Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Никоњ: шартњо ва тартиби бастани он. Монеањои аќди никоњ

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи давлатии оила | Уќуќ ба њимояи модарї ва кўдакї | Принсипњои њуќуќи оилавї | Ањдномаи никоњ: мазмун, шакл ва тартиби бастани он |


Читайте также:
  1. Ањдномаи никоњ: мазмун, шакл ва тартиби бастани он
  2. Беэътибории никоњ ва ќатъ гардидани никоњ
  3. Онибњо ва тартиби умумии бастани шартномаи мењнатї.
  4. Рухсатињои боподоши њарсола. Мафњум ва намудњои рухсатии боподоши њарсола. Тартиби пешкаш намудани рухсатињои боподоши њарсола.

 

Њар як мафњуми њуќуќї таърифи худро дорад, ки дар он аломатњои хос ва фарќкунандаи он инъикос мешаванд. Њамин тавр, никоњ иттифоќи аз љињати њуќуќї танзимшудаи ихтиёрона ва баробарњуќуќи зану мард аст, ки барои бунёди оила равона шуда, барои њамсарон њуќуќу ўњдадорињои шахсї ва амволиро ба вуљуд меорад. Нишонањои њуќуќии никоњ хусусиятњои хоси дар ќонун инъикосёфтаи он аст, ки ба тариќи зайланд:

- никоњ танњо миёни зану мард баста шуда метавонад;

- барои бастани никоњ мављудияти иродаи ихтиёронаи онњое лозим аст, ки ба никоњ ворид мешаванд;

- никоњ иттифоќи баробарњуќуќ аст;

- никоњ бояд аз љињати њуќуќї ба расмият дароварда шавад, яъне дар маќомоти сабти асноди њолати шањрвандї ба ќайд гирифта шавад;

- маќсади никоњ бунёди оила аст, дар њолати баръакс никоњ беэътибор дониста мешавад;

- ќайди никоњ боиси пайдоиши њуќуќу ўњдадорињои шахсї ва молумулкии њамсарон мегардад.

Тартиби аќди никоњ аз масъалањои муњимест, ки дар ќонунгузории оила ба он дар моддаи махсус - моддаи 11 дар панљ ќисм бахшида шудааст. Аз љумла дар ќисми якуми њамин модда зикр мешавад, ки «никоњ бо иштироки шахсии шахсони никоњшаванда пас аз гузаштани як моњи ба сабти асноди њолати шањрвандї ариза додани шахсоне, ки хоњиши издивољ карданро доранд, ба љо оварда мешавад».

Бояд зикр намуд, ки асоси ќайди давлатии никоњ – аризаи якљояи шахсонест, ки нияти ба никоњ даромадан доранд. Додани ариза ба маќомоти сабти асноди њолати шањрвандї (САЊШ) ќисми таркибии тартиби ќайди никоњ ба шумор меравад. Дар ариза бояд ризоияти ихтиёрии тарафњо, набудани њолатњое, ки ба бастани никоњ монеа мешаванд, зикр шавад. Дар Кодекси оила оид ба иштироки њатмии њарду нафари издивољкунанда дар лањзаи додани ариза нишондоде нест. Аз ин хулоса мешавад, ки шахсони издивољкунанда метавонанд њар яке дар алоњидагї ариза пешнињод кунанд, агар иштироки яке аз тарафњо њангоми додани ариза бинобар сабабњои узрнок номумкин бошад. Дар чунин њолат имзои аризаи тарафи ѓоиб бояд дар идораи нотариалї тасдиќ шуда бошад.

