Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Андозсупоранда

Пайдоиши андозбандї ва хусусияти миллии он дар таърихи давлат ва њуќуќи тољикон | З) Аз 91 то 120 адад – 2 шутури сесола. | Ба ањли зима, њарчанд фаќир ва мискин бошанд. | Инкишофи минбаъдаи андозбандї дар ЉТ | Мавќеи андозњо дар љодаи таъмини дороии давлат | Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї | Навъњои андоз дар ЉТ | Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї. | Имтиёзњо дар бахши андоз. | Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз. |


Шахсони воќеї ва (ё) њуќуќї, ки ба зиммаашон мутобиќи Кодекси андози ўњдадории пардохти андоз гузошта щудааст, андозсупоранда эътироф мешаванд.

Аз ин мафњум бармеояд, ки андозсупоранда њам шахси воќеї ва њам шахси њуќуќї мебошад. Шахси воќеї ин шањрванди Љумињурии Тољикистон, шањрванди хориљї ва шахси бешањрвандї мебошад. Шахси њуќуќи бошад ташкилоте дониста мешавад, ки дар моликият, пешбурди хољагидори ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта, аз рўи ўњдадорињои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ њуќуќњои молу мулки ва шахсии ѓайримолумулкиро ба даст оварда, татбиќ намояд, ўњдадори гирад, дар суд даъвогар ва љавобгар бошад. Ашхоси њуќуќи бояд баланс ё сметаи мустаќил дошта бошанд[5].

Вобаста ба муносибатњои иќтисодии андозсупоранда ба давлат ду гурўњи андозсупорандаро људо менамоянд:

1. Резидентњо. Шахсони воќеи, агар онњо воќеан дар љараёни њама гуна мўњлати 12- моњаи пайдарњами дар њамин соли таќвими хотимаёбанда зиёда аз 182 рўз дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон бошанд, ё новобаста аз давомнокии мўњлати он дар соли љории таќвими берун аз ќаламрави он дар хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон ќарор дошта бошанд, нисбати тамоми соли љории таќвими резидент ба њисоб мераванд. Шахсони воќеие, ки сарфи назар аз мўњлати дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон буданашон ва дигар омилњои муайяннамудаи моддаи 30 КА ЉТ, шањрвандони Љумњурии Тољикистон мебошанд, шахсони воќеие, ки барои ќабул шудан ба шањрвандии Љумњурии Тољикистон ё барои бешањрвандии Љумњурии Тољикистон љињати зисти муќими дар Љумњурии Тољикистон гирифтани иљозат ариза додаанд, њамчун шахсони воќеи-резидент эътироф мешаванд, ки:

- аз љониби маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон ба хориља ба сафари хизмати фиристода шудаанд, аз љумла кормандони муассисањои дипломатию консули ва намояндагињои ба онњо баробаркардашуда, намояндагињои тиљоратии Љумњурии Тољикистон, ташкилотњои байналмилали ё байнињукумати, инчунин аъзои оилаи чунин шахсони воќеи;

- аъзои экипажњои воситањои наќлиётии ба шахсони њуќуќи ё шањрвандони Љумњурии Тољикистон тааллуќдошта, ки боркашонии байналмилалиро анљом медињанд;

- хизматчиёни њарби ва кормандони ѓайринизомии дар пойгоњњои њарби, ќисмњои њарби, гурўњњо, ќисмњо ва љузъу томњои њарбии берун аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон љойгир шудаанд;

- дар объектњои воќеъ берун аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон, ки моликияти Љумњурии Тољикистон ё резидентњо, ё субъектњои Љумњурии Тољикистон мебошанд (аз љумла; дар асоси шартномањои консессиони), кор мекунанд;

- хонандагон, донишљўён, касбгирандагон ва таљрибаомўзон, ки бо маќсади тањсил ва гузаштани таљриба дар давоми тамоми мўњлати таълим ва таљрибаомўзи берун аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон ќарор доранд;

- муаллимон ва кормандони илми дар давоми тамоми мўњлати таълим ё иљрои корњои номбаршуда, ки бо маќсади таълимдињи, машварат ё иљрои корњои илми берун аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон ќарор доранд.

Њама гуна рўзе, ки дар давоми он шахси воќеи њаќиќатан дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон новобаста аз давомнокии истиќомат њозир буд, рўзи дар Љумњурии Тољикистон будан њисобида мешавад.

шахсњое, ки дар Љумњурии Тољикистон доимо зиндагї мекунанд;

2. Ѓайрирезидентњо. Шахси воќеие, ки мутобиќи модда 30 КА ЉТ резиденти Љумњурии Тољикистон ба њисоб намеравад, ѓайрирезиденти Љумњурии Тољикистон мебошад. Шахси воќеи дар давраи аз рўзи охирини буданаш дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон дар њамин соли андоз то охири њамин соли андоз ѓайрирезиденти Љумњурии Тољикистон ба њисоб меравад, агар чунин шахс дар соли мустаќиман минбаъдаи андоз низ ѓайрирезиденти Љумњурии Тољикистон бошад.

