Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Конвенсияи соли 1951 дар бораи маќоми гурезањо

СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАЊИД ВА ГУРЕЗАЊО | Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо | ДИГАР ВОСИТАЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ | ПОЙМОЛКУНИИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ГУРЕЗАЊО |


Читайте также:
  1. ПОЙМОЛКУНИИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ГУРЕЗАЊО
  2. Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо
  3. СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАЊИД ВА ГУРЕЗАЊО

Июли соли 1951 аз љониби Конференсияи намояндагони ваколатдор оид ба масъалаи маќоми гурезањо ва апатридњо (шахсони бедавлат), ки мутобиќи резолютсияи 429 (V) Ассамблеяи Генералї аз 14 декабри соли 1950 даъват шудааст, ќабул гардидааст.

Таърихи эътибор пайдо кардан: 22 апрели соли 1954 мутобиќи моддаи 43

 

 

МУЌАДДИМА

 

Тарафњои Олимаќоми Ањдкунанда,

бо дарназардошти он ки Оинномаи Созмони Милали Муттањид ва Эъломияи умумии њуќуќи башар, ки Ассамблеяи Генералї 10 декабри соли 1948 принсипе муќаррар намуданд, ки мутобиќи он њама одамон бояд аз њуќуќу озодињои асосї бидуни ягон хел табъиз дар ин маврид истифода баранд,

 

бо дарназардошти он ки Созмони Милали Муттањид чандин маротиба ба таќдири гурезањо таваљљўњи амиќ зоњир кардааст ва ба он саъю кўшиш намудааст, ки ба гурезањо истифодаи васеътари њуќуќу озодињои зикргардидаро таъмин намояд,

 

бо дарназардошти он ки созишномањои байналмилалии пештар баимзорасидаи оид ба маќоми гурезањоро таљдиди назар ва муттањид намудан ва васеъ намудани соњаи истифодаи ин шартномањо ва њимояи ба гурезањо пешнињодшаванда бо роњи бастани созишномаи нав мувофиќи маќсад мебуд,

 

бо дарназардошти он ки пешнињод намудани њуќуќи паноњгоњ метавонад ба зиммаи баъзе кишварњо бори гаронро бор кунад ва њалли ќаноатбахши проблемае, ки доираи байналмилалї ва хислати онро Созмони Милали Муттањид эътироф намудааст, наметавонад бинобар ин бидуни њамкории байналмилалї имконпазир гардад,

 

бо изњори хоњиши он ки тамоми давлатњо хислати иљтимої ва гуманитарии проблемаи гурезањоро эътироф намуда, тамоми тадбирњоро љињати пешгирии ихтилофот байни давлатњо бинобар ин проблема андешанд,

 

бо таъкид аз он ки ба Комиссари олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо назорати иљрои конвенсияњои байналмилалї оид ба њимояи гурезањо супурда шудааст ва бо эътирофи он ки самаранокии њамоњангсозии тадбирњои барои њалли ин проблема андешидашаванда ба њамкории давлатњо бо Комиссари олї вабаста аст,

 

созишномаи зеринро ба имзо расонданд:

 

БОБИ I

 

МУКАРРАРОТИ УМУМЇ

 

 

Моддаи 1 Шарњи мафњуми «гуреза»

 

А. Дар ин Конвенсияи тањти истилоњи «гуреза» шахсе дар назар дошта мешавад, ки:

 

1) бинобар созишномањо аз 12 майи соли 1926 ва 30 июни соли 1928 ё бинобар Конвенсияњо аз 28 октябри соли 1933 ва аз 10 феврали соли 1938, Протокол аз 14 сентябри соли 1939 ё бинобар оинномаи Ташкилоти байналмилалї оид ба гурезањо њамчун гуреза баррасї мегардид;

 

ќарорњо оид ба рад кардани њуќуќи гуреза донистан, ки Ташкилоти байналмилалї оид ба гурезањо дар давраи фаъолияти худ ќабул намудааст, барои он ки маќоми гуреза ба шахсоне дода шавад, ки шартњои дар банди 2 ин фасл муќарраргардидаро ќонеъ мекунанд, монеъ намегарданд;

 

2) дар натиљаи њодисањои то 1 январи соли 1951 рўйдода ва бинобар хавфи комилан асосноки љабр дидан аз таъќиб аз рўи нишонаи нажод, дину мазњаб, шањрвандї, мансубият ба гурўњи муайяни иљтимої ё аќидаи сиёсї берун аз кишвари мансубияти шањрвандии худ ќарор дорад ва наметавонад аз њимояи ин кишвар истифода барад ё намехоњад бинобар чунин хавф аз чунин њимоя истифода намояд; ё шањрвандии муайян надошта ва дар натиљаи чунин њодисањо берун аз кишвари макони пештараи истиќомати муќаррарии худ ќарор дошта, наметавонад ё намехоњад бинобар чунин хавф ба он баргардад.

 

Дар њолатњое, ки ягон шахс шањрванди якчанд кишвар мебошад, тањти мафхуми «кишвари асли шањрвандии ў» њар кишваре, ки ў шањрванди он мебошад, дар назар дошта мешавад ва чунин шахс аз њимояи кишвари асли худ мањрумгардида њисобида намешавад, агар бе ягон сабаби воќеии аз хавфи комилан асоснок бароянда, ў ба яке аз кишварњое, ки шањрванди он мебошад, барои њимоя мурољиат накунад.

