Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Беэътибории никоњ ва ќатъ гардидани никоњ

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи давлатии оила | Уќуќ ба њимояи модарї ва кўдакї | Принсипњои њуќуќи оилавї | Тавсифи ќонунгузории оила |


Читайте также:
  1. Ањдномаи никоњ: мазмун, шакл ва тартиби бастани он
  2. Никоњ: шартњо ва тартиби бастани он. Монеањои аќди никоњ

Агар никоњ бе ризоияти никоњшавандагон ё яке аз онњо, вайрон кардани синни никоњї, принсипи якканикоњї, байни хешу табори наздик, бародарону хоњарони њамтана, байни ба фарзандї ќабулкардагон ва ќабулшудагон, байни шахсоне, ки аќаллан яке аз онњоро суд бо сабаби касалии рўњї ё сустаќлї ѓайри ќобили амал эътироф кардааст, байни шахсоне, ки суд яке аз онњоро бо сабаби сўиистифодаи нўшоркињои спиртї ё маводи нашъадор дорои ќобилияти мањдуди амал эътироф намудааст, баста шуда бошад, мувофиќи моддањои 28-31 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон бо роњи судї беэътибор дониста мешавад.

Њамчунин никоњи бо роњи маљбурї ё фиреб басташуда низ беэътибор эътироф шуданаш мумкин аст. Фиреб додан маънои ќасдан гумроњ кардани шахси дигарро дорад. Фиреб барои он истифода бурда мешавад, ки тарафи дигар ба бастани никоњ водор карда шавад ва дар нињоди ў дар бораи шартњои никоњ тасаввуроти нодуруст њосил шавад. Фиреб метавонад њам аз тарафи яке аз њамсарони оянда, њам аз тарафи шахси сеюм сар занад, ки чунин амали ношоямро аксар ваќт волидон ё шахсони наздики тарафи манфиатдор иљро менамоянд ва онњо бо њамин маќсад забон як мекунанд. Моњияти фиреб аксар ваќт аз он иборат аст, ки дар бораи мављуд будан ё набудани вазъиятхои гуногун изњороти бардурўѓ дода мешавад, ки ин вазъиятњо барои беэътибор донистани никоњ наќши муњим мебозанд.

Тибќи моддаи 31 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон беэътибор эътироф кардани никоњ чунин окибатњо дорад:

а) никоњи беэътибор эътирофшуда аз лањзаи ќайд шудани он беэътибор њисоб карда мешавад;

б) никоњи беэътибор њисобшуда барои зану шавњар њуќуќ ва ўњдадорињои оилавиро ба вуљуд намеорад;

в) муносибатњои њуќуќии молумулкии шахсоне, ки никоњашон беэътибор эътироф шудааст, мувофиќи ќоидањои Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба танзим дароварда мешаванд;

г) беэътибор эътироф кардани никоњ ба њуќуќи фарзандоне, ки аз ин гуна никоњ таваллуд ёфтаанд, таъсир намерасонад. Гуфтан зарур аст, ки ќонуни оилавї манфиатњои њамсари бегуноњро, ки аз мављудияти монеањо огоњ набуд, њифз менамояд. Бо ин маќсад дар ќонун ба чунин њамсарон њуќуќњои зерин дода шудааст:

- нигоњ доштани насабе, ки дар ваќти аќди никоњ интихоб шуда буд;

- суд метавонад ба чунин њамсар аз њамсари дигар алимент ситонад ва молу мулкашонро аз рўи ќоидањои Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон таќсим кунад.

