Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Олатњое, ки љиноят будани кирдорро истисно мекунанд

Мафњум, вазифањо ва принсипњои њуќуќи љиноятї | Тавсифи ќонунгузории љиноятї | Мафњум ва нишонањои љиноят | авобгарии љиноятии ноболиѓон |


Читайте также:
  1. авобгарии љиноятии ноболиѓон
  2. Авобгарї барои шарикї дар љиноят
  3. Мафњум ва нишонањои љиноят
  4. Мафњум, вазифањо ва принсипњои њуќуќи љиноятї
  5. Тавсифи ќонунгузории љиноятї

Дар зиндагї бисёр њолатњое дучор меоянд, ки ин ё он шахс бо маќсади њимояи худ, амалї гардонидани њуќуќњои шахсї ё субъективии худ, иљрои ќарзи хизматї ва ўњдадории њуќуќии худ амалњое содир мекунад, ки њарчанд ба муносибатњои љамъиятї зарар расонанд њам, аммо љиноят њисоб намешаванд. Дар ќонуни љиноятї низ њамин гуна њолатњо ба эътибор гирифта шуда, меъёрњо оид ба мудофиаи зарурї, расонидани зарар њангоми дастгир намудани љинояткор, зарурати нињої, маљбуркунии љисмонї ва рўњї, таваккали асоснок ва иљрои фармон ва амр муќаррар карда шудаанд.

Њамин тавр, њаракате, ки дар њолати мудофиаи зарурї, яъне њангоми њимояи шахсият ва њуќуќњои мудофиакунанда ё шахси дигар, манфиатњои бо ќонун њифзшавандаи љомеа, ё давлат аз таљовузи барои љамъият хавфнок бо роњи расонидани зарар ба таљовузкунанда содир шудааст, агар ин таљовуз бо зўроварї барои њаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок бошад, ё ин ки бо тањдиди бевоситаи истифодаи чунин зўроварї алоќаманд бошанд, љиноят њисобида намешаванд.

Набояд фаромўш кард, ки аз њадду андозаи мудофиаи зарурї баромадан мумкин нест. Албатта, ба њар як шањрванд њуќуќ дода шудааст, ки новобаста аз вазифа ва характери фаъолияташ худро аз њуљуми бегона њимоя кунад. Њар як шањрванд ба њимояи худ њаќ дорад, њарчанд имконияти кўмак пурсидан аз маќомоти дахлдорро (масалан аз милисаро) дошта бошад. Њамин нукта дар ќисми 3 моддаи 40 Кодекси љиноятї низ зикр шудааст. «Њамзамон њаракатњои шахси мудофиакунанда, ки дар натиљаи таљовузи нобањангом ба вуљуд омадаанд, баромадан аз њадди мудофиаи зарурї њисоб намешаванд, агар шахс имконияти ба таври воќеї бањо додани дараља ва хусусияти хавфнокии таљовузро надошта бошад».

Инчунин дар ќонуни љиноятї таъкид мешавад, ки шахс, сарфи назар аз имконияти халос шудан аз таљовуз, новобаста аз тайёрии касбї ё дигар тайёрии махсус ва маќоми хизматиаш ба мудофиаи зарурї њуќуќ дорад. Ќасдан барангехтани иѓвои таљовуз бо маќсади расонидани зарар мудофиаи зарурї њисоб намешавад.

Бояд гуфт, ки расонидани зарар њангоми дастгир кардани шахси љиноят содирнамуда низ љиноят њисобида намешавад, вале дар назар доштани якчанд шартњо муњим мебошад.

Масалан, њаракатњое, ки њангоми дастгир кардани шахси љиноят содирнамуда, бо маќсади ба маќомоти њокимият супурдан ё пешгирии имконияти љиноятњои навро содир карданаш ба ў зарар расонидаанд, агар бо воситањои дигар дастгир намудани чунин шахс ѓайриимкон бошад ва дар айни замон чорањои зарурии ба ин маќсад андешидашуда аз њад набаромада бошад, љиноят њисоб намешаванд.

Њуќуќи дастгир кардани шахси љиноят содирнамударо дар баробари шахсони ба ин кор махсус ваколатдор, инчунин љабрдидагон ва шањрвандони дигар низ доранд.

Њангоми арзёбии ќонунї будани зарари дар ваќти дастгир кардани шахси љиноят содирнамуда расонидашуда, њаракати ў дар мавриди аз дастгиршавї халос хўрдан, ќувваю имконияти дастгиршаванда, њолати рўњии ў ва њолатњои дигари вобаста ба амали дастгир кардан ба назар гирифта мешаванд.

Бояд гуфт, ки расонидани зарар ба манфиатњои давлату љамъият ва шањрвандон дар њолати зарурати нињої низ љиноят эътироф намешавад, агар зарурати нињої барои бартараф кардани хавфу хатар ба њуќуќу манфиатњои ќонунии шањрванди алоњида ё љомеа равона шуда бошад. Бояд дар назар дошт, ки агар расонидани зараре, ки ба хусусияту дараљаи хавфи тањдидкунанда ва њолатњои бартараф намудани ин хавф мувофиќ набошад ва дар натиља ба манфиатњои ќонунан муњофизатшаванда баробари зарари пешгиришуда ё аз он бештар зиён расонида шуда бошад, он гоњ зарурати нињої азњадгузашта њисобида мешавад.

Расонидани зарар дар натиљаи маљбуркунии љисмонї ё рўњї, ба шарте ки да натиљаи чунин маљбуркунињо шахс њаракат ё бењаракатии худро идора карда натавонад. Чунин њолатњо ваќте ба амал меоянд, ки нисбат ба шахси љиноятсодирнамуда тарзу усулњои ѓайриќонунии таъсиррасонии љисмонї ва рўњї (психикї) истифода шуда бошад. Ин њолатњо метавонанд ѓайриќонунї мањрум намудан аз озодї, латукўб, фишорњои рўњї, тањдидњои тарсоваранда бошанд.

Бояд ќайд кард, ки њар як шањрванд ба таваккали асоснок њуќуќ дорад. Њолатњоеро номбар кардан мумкин аст, ки истифодаи таваккали асоснокро њаќ мебароранд: агар барои пешгирии зарари ба манфиатњои љомеа мерасида воситањои муќаррарї кифоят накунанд. Чунин њолатњо дар њама соњањои њаёти љомеа рух доданаш мумкин аст, масалан, дар соњаи истењсолї, тиббї, дар њолатњои фавќулодда, дар соњаи маишї ва ѓайрањо.

Нињоят, њолати дигаре, ки љиноят будани кирдорро истисно мекунад, иљрои фармон ё амр аст. Агар шахс бо маќсади иљрои њатмии амру фармон кирдоре содир кунад, ки дар натиљаи он ба манфиати шањравандон, давлату љомеа зарар бирасад, пас ин гунна кирдор љиноят њисобида намешавад. Барои расонидани ин зарар шахсе ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад, ки фармон ё амри ѓайриќонунї додаааст.

 

Саволњо:

1) Њолатњоеро гўед, ки љиноят будани кирдорро истисно мекунанд? 2) Дар кадом њолатњо мудофиаи зарурї љиноят њисобида намешавад? 3) Шартњоеро номбар кунед, ки расонидани зарар њангоми дастгир кардани шахси љиноят содирнамуда љиноят њисобида намешавад. 4) Зарурати нињої гуфта ќонуни љиноятї чиро дар назар дорад? 5) Оид ба таваккали асоснок аз зиндагї ягон мисол биёред.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 48 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Авобгарї барои шарикї дар љиноят| Азо: маќсад ва намудњои он

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.006 сек.)