 

В. 1) Дар ин Конвенсия калимањои дар моддаи 1, фасли А овардашудаи «њодисањои то 1 январи соли 1951 рўйдода» мафњуми ё: а) «њодисањои то 1 январи соли 1951 дар Европа рўйдода»; ё b) «њодисањои то 1 январи соли 1951 дар Европа ё дар дигар љойњо рўдода»-ро ифода мекунанд; ва њар Давлати ањдкунанда дар лањзаи имзо, тасдиќ ё њамроњшавї аниќ нишон медињад, ки кадом мафњуми зикргардидаро нисбати ўњдадорињое, ки дар асоси ин Конвенсия ба зиммаи худ гирифтааст, ќабул мекунад.

 

2) Њар Давлати ањдкунандае, ки мафњуми алтернативиро ќабул намудааст а) метавонад њар ваќт доираи ўњдадорињои ба зиммаи худ гирифтаашро тавассути ќабули мафњуми алтернативї b) бо роњи огоњ намудани Котиби генералии Созмони Милали Муттањид васеъ намояд.

 

С. Муќаррароти ин модда дигар ба шахсе, ки тањти мафњуми фасли А ќарор мегирад, пањн намегарданд, дар сурати:

 

1) ихтиёран аз нав истифода намудани њимояи кишвари асли шањрвандии худ; ё

 

2) аз шањрвандии худ мањрум гардида, аз нав онро ихтиёран гирифта бошад; ё

 

3) шањрвандии нав гирифта бошад ва аз њимояи кишвари нави асли шањрвандии худ истифода менамояд; ё

 

4) ихтиёран аз нав дар кишваре, ки ў онро тарк намуда буд ё бинобар хавфи таќиб берун аз ќаламрави он ќарор дошт, маскан гирифта бошад; ё

 

5) дигар наметавонад истифода аз њимояи кишвари асли шањрвандии худро рад намояд, зеро њолатњое, ки дар асоси онњо ў гуреза дониста шуда буд, дигар вуљуд надоранд;

 

муќаррароти ин банд нисбати гурезањое, ки тањти мафњуми банди 1 фасли А ин модда ќарор мегиранд, истифода намегарданд, агар онњо тавонанд барои рад намудани истифода аз њимояи кишвари асли шањрвандии худ далелњои кофие оранд, ки аз таъќибњои пештара бармеоянд;

 

б) шахсе мебошад, ки шањрвандии муайн надошта, метавонад ба кишвари истиќомати муќаррарии пештари худ баргардад, зеро њолатњое, ки дар асоси онњо ў гуреза дониста шуда буд, дигар вуљуд надоранд;

 

муќаррароти ин банд нисбати гурезањое, ки тањти мафњуми банди 1 фасли А ин модда ќарор мегиранд, истифода намегарданд, агар онњо тавонанд барои рад намудани баргаштан ба кишвари истиќомати муќаррарии пештари худ далелњои кофие оранд, ки аз таъќибњои пештара бармеоянд;

 

D. Муќаррароти ин Конвенсия ба шахсоне, ки дар айни замон аз њимоя ё кўмаки дигар маќомот ё муассисањои Созмони Милали Муттањид, ѓайр аз Комиссари олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо истифода мебаранд, пањн намегарданд.

 

Дар њолатњое, ки чунин њимоя ё кўмак бо ягон сабаб, кабл аз он ки вазъи ин шахсон мутобиќи резолютсияњои дахлдори ќабулнамудаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттањид комилан танзим гардида буд, ќатъ гардида буданд, ин шахсон худ аз худ аз њуќуќњои аз ин Конвенсия бароянда бархўрдор мегарданд.

 

E. Муќаррароти ин Конвенсия ба шахсоне, ки њокимиятњои салоњиятдори кишваре, ки онњо дар он љо истиќомат мекунанд, њуќуќ ва ўњдадорињояшонро вобаста ба шањрвандии ин кишвар эътироф мекунанд, пањн карда намешаванд.

 

F. Муќаррароти ин Конвенсия ба тамоми он шахсоне пањн карда намешаванд, ки нисбати онњо далелњои љиддие вуљуд доранд, тахмин карда шавад, ки онњо:

 

a) ба муќобили љањон љиноят содир намудаанд, љинояти њарбї ё љинояти зидди инсоният содир намудаанд, дар мафњуме, ки дар санадњои байналмилалї ба ин кирдорњо дода шуда, бо маќсади андешидани тадбирњо нисбати чунин љиноятњо тартиб дода шудаанд;

 

b) берун аз кишваре, ки ба онњо паноњгоњ додааст ва ќабл аз он ки онњо њамчун гуреза ба ин кишвар роњ дода шуда буданд, љинояти вазнини ѓайрисиёсї содир намудаанд;

 

c) дар содир намудани амалњое, ки хилофи маќсад ва принсипњои Созмони Милали Муттањид мебошанд, гунањгоранд.

