Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Кафолатњо ва љубронпулињо њангоми фиристонидани кормандон ба сафари хизматї ва кўчидан љињати иљрои кор ба дигар мањал.

Реља ва бањисобгирии ваќти корї. Мафњуми рељаи ваќти корї. Рўзи кори ба меъёр гирифтанашуда. | Рељаи чандирии ваќти корї. Кори бастї. | Таќсимоти рўзи корї ба ќисматњо. Бањисобгирии ваќти корї. | Ваќти дамгирї | Рухсатињои боподоши њарсола. Мафњум ва намудњои рухсатии боподоши њарсола. Тартиби пешкаш намудани рухсатињои боподоши њарсола. | Рухсатињои эъљодї ва иљтимої. | Рухсатињои бе подоши музди мењнат. | Мафњум ва усулњои танзими њуќуќии музди мењнат. | Низоми тарифии музди мењнат ва унсурњои он. | Шаклњо ва низоми музди мењнат. |


Читайте также:
  1. Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда
  2. ДИГАР ВОСИТАЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ
  3. Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї
  4. Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд
  5. Моддаи 1172. Роњхат, барасмиятдарорї, низоми ваќти корї ва ваќти истироњат њангоми сафари хизматї
  6. Музди мењнат њангоми дуршавї аз шароитњои мўътадили мењнат.

Моддаи 118. Кафолат ва љуброн њангоми сафари хизматї. Њангоми сафари хизматї харољоти зерин чуброн карда мешавад:

1) харољоти зисти дур аз мањалли зисти доими (рўзмарра);

2) харољоти роњкиро;

3) харољоти кирои манзили истиќоматї;

4) харољоти дигаре, ки корманд бо иљозат ва ё бо розигии корфармо кардааст.

Кафолат, тартиб ва андозаи љуброни харољоти сафари хизматї дар ташкилотњое, ки аз буљети давлатї маблаѓгузорї мешаванд, бо тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

Андозаи љуброни харољоти сафари хизматї дар ташкилотњои дигар бо мувофиќаи корманд ва корфармо муайян карда шуда, аз андозаи муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон камтар буда наметавонад.

Љои кор (вазифа) ва музди миёнаи мењнати кормандони ба сафари хизматї рафта дар давоми тамоми ваќти сафари хизматї нигоњ дошта мешавад.

Љуброни харољоти сафарњои хизматї ва корњои сафарї яке аз ўњдадорињои корфармо ба њисоб рафта, тибќи талаботи Ќарори укумати Љумњурии Тољикистон аз 28 феврали соли 2003 № 75 "Дар бораи пардохти харољоти сафарњои хизматии хизматчиёни давлатї ва кормандони ташкилотњо, идорањо ва муассисањои давлатї ба мамлакатњои хориљаи дуру наздик, инчунин дар дохили Љумњурии Тољикистон", амалї гардонида мешавад.

Мувофиќи ин ќарор аз 1 марти соли 2003 меъёри пардохти харољотњои кирои манзил дар давлатњои хориљаи дуру наздик њангоми сафарњои хизматї ба шахсони дар зербанди а) банди 1 нишондодашуда, аз рўи харољоти воќеї, барои шахсони дар зербанди б) банди 1 пешбинишуда аз рўи харољоти воќеї, вале на зиёда аз 200 доллари ШМА дар як шабонарўз, барои шахсони дар банди в) ќисми 1 пешбинишуда аз рўи харољотњои воќеї, вале на зиёда аз 120 доллари ШМА дар як шабонарўз, барои шахсони дар зербанди г) банди 1 аз рўи харољоти воќеї, вале на зиёда аз 80 доллари ШМА дар як шабонарўз муќаррар карда шудааст.

Муќаррар гардидааст, ки харољоти роњкиро бо назардошти фармоиши пешакї ба шахсони дар банди 1 зербанди "а" ин ќарор зикр гардидаанд, бо класси якум ё бизнес - класс, зербанди "б" бо бизнес-класс, зербандњои "в" ва "г" бо экономкласс пардохта мешавад.

