|
Ѓайр аз закот, дар таълимоти њуќии њанафиён боз дигар намудњои андоз мављуд буданд:
1) Хумс – андозбандии моликият, 1/5 њисса бо назардошти даромади солона;
2) Ушр – андоз аз заминњои ушрї. Заминњои ушрї гуфта, он заминњоеро меноманд, ки сокинони он дини исломро бе мамоният ќабул намудаанд ё бо нишон додани андак мухолифат онро ќабул кардаанд. Ба ин гурўњи заминњои шањрњои Макка, Басра ва Ироќ дохил мешуданд. Андозситонї аз заминњои ушрї вобаста аст аз тарзи обёрикунии онњо. Агар заминњои ушрї бо оби борон ва оби љорї (обёрикунии табии) обёрї шаванд, пас андоз аз дањ (1/10) њисса мебошад. Агар дар рафти обёрї сатил, гов ва шутур истифода шавад (обёрикунии сунъї), пас аз бист як њисса (1/20) андоз ситонида мешавад.
3) Хориљ – андози сарона аз замин. Заминњои хирољї заминњои халќњои тасхиршудае мебошанд, ки барои пањн шудани дини ислом монеаи сахт нишон дода, бо тариќи сулњ бастан заминњои худро ба навкарони араб супорида, дар он љо зиндагї мекунанд. Онњо заминњои худро коркард карда, аз он андоз (хирољ) месупориданд. Дар таълимоти Имом Абўњанифа заминњое, ки обёриашон аз њисоби дарёњои Љайњун, Сайњун, Фурот ва Даљла аст, њосилаш хирољї эътироф шудааст. Шогирди ў – Муњаммад бошад зироате, ки аз истифодабарии ин чор дарё ба даст меояд, ушрї номидааст. Бисёри олимон дар он аќидаанд, ки заминњои араб ушрї буда, заминњои ѓайриараб хирољианд.
Хирољ ду навъ мешавад:
а) Хирољи муќосама – хирољест, ки чоряк ё панљяки њиссаи онро барои гирифтани хирољ пеш аз кишт муайян менамоянд.
б) Хирољи мувозафа – чунин хирољест, ки аз њисоби заминњои обї гирифта шуда, барои њар як љарибе, ки обёрї карда мешавад (як љариб=1260-1592м2) як соъ гандум (ќариб 3кг) ва ё як соъ љав ё як дирњам додан зарур аст. Агар дар заминњои хирољи мувозафа офати табиї рух дињад, пас хирољ гирифта намешавад.
4) Садаќаи фитр – пардохти садаќаи фитр барои њар мусулмони озод ва соњибнисоб фарз аст. Миќдори садаќаи фитр барои 1 нафар дар гандум ним соъ (1,5кг) ва дар љав, хурмои хушкшуда 1 соъ (3 кг) мебошад7.
Ќайд кардан лозим аст, ки андоз ва андозбандї яке аз самтњои нисбатан коркардшудаи фаъолияти илмии Абўњанифа ва пайравони он мебошад. Силсилаи асарњои илмии шогирдон ва пайравони ў – Ќози Абўюсуф «Китоб –ал - харољ», Бурњонидини Марѓелонї «Њидоя», Тољи Шариат «Мухтасар-ул-виќоя» ва дањњо дигарон, ки ба масъалаи андоз бахшида шудаанд, як силсилаи мукаммали таълимоти њуќуќиро оид ба андоз дар илми њуќуќи исломї муќаррар намуда, аз бисёр љињат бо дарки моњият, мафњум ва таъиноти иљтимоии андозу андозбандї дар љомеаи инсонї рушанї мебахшад. Омўзиши онњо дар мавриди њатмї будани андозњо, ба камбаѓалон ва ятимон додани онњо, муайян намудани њадди нисоб ва ѓ., ки ба инкишофи мутаносиби гурўњњои иљтимої замина гузошта, таъмини ва озодию ободии аъзои љамъиятро маќсад дорад, аз бисёр љињат ба њадафњои љомеаи шањрвандию давлати њуќуќии замони нав мувофиќат мекунад.
Њамин тавр, аз даврањои ќадим андозбандии мардуми тољик дошта, аз рўи ќайд, љамъоварї дар Хазина ва маќоми амалдорон барои њалли масъалањои оммавї равона будааст. Дар даврањои гуногуни давлатдории миллї мустањкамшавии низом андоз аз њолатњои одилона будани андоз ва беинсофии амалдорони андозситон вобаста буд ва вобаста мебошад. Фаъолияти амалдор њамчун хизматчии давлат њатман бояд дар доираи ќонун, инсоф ва њурмату эњтиром нисбат ба дењќон ва молистењсолкунанда, ки офарандаи неъматњои моддї мебошанд, бояд сурат гирад. Талаби пардохтани андоз бояд имконияти њаќиќии ќобили пардохткунї доштани дењќон ва дигар андозсупорандаро ба асос гирад.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 55 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
З) Аз 91 то 120 адад – 2 шутури сесола. | | | Инкишофи минбаъдаи андозбандї дар ЉТ |