 

 

Моддаи 2 - Ўњдадорињои умумї

 

Њар як гуреза нисбати кишваре, ки ў дар он ќарор дорад, ўњдадорињо дорад, ки бинобар онњо, аз љумла ў бояд ба ќонуну амрњо, инчунин тадбирњое, ки барои нигоњдории тартиботи љамъиятї андешида мешаванд, итоат кунад.

 

 

Моддаи 3Норавоии табъиз

 

Давлатњои ањдкунанда муќаррароти ин Конвенсияро нисбати гурезањо бидуни ягон табъиз бо нишонаи нажоди онњо, дин ё кишвари асли онњо истифода хоњанд кард.

 

 

Моддаи 4Аќидањои динї

 

Давлатњои ањдкунанда ба гурезањое, ки дар ќаламрави онњо ќарор доранд, нисбати озодии пайравї намудан аз дини худ ва озодии ба фарзандони худ додани тарбияи динї, њадди аќал чунин шароити мусоиде фароњам меоваранд, ки барои шањрвандони худ муњайё намудаанд.

 

 

Моддаи 5Њуќуќњое, ки сарфи назар аз ин

Ковенсия дода шудаанд

 

Њеч чиз дар ин Конвенсия ягон њуќуќ ва имтиёзњоеро, ки ба гурезањо ягон Давлати ањдкунанда сарфи назар аз ин Конвенсия додааст, халалдор намесозад.

 

 

Моддаи 6Ибораи «дар њамин њолатњо»

 

Дар ин Ковенсия ибораи «дар њамин њолатњо» маънии онро дорад, ки гуреза бояд њама гуна талаботеро (аз љумла талаботи марбут ба мўњлат ва шартњои ќарор доштан ё истиќомат кардан дар кишвар), ки ин шахси алоњида дар сурати гуреза набудан, бояд онњоро барои истифода аз њуќуќњои дахлдор ќонеъ мегардонд, ба истиснои талаботе, ки бинобар хислати онњо гуреза ба ќонеъ гардондани онњо ќодир нест, ќонеъ намояд.

 

 

Моддаи 7Хориљкунињо аз принсипи мутаќобилият

 

1. Ѓайр аз он њолатњое, ки ба гурезањо дар асоси ин Конвенсия шароити мусоидтари њуќуќї дода мешавад, Давлатњои ањдкунанда ба онњо шароите пешнињод мекунанд, ки умуман хориљиён аз онњо истифода мебаранд.

 

2. Баъди гузаштани мўњлати панљсолаи истиќомат дар ќаламрави Давлатњои ањдкунанда тамоми гурезањо аз талаботи мутаќобилияти бо роњи ќонунгузорї муќарраргардида озод карда мешаванд.

 

3. Њар Давлати ањдкунанда минбаъд низ ба гурезањо њуќуќ ва имтиёзњое медињад, ки онњо бидуни ягон мутаќобилият дар рўзи нисбати ин давлат эътибор пайдо намудани ин Конвенсия ба онњо њуќуќ доштанд.

 

4. Давлатњои ањдкунанда нисбати имконияти ба гурезањо, бидуни ягон мутаќобилият додани њуќуќ ва имтиёзњо ба ѓайр онњое, ки гурезањо мутобиќи бандњои 2 ва 3 ба онњо њуќуќ доранд ва нисбати имконияти аз талаботи мутаќобилият озод намудани гурезањое, ки ба талаботи дар бандњои 2 ва 3 пешбинигардида мутобиќат намекунанд, хайрхоњона муносибат менамоянд.

 

5. Муќаррароти бандњои 2 ва 3 њам нисбати њуќуќу имтиёзњои дар моддањои 13, 18, 19, 21 ва 22 ин Конвенсия зикргардида, њам нисбати њуќуќу имтиёзњои дар он пешбининагардида истифода мешаванд.

 

 

Моддаи 8Хориљкунињо аз чорањои истисної

 

Чорањои истиноие, ки метавонанд нисбати шахсон, амвол ё манфиатњои шањрвандони давлатњои хориљї истифода гарданд, аз љониби Давлатњои ањдкунанда нисбати гурезањое, ки танњо дар асоси шањрвандии онњо расман шањрвандони ин давлат мебошанд, истифода намегарданд. Давлатњои ањдкунандае, ки ќонунгузории онњо истифодаи принсипи дар ин модда баёнгардидаро роњ намедињад, дар њолатњои дахлдор ба манфиати чунин гурезањо хориљкунињоро муќаррар мекунанд.

 

 

Моддаи 9Чорабинињои муваќатї

 

Њељ чиз дар ин Конвенсия Давлатњои ањдкунандаро аз њуќуќи дар давраи љанг ё дар сурати мављуд будани дигар њолатњои фавќулодда истифода намудани чорањои муваќќатие, ки ба аќидаи он ба манфиати амнияти давлат мебошанд, нисбати ин ё он шахси муайян њануз то аз љониби ин Давлати ањдкунанда маълум намудани он, ки ў њаќиќатан гуреза мебошад ва истифодаи минбаъдаи чорањои муайяншуда нисбати ў ба манфиати амнияти кишвар зарур аст, мањрум намекунад.

