)