Андозсупоранда навобаста аз таснифоташ ба шахсони њуќуќї ва воќеї, резидент ва ѓайрирезидент дорои њолати њуќуќии мушахас мебошад. Њолати њуќуќии андозсупоранда гуфта маљмўи њуќуќњои бо ќонунгузории андоз муќарраршуда ва ўњдадорињои ба зиммаи андозсупоранда гузошташударо меноманд[6]. Њолати њуќуќии андозсупоранда бо моддањои 37 ва 38 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон муќаррар шудааст:

1.Андозсупоранда њуќуќ дорад:

- аз маќомоти андоз доир ба њамаи масъалањои оид ба андозбандї ва дигар пардохтњои њатмї ба буљет вобастабуда, аз љумла оид ба санадњои меъёрии њуќуќие, ки масъалањои андозбандиро танзим менамоянд, оид ба санљиши дарпешистодаи фаъолияти худ (ба истиснои санљишњои амалиётї) маълумот талаб намояд ва вобаста ба масъалахои татбиќи ќонунгузорињои андоз шарњи хаттї гирад;

-манфиатњои худро оид ба масъалањои муносибатњои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ муњофизат намояд;

-њангоми гузаронидани назорати андоз иштирок намуда, нусхаи њуљљатњоро оид ба натиљањои назорати андоз талаб намояд ва гирад;

-ба маќомоти андоз, дар рафти гузаронидани назорати андоз ва аз рўи натиљањои он, оид ба њисобкуни ва пардохти андозњо ва дигар пардохтњои њатми ба буљет тавзењот пешнињод намояд;

-доир ба њолати њисоббаробаркуни бо буљет оид ба иљрои ўњдадорињои андози аз вараќањои њисобномањои шахсиаш нусха гирад;

-мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи Кодекс андоз ва дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон нисбати санадњои санљиши андоз ва огоњномањо оид ба санадњои санљиши андоз ва амали (беамалии) шахсони мансабдори маќомоти андоз шикоят намояд;

-пинњон доштани сирри андозро талаб кунад;

-маълумотнома ва њуљљатњои ба андозбанди вобаста набударо надињад;

-имтиёзњои андозро тибќи тартиб ва асосњои мављуда мутобиќи ќонунгузории андоз истифода барад;

-мўњлати тамдиди (ба таъхир гузоштани) пардохти андозњоро тибќи тартиб ва шартњои муќаррарнамудаи Кодекси андоз дастрас намояд;

-бањисобгири ё баргардонидани сариваќтии маблаѓњои андозњои барзиёд супорида ё ситонидашударо (андозњои ба буљет барзиёд дохилшударо) талаб намояд;

-аз шахсони мансабдори маќомоти андоз риояи ќонунгузории андозро њангоми иљрои амал нисбати андозсупорандагон талаб намояд;

-санадњо (ќарорњо) ва талаботи маќомоти андоз ва шахсони мансабдори онро, ки ба ќонунгузории андоз, дигар санадњои меъёрии њуќуќи доир ба андозбанди ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мутобиќ нестанд, иљро накунад.

-аз шахсони мансабдори санљишкунандаи маќоми андоз барои гузаронидани санљиши андоз асос талаб намояд, бо шањодатномаи хизматии онњо шинос шавад;

-бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї аз маќоми андоз товони зарари дар натиљаи ќабули карор ва амалњои (беамалии) ѓайриќонунии шахсони мансабдори он расонидашударо талаб кунад;

-дар љараёни гузаронидани санљишњои андоз мутахассисон, намояндагони ассотсиатсияњо ва дигар ташкилотњои љамъиятиро љалб кунад, инчунин салоњияти шахсони љалбкарда бояд мутобиќи ќисми 3 моддаи 39 Кодексм андоз тасдик карда шавад.

Ба андозсупорандагон њифзи судии њуќуќ ва манфиатњои ќонуниашон кафолат дода мешавад. Тартиби њифзи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии андозсупорандагонро Кодекси андоз ва дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян менамоянд. Њуќуќхои андозсупорандагон тавассути ўњдадорињои дахлдори шахсони мансабдори маќомоти андоз таъмин карда мешаванд. Иљро накардан ё иљрои номатлуби ўњдадорињо оид ба таъмини њуќуќњои андозсупорандагон боиси кашидан ба љавобгарии муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мегардад.

