Читайте также:
|
|
Доираи муносибатњои љамъиятие, ки њуќуќи маъмурї онњоро ба танзим медарорад, дар таърифи њуќуќи маъмурї љойгир шудаанд. Њамин тавр, њуќуќи маъмурї чун соњаи мустаќили њуќуќ аз маљмўи меъёрњои њуќуќие иборат мебошад, ки аз тарафи давлат иљозат, муќаррар ва кафолат дода шуда, барои ба танзим даровардани муносибатњои љамъиятї оид ба амалисозии њокимияти иљроия ба вуљуд меоянд, таѓйир меёбанд ва ќатъ мегарданд, равона карда шудаанд.
Аз ин таърифи муфассал чунин бармеояд, ки доираи муносибатњои љамъиятие, ки ба воситаи меъёрњои њуќуќи маъмурї танзим мегарданд, ба амалисозии њокимияти иљроия дахл доранд. Яъне ин муносибатњо байни:
1) маќомоти њокимияти иљроия ва сохторњои он;
2) муносибатњои байни њокимияти иљроия ва иттињодияњои љамъиятї, ассотсиатсияњо, иттифоќњо, њизбњои сиёсї, дигар шаклњои иттињодияњои љамъиятї, њамшањриён ва ѓайра;
3) байни маќомоти њокимияти иљроия ва шањрвандон, аз љониби дигар – муносибатњои байни маќомоти њокимияти иљроия ва иштирокчиёни берунаи муносибатњои шартномавї;
4) муносибатњои байни маќомоти њокимияти иљроия ва маќомоти мањаллии худидоракунї (шањраку дења) сурат мегиранд.
Њамин тариќ, муносибатњои њуќуќии маъмурї он муносибатњои љамъиятї дар соњаи њокимияти иљроия мебошанд, ки бо меъёрњои њуќуќии маъмурї ба танзим дароварда мешаванд. Тарафњо дар ин муносибат њамчун барандагони њуќуќу ўњдадорињои байнињамдигарї иштирок мекунанд, ки онњоро меъёрњои њуќуќи маъмурї муќаррар ва таъин намудааст. Дар ин муносибатњои њуќуќї манфиати давлатї инъикос мешавад ё худ амалан вазифа ва функсияи давлат амалї мегардад. Чунин муносибатњои њуќуќї алоќамандона бо ташкилшавї ва вазифаиљрокунии маќомоти њокимияти иљроия мувофиќи ќонунгузории амалкунанда ва меъёрњои зерќонунии маъмуриву њуќуќї пайдо, таѓйир ва ќатъ гардонда мешаванд.
Субъекти муносибатњои њуќуќї вобаста аз маќоми он дар њар соњаи њуќуќ њар хел маънидод мешавад. Масалан, дар муносибатњои њуќуќии шањрвандї шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї њамчун шахсони воќеї (љисмонї) баромад карда, ташкилотњои тиљоратї ва ѓайритиљоратї њамчун шахсони њуќуќї эътироф мешаванд. Дар муносибатњои њуќуќии маъмурї бошад, ба њайси субъектони њуќуќ маќомоти давлатї, шахсони мансабдор, шањрвандон ва дар баъзе њолатњо ташкилоту муассисањо, аз љумла шахсони њуќуќї низ баромад мекунанд.
Дар њуќуќи маъмурї субъект ин иштирокчї ё тарафи муносибатњои њуќуќї дар соњаи њокимияти иљроия аст, ки оид ба амалисозии функсияњои идоракунї ваколатњои дахлдори давлатї – њокимиятї дорад. Одатан ба сифати муносибатњои маъмурии њуќуќї (љониби идоракунанда) маќомоти њокимияти иљроия ва шахсони мансабдор баромад мекунанд, ки дар шакли расмї ирода ва манфиати давлатро дар амал татбиќ менамоянд. Дар њолатњои муќаррарнамудаи ќонун дар наќши субъект инчунин судњо (њангоми баррасии парвандањои маъмурї) ва иттињодияњои љамъиятї њангоми иљрои вазифањои идоракунї буда метавонанд, масалан, иттифоќњои касаба муассисањои санаторї – курортиро идора мекунад. Объекти идоракунї бошад, шахсони љисмонию њуќуќї мебошанд, ки дар соњаи њокимияти иљроия њуќуќу вазифањо доранд, аммо њамчун тарафи идорашаванда эътироф мегарданд. Ба онњо шањрвандон, хизматчиёни давлатї, маќомоти идоракунии ташкилотњои давлатї ва ѓайридавлатї, корхонаву муассисањо, њокимияти иљроия дар низоми худидораи мањаллї, ташкилотњои хориљї дохил мешаванд. Амалан объекти идоракунї фаъолияти ин одамон ва иттињодияњои онњо оид ба татбиќи њуќуќу ўњдадорињояшон дар соњаи њокимияти иљроия, рафтори бошууронаи онњост.
