Читайте также: |
|
Охирин давлати пешрафтаи тољикон – Сомониён дар натиљаи таъсири манфии омилњои гуногун шикаст хўрд. Миллати тољик низоми ба худ хоси андозро аз даст дод. Дар давраи Шўравї андоз яке аз воситањои таъмини иќтисодиёти фармонфармони планї буд. Андоз ањамияти ќазої надошт, зеро он на барои љамъ кардани даромади давлатї, балки пеш аз њама барои амалї гардонидани сиёсати молиявии таќсимоти даромади ањолї ва муносибгардонии истењсолу истеъмол кор фармуда мешуд.
Он ваќтњо андоз њамчун манбаи асосии даромади буљети давлатї њисоб намеёфт. Маќомотњои алоњида ва мустаќили андоз вуљуд надошт.
Баъди њазор соли бедавлатї миллатї тољик ба шарофати истиќлолият дубора соњиби давлат ва аркони давлатдорї гарданд. Њоло Тољикистон дар шароити тамоман нави таърихї ва сиёсиву иљтимої ќарор дорад. ЉТ тавонист баъди пош хўрдани давлати Шўравї низоми миллии андозро ташкил дињад. Дар асоси моддаи 3 КА ин низом аз маљмўи андозњо, принсипњо, шаклу усулњои муќаррар намудан, таѓйир додан ва бекор кардан, пардохтан ва андешидани тадбирњо љињати пардохти онњо, инчунин шаклу усулњои назорати андоз ва љавобгарї барои вайрон кардани ќонунгузории андоз иборат аст. Дар адабиёти илмї оиди инкишофи минбаъдаи андозбандї дар ЉТ фикру андешањои гуногун вуљуд доранд. Ба андешаи Т.С. Исломов ќабул шудани КА (соли 2004) барои инкишофи минбаъдаи бањисобгирии андозсупорандагон, бекоркардани андозњои бесамар, љорї кардани низоми соддакардашудаи андоз ва бењтаршавии љамъоварии андозњо мусоидат мекунад13. Ба фикри мо эњтимолияти самаранокии андешањо вуљуд дорад. Аммо КА ва муќарраротњо он як љузъи низоми бузурги њуќуќии давлат аст ва самаранокии он пеш аз њама дар илман муќаррарсозии таносуби њуќуќи ўњдадорињои андозбандї дида мешавад.
Масъалаи асосии сиёсати андозбандї, ба фикри Т.Н.Назаров бояд дар таъмини инкишоф ва њавасмандгардонии иќтисодї бошад14. Бале, љойи бањс нест. Вале масоили дар мадди аввал гузоштани њавасмандгардонии иќтисодї таќозо мекунад, ки њама ва як хел имконияти дастрасии онро бояд дошта бошанд. Ин њолат ба модели муносибатњои «шахси инфиродї - давлат» бояд чунин таѓйиротњои љиддиро ворид намояд:
- дар муносибатњои молию – пулї давлатї њатман бояд ба шахси њуќуќии оммавї баробар карда шавад. ин њолат асоси иќтисодиёти мардумї, воситан муњими татбиќшавии доктринаи «озоди савдо» ва «савдои одилона» буда, заминањои корпусиеро хароб мегардонад;
-имтиёзњо, ёрии давлатї ва дастгирии иттилоотї фаќат ба он субъектони хољагї дода шавад, ки натиљањои хуби фаъолият дошта ва дар раќобати озод њуќуќ ба гирифтани бартариятњоро пайдо кардаанд.
Билохира, ба фикри мо инкишофи низоми андозбандии ЉТ аз амалисохтани маљмуи чорабинињои иќтисодї – њуќуќи иборат аст, ки маќсади ягонаи он бояд дар таъмини озодињои иќтисодии инсон ва шањрванд бошад. Дар шароити нави иќтисодї давлат бояд аз давлатикунонии беканор даст кашад. Бояд дар назар дошт, ки фаъолияти андозситонї бањри манфиатњои љомеа бояд тобеъ ва хизматрасони мардум бошад. Чунин фаъолият дар шакли бењтарини худ бояд дар асоси принсипњои ба њисоб гирифтани талаботи љомеа ва ба маќсадњои оммавї тобеъ будани он; дуруст ва самаранок будан; ошкору кушод ва тањти назорати омма будан; меъёр доштан ва ќонунї будан; дастрасї фањмиши њар як узви љомеа будан ба роњ монда шавад.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 103 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Ба ањли зима, њарчанд фаќир ва мискин бошанд. | | | Мавќеи андозњо дар љодаи таъмини дороии давлат |