Читайте также:
|
|
Њар як амали инсон сазовори подош аст: нисбат ба амали нек ташаккур мегўянд ва дар љавоби кирдори бад нафрат мехонанд. Дар тасаввури умумии мо неку бад њамин гунна фарќият дорад. Аммо аз нигоњи илми њуќуќи љиноятї кирдори баде, ки ба љомеа ва давлат хавфнок бошаду ба манфиатњои шахс ва давлат зарар расонад, њатман бояд сазовори љазо бошад. Номгўи љиноятњо ва љазоњои сазовор барои онњо дар ќисми махсуси Кодекси љиноятии ЉТ зикр шудаанд.
Њамин тариќ, мувофиќи моддаи 46 КЉ ЉТ «љазо чораи маљбуркунии давлатие мебошад, ки бо њукми суд таъин карда мешавад. Он нисбати шахсе, ки дар содир намудани љиноят гунањкор эътироф шудааст, татбиќ гардида, аз мањрум ё мањдуд кардани њуќуќу озодињои шахс, ки дар њамин Кодекс пешбинї гардидаанд, иборат мебошад».
Маќсади љазоро ќонуни љиноятї дар барќарор кардани адолати иљтимої, ислоњи шахси мањкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани љиноятњои нав маънидод мекунад.
Аз ин як гузориши мухтасар якчанд аломати муњими њуќуќии љазоро дар тафовут аз чорањои таъсиррасонии маъмурї, интизомї ва гражданию њуќуќї ошкор намудан мумкин аст:
1. Љазо њатман дар ќонуни љиоятї нишон дода шудааст.
2. Љазо характери умумї ёхуд оммавї дорад, яъне аз номи давлат таъин карда мешавад.
3. Љазо бањодињии манфии ахлќию сиёсии давлатро нисбат ба шахсияти гунањкор дар бар мегирад.
4. Љазо бо њукми суд барои содир намудани њамон љинояте татбиќ мешавад, ки дар ќисми махсуси Кодекси љиноятї пешбинї шудааст.
5. Љазо доѓи судиро ба вуљуд меорад.
Тибќи ќонуни љиноятї чунин навъњои љазо муќаррар карда шудаанд:
1) корњои њатмї;
2) љарима;
3) мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян;
4) мањрум кардан аз рутбањои њарбї, дипломатї, рутбањо, унвонњои махсус, мукофотњои давлатї ва унвонњои ифтихории Тољикистон;
5) корњои ислоњї;
6) мањдуд кардан дар хизмати њарбї;
7) мањдуд кардани озодї;
8) нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї;
9) мусодираи амвол;
10) мањрум сохтан аз озодї;
11) њабси якумрї.
Мувофиќи ќонуни љиноятии амалкунанда њама навъњои љазоро ба ду гурўњ - љазоњои асосї ва љазоњои иловагї људо мекунанд.
Корњои њатмї, корњои ислоњї, мањдуд кардан дар хизмати њарбї, мањдуд кардани озодї, нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї, мањрум сохтан аз озодї, њабси якумрї танњо њамчун ба сифати љазои асосї татбиќ мешаванд. Љарима, мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ва ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян њам ба сифати љазоњои асосї ва њам иловагї татбиќ мешаванд.
Мањрум кардан аз рутбаи њарбї, дипломатї, рутбањо, унвонњои махсус, мукофотњои давлатї ва унвонњои ифтихории Тољикистон, инчунин мусодираи амвол танњо ба сифати љазои иловагї истифода мешаванд. Љазои иловагии таъиннамудаи суд аз љазои асосї сахттар буда наметавонад.
Тибќи ќонун барои як љиноят танњо як љазои асосї таъин намудан мумкин аст. Дар њолатњо ва мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи њамин Кодекс ба љазои асосї таъин кардани як ё якчанд љазои иловагї имконпазир аст.
Љарима ва мусодираи амволро танњо дар њолатњое, ки бевосита дар ќисми махсуси њамин Кодекс пешбинї гардидаанд, њамчун љазои иловагї таъин намудан мумкин аст.
Саволњо:
1) Таърифи љазоро бигўед ва мувофиќи љањонбинии худ шарњ дињед, ки он бо кадом маќсад пешбинї шудааст? 2) Аломати муњими њуќуќии љазо кадомњоянд? 3) Навъњои љазоњои љиноятиро номбар кунед. 4) Чаро љазоњои љиноятиро ба асосї ва иловагї људо мекунанд?
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 78 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Олатњое, ки љиноят будани кирдорро истисно мекунанд | | | авобгарии љиноятии ноболиѓон |