Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї

Пайдоиши андозбандї ва хусусияти миллии он дар таърихи давлат ва њуќуќи тољикон | З) Аз 91 то 120 адад – 2 шутури сесола. | Ба ањли зима, њарчанд фаќир ва мискин бошанд. | Инкишофи минбаъдаи андозбандї дар ЉТ | Мавзўи 3. Унсурњои асосии андоз | Андозсупоранда | Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз. | Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї. | Имтиёзњо дар бахши андоз. | Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз. |


Читайте также:
  1. Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда
  2. ДИГАР ВОСИТАЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ
  3. Кафолатњо ва љубронпулињо њангоми фиристонидани кормандон ба сафари хизматї ва кўчидан љињати иљрои кор ба дигар мањал.
  4. Мавќеи андозњо дар љодаи таъмини дороии давлат
  5. Мафњум ва ањамияти шартномаи мењнатї.
  6. Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз.

Дар КАД (моддаи 5) муќаррар гардидааст, ки андоз пардохти муќаррарнамудаи ќонун ба буљети давлатї буда, дорои хусусияти њатмї ва инфиродии ѓайриэквивалентї мебошад. Аз рўи чунин мафњуми расмии универсалї, чунин аломатњои андозњо муайян ва тањлил кардан мумкин мебошад. Аввал, андоз пардохти пулї аст, ки андозсупоранда ба давлат месупорад. Ин хусусияти андоз ба давлат имконият медињад ба њадафњое, ки њангоми муќаррар кардани андозњо дар пеш мегузорад, яъне ба маќсади аз нав таќсим намудани маблаѓ рассад, ки бо ин восита вай молики захирањои иловагии пулї мегардад. Дар ин маврид андозпулї њамчун усули азнавтаќсимкунии маблаѓ хизмат мекунад. Дуввум, андоз пардохти њатмист, яъне дар худ табиати њокимияту тобеиятро дошта, онро давлат њамчун суверен яктарафа, беягон шартнома ё маслињати пешаки бо шањрвандон муќаррар менамояд. Сеюм, андоз дорои аломати инфиродии ѓайриэквивалентї мебошад. Яъне пардохти андоз давлатњоро њељ ўњдадор намекунад, ки ба манфиати инфиродии андозсупоранда амалеро иљро намояд. Дар ин муносибатњо принсипњои њуќуќи гражданї ва механизми ќаноатмандии мутаносиби шартномавї амал намекунад. Давлат аз њокимияти сиёсии худ истифода бурда, бањри таъмини молиякунонии буљетї пардохти андозро барои њамаи андозсупорандагон њатмї гардонда ва онро инфиродии ѓайриэквивалентї (беподош) эълон менамояд. Андозсупоранда маблаѓи андозро супурда, аз он ба таври доимї мањрум мемонад ва њаќ надорад, ки баргардонидани онро талаб намоед. Дар навбати худ давлат њам ўњдадор нест, ки маблаѓи дар шакли андоз гирифтаашро ба андозсупоранда баргардонида дињад.

Андоз пардохтест, ки ба буљети давлатї гузаронида шуда, даромади давлатро ташкил медињад. Вай пардохтест, ки дар рафти пардохти андозсупоранда аз моликияти супорандаи он ба моликияти давлат мубаддал мегардад. Дар ин маврид њуќуќи моликиятии шахси хусусии супорандаи андоз ќатъ гардида ба ин маблаѓ њуќуќи моликияти давлатї пайдо мешавад. Њуќуќи моликият пайдо кардани давлат ба маблаѓи андоз ба вай имконият медињад, ки маблаѓи ба буљет воридшударо бидуни кадом як мањдудият ва бо салоњияти худ ихтиёрдорї намояд.

Муќаррар ва ситонидани андоз њуќуќи мустаснои давлат аст. Њељ каси дигар њуќуќ надорад андозсупорандаро ўњдадор намояд, ки андоз супорад. Њељ касс њангоми муќаррар кардани андоз њуќуќи ба давлат таъсир расонданро надорад. Андоз дар асоси изњори яктарафаи давлат муќаррар карда мешавад. Њуќуќи муќаррар кардани андозњо ва муайян кардани тартиби ситонидани онњоро фаќат маќоми олии ќонунбарор ва маќомоти мањаллии намояндгаї доранд. Њуќуќи назорат карданро оид ба пурра ва сариваќт пардохтани андоз, инчунин њуќуќи маљбурсозии андозї ба маќомоти ваколатдори њокимияти иљроия ва судї дахл дошта, онњо амалан иљро шудани ирода давлатро њангоми гирифтани андоз таъмин менамоянд.