 

 

Моддаи 10 – Муттасилияти истиќомат

 

1. Агар гуреза дар давраи љанги дуюми љањон аз ватан ронда шуда, ба ќаламрави яке аз Давлатњои ањдкунанда фиристода шуда бошад ва дар он љо истиќомат кунад, он гоњ ваќти чунин истиќомати маљбурї њамчун ваќти истиќомати ќонунї дар њудуди ин ќаламрав баррасї мегардад.

 

2. Агар гуреза дар давраи љанги дуюми љањон аз ќаламрави яке аз Давлатњои ањдкунанда ронда шуда, то эътибор пайдо кардани ин Конвенсия бо маќсади истиќомати доимї ба он љо баргашта бошад, он гоњ давраи истиќомати пеш ё баъд аз чунин рондашавї, дар тамоми њолатњое, ки муттасилияти истиќомат талаб карда мешавад, њамчун як давраи муттасил баррасї мегардад.

 

 

Моддаи 11Маллоњони гуреза

 

Агар гурезањо шахсоне бошанд, ки дар њайати киштињои тањти парчами яке аз Давлатњои ањдкунанда шинокунанда бенуќс хизмат кардаанд, он гоњ ин давлат нисбати љойгиронии ин шахсон дар ќаламрави худ ва ба онњо додани њуљљатњои сафар ё ба онњо додани њуќуќи воридшавии муваќќатї ба ќаламрави худ, аз љумла, бо маќсади осон намудани љойгиронии онњо дар ягон кишвари дигар, хайрхоњона муносибат мекунад.

 

 

БОБИ II

 

МАЌОМИ ЊУЌУЌЇ

 

Моддаи 12Маќоми шахсї

 

1. Маќоми шахсии гуреза бо ќонунњои кишвари димитсили ў, агар ў чунин кишварро надошта бошад, бо ќонунњои кишвари истиќомати ў муайян карда мешаванд.

 

2. Њуќуќњое, ки гуреза вобаста ба маќоми шахсии худ ќаблан дарёфт намудааст, аз љумла њуќуќњое, ки аз никоњ бармеоянд, аз љониби Давлатњои ањдкунанда, дар мавриди зарурат, баъди иљрои расмиёте, ки ќонунњои ин давлат пешбинї менамоянд, ба шарти он ки њуќуќи дахлдор яке аз он њуќуќњое мебошад, ки агар ин шахс гуреза намебуд, дар ќонунњои ин давлат эътироф мегардиданд, риоя карда мешаванд.

 

 

Моддаи 13Амволи манќул ва ѓайриманќул

 

Нисбати харидории амволи манќул ва ѓайриманќул ва њуќуќњои дигари ба он алоќаманд, инчунин нисбати шартномањои иљора ва шартномањои дигари марбут ба амволи манќул ва ѓайриманќул, Давлатњои ањдкунанда ба гурезањо шароити ба ќадри имкон мусоид ва дар њар сурат, нисбат ба шароите, ки дар њамин њолатњо одатан хориљиён истифода мебаранд, камтар набударо фароњам меоранд.

 

 

Моддаи 14Њуќуќњои муаллиф ва саноатї

 

Дар мавриди њуќуќњои саноатї, чи њуќуќи ихтироот, наќшањо ва моделњо, нишонањои тиљоратї, номи фирма ва чи њуќуќ ба асари адабї, асари бадеї ва илмї, ба гурезањо дар он кишваре, ки макони истиќомати доимии онњо мебошад, њамон њимояе, ки ба шањрвандони ин кишвар пешнињод мегардад, фароњам оварда мешавад. Дар ќаламрави њама гуна дигар Давлатњои ањдкунанда ба онњо њамон њимояе, ки дар ин ќаламрав ба шањрвандони кишваре, ки онњо дар он макони истиќомати муќаррарии худро доранд, пешнињод мегардад, фароњам оварда мешавад.

 

Моддаи 15Њуќуќи ассотсиатсияњо

 

Нисбати ассотсиатсияњое, хислати сиёсї надоранд ва маќсади ба даст овардани фоидаро надоранд ва нисбати иттињодияњои касбї Давлатњои ањдкунанда ба гурезањое, ки ќонунї дар ќаламрави онњо истиќомат мекунанд, шароити мусоидеро, ки ба шароити шањрвандони давлатњои хориљї дар њамин њолатњо мутобиќат мекунад, фароњам меоранд.

 

 

Моддаи 16Њуќуќи мурољиат ба суд

 

1. Њар як гуреза њуќуќ дорад дар ќаламрави њама Давлатњои ањдкунанда ба судњо мурољиат кунад.

 

2. Дар ќаламрави Давлати ањдкунандае, ки макони муќаррарии истиќомати ў дар он љо мебошад, њар як гуреза нисбати њуќуќи мурољиат ба суд аз њамон шароите истифода мебарад, ки шањрвандони ин кишвар истифода мекунанд, аз љумла дар масъалањои кўмаки њуќуќї ва озодкунї аз таъмини пардохти харољоти судї (cautio judicatum solvi).

 

3. Ба њар гуреза дар њама дигар давлатњо, ѓайр аз давлати истиќомати муќаррарии ў, нисбати масъалањои дар банди 2 зикргардида, њамон шароите пешнињод карда мешавад, ки ба шањрвандони кишвари макони истиќомати муќаррарии ў фароњам оварда мешавад.

