Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Мавќеи андозњо дар љодаи таъмини дороии давлат

Пайдоиши андозбандї ва хусусияти миллии он дар таърихи давлат ва њуќуќи тољикон | З) Аз 91 то 120 адад – 2 шутури сесола. | Ба ањли зима, њарчанд фаќир ва мискин бошанд. | Навъњои андоз дар ЉТ | Мавзўи 3. Унсурњои асосии андоз | Андозсупоранда | Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз. | Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї. | Имтиёзњо дар бахши андоз. | Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз. |


Читайте также:
  1. Дар силсилаи санадњои меъёрї-њуќуќї оид ба мењнат мавќеи марказиро КМ ЉТ аз 15 маи соли 1997 ишѓол менамояд, ки аз 11 маи соли 1997 мавриди амал ќарор дода шудааст.
  2. Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда
  3. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи давлатии оила
  4. Маќомоти идоракунии корхона, муассиса ва ташкилоти давлатї дохил мешаванд.
  5. Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї
  6. Пайдоиши андозбандї ва хусусияти миллии он дар таърихи давлат ва њуќуќи тољикон

Барои фаъолияту мављудияти давлат маблаѓњои зарурї лозиманд. Мањз ба тауфайли маблаѓњои гирдовардаи давлат мавќеу ќувваи иќтисодиро соњиб мегардад. Одатан дар шароити кунунї маблаѓњои дар ихтиёри давлат мављудбуда аз њисоби чунин корњо ба даст оварда шудаанд:

- фаъолияти хољагидорї ва хусусигардонии амволи давлатї;

- гирдоварии маблаѓњо бо роњи ситонидани андозу бољгирї ва њар гуна инъомњову бозёфтњо.

Давлат дар иќтисодиёт мавќеи духеларо ба худ гирифта метавонад. Аз рўи ин нишона давлатњое дучор мешаванд, ки њиссаи афзалиятнок ва ё тамоили иќтисодиро ба зери тасарруфи худ мегиранд ва ё дар он ба монанди хољагињои људогона наќши маълумро соњиб мешаванд. Дар Иттињоди Шўравии собиќ зиёда аз 90% даромади миллии мамлакат бо воситаи сохторњои давлатї људо ва аз нав таќсим карда мешуданд. Дигар мамлакатњои собиќ сотсиалистї њам таи дањсолањои 60-80-уми садаи XX дар њамин дараља даромади миллиро гирд оварда, онро аз нав таќсим мекарданд. Аз рўи њамин нишона муњаќќиќон он мамлакатњоро давлатњои фармонфармоию тобеияти мутлаќ њисоб мекарданд14.

Дар дањсолањои авали фаъолияти Иттињоди Шўравии собиќ, давлат тамоили Иќтидору захирањоро ба ихтиёри худ гирифта, сохтмонњои азиму сершуморро ба роњ монда ва барномањои азими коллективонии хољагии ќишлоќу индустрикунонии мамлакатро ба амал бароварда буд. Зери таъсири ин комёбињои намоён мамлакатњои дигари љањон њам солњои 30-50-ум боѓайратона ба иќтисод ворид шуданро пеш гирифта буданд. Вале, мутаасифона моликияти хусусї ба воситањои истењсолот барњам дода шуда, бинобар аз характери ѓайримолї гирифтани ќобилияти мењнатї имкониятњои фаъолияти озоди эљодї њам пахш карда шуда буд.

Ин њолати имконоти пешрафти иќтисодро бакуллї аз байн рабуда буд. Таљрибаи мамлакатњо нишон дод, ки фаъолияти соњибкории корхонањои давлатї дар њадду худи муайян самарабахш буда метавонад. Ва ин хислатро вай нигоњ намедорад. Бинобар он бо гузашти ваќт њадди давлатигардонии иќтисод њам бояд дигаргун шуда истад. Мањз њамон марому равиши давлатигардонии иќтисодро давлатњои европої бо муваффаќият амалї мекунад. Њиссаи бо ёрии сохторњои давлатї таќсимшавандаи даромади миллї дар ин мамлакатњо дар њудуди аз 10% то 40-50% мерасад.

Дар замони њозира яке аз роњњои таъмини дорои давлат, андозгирї аз ањолї ва ташкилотњои ќобилияти андозсупорї дошта мебошад. Бо њамин роњ давлат сиёсати таќсимотро њам татбиќ мекунад. Дар мамлакатњои тараќќикардаи љањон сиёсати таќисмоти давлат ба њамон нигаронда шудааст, ки даромадњои њадди аќал ва аксар бо њамдигар наздик карда шаванд. Бо њамин маќсад њадди аќали музди мењнат бо таври ќонунгузорї танзим менамоянд.

Мавриди муайян кардани меъёри андоз аз даромадњои шањрвандон ва низому меъёри афзояндаи андоз аз даромад ба роњ монда мешавад. Яъне аз музди паст андози камтар гирифта, баробари зиёдшавии даромад сатњи андоз баландтар таъйин карда мешавад. Ин гуна усуси њисобу рўёнидани андоз имкон медињад, ки даромади каму зиёд бо њамдигар наздик карда шуда, то андозае адолати иљтимої њамчун мањаки танзмгарї истифода бурда шавад.

Дар њолатњои људогона харољоти давлат афзуда, дар навбати худ талаб менамояд, ки меъёри андозњо зиёд карда шавад. Чунки як роњи асосии зиёд кардани даромади давлат афзоиши андоз ба шумор меравад. Одат давлат кўшиши зиёд кардани андоз аз ањолиро камтар истифода мебарад, чунки ин гуна сиёсат ва давлати пешгирифтаи он «писанди» халќ дониста намешавад. Бо маќсади њалли мушкилот зиёд кардани андози фоидаи шахсони њуќуќиро пеш мегиранд. Аммо амалан зиёд шудани андози фоида сатњи худи фоидаро паст гардонида, бо њамин роњ имкони зиёдшавии даромади давлатро барњам медињад. Бинобар он ин гуна сиёсати молиявї бояд мулоњизакорона пеш гирифта шавад.

Ќисми зиёди даромади ањолї ва ташкилотњо дар замони њозира дар сектори хусусии иќтисодиёт ба вуљуд меояд. Имконияти танзими давлатии ин гуна даромадњо (фоида) мањдуд буда, татбиќи амалияи бо роњи маъмурї ба даромади давлатї гузаронидани онњо бошад, мумкин нест.

Андозсупоранда танњо тавассути андозњои муќарраркардаи КА дар ташаккули даромади буљети давлатї иштирок менамоянд. Маблаѓи буљет бо њамин роњ љамъоварї шуда, барои фаъолияти давлат ва маќомоти он, њифзи тартиботи љамъиятї, молиякунонии соњањои иљтимої харљ мешавад.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 109 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Инкишофи минбаъдаи андозбандї дар ЉТ| Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.005 сек.)