Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Мафњум ва нишонањои љиноят

Мафњум, вазифањо ва принсипњои њуќуќи љиноятї | Олатњое, ки љиноят будани кирдорро истисно мекунанд | Азо: маќсад ва намудњои он | авобгарии љиноятии ноболиѓон |


Читайте также:
  1. авобгарии љиноятии ноболиѓон
  2. Авобгарї барои шарикї дар љиноят
  3. Иттињодияњои корфармоён метавонанд аз рўи нишонањои њудудї, соњавї, байнисоњавї, њудудиву соњавї таъсис дода шаванд.
  4. Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї
  5. Мафњум ва ањамияти шартномаи мењнатї.
  6. Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз.
  7. Мафњум ва намудњои назорати андоз

Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон (дар моддаи 17) љиноятро кирдори аз њаракат ё бењаракатї содиршудаи гунањгоронаи барои љамъият хавфнок мењисобад, ки ба шахсият, љамъият ва давлат зарар мерасонад ё бо расонидани зарар тањдид ба амал меоварад. Чунин кирдор – њаракат ё бењаракатиро ќонуни љиноятї бо тањдиди татбиќи љазо манъ кардааст. Дар таърифи додашудаи љиноят њам хусусияти расмї ва њам моддї зикр шудаанд, чунки дар он њам аломати расмї - кирдори бо ќонуни љиноятї манъкардашуда ва њам аломати моддї - барои љамъият хавфнокї пешбинї шудаанд.

Њамин тавр, љиноят дорои аломатњои зерин мебошад:

- хавфнок будан барои љамъият;

- амали зиддињуќуќї будан;

- гунањкорї;

- сазовори љазо будан.

Аломатњои љиноят мундариљаи онро ошкор намуда, имконият медињанд, ки љиноят аз дигар навъи њуќуќвайронкунињо фарќ карда шавад. Љиноят, пеш аз њама, кирдорест, ки дар шакли њаракат ё бењаракатї ифода меёбад. Шахс бояд имконияти дарк намудани мазмун ва ањамияти кирдори худро дошта бошад. Кирдори шахс бояд бошуурона, иродавї, ихтиёрї ва маќсаднок содир шавад.

Танњо кирдоре љиноят эътироф мешавад, ки барои љамъият хавфнок бошад. Ба љамъият хавфнок будан яке аз хусусиятњои асосии иљтимоии (моддии) љиноят ба њисоб меравад.

Моњияти хавфнок будани кирдор дар он ифода меёбад, ки он ба муносибатњои љамъиятї зарар мерасонад ё тањдиди чунин зарарро ба вучуд меорад. Аз њамин сабаб барои љиноят љавобгарии љиноятї муќаррар карда шудааст.

Набудани хавфнокї барои љамъият имконияти љиноят эътироф гардидани кирдорро сарфи назар мекунад. Масалан, кирдорњои камањамият, амалњое, ки дар њолатњои мудофиаи зарурї ва зарурати нињої содир шудаанд, љиноят эътироф намешаванд. Ба љамъият хавфнок будани кирдор аз як ќатор омилњо вобастагї дорад: арзиши объекти њифзшаванда, характер ва њаљми оќибати амали љиноятї, тарзу восита, ваќт, љой ва њолатњои дигари содир шудани љиноят.

Дараљаи хавфнокии љамъиятї тавсифи миќдории љиноят аст, ки хусусиятњои зоњирии онро, аз љумла арзиши объекти таљовузшуда, дараљаи гуноњ ва њаљму андозаи зарарро муайян мекунад. Ќонунгузор дараљаи хавфнокии љиноятњои мушаххасро ба эътибор гирифта, њолатњоеро муќаррар намудааст, ки љазоро сабук ва баръакс, вазнин мекунанд. Њолатњои сабуккунандаи љазо инњо мебошанд:

- бори аввал содир намудани љиноят;

- ноболиѓ будани гунањкор;

- њомиладор будан;

- кўдакони хурдсол доштани гунањкор;

- бо сабаби вазнинии шароити зинагї ва ё аз рўи дилсўзї содир намудани љиноят;

- содир намудани љиноят дар њолати њаяљони рўњие, ки сабаби он зўроварї, тањќири сахт ё амалњои дигари ѓайриќонунии љабрдида мебошад;