 

БОБИ III

 

МАШГУЛИЯТЊОЕ, КИ ДАРОМАД МЕОРАНД

 

 

Моддаи 17 – Кори кироя

 

1. Давлатњои ањдкунанда ба гурезањое, ки ќонунї дар ќаламрави онњо истиќомат мекунанд, нисбати њуќуќи онњо ба кори кироя шароити мусоидеро, ки шањрвандони хориљї дар њамин њолатњо истифода мебаранд, фароњам меоранд.

 

2. Дар њар сурат, чорањои мањдудкунандае, ки ба хориљиён ё кироя хориљиён марбутанд ва бо маќсади њифзи бозори дохилии мењнат истифода мегарданд, нисбати гурезањое, ки ба онњо ин чорањо дар рўзи эътибор пайдо намудани ин Конвенсия нисбати Давлати ањдкунандаи дахлдор пањн намегарданд ё яке аз шартњои зеринро ќонеъ мегардонанд, истифода бурда намешаванд:

 

a) дар ќаламрави кишвар на камтар аз се сол истиќомат мекунанд;

 

b) њамсаронашон шањрванди кишвари истиќомат мебошанд. Гуреза дар сурати тарк кардани оила наметавонад ба ин ќарор такя намояд.

 

c) як ё якчанд фарзандонашон шањрванди кишвари истиќомат мебошанд.

 

3. Давлатњои ањдкунанда ба имконияти идораи њуќуќи њама гурезањо нисбати кори кироя бо њуќуќњои шањрвандон ва аз љумла он гурезањое, ки бо тартиби иљрои барномаи љалби ќувваи корї ё мутобиќи наќшањои муњољират ба ќаламрави онњо ворид шудаанд, хайрхоњона муносибат мекунанд.

 

 

Моддаи 18Кор дар корхонаи хусусї

 

Давлатњои ањдкунанда ба гурезањои ќонунї дар ќаламрави онњо истиќоматкунанда ба ќадри имкон шароит мусоидтари њуќуќї ва дар њар сурат, нисбат ба шароите, ки дар њамин њолатњо одатан хориљиён нисбати њуќуќи мустаќилона машѓул шудан ба кишоварзї, саноат, њунармандї ва тиљорат, инчунин њуќуќи таъсис додани рафоќатњои тиљоратї ва саноатї истифода мебаранд, камтар набударо фароњам меоранд.

 

 

Моддаи 19Касбњои озод

 

1. Њар Давлати ањдкунанда ба гурезањои ќонунї дар ќаламрави онњо истиќоматкунандае, ки дипломи аз љониби њукуматњои салоњиятдори ин давлат эътирофгардида доранд ва хоњиши ба касбњои озод машѓул шудан доранд, ба ќадри имкон шароит мусоидтари њуќуќї ва дар њар сурат, нисбат ба шароите, ки дар њамин њолатњо одатан хориљиён истифода мебаранд, камтар набударо фароњам меоранд.

 

2. Давлатњои ањдкунанда тамоми тадбирњоеро, ки ќонунњои онњо ва конститутсияњои онњо роњ медињанд, хоњанд андешид, то ки шуѓли чунин гурезањоро дар ќаламравњои берун аз метрополияњое, ки барои муносибатњои байналмилалиашон онњо масъуланд, таъмин намоянд.

 

БОБИ IV

 

ПАРАСТОРИИ ИЉТИМОЇ

 

Моддаи 20Системаи меъёри озуќа

 

Дар љойњое, ки системаи меъёри озуќаи барои тамоми ањолї њатмї вуљуд дошта, таќсимоти умумии озўкавории камчинро танзим мекунад, чунин система дар асосњои баробар ба шањрвандон истифода мегардад.

 

 

Моддаи 21 – Масъалаи манзил

 

Бинобар он ки масъалаи манзилро ќонунњо ё амрњо танзим мекунанд ё он тањти назорати њокимияти љамъиятї ќарор дорад, Давлатњои ањдкунанда ба гурезањое, ки ќонунї дар ќаламрави онњо истиќомат мекунанд, ба ќадри имкон шароити мусоидтари њуќуќї ва дар њар сурат, нисбат ба шароите, ки дар њамин њолатњо одатан хориљиён истифода мебаранд, камтар набударо фароњам меоранд.

 

 

Моддаи 22 – Маорифи халќ

 

1. Нисбати таълими ибтидої Давлатњои ањдкунанда ба гурезањо њамон шароити њуќуќиеро ба шањрвандон таъмин мекунанд, фароњам меоранд.

 

2. Нисбати дигар навъњои таълим, ѓайр аз таълими ибтидої, аз љумла нисбати имконияти тањсил намудан, эътироф кардани шањодатномањо, дипломњо ва дараљањои хориљї, озод намудан аз пардохт барои њуќуќи тањсил ва бољњо, инчунин нисбати додани стипендия Давлатњои ањдкунанда ба гурезањо ба ќадри имкон шароити мусоидтари њуќуќї ва дар њар сурат, нисбат ба шароите, ки дар њамин њолатњо одатан хориљиён истифода мебаранд, камтар набударо фароњам меоранд.

 

 

Моддаи 23Кўмаки њукуматї

 

Давлатњои ањдкунанда ба гурезањое, ки ќонунї дар ќаламрави онњо истиќомат мекунанд, нисбати кўмак ва дастгирии њукуматї њамон шароитеро, ки шањрвандони онњо истифода мебаранд, фароњам меоранд.

