Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Субъекти њуќуќи маъмурї

Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї | Субъектони (иштирокчиёни) њуќуќи маъмурї | Маќомоти идоракунии корхона, муассиса ва ташкилоти давлатї дохил мешаванд. | Хизматчии давлатї – субъекти њуќуќи маъмурї | Уќуќи маъмурї | Онунгузории Љумњурии тољикистон оид ба њуќуќвайронкунињои маъмурї ва принсипњои он | уќуќвайронкунии маъмурї ва љазои маъмурї |


Читайте также:
  1. Амчун субъекти њуќуќи маъмурї
  2. Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї
  3. Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї
  4. Внутреннее бытие как субъективность и как акт трансцендирования. Франк и Хайдеггер
  5. Вопрос 38. Философия субъективного идеализма
  6. Глава 6 Субъективная парадигма в исследовании способностей.
  7. Дайте понятие, назовите объективные и субъективные признаки хищения.

 

Дар ќонунгузории мављуда истилоњњои «маќомоти њокимияти иљроия» ва «маќомоти идоракунии давлат» њангоми муайян кардани вазъи маъмурї – њуќуќии маќомоти дахлдор њаммаъно истифода шудаанд. Маќомоти њокимияти иљроия, пеш аз њама, ташкилоте њаст, ки як љузъи дастгоњи давлатї мањсуб шуда, сохтори худ, салоњият ва фаъолияти њудудї дорад, бо тартиби муќарраркардаи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї ташкил мешавад, методњои муайянро дар кор истифода мебарад, њуќуќи бо супориши давлат баромад кардан дорад, бо тартиби фаъолияти иљроиявї ва амрдињї роњбариро ба соњањои иќтисодї, иљтимої, фарњангї ва маъмурї – сиёсї ба амал мебарорад.

Аз аломатњое, ки дар ин таъриф зикр шудаанд, моњияти маќомоти њокимияти иљроия маълум шуда, онњоро аз дигар маќомоти давлатї (масалан, ќонунгузор, судї) ва ѓайридавлатї фарќ менамояд.

Сохтори дохилии њокимияти иљроия аз роњбар ва љонишинони ў, маќомоти коллегиалии идоракунї ва кормандони дастгоњ иборат аст. Ќобилияти њуќуќдорї ва ќобилияти амалкунии маъмурии маќомоти њокимияти иљроия бо ташкилёбї ва муайян шудани салоњият пайдо шуда, бо барњам додани онњо ќатъ гардонида мешавад. Маќомоти њокимияти иљроия њамчун љузъи дастгоњи давлатї њамарўза корњоро оид ба татбиќи вазифањои идоракунї ва функсияњои давлат анљом медињанд, онњо бо таъинот, мазмуни кор ва методи фаъолият аз маќомоти њокимияти судї ва ќонунгузор фарќ карда меистанд.

Онњо аз номи давлат баромад мекунанд, аз ин рў, бо ваколатњои давлатї – њокимиятї таъмин мебошанд. Маќомоти њокимияти иљроия тањти маблаѓгузории бюљетї ќарор доранд, шахси њуќуќї њисоб мешаванд, яъне дорои ќобилияти њуќуќдории гражданї мебошанд.

Ташкил ва фаъолияти маќомоти њокимияти иљроия ба як ќатор принсипњо асос меёбад, ки онњо муќаррароти умумї ва талаботи муњимро дар бар мегиранд. Ин принсипњо иборатанд аз:

1. Принсипи волоияти ќонун.

2. Принсипи њокимияти халќ.

3. Принсипи таљзия ва тавозуни њокимиятњо.

4. Принсипи ќонуният.

5. Принсипи масъулияти шахсї.

6. Принсипи ошкорбаёнї.

7. Принсипи афзалият ва кафолатнокии њуќуќи шахсият.

8. Принсипи мутаммарказият (сентрализатсия).

Њамаи ин принсипњо дар асоси муќаррароти Конститутсия татбиќ карда мешаванд. Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба њокимияти иљроия ду боб – боби 4-ум - «Президент» ва боби 5-ум – «Њукумат» бахшида шудааст.

Инчунин дар боби 6 – «Њокимияти мањаллї» дар моддаи 78 гуфта мешавад, ки «њокимияти иљроияро дар мањал намояндаи Президент – раиси вилоят, шањр ва ноњия амалї мегардонад».

Президенти Љумњурии Тољикистон сарвари давлат ва њокимияти иљроия (Њукумат) буда, њомии Конститутсия ва ќонунњо, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, пойдории давлат ва мураттабии фаъолияти маќомоти давлатист.

Тибќи моддаи 69 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон салоњияти Президент аз чунин амалњо иборат аст:

- самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњуриро муайян мекунад;

- Тољикистонро дар дохили давлат ва муносибатњои байналмилалї намояндагї мекунад;

- вазоратњо ва кумтањои давлатиро таъсис ва барњам медињад;

- Сарвазир ва дигар аъзои Њукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Њукуматро ба тасдиќи љаласаи якљояи Маљлиси намояндагон ва Маљлиси миллї пешнињод менамояд;

- раисони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоят, шањри Душанбе, шањр ва ноњияњоро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиќи Маљлиси дахлдори вакилони халќ пешнињод менамояд;

- санадњои маќомоти њокимияти иљроияро њангоми мухолифати онњо бо Конститутсия ва ќонунњо бекор мекунад ва ё бозмедорад;