Муносибати маъмурии њуќуќї чунин рафтори иштирокчиёни онро пешбинї мекунад, ки ба талаботи меъёрњои њуќуќи маъмурї мувофиќ мебошанд. Њамин гуна рафтор дуруст эътироф шуда, на танњо ба таври мусбї бањо дода мешавад, балки дар баъзе њолатњо њавасманд њам карда мешавад. Масалан, мувофиќи моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» аз 13 ноябри соли 1998 «хизматчиёни давлатї барои иљрои бомуваффаќияти вазифаи хизматї, фаъолияти тўлонї ва бенуќсон, иљрои супоришњои махсусан вазнин ва мураккаб њавасманд карда мешаванд. Навъњои њавасмандгардонї ва тартиби истифодаи онњоро ќонунњои Љумњурии Тољикистон муќаррар мекунанд». Дар моддаи 34 - и њамин Ќонун бошад, гуфта мешавад, ки «шахсоне, ки санадњои меъёрии њуќуќї оид ба хизмати давлатиро вайрон мекунанд, мувофиќи ќонунњои Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд». Бештари муносибатњои маъмурии њуќуќї бо тартиби маъмурї њифз карда мешаванд.
Чизи муњими дигар њамин аст, ки субъекти њуќуќи маъмурї фаќат дар њолати мављудияти факти юридикї метавонад субъекти муносибати њуќуќии маъмурї шавад. Субъекти њуќуќи маъмурї шахс ё ташкилоте номида мешавад, ки дар шароити муайян метавонад иштирокчии муносибатњои идоракунї бошад. Онњо метавонанд индивидуалї (фардї) – шањрвандон, хизматчиёни давлатї ва коллективї (маќомоти њокимияти иљроия, маќомоти идоракунии давлатї ва ташкилотњои ѓайридавлатї) бошанд. Дар давоми мўњлати зиёд онњо метавонанд бо њељ кас дар муносибатњои њуќуќии маъмурї набошанд (субъект ё объекти идоракунї).
Субъекти муносибати њуќуќї њамеша мушаххас аст. Ин шахси мушаххас ё ташкилотест (тарафи муносибати њуќуќї – субъект ё объекти идоракунї), ки дар соњаи њокимияти иљроия ба онњо њуќуќу ўњдадорињо дода шудааст ва онњо ќобилияти амалкунї доранд.
Субъектони њуќуќи маъмурї танњо дар сурати вуљуд доштани се шарт метавонанд субъектони муносибатњои њуќуќии маъмурї шаванд:
1) меъёри маъмурї – њуќуќї, ки субъектро муайян карда, њуќуќу вазифа ва љавобгарии њуќуќиашро муќаррар мекунад;
2) ќобилияти њуќуќдории маъмурї ва ќобили амалкунии субъект;
3) факти юридикї, яъне асоси пайдоиш, таѓйирот ва ќатъ гардидани муносибати њуќуќї.
Њамин тариќ, субъектњои њуќуќи маъмуриро ба ду гурўњ – инфиродї (шањрвандон, шањрвандони хориљї, ашхоси бешањрвандї, хизматчиёни давлатї) ва коллективї таќсим мекунанд. Коллективї бошад, дар навбати худ ба 2 гурўњи дигар људо мешавад. Ба гурўњи аввал:
– ташкилотњои давлатї;
- маќомоти њокимияти иљроия;
- љузъњои сохтории маќомоти њокимияти иљроия, ки дороисалоњияти њудї њастанд ;
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 43 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї | | | Маќомоти идоракунии корхона, муассиса ва ташкилоти давлатї дохил мешаванд. |