Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Уќуќ ба њимояи модарї ва кўдакї

Тавсифи ќонунгузории оила | Никоњ: шартњо ва тартиби бастани он. Монеањои аќди никоњ | Беэътибории никоњ ва ќатъ гардидани никоњ | Ањдномаи никоњ: мазмун, шакл ва тартиби бастани он |


Бидуни оила љомеаи инсонї вуљуд дошта наметавонад ва аз дараљаи маърифатнокї ва некўањволии оилањо дар кадом сатњи инкишоф ќарор доштани ин ё он љомеа ва давлат муайян карда мешавад. Аз ин сабаб њуќуќи ташкил намудани оила дар шумори њуќуќњои афзалиятноки соњаи иљтимої ќарор дорад, зеро њанўз дар Конститутсияи соли 1978 бори аввал њуќуќ ба ташкили оила ва тањти њимояи давлат ќарор доштани оила зикр шуда, ин меъёрњо хислати њуќуќи асосї касб карда буданд. Дар Конститутсияи замони истиќлол (1994) низ, чунон ки дар боло ќайд карда гузаштем, ба муносибатњои оилавї ду модда (м.33-34) бахшида шуда, давлат ўњдадор шудааст, ки оиларо њамчун асоси љамъият тањти њимоя мегирад.

Тибќи моддаи 33-и Конститутсия – расидан ба синни никоњ ягона шарте мебошад, ки дар сурати муњайё будани он мардону занон њуќуќи озодона бастани аќди никоњро пайдо мекунанд. Чї дар оиладорї ва чї њангоми бекор кардани аќди никоњ зану шавњар баробарњуќуќ эълон карда шудаанд. Якканикоњї принсипи асосии ташкили оила мебошад. Дар моддаи 34 зикр шудани чунин меъёр, ки тибќи он модару кўдак тањти њимоя ва ѓамхории махсуси давлат ќарор доранд, ба ўњдаи давлат масъулияти рушди соњаи иљтимоиро бор мекунад.

Маълум аст, ки инъикоси ин меъёри конститутсионї (ќ.1 м.34) аз он гувоњї медињад, ки дар њуќуќи миллї муќаррароти дахлдори як зумра санадњои њуќуќи байналмилалї, аз љумла Эъломияи њуќуќи кўдак (1989), Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї (1966) ва ѓайрањо татбиќ шудаанд.

Аз љумла дар моддаи 16 Эъломияи умумии њуќуќи башар ва моддаи 10 Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї оила њамчун рукни табиї ва асосии љамъият эътироф шудааст. Дар санадњои номбаршуда ва дигар санадњои дахлдори байналмилалї њифзи њуќуќњои модарону кўдакон сабт гардида, шаклњои гуногуни дастгирии иљтимоии оила пешбинї шудаанд. Чунончи, дар моддаи 10- уми Паймони байналхалќї доир ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї, ки 16 декабри соли 1966 ќабул шуда, Љумњурии Тољикистон онро 4-уми январи соли 1999 ба тасвиб расонидааст, гуфта мешавад, ки «барои оила, ки љузъи табиї ва асосии љомеа мебошад, ба андозаи имкон бояд муњофизат ва кўмаки њамаљониба, хусусан њангоми ташкили он ва дар њоле, ки оила масъулияти ѓамхорї ба атфоли ѓайримустаќил ва тарбияи онњоро ба зимма дорад, фароњам оварда шавад. Никоњ бояд ба ризоияти озодонаи ашхоси ба аќди никоњ дароянда сурат гирад.»

Инчунин дар ин санади њуќуќї таъкид шудааст, ки модарон дар давраи то таваллуд ва баъди таваллуд бояд ба ѓамхории махсус фаро гирифта шаванд. Пешбинї намудани чорањои махсуси њимояи модарї, ба њимояи махсус фаро гирифтани кўдакон ва наврасон, манъи истифодаи мењнати кўдакон дар њолате, ки агар ин мењнат ба саломатии љисмонию рўњии кўдак ва инкишофи ў зарар расонад, аз ќабили дигар шаклњои дасгирии иљтимоии оила мебошад.