Маблаѓи харљи шабонарўзї барои шахсони дар зербандњои "а" ва "б" банди 1 ин ќарор пешбинишуда, дар њаљми 50 доллари ШМА ва барои харољотњои ѓайричашмдошт боз 30 фоизи меъёри харљи шабонарўзї барои њар як шабонарўз ва зербанди "в" банди якум - 30 доллари ШМА ва барои харољоти ѓайричашмдошт боз 15 фоизи меъёри харољотњои шабонарўзї барои њар як шабонарўз ва зербанди "г" - 30 доллари ШМА муќаррар карда шудааст.

Мувофиќи ќарори дар боло зикргардида пардохти харољоти сафари хизматї дар дохили Љумњурии Тољикистон барои хизматчиёни давлатї ва кормандони ташкилотњо, идорањо ва муассисањои давлатї дар њаљми зерин муќаррар гардидааст:

- кирояи манзилгоњ дар шањри Душанбе, маркази вилоятњо, шањрњо ва ноњияњо барои шахсони дар банди 1 зербанди "а" ва "б" зикргардида ва аъзои Маљлиси миллї дар шањри Душанбе дар њаљми 50 сомонї, зербанди "в" ва "г" - 30 сомонї ва дигар мањалњои ањолинишин барои њамаи шахсони дар сафари хизматї буда - 10 сомонї дар як шабонарўз, роњкиро - дар асоси њуљљатњои пешнињодшудаи тасдиќкунанда, пардохта мешавад.

Пули харљи шабонарўзї њангоми сафари хизматї ба шањри Душанбе, маркази вилоятњо, шањрњо ва ноњияњо, ба шахсони дар банди 1 зербандњои "а" ва "б" ин ќарор муайяншуда, дар њаљми - 20 сомонї, зербанди "в" - 15 сомонї ва зербанди "г" - 12 сомонї ва дигар нуќтањои ањолинишин - 10 сомонї муќаррар карда шудааст.

Харољоти сафари хизматї ва корњои сафарї ба шарте љуброн карда мешаванд, ки агар љои сафари хизматї аз љои кори доимї дар масофаи на кам аз 30 километр љойгир шуда бошад. Пардохти роњкиро ва манзил ба пешнињоди њуљљатњои тасдиќкунанда, аз рўи вараќаи сафарї, амалї гардонида мешавад. Дар сурати набудани чунин њуљљат, харољоти кирояи манзил ва роњкиро ба андозаи 50 фоизи меъёри муќарраргардида пардохта мешавад.

Ба шунавандагоне, ки барои тањсил ба курсњои такмили ихтисос берун аз љои кор фиристода мешаванд, дар дохили љумњурї барои њар як рўз дар давоми як моњ ба андозаи 10 сомонї пули харљи шабонарўзї дода мешавад.

Баъди бозгашт аз сафари хизматї, хизматчиёни давлатї, кормандони ташкилотњо, идорањо ва муассисањои давлатї ба њисобдорї бояд тамоми њуљљатњои тасдиќкунандаи харољотњои воќеии оид ба пардохти кирояи манзилгоњ ва роњкироро пешкаш намоянд.

Ба кормандоне, ки барои иљрои корњои насбу васлкунї ва сохтмонї ба сафари хизматї фиристонида мешаванд, њангоми иштирокашон дар корњои истењсолї ба ивази харољоти шабонарўзї дар њаљми 50 фоизи ставкаи амалкунанда (маоши вазифавї) изофапулї дода мешавад, ки он барои њар як рўзи дар сафари хизматї будан аз 10 сомонї набояд зиёд бошад. Мўњлати сафари хизматии ин кормандон аз як сол зиёд буда наметавонад.