Вазифаи маќомоти САЊШ тафтиши воќеї будан ё набудани арзи пешнињодшуда мебошад. Дар Тољикистон ба монанди аксарияти кишварњои љањон таљрибаи баъди як мўњлати муайян ба љо овардани аќди никоњ ќабул шудааст, ки аввалан барои тасдиќи фикру мулоњиза ва аз љониби дигар муайян кардани сабабу њолатњоест, ки имконпазирии аќди никоњро зери шубња мегузоранд. Ѓайр аз ин, тибќи Кодекси оила имконияти зиёд кардани мўњлати умумї аз рўзи додани ариза то ќайди никоњ на бештар аз се моњ муќаррар карда шудааст. Њамсарони оянда њуќуќ доранд, ки оид ба кам ё зиёд кардани мўњлати якмоњаи то ќайди никоњ ба маќомоти САЊШ мурољиат кунанд. Инчунин барои шахсоне, ки мувофиќи ќисми дуюми моддаи 13 Кодекси оила синни никоњиашон кам карда шудааст, мўњлати якмоњаи интизорї муайян намегардад. Яъне ба ќайдгирии никоњи онњо мувофиќи хоњишашон ба љо оварда мешавад.

Барои бастани никоњ, пеш аз њама, ризоияти никоњшавандагон муњим аст. Њар гуна амали маљбурї барои никоњ нафаќат боиси бекор кардани никоњ мегардад, балки шахсоне, ки барои чунин амал гунањкоранд, ба љавобгарии љиноятї кашида мешаванд. Чунончи, дар моддаи 14 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ќайд шудааст, ки «шахсоне, ки занро ба никоњ маљбур мекунанд, барои никоњ занро медузданд, сазовори љазои љиноятї мегарданд».

Дигар шарти бастани никоњ – расидан ба синну соли никоњї мебошад. Њоло мувофиќи моддаи 13 Кодекси оилаи ЉТ синни никоњї барои њарду љинс аз 17-солагї муќаррар шудааст, аммо суд дар мавридњои истисної метавонад синни никоњиро на бештар аз як сол кам кунад. Хилофи ќонун амал кардани шањрвандон боиси сар задани амали љиноятї мегардад, ки он мувофиќи моддаи 169 Кодекси љиноятии ЉТ сазовори љазои љиноятї мегардад.

Никоњ зоњиран як амали муќаррарї намояд њам, аммо аз нигоњи оќибатњои њуќуќиаш хеле масъулиятнок аст. Аз ин сабаб дар ќонун нисбат ба никоњ якчанд монеањо пешбинї шудаанд. Мувофиќи моддаи 14 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон дар панљ њолат бастани аќди никоњ байни шањрвандон манъ шудааст:

- байни шахсоне, ки яке аз онњо дар никоњи дигари баќайдгирифташуда ќарор дошта бошад;

- байни бародарону хоњарони айнї ва угай (ки аз як падар ё модаранд);

- байни фарзандхондагон ва фарзандхондашудагон;

- байни шахсоне, ки суд яке аз онњоро бо сабаби бемории рўњї ё сустаќлиаш (ноќисулаќлиаш) ѓайри ќобили амал эътироф кардааст;

- байни шахсоне, ки суд яке аз онњоро бо сабаби сўиистифодаи нўшокињои спиртї ё маводи нашъадор дорои ќобили мањдуди амал эътироф намудааст.

Якканикоњї шакли пешќадами никоњ дар тамаддуни башарї ба њисоб меравад. Мањз дар ин никоњ шахс худро хушбахт њисоб карда, ба дигарон низ хушбахтињо меорад. Аммо ашхосе пайдо мешаванд, ки ин меъёри ќонунро вайрон карда, сабабгори њар гуна оќибатњои нохуш мегарданд. Бо назардошти њамин њолат дар моддаи 170 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон барои бисёрникоњї, ки боќимондаи урфу одатњои даврони пешин мебошад, љазои љиноятї пешбинї шудааст. Бояд гуфт, ки барои шахсро гунањкор шуморидан шарт нест, ки мард бояд бо ду ё якчанд зан аќди никоњ дошта бошад. Аломати асосии ин љиноят бо ду ва ё зиёда зан зиндагонї кардани мард ва бо онњо хољагии умумї доштан мебошад.

