Читайте также: |
|
Зиёда аз 70 фоизи ањолии Тољикистонро кўдакону наврасон ташкил медињанд ва гуфтан мумкин аст, ки дар ояндаи наздик сарнавишти диёри азиз ва устувории хусусиятњои демокративу њуќуќбунёдии он ба дўши онњое вогузор хоњад шуд, ки имрўз насли наврасро ташкил медињанд. Бинобар ин масъалаи пешгирии љинояткорї дар байни ноболиѓон аз самтњои афзалиятноки сиёсати иљтимоии давлати мо ба шумор меравад. Мувофиќи меъёрњои илми њуќуќи љиноятї ноболиѓ шахсе эътироф мешавад, ки дар ваќти содир намудани љиноят 14-солагиро пур карда, вале ба синни њаждасолагї нарасидааст.
Ба ноболиѓоне, ки љиноят содир намудаанд, мумкин аст љазо ё чорањои маљбуркунии дорои хусусияти тарбиявї таъин карда шавад. Ќонуни љиноятї чунин навъњои љазоро ба ноболиѓон таъин кардааст: корњои њатмї, љарима, мањрум кардан аз њуќуќи машѓул шудан ба фаъолияти муайян, корњои ислоњї, мањрум сохтан аз озодї.
Корњои њатмї ба мўњлати аз 40 то 160 соат таъин карда мешавад, ки он аз иљрои корњои ба ноболиѓон мувофиќ ва берун аз ваќти тањсил аст. Давомнокии чунин намуди љазо нисбат ба ноболиѓни то 16 - сола аз 2 соат дар як рўз ва нисбат ва ноболиѓони аз 16 то 18-сола аз се соат дар як рўз зиёд буда наметавонад.
Љарима њамон ваќт таъин карда мешавад, ки ноболиѓ даромади мустаќилона ё амвол дошта бошад ва он ба андозаи то 100 маоши њадди аќал таъин карда мешавад. Мањрум сохтан аз машѓул шудан ба фаъолияти муайян бошад, ба ноболиѓон ба мўњлати аз 1 то 2 сол таъин карда мешавад.
Корњои ислоњї ба ноболиѓон дар љои корашон ба мўњлати аз ду моњ то як сол таъин карда мешавад. Дар айни замон аз панљ то понздањ фоизи музди мењнати мањкумшудагон ба њисоби даромади давлат нигоњ дошта мешавад.
Ба ноболиѓоне, ки бори аввал љиноятњои начандон вазнин ва дараљаи миёна содир намудаанд, љазои мањрум сохтан аз озодї таъин карда намешавад ва агар санксияи моддаи ќисми махсус ѓайр аз љазои мањрум сохтан аз озодї дигар намуди љазоро пешбинї накарда бошад, он гоњ суд љазоњои бо мањрум сохтан аз озодї алоќаманд набудаи дар ќисми умумии њамин Кодекс пешбинишударо дар доираи њаљм ва мўњлатњои пешбининамудаи ќисми умумии њамин Кодекс таъин менамояд. Мувофиќи моддаи 87 Кодекси љиноятї љазои мањрум сохтан аз озодї нисбати ноболиѓоне таъин карда мешаванд, ки дар синни то 16-солагї љинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд – ба мўњлати то њафт сол ва нисбат ба ноболиѓоне, ки дар синни аз 16 то 18-солагї љинояти вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд – ба мўњлати то дањ сол таъин карда мешавад.
Љазои мањрум сохтан аз озодиро ноболиѓони љинси марде, ки бори аввал ба мањрум сохтан аз озодї мањкум шудаанд, инчунин ноболѓони љинси зан дар колонияњои тарбиявии дорои низоми умумї ва ноболиѓон љинси марде, ки ќаблан мањрум сохтан аз озодиро адо намудаанд, дар колонияњои тарбиявии дорои низоми пурзўр адо мекунанд.
Саволњо:
1) Синну соли ноболиѓ аз нуќтаи назари илми њуќуќи љиноятї. 2) Навъњои љазоро барои ноболиѓон номбар кунед. 3) Корњои њатмї ба кадом мўњлат таъин карда мешаванд? 4) Ба ноболиѓоне, ки бори аввал љиноятњои начандон вазнин ва дараљаи миёна содир намудаанд, чї гуна љазо таъин карда мешавад? 5) Љазои мањрум сохтан аз озодиро ноболиѓон дар куљо адо мекунанд?
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 111 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Азо: маќсад ва намудњои он | | | Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї |