Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

уќуќвайронкунии маъмурї ва љазои маъмурї

Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї | Субъектони (иштирокчиёни) њуќуќи маъмурї | Маќомоти идоракунии корхона, муассиса ва ташкилоти давлатї дохил мешаванд. | Шахсони љисмонї њамчун субъектони њуќуќи маъмурї | Субъекти њуќуќи маъмурї | Амчун субъекти њуќуќи маъмурї | Хизматчии давлатї – субъекти њуќуќи маъмурї | Уќуќи маъмурї |


Читайте также:
  1. Амчун субъекти њуќуќи маъмурї
  2. Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї
  3. Онунгузории Љумњурии тољикистон оид ба њуќуќвайронкунињои маъмурї ва принсипњои он
  4. Субъекти њуќуќи маъмурї
  5. Субъектони (иштирокчиёни) њуќуќи маъмурї
  6. Уќуќи маъмурї

Мувофиќи моддаи 17 Кодекси ЉТ «Дар бораи њуќуќвайронкунињои маъмурї» њуќуќвайронкунии маъмурї – ин кирдори (њаракат ё бењаракатї) зиддињуќуќї ва гунањкоронаи шахси воќеї ё њуќуќї мебошад, ки содир намудани он тибќи тартиби муќаррарнамудаи њамин Кодекс боиси љавобгарии маъмурї мегардад. Њуќуќвайронкунињои маъмурї ќасдан ва ё аз беэњтиётї содир карда мешаванд.

Ќасдан содир намудани њуќуќвайронкунињои маъмурї њамон ваќт эътироф мешавад, ки агар шахс зидди њуќуќ будани кирдори худро донад ва оќибатњои зараровари онро пешбинї карда бошад, инчунин фаро расидани оќибатњои кирдорашро мехоста бошад.

Њуќуќвайронкунии маъмурї њамон ваќт аз беэњтиётї содиршуда эътироф мегардад, ки агар шахси гунањкор оќибатњои зарарноки кирдори худро пешакї донад, вале бепарвоёна ва бе асосњои кофї ба пешгирии чунин оќибатњо умед бандад.

Чунон ки аз таърифи њуќуќвайронкунии маъмурї фањмида мешавад, ин навъи кирдор аз њаракат ё бењаракатї иборат аст.

Бењаракатї дар њолате њуќуќвайронкунии маъмурї дониста мешавад, ки агар тибќи ќонун ё дигар санадњои меъёриву њуќуќии Љумњурии Тољикистон ўњдадории шахс дар хусуси бо њаракатњои худ бартараф кардани фарорасии ин ё он оќибатњо пешбинї шуда бошад.

Шахс дар содир намудани њуќуќвайронкунињои маъмурї гунањкор дониста намешавад, агар ў оид ба хусусияти кирдори (њаракат ё бењаракатии) зиддињуќуќии худ гумроњ шуда бошад ва агар ў фарорасии ин гумроњиро пешбинї карда натавонад.

Шахси њуќуќї барои содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї ба љавобгарии маъмурї кашида мешавад, агар муќаррар карда шавад, ки он имконият дошт ќоидаю меъёрњоеро, ки барои вайрон кардани онњо тибќи њамин Кодекс љавобгарии маъмурї пешбинї шудааст, риоя намояд, вале ин шахси њуќуќї љињати риояи онњо њамаи чорањои ба он вобастаро наандешидааст.

Ба шахси њуќуќї таъин кардани љазои маъмурї шахси воќеии гунањкорро барои њуќуќвайронкунии мазкур аз љавобгарии маъмурї озод намекунад ва њамзамон ба љавобгарии маъмурї ва ё љиноятї кашида шудани шахси воќеї шахси њуќуќиро аз љавобгарии маъмурї барои ин њуќувайронкунии маъмурї озод намекунад.

Он њаракатњои шахс њуќуќвайронкунии маъмурї њисобида намешавад, ки агар дар њолати зарурати нињої содир шуда бошад. Агар њаракати дар њолати зарурати нињої содирнамудаи шахс бо сабаби парешонњолї, вањм ё тарс мљпо шуда бошанд, пас чунин њаракатњо зиддињуќуќї эътироф карда намешаванд.

Мувофиќи ќонун ба љавобгарии маъмурї шахси воќеие кашида мешавад, ки њангоми содир намудани њуќуќвайронкунињои маъмурї синнаш ба 16-солагї расидааст.

Ноболиѓон низ мувофиќи њамин Кодекс ба љавобгарии маъмурї кашида мешаванд. Ноболиѓоне, ки њуќуќвайронкунии маъмуриро дар синни аз 16 то 18 содир кардаанд, бо назардошти њолатњои мушаххаси парванда аз љониби судя ва маќоми давлатии ваколатдор ё шахси мансабдор метавонанд аз љавобгарии маъмурї озод карда шаванд.