Аќди никоњ дар байни бародарону хоњарони њамтана ва ўгай, инчунин дар байни ба фарзандї ќабулкардагон ва ќабулшудагон низ манъ аст. Никоњи хешовандон на танњо аз нуќтаи назари маънавї, балки биологї низ раво нест. Илми тиб хулоса кардааст, ки никоњи хешовандон ба насли онњо таъсири номатлуб мерасонад. Мувофиќи конун манъ кардани никоњи шахсони ба фарзандї ќабулкарда ва ќабулшудагон ба он асос меёбад, ки байни онњо чунин муносибатњое ба вуљуд меояд, ки ба муносибатњои падару модару фарзандон баробар њисоб карда мешаванд. Ѓайр аз ин, никоњи байни онњо аз рўи ќоидањои ахлоќ њам дуруст нест.

Аќди никоњ байни шахсоне, ки яке аз онњоро суд бинобар бемории рўњї ё сустаќлї ѓайри ќобили амал донистааст, роњ дода намешавад. Исботи дар асоси бемории рўњї ё сустаќлї ѓайри ќобили амал донистани шахс њалномаи эътибори ќонунї доштаи суд мебошад. Ин манъкунї ба он мулоњиза асос ёфтааст, ки њаёти оилавї бо чунин шахс номўътадил хоњад буд. Ѓайри ќобили амал будани шахс ба шарте монеаи аќди никоњ мегардад, ки агар то лањзаи ќайди никоњ ошкор шуда бошад. Агар ин њолат баъди ќайди давлатї ошкор шавад, пас он барои талоќ асос мешавад.

Бояд зикр намуд, ки сустаќлї ё касалии рўњї худ аз худ монеаи аќди никоњ шуда наметавонад. Ин гуна шахсон бояд бо њалномаи суд ѓайри ќобили амал эътироф карда шаванд. Инчунин аќди никоњ байни шахсоне номумкин аст, ки суд яке аз онњоро бо сабаби сўиистифода аз нўшокињои спиртї ё маводи мухаддир дорои ќобилияти мањдуди амал эътироф намудааст.

Вобаста ба аќди никоњ бори нахуст дар ќонунгузории оилавии љумњурї институти муоинаи тиббии шахсоне љорї карда шудааст, ки аќди никоњ ба љо оварданианд. Маќсад аз ворид намудани ин муќаррарот, ќабл аз њама – ташкил намудани оилаи солим ва ба дунё овардани насли солим аст. Ин маќсад ваќте амалї мегардад, ки агар никоњшавандагон аз вазъи саломатии њамдигар дар натиљаи муоинаи даќиќи тиббї огоњ шуда, аз ташкил намудани оилае, ки боиси бадбахтињои минбаъда хоњад гашт, худдорї кунанд. Ѓайр аз ин, дар моддаи 15 Кодекси оилаи ЉТ додани маслињат доир ба масъалањои тиббию генетикї ва танзими оила дар назар дошта шудааст, ки барои њаёти якљояи хушбахтонаи никоњшавандагон хеле муњим ба шумор меравад. Муќаррароти моддаи мазкур хусусияти пешгирикунанда дорад, зеро мављудияти беморие, ки саломатии никоњшавандаи дигарро зери хавф мегузорад, боиси дер ё зуд вайрон шудани оила мегардад. Љомае њамон ваќт солим хоњад буд, ки агар аз оилањои солим иборат бошад. Муоинаи тиббии шахсони никоњшаванда як амали ихтиёрист ва танњо бо майлу хоњиши худи издивољкунандагон ба амал бароварда мешавад.

 

Саволњо:

1) Нишонањои њуќуќии никоњро номбар кунед. 2) Чаро баъди пешнињоди ариза оид ба аќди никоњ як моњ интизор шудан лозим аст? 3) Оё њангоми пешнињоди ариза иштироки њарду љониб, яъне никоњшавандагон зарур аст? 4) Барои кам ё зиёд кардани мўњлати якмоњаи баъди додани ариза ба кадом маќомот мурољиат кардан лозим аст? 5) Шартњои дигари бастани аќди никоњ кадомњоянд? 6) Дар кадом њолатњо бастани аќди никоњ манъ карда шудааст? 7) Муоинаи тиббии никоњшавандагон бо кадом маќсад љорї карда шудааст?

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 109 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Тавсифи ќонунгузории оила| Беэътибории никоњ ва ќатъ гардидани никоњ

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.009 сек.)