Читайте также:
|
|
Чунон ки дар мавзўи пешина ишора карда будем, ба њуќуќи маъмурї як зумра субъектњо, аз љумла шањрвандон, ташкилотњо, коллективњои мењнатї, љузъњои сохтории ташкилотњо, хизматчиёни давлатї, маќомоти њокимияти иљроия, иттињодияњои љамъиятї ва ѓайра хос аст, ки миёни онњо шањрвандон њамчун шахсони љисмонї мавќеи аввалиндараља доранд, зеро дар ќисми 2 моддаи 1 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон зикр шудааст, ки «Тољикистон давлати иљтимої буда, барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам меорад». Зиёда аз ин, моддаи 10-уми Конститутсия афзалияти санадњои њуќуќии байналмилалиро нисбат ба ќонунњои миллї эътироф намудааст.
Љумњурии Тољикистон Эъломияи умумии њуќуќи башарро аз 10 декабри соли 1998 ба тасвиб расонидааст ва тибќи муќарароти Конститутсия ин санади муњими байналхалќї ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињад. Дар моддаи 6-уми Эъломияи мазкур ќайд шудааст, ки «њар як инсон, дар њар куљое, ки ќарор дошта бошад, ба эътирофи ў њамчун субъекти њуќуќї њаќ дорад». Бояд гуфт, ки зери мафњуми шахси љисмонї инсон њамчун мављуди биологї фањмида мешавад. Ба музмуни њуќуќї шахсони љисмонї шањрвандон, шањрвандони хориљї ва ашхоси бешањрвандро дар назар доранд. Њамин тавр, байни субъектони њуќуќи маъмурї шањрвандон љои махсусро ишѓол мекунанд. Дар назар дошта мешавад шањрванде, ки функсияи њокимиятї – амрдињї надорад, ё худ дар ташкилот кор мекунад, ё кор намекунад (масалан, хонанда, нафаќахўр). Вазифаи асосии њуќуќи маъмурї дар таъмини манфиати давлат ба воситаи манфиати њар як шањрванд ва љомеа дар маљмўъ мебошад. Эътироф кардан лозим аст, ки давлат барои шањрвандон ва љомеа вуљуд дорад, на баръакс. Њамин аст, ки дар Конуститутсияи Љумњурии Тољикистон зикр шудааст, ки «њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро давлат эътироф, риоя ва њифз мекунад». Маќоми маъмурї – њуќуќии шањрванд ин њуќуќу ўњдадорї ва масъулияти шањрванд аст, ки бо ќонун ва дигар санадњои њуќуќї муќаррар шуда, иштироки ўро дар идоракунии давлат таъмин месозад. Ва боиси ќонеъ гардонидани манфиатњои умумї ва шахсии ў љињати фаъолияти маќомоти давлатї мегардад.
Маќоми маъмурї – њуќуќии шањрвандони Тољикистон љузъи муњим ва таркибии статуси њуќуќии умумии онњоро ташкил мекунад, ки бо Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи шањрвандии Љумњурии Тољикистон» аз 4 ноябри соли 1995, дигар асноди меъёрии њуќуќї, инчунин Эъломияи умумии њуќуќи башар муќаррар карда мешавад. Мазмуни маќоми маъмурї – њуќуќии инсон ва шањрвандро инњо ташкил медињанд:
а) маљмўи њуќуќ ва ўњдадорињои инсон ва шањрванд, ки бо меъёрњои њуќуќии маъмурї устувор гардонида шудаанд;
б) кафолати татбиќи ин њуќуќу ўњдадорињо, њифзи онњо ба воситаи ќонун ва механизми њимоя аз љониби маќомоти давлатї ва худидораи мањаллї.
Шањрванд нисбат ба инсон њуќуќу ўњдадорињои бештар дорад. Шахсоне, ки шањрвандони Тољикистон нестанд, аз њуќуќњои ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дахлдор мањруманд, масалан, њуќуќи Президент интихоб шудан надоранд.
Њолати маъмурї – њуќуќии ин шањрвандон аз рўи андоза ва характери ќобилияти субъекти њуќуќи маъмурї будани онњо муќаррар карда мешавад, ки онњоро ќобилияти њуќуќдории маъмурї ва ќобилияти амалкунии маъмурї ташкил медињанд.
Зери мафњуми ќобилияти њуќуќдории маъмурии шањрванд имконияти бо ќонун эътирофшудаи субъекти њуќуќи маъмурї будан, доштани њуќуќ ва ўњдадории характери маъмуриву њуќуќї фањмида мешавад. Њаљму мазмуни ин гуна ќобилияти њуќуќдорї бо кўмаки меъёрњои њуќуќи маъмурї муќаррар ва таѓйир дода мешавад. Хусусиятњои муњими он дар Конститутсия сабт шуда, мутобиќи Конститутсия санадњои њуќуќии зиёде ќабул шудаанд, ки ин ё он пањлўи вазъи њуќуќї – маъмурии шањрвандонро дар маљмўъ ва дар соњањои алоњидаи њаёти љомеа ба танзим даровардаанд. Масалан, њуќуќ ва вазифањои шањрвандон дар соњаи њимояи Ватан дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ўњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї» аз 29 ноябри соли 2000 ба таври муфассал асоснок карда шудааст.