Кўдакон бояд аз истисмори иќтисодию иљтимої муњофизат карда шаванд. Дар моддаи 25- уми Эъломияи умумии њуќуќи башар аз њимояи иљтимоии баробар бархўрдор шудани њамаи кўдакон, новобаста аз он ки онњо дар аќди никоњ ё берун аз он таваллуд шудаанд, муќаррар шудааст.

Љанбањои алоњидаи принсипњои њимояи модарї ва кўдакї, њифзи њуќуќи наврасон дар як ќатор Эъломияњои (конвенсияњои) Созмони байналмилалии мењнат (СБМ) ба таври мушаххас инъикос ёфтаанд. Аз љумла, дар Эъломияи СБМ тањти раќами 103 «Дар бораи њимояи модарї» дар давраи њомиладорї ба занон пешнињод намудани рухсатии на камтар аз 12 њафтаинаро, ки аз он аќаллан 6 њафтааш бояд ба давраи баъд аз таваллуд рост ояд, пешбинї гардидааст.

Дар давраи рухсатї аз рўи њомиладорї ва таваллуд фармон дар мавриди аз кор озод намудани занон ѓайриќонунї эътироф мешавад. Дар дигар эъломияњои дахлдори ин Созмони байналхалќї њадди аќали синну соли ќабул кардан ба кор муайян гардидаанд. Дар хољагии ќишлоќ он аз 14-солагї ва дар дигар мавридњо аз 15-солагї муќаррар шудааст.Тибќи санади дигари њуќуќии созмони мазкур – Конвенсияи № 90 «Оид ба мењнати шабонаи наврасон дар соњаи саноат» ба корњои шабона дар саноат љалб кардани наврасони то 18 - сола манъ аст.

Њимояи оила, модарї ва кудакї њуќуќи озодона бастани никоњро низ дар бар мегирад. Никоњ асос ва тањкурсии ташкилёбии оила буда, бо созиши тарафайн, ихтиёрона бастани он барои њифзи њуќуќњои аъзои оила ањамияти фавќулодда муњим дорад. Давлат поймолкунии њуќуќњоро њангоми ба никоњ даромадан тавассути муќаррар намудани шартњои махсуси ба никоњ даромадан пешгирї менамояд.

Кодекси оилаи ЉТ (аз 13 ноябри соли 1998) њамчун санади асосии њуќуќие, ки муносибатњои оилавиро танзим мекунад, барои аќди никоњ розигии њамдигарии марду зани ба никоњ дароянда ва ба синни никоњї расидани онњоро чун шартњои эътиборноки никоњ муќаррар кардааст. Инчунин Кодекси оила њолатњоеро пешбинї кардааст, ки мављудияти онњо монеањои аќди никоњ мегарданд. Муќаррар намудани шартњои аќди никоњ баробарии њуќуќњои мардону занонро дар ташкили оила таъмин менамояд.

Конститутсияи ЉТ оиларо асоси љамъият дониста, дар зери њимояи давлат будани онро эълон кардааст. Тибќи Конститутсия њар кас њуќуќи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоњ расидаанд, њуќуќ доранд, ки озодона аќди никоњ банданд. Дар оиладорї ва бекор кардани аќди никоњ зану шавњар баробарњуќуќанд. Конститутсияи ЉТ бисёрникоњиро манъ намудааст. Њимояи оила, модарї ва кўдакї, дастгирии иљтимоии оила аз самтњои афзалиятноки сиёсати иљтимоии давлатї ба шумор меравад. Конститутсияи ЉТ муќаррар мекунад, ки модару кўдак тањти њимоя ва ѓамхории давлатанд. Ин муќаррароти Конститутсия шањодати он аст, ки таваллуди кўдак ва никоњ на танњо кори шахсї аст, балки ањамияти калони љамъиятї дошта, дастгирии њамаљонибаи давлатро таќозо мекунад.