- номзадии Раис, муовинон ва судяњои Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маљлиси миллї пешнињод менамояд;

- бо ризоияти Маљлиси миллї Прокурори генералї ва муовинони ўро таъин ва озод мекунад;

- Дастгоњи иљроияи Президентро таъсис медињад;

- Шўрои амниятро таъсис ва роњбарї мекунад;

- Шўрои адлияро таъсис медињад;

- раъйпурсї, интихоботи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон ва маќомоти намояндагии мањаллиро таъин мекунад;

- ба ќонунњо имзо мегузорад;

- низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон пешнињод менамояд;

- ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравї мебошад;

- ба татбиќи сиёсати хориљї роњбарї мекунад, ќарордодњои байналмилалиро имзо ва ба тасдиќи Маљлиси намояндагон пешнињод менамояд;

- њангоми тањдиди хатари воќеї ба амнияти давлат њолати љангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиќи љаласаи якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон пешнињод мекунад;

- масъалањои шањрвандиро њал менамояд;

- паноњгоњи сиёсї медињад;

- масъалаи бахшиши љазоро њал мекунад;

- бо рутбањои олии њарбї дипломатї ва унвонњои махсус сарфароз мегардонад.

Ин меъёрњои конститутсионї дар Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Њукумати Љумњурии Тољикистон» низ инкишоф дода шудаанд.

Мувофиќи ин Ќонун Њукумати Љумњурии Тољикистон маќоми њокимияти Љумњурии Тољикистон буда, роњбарии самараноки соњањои иќтисодї, иљтимої, фарњангї ва иљрои ќонунњои Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Маљлиси Олї, фармону амрњои Президенти Тољикистонро таъмин мекунад. Ба низоми маќомоти идораи давлатї роњбарї намуда, фаъолият ва мутобиќати њамкории онњоро таъмин мекунад. Раиси Њукумати Љумњурии Тољикистон – Президенти Љумњурии Тољикистон – сарвари њокимияти иљроия мебошад. Раиси Њукумат ба фаъолияти Њукумати Љумњурии Тољикистон роњбарї намуда, барои ваколатњояшро самаранок амалї намудани он тадбирњо меандешад.

Њайати Њукумати Љумњурии Тољикистон чунин аст:

Њукумати Љумњурии Тољикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинон, вазирон, раисони кумитањои давлатї иборат аст.

Сарвазир ва дигар аъзои Њукуматро Президенти Љумњурии Тољикистон таъин ва аз вазифа озод мекунад ва фармонњоро дар ин бора ба тасдиќи Маљлиси Олї пешнињод менамояд. Њукумати Љумњурии Тољикистон дорои ваколатњои зерин мебошад:

- идоракунии равандњои иќтисодї, иљтимою фарњангї, фароњамсозии шароит барои инкишофи муносибатњои иќтисодї;

- муайянкунї ва татбиќи сиёсати давлатї, молиявї, андоз ва ќарз;

- идоракунии объектњои моликияти давлатї, бастани ќарордодњо бо роњбарони онњо;

- ташкили тартибдињї ва иљрои буљети давлатї, ояндабинї ва барномањои муњимтарини тараќќиёти иќтисодию иљтимої;

- тањияи пешнињодњо дар бораи сохтори Њукумат, ташкил, азнавташкилдињї ва барњам додани вазоратњо, кумитањои давлатї, идораю дигар маќомоти идораи давлатї ва хољагии Љумњурии Тољикистон;

- андешидани тадбирњо доир ба њифзи њуќуќї ва иљтимоии шањрвандон, њуќуќи онњо ба мењнат, такмили низоми таъминоти иљтимої ва њифзи иљтимої.

Њукумати Љумњурии Тољикистон дар доираи салоњияташ ќарору фармон мебарорад, иљрои онњоро ташкил ва назорат мекунад. Иљрои ќарору фармоишњои Њукумати Љумњурии Тољикистон барои тамоми маќомот ва ташкилоту корхонањо, сарфи назар аз шакли моликияташон, мансабдорон ва шањрвандон дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон њатмї мебошанд. Ќарорњое, ки барои хољагии халќ ањамияти зиёд доранд ё хусусиятњои меъёрию њуќуќї доранд, дар шакли ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон чоп карда мешаванд.

Ќарорњо аз рўи масъалањои таъљилї ва дигар масъалањои љорї дар шакли амрњои Њукуати Љумњурии Тољикистон чоп карда мешаванд. Ба ќарору фармоишњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки дар маљлисњои Њукумат ќабул карда мешаванд, Раиси Њукумат имзо мегузорад.

 

Саволњо:

1) Таърифи маќомоти њокимияти иљроияро гўед ва нишонањои њуќуќиашро муайян намоед. 2) Ќобилияти њуќуќдорї ва ќобилияти амалкунии маъмурии маќомоти њокимияти иљроия аз кадом лањза оѓоз мешавад? 3) Ташкил ва фаъолияти маќомоти њокимияти иљроия ба кадом принсипњо асос меёбад? 4) Салоњияти Президентро тибќи моддаи 69 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон номбар кунед. 5) Њукумати Љумњурии Тољикистон дар доираи салоњияташ чї гуна санадњои меъёрї ирсол мекунад?

 

5. Маќомоти худидоракунии мањаллї (љамоат)


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 45 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Шахсони љисмонї њамчун субъектони њуќуќи маъмурї| Амчун субъекти њуќуќи маъмурї

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.007 сек.)