 

Моддаи 24Ќонунгузории мењнат ва

таъминоти иљтимої

 

1. Давлатњои ањдкунанда ба гурезањое, ки ќонунї дар ќаламрави онњо истиќомат мекунанд, нисбати таъминоти дар поён зикргардида њамон шароитеро, ки ба шањрвандон муњайё намудаанд, фароњам меоранд:

 

a) подош барои мењнат, аз љумла кўмакпулї барои оила, агар чунин кўмакпулї ќисме аз подош барои мењнат бошад, давомнокии рўзи корї, кори изофа, рухсатињои пардохтшаванда, мањдуд намудани кор дар хона, синну соли њадди аќалли шахсоне, ки кори кироя мекунанд, шогирдї ва тарбияи касбї, мењнати занон ва наврасон ва истифода аз имтиёзњои шартномањои коллективї, зеро ин масъалањоро ќонунњо ё амрњо танзим мекунанд ё аз љониби њокимияти маъмурї назорат мешаванд;

 

b) таъминоти иљтимої (муќаррароти ќонунњои марбут ба фалокатњо дар кор, беморињои касбї, модар шудан, беморї, маъюбї, пирї, фавт, бекорї, ўњдадорї нисбати оила ва дигар њолатњое, ки мутобиќи ќонунњо ё амрњои дохилї дар системаи таъминоти иљтимої пешбинї мегарданд) бо мањдудиятњои зерин:

 

i) метавонад тартиби зарурии нигоњдории њуќуќњои бадастовардашуда ва њуќуќњои дар марњилаи бадасторї ќарордошта вуљуд дошта бошад;

 

ii) ќонунњо ё амрњои кишвари истиќомат метавонанд тартиби махсуси гирифтани кўмакпулии пурра ё ќисмиро, ки пурра аз њисоби маблаѓњои давлат пардохта мешавад ва кўмакпулињоеро, ки ба шахсони њама шартњои пардохтњои барои гирифтани нафаќаи дуруст зарурбударо иљронакарда пардохта мешаванд, пешбинї намоянд.

 

2. Ба њуќуќи љуброн барои њалокати гуреза, ки дар натиљаи фалокат дар кор ё бемории касбї рўё додааст, он њолате, ки фоидагиранда дар ќаламрави Давлати ањдкунанда истиќомат намекунад, таъсир нахоњад расонд.

 

3. Давлатњои ањдкунанда ба гурезањо имтиёзњоеро, ки аз созишномањои байни онњо басташуда ё дар оянда басташаванда оид ба нигоњдории њуќуќњои бадастоварда ва њуќуќњои дар марњилаи бадасторї ќарордошта бармеоянд, љињати таъминоти иљтимої ва риояи танњо он њолатњое, ки нисбати шањрвандони давлатњои созишномањои зикргардидаро имзонамуда истифода мегарданд, пешнињод мекунанд.

 

4. Давлатњои ањдкунанда нисбати масъалаи ба гурезањо пешнињод намудани, зеро ин имконпазир аст, имтиёзњои аз чунин созишномањо бароянда, ки дар њар лањзаи мазкур метавонанд байни ин Давлатњои ањдкунанда ва давлатњои аъзои ин шартнома набуда эътибор дошта бошанд, хайрхоњона муносибат мекунанд.

 

 

БОБИ V

 

ЧОРАЊОИ МАЪМУРЇ

 

 

Моддаи 25 – Кўмаки маъмурї

 

1. Њангоме ки истифодаи ягон њуќуќ аз љониби гуреза одатан кўмаки маќомоти давлатњои хориљиеро, ки ин гурезањо метавонанд ба онњо мурољиат кунанд, таќозо менамояд, Давлатњои ањдкунандае, ки дар ќаламрави онњо гурезањои зикршуда истиќомат мекунанд, тамоми тадбирњоро меандешанд, то ки чунин кўмак аз љониби маќомоти ин давлат ё ягон маќоми байналмилалї расонида шавад.

 

2. Маќом ё маќомоти дар банди 1 зикргардида гурезањоро бо њуљљатњо ё шањодатномањое, ки одатан аз љониби маќомоти хориљї ё тавассути маќомоти давлатњое, ки гурезањо шањрвандони онњоянд дода мешаванд, таъмин менамоянд ё тањти назорати худ ба чунин њуљљатњо ё шањодатномањо соњиб шудани гурезањоро таъмин мекунанд.

 

3. Њуљљатњо ё шањодатномањои бо чунин тартиб додашуда њуљљатњои расмиеро иваз мекунанд, ки аз љониби маќомоти хориљї ё тавассути маќомоти давлатњое, ки гурезањо шањрвандони онњоянд дода мешаванд ва то лањзае, ки беэътибор будани онњо исбот карда нашавад, эътиборнок њисобида мешаванд.

 

4. Ба истиснои њолатњои имтиёзњои махсусе, ки ба шахсони камбизоат дода мешаванд, барои хизматрасонињое, ки дар ин модда зикр гардидаанд, метавонад њамчунин пардохт ситонида шавад; чунин пардохт, зимнан, гарон набуда, баробари пардохте мебошад, ки барои чунин хизматрасонињо аз шањрвандон ситонида мешавад.