Њимоя ва кўмак ба оила, модарї ва кўдакї аз љониби соњањои гуногуни њуќуќ низ ба амал бароварда мешаванд. Ќонунгузории оилавї муносибатњои оилавиро танзим намуда, дар таъмини њуќуќњои аъзои оила наќши муњим мебозад. Мустаќилият ва мухторияти оила дар ќабули ќарорњо оид ба инкишофи худ, афзалият доштани манфиати кўдакон, баробарњуќуќии марду зан дар таќсими адолатноки ўњдадорињои оилавї, раво набудани дахолати беасос ба корњои оила дар ќонунгузории оилавї ифода ёфта, сиёсати давлатиро нисбати њимоя ва тањкими оила муайян мекунанд.

Аз љумлаи чорањои њуќуќие, ки бевосита бањри њимояи модарї ва кўдакї нигаронида шудааст, ин рухсатї вобаста ба њомиладорї ва таваллуди кўдак, барои занони ба фаъолияти мењнатї машѓулбуда мебошад, ки аз љониби ќонунгузории мењнатї пешбинї гардидааст.

Ин рухсатињо на танњо маќсади њифзи манфиатњои модар ва кўдакро дар назар доранд, балки инчунин дар дараљаи муайян ба сифати љуброни паст шудани даромади оила бинобар сабаби њомиладорї ва таваллуд низ баромад мекунанд. Давомнокии рухсатї, кўмакпулињое, ки њангоми рухсатї дода мешаванд, њуќуќи ба љои кори пештара баргаштан баъди аз рухсатї баромадан аз омилњои муњими дастгирии иљтимоии модариву кўдакї ба њисоб мераванд.

Тибќи моддаи 164-уми Кодекси мењнати ЉТ ба занон рухсатї аз рўи њомиладорї ва таваллуд 70-рўзи таќвимї баъди таваллуд бо пардохти кўмакпўлї аз рўи суѓуртаи иљтимої дода мешавад. Дар сурати душвор гузаштани таваллуд рухсатии баъди таваллуд - 86 рўз ва дар њолати таваллуди 2 ва зиёда кўдакон - 110 рўзи таќвимиро ташкил медињад. Моддаи 165 - и њамин Кодекс муќаррар мекунад, ки рухсатї барои нигоњубини кўдак ба мўњлати якуним сол баъд аз рухсатии њомиладорї ва таваллуд бо хоњиши зан ба ў дода мешавад. Ин намуди рухсатї пардохти кўмакпўлиро низ дар назар дорад.

Ќонунгузорї њимояи махсуси њуќуќњои мењнатии занон ва фароњам овардани шароити мусоиди мењнатро, ки ба хусусиятњои физиологии занон љавобгў мебошанд, таъмин месозад: кафолатњо њангоми ба кор ќабул кардан ва аз кор озод намудан, манъ будани мењнати онњо дар корњои вазнин ва корњои шароиташон зараровар, мањдуд будани мењнати занони њомиладор дар бастњои шабона, гузаронидани онњо ба корњои нисбатан сабук ва ѓайра. Ќонунгузории мењнатї дар ин самт манфиатњои занони коркунандаро њамаљониба мавриди танзим ќарор додааст.

 

Саволњо:

1) Дар кадом моддањои Конститутсия аз њуќуќи ташкили оила сухан меравад? 2) Кадомин шарти никоњ дар Конститутсия зикр шудааст? 3) Санадњои њуќуќии байналмилалиеро номбар кунед, ки дар онњо ѓамхории давлат дар њаќки модарон зикр шуда бошад. 4) Ѓамхорї дар њаќќи занон дар Кодекси мењнат чї гуна ифода ёфтааст?

 

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 44 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Конститутсияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи давлатии оила| Принсипњои њуќуќи оилавї

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.009 сек.)