Андоз воситаи ба тартиб овардани муносибатњои андозсупору давлат буда, дорои функсияњои зерин мебошад: хазинавї, иљтимої, танзимсозї ва назоратї. Љињати хазинавии расидан ба маќсадњои андозситонї дар он аст, ки ќариб 70% даромади буљети давлат аз њисоби андозпулињо ѓанї гардонида мешавад. Моњияти иљтимої андоз аз ќисми 2 моддаи 1 Конститутсияи ЉТ бармеояд. Тибќи он «Тољикистон давлати иљтимої буда, барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам»15. Бинобар ин яке аз маќсадњои љамъоварии андозњо ин таъмини маблѓгузории соњаи иљтимої буда, њар сол маблаѓгузории буљетии он зиёд карда мешавад. Албатта, њалли пурраи он аз сифати баланди даромаднокии буљети давлатї ЉТ вобастагї дорад.

Функсияњои танзимсозї тавсифи таъсиррасонии молиявї дорад, ки аз рўи он амнияти иќтисодии давлат таъмин карда мешавад. Ин функсия на танњо дар муќаррарсозии ўњдадорињо, балки дар њавасмандгардонии андозсупорандагоне, ки фаъолиятнок ба манфиатњои љамъиятї бештар наздик аст, дида мешавад. Чунин њолатро бештар дар имтиёзњои андоз, низоми содакардашудаи он дида мешавад.

Функсияи назоратї аз табиати андозбандї бармеояд. Бо он самаранокии низоми андоз, ќобилияти андозсупорандагон ва сифати иљроиши ўњдадорињои молиявї санљида мешавад.

Дар низоми андозї ЉТ (ќисми 1 моддаи 6 КА), дигар пардохтњои њатмї вуљуд доранд. Онњоро бољу хирољ мегўянд. Бољи давлатї – чунин пулситонии оммавї мебошад, ки аз ашхоси њуќуќї ва воќеии барои ин ё он амалиётро иљро кардани маќомоти ваколатдори давлатї ва барои соњиб гаштан ба њуљљатњои дорои ањамияти њуќуќї дошта ситонида мешавад.

Хирољи давлатї бошад – чунин пардохти пули оммавие мебошад, ки маќомоти давлатї барои њуќуќи иштирок кардан ё истифода бурдани объектњои муайян ситонида мешавад. Масалан, хирољ мумкин аст барои њуќуќ дар гаштан ба фаъолияти иљозатї ситонида шавад.

Бољу хирољ одатан он ањамияти молиявиро, ки хоси андозњост, надоранд. Бар хилофи андоз њангоми пардохти бољ ё хирољ њамеша њадафи махсус ё манофеи махсус љой дорад. Ба ин маънидодкунї бољу хирољ пардохтњои инфиродии амволианд.

Таъиноти бољ ё хирољ ситонидани давлат-ин пўшонидани як ќисми харољоти нигоњдории маќомоти салоњиятдор мебошад, ки вобаста ба фаъолияти он бољ гирифта мешавад. Онњо чунин пардохтњои камтарини пулие мебошанд, ки вобаста ба хизматрасонињои дорои хусусияти оммавї ситонида мешаванд.

Бољи давлатї якчанд намуд мешавад. Масалан, бољ барои иљрои амале, ки ба фоидаи бољсупоранда буда, ањамияти њуќуќї дорад (ќабули аризаи даъвогї, дигар њуљљатњо аз љониби суд, иљрои амалњои нотариалї, ба ќайдгирии асноди њолати шањрвандї ва ѓайра).

Бољи гумрукї аз љониби маќомоти гумрук барои ворид ва ё хориљ кардани мол ва ё воситањои наќлиётї аз марзи гумрукии ЉТ ситонида мешавад.

Бољи баќайдгирї њангоми ариза навишта мурољиат кардани шахс барои гирифтани патенти ихтироот, намунаи саноатї, ќолибњои лозима, њангоми аз ќайди давлати гузаронидани тамѓаи (нишони) моли ширкат ё њуќуќњои истисної ва ѓайра гирифта мешавад.

Бољи мањакгузорї барои муайян кардани металњои ќиматбањои таркиби маснуот ва гузоштани иёру мањак гирифта мешавад.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 117 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Мавќеи андозњо дар љодаи таъмини дороии давлат| Навъњои андоз дар ЉТ

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.006 сек.)