Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Маќомоти идоракунии корхона, муассиса ва ташкилоти давлатї дохил мешаванд.

Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї | Субъекти њуќуќи маъмурї | Амчун субъекти њуќуќи маъмурї | Хизматчии давлатї – субъекти њуќуќи маъмурї | Уќуќи маъмурї | Онунгузории Љумњурии тољикистон оид ба њуќуќвайронкунињои маъмурї ва принсипњои он | уќуќвайронкунии маъмурї ва љазои маъмурї |


Читайте также:
  1. Иттифоќњои касаба ташкилотњои ихтиёрии љамъиятї буда, ба маќсади њифзи њуќуќ ва манфиатњои мењнатї, иљтимої-иќтисодии мењнаткашон таъсис дода мешаванд.
  2. Маќомоти шарикии иљтимої
  3. Хизматчии давлатї – субъекти њуќуќи маъмурї

Ба гурўњи дуюм бошад, инњо дохил мешаванд:

- ташкилотњои ѓайридавлатї;

- маќомоти худидоракунии мањаллї;

- маќомоти идоракунии ташкилоту муассисањои ѓайридавлатї;

- муассисањои хусусї;

- муассисањои хориљї.

Њамин тариќ, зери мафњуми субъекти њуќуќи маъмурї шахс ё ташкилоте фањмида мешавад, ки мувофиќи ќонунгузории амалкунанда метавонанд иштирокчиёни (тарафњои) муносибатњои љамъиятии идоракуние бошанд, ки онњоро њуќуќи маъмурї ба танзим медарорад. Доираи ин субъектњо хеле васеъ аст. Унсури муњими онњоро муттањидкунанда – ќобилияти њуќуќдории маъмурист.

Бояд гуфт, ки ќобилияти њуќуќдорї – ин ќобилияти доштани њуќуќу ўњдадорињои шањрвандї аз љониби шахси воќеист, ки бо њуќуќи мамлакати мазкур роњ дода мешавад. Аз ин таъриф маълум мешавад, ки ќобилияти њуќуќдории маъмурї – зоњир шудани умуман ќобилияти њуќуќдорист, яъне имконияти субъекти мазкур (масалан, шањрванд, маќоми иљроия ва ѓ.) барои воридшавї ва муносибатњои њуќуќии гуногун, ки тавассути меъёрњои њуќуќии давлат муќаррар ва њифз карда мешаванд. Ин гуна ќобилият – ќобилияти ба даст овардани маљмўи њуќуќу ўњдадорињои њуќуќї ва љавобгарї барои татбиќи онњост. Аз ин хулоса мешавад, ки ќобилияти њуќуќдорї сарчашмаву заминаи пайдоиши муносибатњои њуќуќї бо иштроки субъекти мазкур аст.

Барои пайдоиши муносибатњои њуќуќии маъмурї чунин замина ќобилияти њуќуќдории маъмурист, ки дар доираи меъёрњои њуќуќи маъмурї имконияти ин ё он субъектро оид ба бадастории њуќуќу ўњдадорињои њуќуќиву маъмурї ва ба дўш гирифтани љавобгариро барои татбиќи амалии онњо дар соњаи идоракунии давлатї ифода мекунад. Моњиятан, ќобилияти њуќуќдорї бо махсусиятњои ин ё он соња муќаррар мешавад. Мувофиќан, њар кас, ки бо меъёрњои њуќуќи маъмурї њуќуќу ўњдадорињо дар ин соња ба ў дода шудааст, ба сифати субъекти њуќуќи маъмурї баррасї мешавад. Хусусияти муњим барои онњо имконияти иштирокчии муносибатњои њуќуќии маъмурии мушаххас шудан аст, на худи иштирок.

Субъектони њуќуќи маъмурї њамон ваќт субъектони муносибатњои њуќуќии маъмурї мешаванд, ки онњо ќобилияти татбиќи њуќуќу ўњдадорињои худро дар доираи муносибатњои њуќуќии маъмурии мушаххас истифода кардан дошта бошанд.

Дар таљриба на њамеша имконияти људо кардани сарњади байни ќобилияти њуќуќдории маъмурї ва ќобилияти амалкунии маъмурї даст медињад. Бештар ваќт онњо људонашавандаанд, чунки аз рўи моњият ду унсури (элементи) маќоми ягонаи маъмурї – њуќуќї мебошанд. Ин ба маќомоти њокимияти иљроия дахл дорад, ки онњо (яъне ќобилияти њуќуќдории маъмурї ва ќобилияти амалкунандаи маъмурї) дар як ваќт, яъне аз лањзаи ташкил ва мустањкамшавии салоњияти онњо фаро мерасад. Дар салоњияти онњо ќобилияти њуќуќдории маъмуриашон зоњир мешавад. Дар вай ваколати њамин маќом оид ба иштирок кардан дар муносибатњои њуќуќии маъмурї, яъне ќобилияти амалкунї муќаррар ва муайян мешавад.

Ба њайси субъектњои њуќуќи маъмурї давлати Тољикистон ва ташкилотњои давлатї ва ѓайридавлатиро низ метавонем эътироф намоем. Дар чунин наќш онњо барандагони ќобилияти њуќуќдории маъмурї мебошанд. Аммо дар муносибатњои мушаххаси маъмурї – њуќуќї онњо бевосита иштирок намекунанд. Ќобилияти амалкунии маъмурї ба ўњдаи маќомоти њокимияти иљроия ё идоракунї дар муќоиса аз шањрвандон гузошта мешавад, ки ин ду сифати њуќуќиро дар худ дошта метавонанд. Ин чунин маънї дорад, ки субъекти муносибатњои њуќуќї-маъмурї на вилоят, шањр, ноњия, на завод, на њизби сиёсї ё иттињодияи љамъиятї, балки маќомоти идоракунии онњо њисоб мешавад.

Барои њар соњаи њуќуќ, аз љумла њуќуќи маъмурї муайян кардани субъектњои он кори муњим аст. Ин ё он шахс ё ташкилотро ба сифати субъекти њуќуќ эътироф карда истода, ќонун маќоми њуќуќии онњоро муайян мекунад ва вазъи онњоро дар муносибат бо давлат ва маќомоти он, дигар ашхос равшан менамояд.

Њамин тариќ, субъекти њуќуќи маъмурї шахс ё ташкилотест, ки мутобиќи меъёрњои њуќуќи маъмурї метавонанд иштирокчиёни (тарафњои) муносибатњои идоракунї бошанд. Ба аќидаи мо, ба сифати субъектони њуќуќи маъмурї – шахсони љисмонї, маќомоти њокимияти иљроия, худидораи мањаллї, хизматчиёни давлатї, корхонаву муассиса ва иттињодияњои љамъиятї баромад менамоянд, ки дар бораи навъњо, маќоми њуќуќии онњо ва ќобилияти субъекти њуќуќ будани онњо дар поён муфассал сухан хоњем гуфт.

 

Саволњо:

1) Кадом навъњои муносибатњо бо меъёрњои њуќуќи маъмурї ба танзим дароварда мешаванд? 2) Субъектони њуќуќи маъмуриро номбар намоед. 3) Субъектони инфиродї ва коллективии њуќуќи маъмуриро аз њам људо намоед. 4) Барои пайдоиши муносибатњои њуќуќи маъмурї кадом омилњо зарур аст? 5) Ќобилияти амалкунии маъмурї гуфта чї дар назар дошта мешавад?

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 103 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Субъектони (иштирокчиёни) њуќуќи маъмурї| Шахсони љисмонї њамчун субъектони њуќуќи маъмурї

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.005 сек.)