Баъди аз љониби судя, маќоми ваколатдор ё шахси мансабдор ќабул гардидани ќарор дар бораи аз љавобгарии маъмурї озод кардани ноболиѓ парванда дар бораи њуќуќвайронкунии маъмурї барои ба ў татбиќ намудани чорањои таъсиррасонии пешбининамудаи Низомномаи комиссияњои кор бо ноболиѓон, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ менамояд, ба Комиссияи кор бо ноболиѓон фиристода мешавад.

Шахсони мансабдор низ њангоми содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї бинобар ба таври дахлдор иљро накардани ўњдадорињои хизматиашон ба љавобгарии маъмурї кашида мешаванд. Њангоми мављуд набудани ин њолатњо шахси мансабдоре, ки дар содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї гунањкор аст, мувофиќи асосњои умумї ба љавобгарї кашида мешавад. бояд ёдовар шуд, ки тањти мафњуми шахсони мансабдор шахсоне фањмида мешаванд, ки ба таври доимї, муваќќатї ё дар асоси ваколатњои махсус вазифањои намояндаи њокимиятро анљом медињанд.

Яъне тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонун нисбат ба шахсоне, ки ба онњо тањти вобастагии хизматї ќарор надоранд, дорои ваколатњои амрдињї мебошанд, чунин шахсоне фањмида мешаванд, ки дар маќомоти хизмати давлатї ва идоракунї, маќомоти мањаллии њокимити давлатї ва маќомоти худидоракунии мањаллї, дар Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон, дигар ќўшунњо ва дигар љузъу томњои њарбии Љумњурии Тољикистон ваколатњои ташкилию амрдињї ва маъмурию хољагиро иљро менамоянд.

Хизматчиёни њарбї низ ба љавобгарии маъмурї кашида мешаванд, аммо кормандони маќомоти корњои дохилї, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ЉТ, маќомоти низоми иљрои љазои Вазорати адлияи ЉТ, маќомоти гумрук вадигар маќомоти дахлдори љумњурї барои содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї њангоми иљрои вазифањои хизматї мувофиќи санадњои меъёрие, ки тартиби гузаштани хизматро дар ин маќомот танзим мекунанд, ба љавобгарии маъмурї кашида мешаванд.

Љазои маъмурї – ин чораи маљбуркунии давлатї мебошад, ки аз љониби судя, маќоми ваколатдори давлатї ё шахси мансабдор нисбат ба шахсони воќеї, мансабдор ва њуќуќї барои содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї татбиќ карда мешавад.

Љазои маъмурї бо маќсади дар рўњияи риояи бечунучарои ќонунњо тарбия кардани шахси њуќуќвайронкунандаи маъмуриро содирнамуда, инчунин пешгирї намудани содиршавии њуќуќвайронкунии нави маъмурї њам аз љониби худи њуќуќвайронкунанда ва њам аз тарафи шахсони дигар татбиќ карда мешавад. Набояд фармўш кард, ки љазои маъмурї њаргиз маќсади тањќири шаъну эътибори шахси њуќуќвайронкунии маъмуриро содирнамуда, ё худ расонидани ранљу озори љисмонї ё руњї, тарсонидан, њамагуна табъиз ё тањќири шаъну эътибори инсонии шахси воќеиро надорад.

Барои содир намудани њуќуќвайронкунињои маъмурї чунин навъи љазоњои маъмурї муќаррар ва татбиќ карда мешаванд:

1) огоњї;

2) љаримаи маъмурї;

3) боздошти маъмурии амали иљозатнома (литсензия) барои машѓул шудан ба намудњои муайяни фаъолият;

4) мањрум кардан аз иљозатнома (литсензия) барои машѓул шудан ба намудњои муайяни фаъолият;

5) мањрум кардан аз њуќуќи махсусе, ки ба шахси воќеї дода шудааст (масалан, њуќуќи идора кардани воситањои наќлиёт, њуќуќи шикор, бо худгирифта гаштани яроќи оташфишон, њуќуќи истифода ќитъаизамин ва ѓайра);

6) боздошти маъмурии навъи муайяни фаъолият;

7) бо поддон маљбуран гирифтани предмете, ки олоти содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї мебошад;

8) мусодираи предмете, ки олоти содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї ё объекти мустаќими он иебошад;

9) ба таври маъмурї аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон берун кардани шањрвандони хориљї ва шахсони бешњрванд;

10) њабси маъмурї.

Огоњї, љаримаи маъмурї, њабси маъмурї, мањрум кардани шахсони воќеї аз њуќуќи махсус, боздошти маъмурии амали иљозатнома (литсензия), мањрум кардан аз иљозатнома, боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият танњо ба сифати љазои маъмурии асосї муќаррар ва татбиќ карда мешаванд.

Бо подош маљбуран гирифтан ва мусодираи предмете, ки олоти содир кардан ё объекти бевоситаи њуќуќвайронкунии маъмурї мебошад, инчунин ба таври маъмурї берун кардани шањрвандони хориљї ё шахсони бешањрванд аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон мумкин аст ба сифати љазои асосї ва њам љазои иловагї муќаррар ва татбиќ карда шаванд.