 

5. Муќаррароти ин модда ба муќаррароти моддањои 27 ва 28 дахл надоранд.

 

 

Моддаи 26Озодии њаракат

 

Њар Давлати ањдкунанда ба гурезањое, ки ќонунї дар ќаламрави он ќарор доранд, њуќуќи интихоби мањалли истиќомат ва њаракати озодро дар доираи ќаламрави худ бо шарти риояи тамоми ќоидањое, ки одатан нисбати хориљиён дар њамин њолатњо ќобили истифодаанд, медињад.

 

 

Моддаи 27Шањодатномаи шахсї

 

Давлатњои ањдкунанда ба гурезањое, ки дар ќаламрави онњо ќарор дошта, њуљљањои эътиборноки сафар надоранд, шањодатномаи шахсї медињад.

 

 

Моддаи 28 – Њуљљатњои сафар

 

1. Давлатњои ањдкунанда ба гурезањое, ки ќонунї дар ќаламрави онњо истиќомат мекунанд, барои њаракат берун аз ќаламрави онњо њуљљатњои сафар медињанд, агар сабабњои асосноки амнияти давлатї ва тартиботи љамъиятї ба ин монеъ нашаванд; нисбати ин гуна њуљљатњо муќаррароти ќоидањои ба ин Конвенсия замимагардида истифода мегарданд. Давлатњои ањдкунанда метавонанд ба њар гурезаи дигаре, ки дар ќаламрави онњо ќарор дорад ин гуна њуљљатњои сафарро дињанд; онњо, аз љумла, нисбати масъалаи додани чунин њуљљатњои сафар ба гурезањои дар ќаламрави онњо ќарордоштае, ки имконияти аз кишвари истиќомати ќонунии худ гирифтани њуљљати сафарро надоранд, хайрхоњона муносибат мекунанд.

 

2. Њуљљатњои сафаре, ки дар асоси созишномањои пештараи байналмилалї аз љониби давлатњои аъзои ин созишномањо ба гурезањо дода шудаанд, эътиборнок њисобида мешаванд ва аз љониби Давлатњои ањдкунанда айнан њамон тавре баррасї мегарданд, ки гўё дар асоси ин модда дода шуда бошанд.

 

 

Моддаи 29Андозњо

 

1. Давлатњои ањдкунанда ба гурезањо ягон бољу пардохт ё андози иловагї ё баландтар аз онњое, ки дар њолатњои шабењ аз шањрвандони худ ситонида мешаванд ё метавонанд ситонида шаванд, намебанданд.

 

2. Муќаррароти банди боло ба њељ ваљњ нисбати гурезањо истифода гардидани ќонунњо ва амрњои марбут ба пардохтњо барои ба хориљиён додани њуљљатњои маъмурї, аз љумла инчунин шањодатномањои шахсиро, истисно намекунад.

 

 

Моддаи 30Баровардани амвол

 

1. Давлатњои ањдкунанда мутобиќи ќонунњо ва амрњои худ ба гурезањо иљозат медињанд, ки амволи бо худ ба ќаламрави онњо овардаашонро ба дигар кишваре, ки ба онњо њуќуќи ворид шудан ба он барои сукунат дода шудааст, бароранд.

 

2. Давлатњои ањдкунанда нисбати дархостњои гурезањо оид ба баровардани амволе, ки барои сукунати онњо дар дигар кишварњое, ки ба онњо њуќуќи ворид шудан додаанд, зарур мебошад, дар куљое, ки ин амвол љойгир набошад, хайрхоњона муносибат менамоянд.

 

 

Моддаи 31Гурезањое, ки ѓайриќонунї дар кишваре

мебошанд, ки ба онњо паноњгоњ додаст

 

1. Давлатњои ањдкунанда барои воридшавии ѓайриќонунї ё дар ќаламрави онњо ѓайриќонунї ќарор доштани гурезањое, ки бевосита аз ќаламравњое омадаанд, ки дар он љо ба њаёт ё озодињои онњо хатаре тањдид мекард, ки дар моддаи 1 пешбинї гардидааст, ворид мешаванд ё дар ќаламрави ин кишварњо бе иљозат ќарор доранд, љарима нањоњанд баст, ба шарте ки чунин гурезањо бидуни таъхир худашон ба маќомот њозир шаванд ва далелњои ќаноатбахши ѓайриќонунї ворид шудан ё ќарор доштани худро пешнињод кунанд.

 

2. Давлатњои ањдкунанда озодии њаракати чунин гурезањоро бо мањдудиятњое, ки ба онњо зарурат нест, танг намекунанд; чунин мањдудиятњо танњо дар сурате истифода мегарданд, ки маќоми онњо дар ин кишвар муайян шудааст ё онњо барои ворид шудан ба дигар кишвар њуќуќ пайдо намуданд. Давлатњои ањдкунанда ба чунин гурезањо барои гирифтани њуќуќи воридшавї ба дигар кишвар ваќти кофї медињанд ва тамоми шароити заруриро пешнињод мекунанд.