Ќобилияти амалкунии маъмурии шањрванд ин ќобилияти бо амалиёти (рафтори) шахсї ба даст овардани њуќуќу ўњдадорињои характери маъмурї – њуќуќї дошта ва амалисозии онњост. На њама шањрвандон ќобилияти якхелаи амалкунии маъмурї доранд, ки ин ба хусусиятњои хоси муносибатњои идоракунї ва доштани таљриба, аќлу заковат, њисобот додан аз амали худ вобастагї доранд. Масалан, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» аз 13 ноябри соли 1998 нисбат ба номзадњо ба хизматчиёни давлатї як ќатор талабот гузоштааст. Дар ќ.3 моддаи 9 гуфта мешавад, ки «шањрванд ба хизмати давлатї ќабул шуда наметавонад, агар:
1) бо ќарори судии ба ќувваи ќонун даромада шањрванд ѓайри ќобили амал ё ќобилияти амалкуниаш мањдуд эътироф гардида бошад».
Албатта, тибќи Конститутсия њама шањрвандон њуќуќу ўњдадорињои якхела ва баробар доранд. Њуќуќи маъмурї ба амалишавии ин њуќуќу озодињо ва ўњдадорињои конститутсионї ба таври гуногун таъсир мерасонад, махсусан дар њолатњое, ки муќаррароти конститутсионї агар ба мушаххасгардонї ниёз дошта бошад, ё дар мавриди њамкории шањрвандон бо сохторњои идоракунї, назорати онњо љињати риояи принсипи конститутсионии: «татбиќи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд набояд њуќуќу озодии дигар шахсонро халалдор кунад».
Дар њамкорї ва таъсири мутаќобила бо сохторњои идоракунї чунин њуќуќу озодї ва ўњдадорињои шањрвандон амалї карда мешаванд:
1. Њуќуќи шањрвандон оид ба иштирок кардан дар идоракунии давлат бевосита ё ба воситаи намояндагони худ. Ин бо њуќуќи шањрвандон оид ба интихоб кардан ва ё интихоб шудан ба маќомоти њокимияти давлатї ва худидораи мањаллї вобастагї дорад. Дар натиља шањрванд метавонад њамиштирокчї ё худ субъекти бевоситаи фаъолияти идоракунї гардад. Шањрванд метавонад дар идоракунии корњои давлатї иштирок кунад, агар њуќуќашро оид ба дастрасї ба хизмати давлатї амалї гардонад.
2. Њуќуќи шањрвандон ба муттањидшавї, њуќуќи созмон додани иттифоќи касаба барои њифзи манфиатњои худ.
3. Њуќуќи шањрвандон оид ба гузаронидани маљлисњо, гирдињамоињо, намоишу роњпаймоињо. Дар Конститутсия оид ба тартиби гузаронидани ин чорабинињо, пешакї огоњ кардан аз ташкили онњо чизе гуфта нашуда бошад њам, дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маљлисњо, гирдињамоињо, намоишњо ва роњпаймоињои осоишта» аз 22 маи соли 1998 оид ба ташкилотчии намоиш (моддаи 6), иштирокчиён (моддаи 7), огоњнома дар бораи гузаронидани намоиш (моддаи 8), љойњои гузаронидани намоиш (моддаи 9), љойњои барои намоиш мањдуд ё манъшуда (моддаи 10), ваќти намоиш (моддаи 11), ташвиќоти пешакї (моддаи 13), масъалањои таъминот (моддаи 14) ва тартиби гузаронидани намоишњо (боби Ш, моддањои 17-20) муќаррароти дахлдор мављуданд.
4. Њуќуќи шахсан мурољиат кардан ба маќомоти давлатї ва худидораи мањаллї ё фиристодани мурољиатњои умумї.
5. Њуќуќи шањрванд ба озодї ва дахлнопазирии шахсї.
6. Дахлнопазирии манзил.
7. Њуќуќ ба љойивазкунї.
8. Њуќуќ ба озодии иттилоот.
9. Њуќуќ ба љуброни зарари аз тарафи маќомоти давлатї ё шахсони мансабдор расонидашуда.
Љараёни татбиќи њуќуќњои субъективии шањрвандон, ки бо меъёрњои њуќуќи маъмурї мустањкам карда шудаанд, пешбинї мекунад, ки онњо амали њуќуќї анљом дињанд. Ин амалњоро ба ќонунї ва ѓайриќонунї људо мекунанд. Амалњои ќонунї, ки ба татбиќи њуќуќи шањрвандон алоќаманданд, равона мегарданд барои:
а) истифодаи воќеии (њаќќонии) њуќуќњо (масалан, тањсил дар мактабњои олї, ки иштирок ба дарсњо ва супоридани имтињонњоро таќозо дорад);
б) ба даст овардани њуќуќњои ќонунї (навиштани ариза барои дохилшавї ба мактаби олї);
в) њифзи њуќуќњои поймолшуда (додани шикоятнома).
Амалњои ѓайриќонунї њуќуќвайронкунињои маъмуриро ташкил мекунанд, ки маљбуркунии маъмурї натиља дорад.
Саволњо:
1) Ба ёд биёред, ки шахсони љисмонї гуфта кињо дар назар доштамешавад? 2) Маќоми маъмурї – њуќуќии шањрванд кадом унсурњоро дар бар мегирад? 3) Ќобилияти њуќуќдории маъмурии шањрванд чист? 4) Дар њамкорї ва таъсири мутаќобила бо сохторњои идоракунї кадом њуќуќу озодї ва ўњдадорињои шањрвандон амалї карда мешаванд? 5) Њуќуќњои субъективии шањрвандон, ки бо меъёрњои њуќуќи маъмурї мустањкам карда шудаанд, барои иљрои кадом амалњои њуќуќї равона мешаванд?
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 62 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Маќомоти идоракунии корхона, муассиса ва ташкилоти давлатї дохил мешаванд. | | | Субъекти њуќуќи маъмурї |