- содир намудани љиноят дар њолати аз њадди мудофиаи зарурї гузаштан, дастгир кардани шахси љиноят содирнамуда, зарурати нињої, таваккали асоснок, иљрои фармон ё амр;

- тањти таъсири маљбуркунии љисмонї ё рўњї ё вобастагии моддї, хизматї ва ё вобастагињои дигар содир намудани љиноят;

- ихтиёран омада, ба гуноњи худ иќрор шуданд, сидќан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани љиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни љиноят ва дар кофтукови амволи дар натиљаи љиноят бадастомада;

- бевосита пас аз содир намудани љиноят расонидани ёрии тиббї ё кўмаки дигар ба љабрдида, ихтиёран талофї кардан ё рафъ сохтани зарари моддї ва маънавии дар натиљаи љиноят расонидашуда, анљом додани амалњои дигаре, ки ба ислоњи зарари ба љабрдида расонидашуда равона гардидаанд.

Њолатњои вазнинкунандаи љазо аз инњо иборат мебошанд:

- такроран содир намудани љиноят, ретсидив, њамчун касб содир намудани љиноят;

- оќибати вазнин доштани љиноят;

- дар њайати гурўњи ашхос, гурўњи ашхос бо маслињати пешакї, гурўњи муташаккил ё иттињоди љиноятї (ташкилоти љиноятї) содир кардани љиноят;

- наќши махсусан фаъол доштан дар содир намудани љиноят;

- ба содир намудани љиноят дидаю дониста љалб кардани ашхосе, ки гирифтори бемории рўњї мебошанд, дар њолати мастї ќарор доранд, инчунин ашхоси хурдсол ё ноболиѓ;

- содир намудани љиноят бо сабаби адовати мањалгарої, миллї, нажодї ё динї, таассуби динї, ќасосгирї барои амалњои ќонунии ашхоси дигар, инчунин бо маќсади рўйпўш намудани љинояти дигар ё сабук кардани содиршавии он;

- дидаю дониста аз тарафи гунањкор содир намудани љиноят нисбати зани њомиладор, инчунин нисбати кўдаки хурдсол, ноболиѓ, шахси дигари бегуноњ ё нотавон, ё шахсе, ки дар тобеияти гунањкор мебошад.

Ба шумори њолатњои дигар – содир намудани љиноят бо берањмии махсус, бо истифодаи яроќи оташфишон, лавозимоти љангї, техникаи њарбї, моддањои тарканда ва зањрноку радиоактивї, бо истифода аз вазъияти фавќулодда, офатњои табиї ва фалокатњои дигари љамъиятї, бетартибињои оммавї, дар њолати масти майзадагї, тањти таъсири моддањои мадњушкунанда аз маводи нашъаовар будан, бо маќсади ѓаразнок, содир намудани љиноят нисбати волидайн ва ѓайра дохил мешаванд.

Аломати муњими дигари љиноят амали зиддињукуќї ё худ зиддиќонунї будани кирдори мушаххас аст. Кирдори ба љамъият хавфнок њамон ваќт љиноят мањсуб мешавад, ки агар дар моддањои мушаххаси ќисми махсуси Кодекси љиноятї инъикосшуда бошанд. Ба ибораи дигар, зиддињуќуќї будани љиноят маънои аз љониби ќонуни љиноятї манъ шудани онро дорад.

Гунањкорї ё худ мављуд будани гуноњ шарти дигари љиноят эътироф шудани кирдори ба љамъият хавфнок аст. Гуноњ ин муносибати рўњии шахс нисбат ба кирдори ба љамъият хавфнок ва оќибатњои он буда, дар шакли ќасд ё беэњтиётї ифода меёбад. Бе мављудияти гуноњ таркиби љиноят вуљуд дошта наметавонад, яъне гуноњ заминаи зарурии љавобгарии љиноятї ва љазо ба шумор меравад. Танњо шахсе дар содир кардани љиноят гунањкор эътироф мешавад, ки ў ин кирдорро ќасдан ё аз беэњтиётї содир карда бошад. Кирдори танњо аз беэњтиётї содиршуда дар њолате љиноят эътироф мешавад, ки агар он дар моддаи дахлдори ќисми махсуси Кодекси љиноятї пешбинї шуда бошад.