Никоњи беэътиборро аз руи оќибати њуќуќиаш аз талоќ фарќ кардан лозим аст, зеро донистани он ањамияти калон дорад:

а) танњо никоњи беэътиборро ќатъ кардан мумкин аст, дар никоњи беъэтибор – аќди никоњ бо вайрон кардани талаботи ќонун баста шудааст;

б) њангоми талоќ муносибатњои занушавњарї дар оянда ќатъ мешаванд (ба истиснои ўњдадорињои алиментї), дар никоњи беэътибор бошад, одатан аз лањзаи пайдо шудани њуќуќ ва ўњдадорињои тарафњо;

в) њангоми талоќ молу мулке, ки њамсарон дар давраи занушавњарї ба даст даровардаанд, тибќи Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон моликияти якљояи (умумии) онњо њисоб ёфта, таќсим карда мешавад. Ба чунин моликияти занушавњарї дар никоњи беэътибор буда ќоидањои Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон татбиќ карда мешаванд;

г) талоќ аз рўи ирода ва хоњиши тарафњо ба амал бароварда мешавад, никоњи беэътибор бошад, бидуни хоњиш ва њатто бархилофи иродаи тарафњо сурат мегирад;

д) њангоми талоќ суд бояд ба хулосае ояд, ки зиндагонии якљояи зану шавњар ва нигоњ доштани оила минбаъд имконнопазир гаштааст.

Ќонунгузории оила ду тартиби ќатъ кардани никоњро ваќти дар њаёт будани њамсарон пешбинї намудааст: яке дар маќомоти суд ва дигаре дар маќомоти САЊШ. Бо тариќи судї никоњ дар чунин њолатњо ќатъ карда мешавад:

- байни њамсароне, ки яке аз онњо барои бекор кардани никоњ розї нест;

- байни њамсароне, ки фарзандони ноболиѓ доранд;

- байни њамсароне, ки барои бекор кардани никоњашон розианд, вале дар таќсимоти молу мулк бањс пайдо шудааст;

- байни њамсароне, ки фарзандони ноболиѓ надоранд, њарду барои бекор кардани никоњ розианд, аммо барои ба расмият даровардани талоќашон дар маќомоти САЊШ яке аз онњо њозир намешавад.

Мувофиќи моддаи 36 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон агар суд муќаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи зану шавњар ѓайриимкон аст, он гоњ барои бекор кардани он ќарор мебарорад. Суд барои оштї додани зану шавњар, албатта, чорањо мебинад, яъне бо маќсади оштишавии њамсарон 6 моњ мўњлат низ медињад. Њангоми муњокимаи парвандањо оид ба људошавии њамсарон суд якчанд масъалањои дигарро низ њал мекунад:

- муайян менамояд, ки кадоме аз фарзандон дар назди кадоме аз њамсарон мемонад;

- барои таъмини фарзандон рўёнидани маблаѓро аз њар ду њамсар ё яке аз онњо њал мекунад;

- масъалаи таъминоти зан ё шавњари эњтиёљманди корношоямро баррасї мекунад;

- бо хоњиши зану шавњар ё яке аз онњо моликияти умумии якљояи онњоро таќсим мекунад.

Дар маќомоти САЊШ бошад, талоќ дар њолатњои зерин сурат мегирад:

- агар њамсар ба тариќи судї бедарак ѓоибшуда эътироф шуда бошад;

- агар њамсар бо сабаби касалии рўњї ё сустаќлї ѓайри ќобили амал эътироф шуда бошад;

- агар њамсар барои содир намудани љиноят ба мўњлати на камтар аз 3 сол аз озодї мањрум шуда бошад.

 

Саволњо:

1) Кадом навъи никоњ бо роњи судї беэътибор дониста мешавад? 2) Њолатњоеро номбар кунед, ки боиси беэътибор эътироф шудани никоњ мегарданд? 3) Фарќи никоњи беэътибор аз талоќ дар чист? 4) Суд барои оштї додани зану шавњар чї ќадар мўњлат медињад? 5) Њангоми муњокимаи парвандањо оид ба људошавии њамсарон суд кадом масъалањоро њал мекунад?

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 87 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Никоњ: шартњо ва тартиби бастани он. Монеањои аќди никоњ| Ањдномаи никоњ: мазмун, шакл ва тартиби бастани он

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.006 сек.)