Татбиќ намудани љазоњои маъмурї хусусиятњои хоси худро доранд. Онњо вобаста ба навъи њуќуќвайронкунї, шахсияти њукуќвайронкунанда, њолатњои вазнинкунанда ва сабуккунандаи љавобгарї татбиќ карда мешаванд. Масалан, огоњї як намуди љазои маъмурї буда, дар шакли хаттї ва бо тартиби муќаррарнамудаи моддањои дахлдори ќисми махсуси Кодекси ЉТ «Дар бораи њуќуќвайронкунињои маъмурї» ба шахси содиркунандаи њукуќувайронкунии маъмурї дода мешавад. Танбењи шифоњї, ки ба њуќуќвайронкунанда баён карда шудааст, огоњї њисобида намешавад.

Љаримаи маъмурї дар шакли ситонидани пул ба фоидаи давлат ифода меёбад ва аз тарафи судя, маќоми ваколатдори давлатї ё шахси мансабдори давлатї нисбат ба шахси содирнамудаи њуќуќвайронкунии маъмурї таъин карда мешавад.

Андозаи љаримаи маъмурї ба њисоби фоиз ва ё карат вобаста ба инњо муќаррар карда мешавад:

1) нишондињанда барои њисобњо, ки дар ваќти хотима ёфтан ё пешгирии њуќуќвайронкунии маъмурї, барои њуќуќвайронкунињои маъмурии давомнок бошад, аз ваќти ошкор карда шудани он муќаррар гардидааст.

2) аз арзиши предмети њуќуќвайронкунии маъмурї, ки дар ваќти хотима ёфтан ё пешгирии њуќуќвайронкунии маъмурї муќаррар гардидааст, барои њуќуќвайронкунињои маъмурии давомнок бошад – аз ваќти ошкор шудани он;

3) аз маблаѓи пардохтнашудаи андозњо ва дигар пардохтњои њатмї ё амалиёти асъории ѓайриќонунї, ки бояд пардохт шаванд, дар ваќти хотима ёфтан ё пешгирии њуќуќвайронкунињои маъмурї, барои њуќуќвайронкунињои маъмурии давомнок бошад – дар ваќти ошкор шудани он муќаррар шудаанд.

4) аз арзиши корњои иљрошуда.

Шахси воќеї аз њуќуќи махсуси (њуќуќи идора кардани воситањои наќлиёт, њуќуќи шикор ва ѓайрањо) ба ў додашуда барои содир намудани њуќуќвайронкунињои маъмурї бинобар даѓалона ё ба таври мунтазам вайрон кардани ќоидањои истифодаи он мањрум карда мешавад. Мўњлати мањрум кардан аз ин њуќуќ аз ду моњ то ду сол муќаррар карда мешавад.

Љазои маъмурї дар намуди мањрум кардан аз њуќуќи махсусро судя таъин менамояд. Ба таври маъмурї аз ќаламрави ЉТ берун кардани шањрванди хориљї ва шахсони бешањрванд њамчун љазои маъмурї аз маљбуран берун кардани шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд аз ќаламрави ЉТ иборат буда, дар њолатњои зерин татбиќ карда мешавад:

1) агар кирдори онњо хилофи манфиатњои таъмини амнияти љамъиятї ва давлатї ё хилофи манфиатњои њифзи тартиботи амъиятї бошад;

2) агар ин чора барои њифзи саломатї ва маънавиёти ањолї, њимояи њуќуќу манфиатњои ќонунии шањрвандони ЉТ ва шахсони дигар зарур бошад;

3) агар онњо санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро вайрон кунанд.

Њабси маъмурї низ навъи љазои маъмурї буда, мувофиќи ќонун њуќуќвайронкунанда аз љамъият ба мўњлати аз 1 то 15 шабонарўз ва барои вайрон кардани низоми вазъи фавќулодда то 30 шабонарўз муќаррар карда мешавад. Њабси маъмурї нисбат ба занони њомила, заноне, ки дар тарбияашон кўдакони то 18-сола доранд, маъюбони гурўњи 1 ва 2, инчунин нисбат ба шахсоне, ки ба синну соли нафаќа расидаанд, татбиќ карда намешавад.

 

Саволњо:

1) Таърифи њуќуќвайронкунии маъмуриро гўед. 2) Дар кадом њолатњо ќасдан содир намудани њуќуќвайронкунињои маъмурї эътироф карда мешавад? 3) Њолатњои аз беэњтиётї содир шудани њуќуќвайронкунињои маъмуриро шарњ дињед. 4) Бењаракатї дар кадом њолат њуќуќвайронкунии маъмурї дониста мешавад? 5) Тањти мафњуми шахсони мансабдор чї гуна шахсон дар назар дошта мешаванд? 6) Љазои маъмурї чист ва он бо кадом маќсад татбиќ мешавад? 7) Навъњои љазоњои маъмуриро номбар кунед.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 45 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Онунгузории Љумњурии тољикистон оид ба њуќуќвайронкунињои маъмурї ва принсипњои он| Муносибатњои мањсул ва алоќаманди муносибатњои мењнатї аз се гурўњ иборатанд.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.01 сек.)