Андозаи љуброни харољоти кормандони ташкилотњои ѓайрибуљетї бо мувофиќаи тарафњои шартномаи мењнатї муайян карда мешавад, аммо он аз андозаи барои кормандони ташкилотњои буљетї муќарраршуда, камтар буда наметавонад.

Дар тамоми давраи сафари хизматї љои кор (вазифа) ва музди миёнаи мењнати кормандони ба сафари хизматї фиристодашуда нигоњ дошта мешавад.

Њангоми дар хориља дар сафари хизматї будан харољоти роњ, брон кардани њуљљатњои роњ, харољотњое, ки бо истифодабарии хизматрасонињо дар толорњои вакилони расмї (VIP), барои раводидњо, харољоти кирояи манзили истиќоматї, харољоти вобаста ба хизматрасонии алоќа, харољотњои наќлиётии дохилии мамлакат, харољотњои намояндагї љуброн карда мешаванд. Дар мавридњои алоњида, ки бо сафари намояндагони давлатї ва Њукумати Љумњурии Тољикистон ба мамлакатњои хориљї алоќаманданд, бо амри Президенти Љумњурии Тољикистон дигар меъёрњои пардохти харољотњо пешбинї шуда метавонанд.

Пардохти њаќќи хизмати алоќа (почта, телефон, факс), ки бевосита бо кор вобаста аст, аз рўи њуљљатњои воќеии пешнињодгардида амалї мегардад.

Харољоти роњ ба мамлакатњои хориљаи дуру наздик мувофиќи њуљљатњои роњкирои воќеии пешнињодгардида бо дарназардошти брони ба шахсони ба сафари хизматї мерафта, ки дар зербанди «а» банди 1 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 28 феврали соли 2003 № 75 аз рўи бизнес класс ё якум, зербанди «б» - аз рўи бизнес класс ва ё зербанди «в» ва «г» - аз рўи эконом класс пешбинї шудаанд, пардохта мешавад. Њаќќи хизматрасонии толори намояндагони расмї (VIP) ба гурўњи ба сафари хизматї фиристодашуда, ки дар зербанди «а», «б» ва «в» банди 1 нишон дода шудаанд, пардохта мешавад. Ба гурўњи шахсони дар зербанди «г» нишондодашуда њаќќи хизматрасонии «VIP» њамон ваќт пардохта мешаванд, ки агар онњо ба њайати гурўњи расмии намояндагон дохил шуда бошанд.

Моддаи 1171. Сафари хизматї. Сафари хизматї сафари корманд тибќи супориши корфармо ба мўњлати муайян ба мањалли дигар барои иљрои вазифањои хизматї берун аз љои кори доимї њисоб мешавад.

Сафари корманде, ки кораш ба таври доимї дар роњ мегузарад ё характери њаракаткунандаю сайёр дорад, хамчунин дар њудуди мањалли ањолинишине, ки корфармо дар он љойгир аст, сафари хизматї њисобида намешавад.

Мутобиќи талаботи моддањои 162 ва 181 КМ ЉТ занони фарзанди аз се то чордањсола (фарзандони маъюби то шонздањсола) доштаро танњо бо ризояти худашон ба сафари хизматї фиристодан мумкин аст. Занони њомила ва заноне, ки тифли то сесола доранд, кормандони аз 18-сола хурд ба сафари хизматї фиристонида намешаванд.

Агар филиалњо, ќитъањо ва дигар воњидњои ба њайати муассиса, ташкилот, корхона, иттињодияњо дохилшаванда дар дигар мањал љойгир шуда бошад, љои кори доимии корманд њамон воњиди истењсолие шуморида мешавад, ки кор дар он тибќи шартномаи (ќарордоди) мењнатї муайян карда шудааст.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 86 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Музди мењнат њангоми дуршавї аз шароитњои мўътадили мењнат.| Моддаи 1172. Роњхат, барасмиятдарорї, низоми ваќти корї ва ваќти истироњат њангоми сафари хизматї

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.007 сек.)