Читайте также: |
|
Моддаи 981. Рухсатии эљодї. Рухсатии эљодї бо нигоњдории музди мењнат ба кормандон барои иљрои корњои рисолавї, навиштани китобњои дарсї ва дар дигар њолатњое, ки ќонунгузорї муайян намудааст, дода мешавад. Тартиб ва шартњои пешнињод кардан ва давомнокии рухсатии эљодиро конун муќаррар мекунад.
Мутобиќи талаботи моддаи мазкур рухсатии эљодии пардохтшаванда буда, тартиб ва шартњои пешнињод кардани давомнокии онро ќонун муќаррар мекунад. Барои анљоми рисолаи илмии дараљаи илмии номзади илм ё доктори илм ба кормандони ташкилотњо аз љои корашон ба мўњлати баробар ба се ва шаш моњ бо нигоњ доштани музди кор рухсатии эљодї дода мешавад2.
Моддаи 98. Рухсатии иљтимої. Рухсатии иљтимої ба кормандон барои фаъолияти эљодї (моддаи 981 њамин Кодекс), давраи њомиладорї ва таваллуд (моддаи 164 њамин Кодекс), нигоњубини кўдак (моддањои 165,166 њамин Кодекс) ва тањсил бе људошавї аз истењсолот (моддањои 186,187,188 њамин Кодекс) дода мешавад.
Њуќуќи кормандон ба рухсатии иљтимої аз давомнокї, љой ва намуди кор, номгўї ва шакли ташкилию њуќуќии ташкилот вобаста нест. Дар давраи дар рухсатии иљтимої будани корманд љойи кори пештара ва дар њолатњои дар њамин Кодекс ё шартномаи коллективї (созишнома) пешбинишуда, музди мењнати корманд нигоњ дошта мешавад. Рухсатии иљтимої илова ба рухсатии мењнатї дода мешавад.
Рухсатии иљтимої барои њамон соли таќвимие дода мешавад, ки корманд ба он њуќуќ дорад.
Дар њолати истифода набурдани рухсатии иљтимої дар соли љории таќвимї он ба соли дигари корї гузаронида намешавад ва бо маблаѓи пулї љуброн карда намешавад, аз љумла, дар сурати аз кор озод шудан.
Кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисањои таълимї мехонанд, наќшањои таълимиро иљро менамоянд, ба рухсатии иловагии пулакї аз љои кор бо тартиб ва шартњои муќарраркардаи ќонунњо ва дигар санади меъёрї њаќ доранд. Талабатони мактабњои маълумоти умумї, ки дар баробари хондан кор мекунанд, ба рухсатии пулакии иловагї аз љои кори асосї барои супоридани имтињонњо ба мўњлати на камтар аз давомнокии муќарраркардаи ќонунњо ва дигар санади меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон њаќ доранд. Ба кормандоне, ки дар баробари кор дар омўзишгоњњои касбию техникї ё њамин хел омўзишгоњњои дигар мехонанд, барои омодагї ва супоридани имтињонњо ва ба талабагоне, ки дар баробари кор дар мактабњои миёнаи махсус ва олї мехонанд, барои иљрои корњои лабораторї, супоридани санљишњо ва имтињонњо, омодагї ба дифои лоињаи (корњои) дипломї аз љои кор ба муддатї на камтар аз давомнокии муќарраркардаи ќонунњо ва дигар санади меъёрии Љумњурии Тољикистон рухсатии иловагї ва музди миёнаи мењнат дода мешавад. Масалан, мувофиќи банди 5 ќисми 1 моддаи 25 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 13 ноябри соли 1998 «Дар бораи хизмати давлатї»1, давлат ба хизматчии давлатї такмили дониш ва баланд бардоштани дараљаи тахассусро бо њифзи музди миёнаи мењнат аз рўи вазифаи ишѓолкардааш дар тамоми давраи таълим кафолат медињад.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 64 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Рухсатињои боподоши њарсола. Мафњум ва намудњои рухсатии боподоши њарсола. Тартиби пешкаш намудани рухсатињои боподоши њарсола. | | | Рухсатињои бе подоши музди мењнат. |