Љинояти ќасдан содиршуда кирдоре эътироф мешавад, ки бо
ќасди бевосита ё бавосита содир шудааст. Љиноят бо ќасди бевосита содиршуда эътироф мешавад, агар шахс ба љамъият хавфнок будани њаракат ё худ (бењаракатии) худро дарк карда, имконият ё ногузирии фаро расидани оќибати барои љамъият хавфноки онро пешбинї намояд ва хоњони фаро расидани он бошад.

Љиноят њамон ваќт бо ќасди бавосита содиршуда эътироф мешавад, ки агар шахс ба љамъият хавфнок будани њаракат ё худ бењаракатии худро дарк карда, имконияти фаро расидани оќибати барои љамъият хавфно­ки онро пешбинї намояд ва фаро расидани оќибатро нахоста, вале дидаву дониста ба ин оќибатњо роњ дода бошад, ё ба онњо беэътиноёна муносибат карда бошад.

Љинояти аз беэњтиётї содиршуда кирдори барои љамъият хавфноке эътироф мешавад, ки аз худбоварї ё бепарвої содир шудааст.Љиноят њангоме аз худбоварї содиршуда эътироф мешавад, ки агар шахс имконияти фаро расидани оќибатњои барои љамъият хавфноки њаракат ё худ бењаракатии худро пешбинї карда, вале бе асосњои ба он кофї, худбоварона њисоб карда бошад, ки он оќибатњоро бартараф мекунад.

Инчунин љиноят њангоме аз бепарвої содиршуда эътироф мешавад, ки агар шахс имконияти фаро расидани оќибатњои барои љамъият хавфноки кирдорихудро пешбинї накарда бошад, њол он ки агар бодиќќатї ва дурандешї зоњир мекард, метавонист он оќибатњоро пешбинї кунад.

Нињоят, аломати охирини љиноят њисобидани кирдор сазовори љазо будани он аст. Моњияти сазовори љазо будани кирдор дар он аст, ки танњо њамон кирдори ба љамъият хавфнок, зиддињуќуќї ва гунањкорона љиноят шуморида мешавад, ки агар барои содир намудани он ќонуни љиноятї љазои љиноятиро муќаррар карда бошад.

Кирдорњои љиноятї вобаста ба хусусият ва дараљаи хавфи барои љамъият доштаашон ба љиноятњои начандон вазнин, дараљаи миёна, вазнин ва махсусан вазнин таќсим мешаванд. Кирдорњои ќасдан содиршавандае, ки љазои њадди аксари барои онњо дар Кодекси љиноятї пешбинигардида аз ду соли мањрум сохтан аз озодї зиёд нест ва кирдорњои аз беэњтиётї содиршавандае, ки љазои њадди аксари барои онњо пешбинигардида аз панљ соли мањрум сохтан аз озодї зиёд нест, љиноятњои начандон вазнин эътироф мешаванд. Кирдорњои ќасдан содиршавандае, ки љазои њадди аксари онњо аз панљ соли мањрум сохтан аз озодї зиёд нест ва кирдорњои аз беэњтиётї содиршавандае, ки љазои њадди аксар барои онњо аз панљ соли мањрум сохтан аз озодї зиёд мебошад, љиноятњои дараљаи миёна эътироф мешаванд. Кирдорњои ќасдан содиршудае, ки љазои њадди аксари барои онњо дар Кодекси љиноятї пешбинигардида аз дувоздањ соли мањрум со­хтан аз озодї зиёд нест, љиноятњои вазнин эътироф мешаванд. Кирдорњои ќасдан содиршавандае, ки љазои њадди аксар барои онњо зиёда аз дувоздањ соли мањрум сохтан аз
озодї пешбинї гардидааст, љиноятњои махсусан вазнин
эътироф мешаванд.

Саволњо:

1) Таърифи љиноятро мувофиќи Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон бигўед. 2) Аломатњои њуќуќии љиноятро шарњ дињед. 3) Моњияти хавфнок будани кирдор дар чї ифода меёбад? 4) Њолатњои сабуккунандаи љазо кадомњоянд? 5) Гуноњ чї гуна кирдор аст ва оќибатњои он дар кадом шаклњо ифода меёбад? 6) Фарќи ќасди бевоситаро аз ќасди бавосита фањмонед.7) Категорияњои љиноятро номбар кунед.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 51 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Тавсифи ќонунгузории љиноятї| Авобгарї барои шарикї дар љиноят

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.008 сек.)