2. Андозсупоранда ўњдадор аст:

-сари ваќт дар бањисобгирии баќайдгири ба сифати андозсупоранда ва ќайди супорандаи андоз аз арзиши иловашуда истад;

-њамаи ўњдадорињои андозро мутобиќи Кодекси андоз дар њаљми пурра иљро намояд;

-талаботи ќонунии маќомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкунињои ошкоршудаи ќонунгузории андоз иљро намуда, инчунин њангоми иљрои вазифањои хизмати ба фаъолияти ќонунии онњо монеъ нашавад;

-дар асоси амрнома шахсони мансабдори маќомоти андозро барои азназаргузаронии амволе, ки объекти андозбанди ва (ё) объекти бо андозбанди алоќаманд мебошанд, иљозат дињад;

-ба маќомоти дахлдори андоз эъломияњои андоз, дигар њисоботи андоз ва њуљљатњоро тибќи тартиби муќаррарнамудаи Кодекси андоз пешнињод намояд;

-њисоббаробаркунии пулиро мутобиќ Кодекси андоз бо истеъмолкунандагон, ки њангоми иљрои амалиёти тиљорати ё хизматрасони тавассути пули наќд, кортњои пардохтии бонки, чекњо бо татбиќи њатмии мошинањои назоратию хазинавии дорои хотираи фискали ва додани чеки назорати ба дасти истеъмолкунанда сурат мегирад, амали намояд;

-бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории андоз бањисобгирии даромадњои (харољотњои) худ, объекти андозбанди ва (ё) объектњои бо андозбанди алоќамандро пеш барад;

-дар муддати на камтар аз 3 соли баъди ба охир расидани соли таќвими маълумоти бањисобгирии муњосиботи, дигар бањисобгириро ва њуљљатњои барои њисоб ва пардохти андозњои барои њамин соли таќвими зарури, инчунин њуљљатњои тасдиќкунандаи даромадњои гирифташуда, харољот ва андозњои пардохтшударо (нигоњдошташударо) нигоњ дорад.

-њар сол барўйхатгирии амвол ва ўњдадорињоро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи бањисобгирии муњосибї гузаронад;

-маќоми андози мањалли баќайдгириро оид ба њамаи суратњисобњои кушодааш дар бонкњо ва дигар муассисањои молиявию - кредитї (ба истиснои суратњисобњои пасандозии (депозитии) шахсони воќеї) дар мўњлати на дертар аз 5 рўзи корї аз рўзи кушодани суратњисобњо хабардор намояд;

-то санаи 15-уми июли соли љорї барои нимсолаи якуми соли љорї ва то санаи 15-уми январи соли минбаъда барои нимсолаи дуюми соли љорї ба маќоми андози мањалли бањисобгирии баќайдгирї дар њолатњо, шаклњо ва бо тартибе, ки маќоми ваколатдори давлатї дар мувофиќа бо Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи давлатии омори Љумњурии Тољикистон тасдиќ намудааст, њисобот оид ба маблаѓњои имтиёзњои андоз доир ба аидозњои умумидавлатї ва мањаллї њангоми муайян намудани ўдадорињои андозии худ мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон гирифта, аз љумла оид ба имтиёзњои андозии ба дигар шахсон додашуда, њангоми аз љониби ин андозсупоранда иљро намудани амалњои агенти андоз пешнињод намояд.

Шахсони њуќуќи ва соњибкорони инфироди ба ѓайр аз ўњдадорињои муќаррарнамудаи ќисми 1 моддаи 38 Кодекси андози ЉТ ўњдадоранд ба таври хатти ба маќомоти андози мањали баќайдгириашон маълумоти зеринро пешнињод намоянд:

1) оид ба њамаи воњидњои махсусашон, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон мављуданд - дар мўњлати на дертар аз 30 рўзи таќвими аз рўзи таъсис, азнавташкилшави ё барњамхўри;

2) оид ба эълон намудани муфлисшави, барњамхури ё азнавташкилшавї - дар мўњлати на дертар аз 10 рўзи таќвими аз рўзи ќабули чунин ќарор;

3) оид ба таѓйир ёфтани мањали љойгиршави ё зист - дар мўњлати на дертар аз 10 рўзи таќвими аз лањзаи чунин таѓйирот.

Барои иљро накардан ё иљрои номатлуби ўњдадорињои ба зиммааш гузошташуда андозсупоранда мутобиќи Кодекси андоз ва дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љавобгар мебошад.

 

3. Объекти андозбандї.

Объекти андозбанди объекте мебошад, ки дорои тавсифи арзишї, миќдорї ё физикї буда, њангоми мављудияти он (объект) ќонунгузории андоз нисбати андозсупоранда (субъект) ўњдадорињоро доир ба пардохти андоз муайян менамояд.

Объекти андозбандї метавонад аз:

-амвол;

-даромад;

-фоида;

-амалиёт доир ба тањвили мол (кор, хизматрасони);

-арзиши молњои тањвилшуда (иљрои корњо, хизматрасонињо);

-воридоти (содироти) мол ба (аз) ќаламрави Љумњурии Тољикистон;

-ва ё дигар объекте, ки Кодекси андоз муќаррар намудааст, иборат бошад.

Њар кадом андоз объекти мустаќили ба худ хос дорад. Масалан объекти андози соњибони воситаи наќлиёт воситаи наќлиёт аст. Объекти анози ѓайриманќул хонањои истиќоматї, квартирањо (њуљрањо), бўстонсаройњо, гаражњо ва дигар биною иморату иншоотњо мебошад. Ин объекњоро Кодекси андози ЉТ њамчун амвол муайян менамояд.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 126 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Мавзўи 3. Унсурњои асосии андоз| Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.01 сек.)