 

 

Моддаи 32 – Рондан

 

1. Давлатњои ањдкунанда гурезањои ѓайриќонунї дар ќаламрави онњо истиќоматкунандаро, ба љуз њолатњои таъмини амнияти давлатї ё тартиботи љамъиятї, дар дигар њолатњо намеронанд.

 

2. Рондани чунин гурезањо танњо љињати иљрои ќарорњои бо тартиби судї ќабулгардида, сурат мегирад. Ба истиснои њолатњое, ки сабабњои узрноки амнияти давлатї ба ин монеъ мегарданд, ба гурезањо њуќуќи пешнињод намудани далел барои исбот кардани узри худ ва арз намудан ба марљаъњои (маќомоти) лозимї ё дар назди шахс ё шахсони аз љониби маќомоти лозимї махсус ваколатдоршуда, инчунин њуќуќи барои ин маќсад доштани намояндагони худ дода мешавад.

 

3. Давлатњои ањдкунанда ба чунин гурезањо барои гирифтани њуќуќи ќонунан ворид шудан ба дигар давлат ваќти кофї медињанд. Давлатњои ањдкунанда њуќуќ доранд дар муддати ин мўњлат тадбирњои дохилиеро, ки зарур мењисобанд, андешанд.

 

 

Моддаи 33Манъи рондани гурезањо ё бозгардонии

маљбурии онњо (ба кишварњое, ки онњо

аз он љо омадаанд)

 

1. Давлатњои ањдкунанда ба њељ ваљњ гурезањоро ба сарњади кишварњое, ки дар он љо ба њаёт ё озодии онњо бинобар нажод, дин, шањрвандї, мансубият ба гурўњи муайяни иљтимої ё аќидаи сиёсии онњо хатар тањдид мекунад, намеронанд ё бознамегардонанд.

 

2. Ин ќарор, зимнан, нисбати гурезањое, ки бинобар сабабњои узрнок њамчун тањдид ба амнияти кишваре, ки онњо дар он ќарор доранд, арзёбї мегарданд ё дар содир намудани љинояти махсусан вазнин ва барои кишвар хатари љамъиятї дошта бо њукми эътибор пайдонамуда мањкум карда шудаанд, наметавонад истифода гардад.

 

 

Моддаи 34 – Натурализатсия

 

Давлатњои ањдкунанда ба ќадри имкон ба сабукгардонии ассимилятсия ва натурализатсияи гурезањо мусоидат хоњанд кард. Аз љумла, онњо тамоми тадбирњои аз онњо вобастабударо барои суръатбахшии коргузорї оид ба натурализатсия ва ба ќадри имкон кам кардани бољу пардохтњои ба онњо алоќаманд меандешанд.

 

 

БОБИ VI

 

МУЌАРРАРОТИ МАРБУТ БА ИСТИФОДАИ

КОНВЕНСИЯ ВА ДАВРАИ ГУЗАРИШ

 

 

Моддаи 35Њамкории байни маќомоти миллї

ва Созмони Милали Муттањид

 

1. Давлатњои ањдкунанда ўњдадор мешаванд бо Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо ё њама гуна дигар маќоми Милали Муттањид, ки иљрои функсияњои ин Созмон метавонад ба он гузарад њамкорї намоянд ва аз љумла дар амри аз љониби он иљро гардидани ўњдадорињо оид ба назорати истифодаи муќаррароти ин Конвенсия мусоидат хоњанд кард.

 

2. Барои он ки ба Раёсати Комиссари олї ё њама гуна дигар маќоми Созмони Милали Муттањид, ки ба љойи он меояд, имкон дода шавад, ки маърўзањоро ба маќомоти лозимаи Милали Муттањид пешнињод намоянд, Давлатњои ањдкунанда ўњдадор мешаванд онњоро дар шакли лозимї бо иттилоот ва маълумоти омории ба онњо зарурбуда нисбати инњо таъмин намоянд:

 

a) вазъи гурезањо,

 

b) татбиќи амалии ин Конвенсия,

 

c) ќонунњо, амрњо ва декретњои эътибордошта ё ќонуну амрњо ва декретњое, ки метавонанд оид ба масъалаи гурезањо минбаъд эътибор пайдо кунанд.

 

 

Моддаи 36 – Маълумот оид ба санадњои миллї

ва ќонунгузорї

 

Давлатњои ањдкунанда ба Котиби генералии Созмони Милали Муттањид матни ќонунњо ва амрњоеро, ки онњо бо маќсади татбиќи амалии ин Конвенсия интишор намудаанд, мерасонанд.

 

 

Моддаи 37 – Конвенсияињои ќаблан баимзорасида

 

Бо нигоњ доштани эътибори банди 2 моддаи 28 ин Конвенсия њамин Конвенсия барои тарафњои дар он иштироккунанда санадњои 5 июли соли 1922, 31 майи соли 1924, 12 майи соли 1926, конвенсияњои 28 октябри соли 1933 ва 10 феврали соли 1938 ва Созишномаи 15 октябри соли 1946-ро иваз менамояд.

 

 

БОБИ VII

 

МУЌАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ

 

 

Моддаи 38 – Њалли бањсњо

 

Њама бањсњое, ки байни иштироккунандагони ин Конвенсия нисбати шарњу эзоњ ё истифодаи он ба миён меоянд ва наметавонанд бо роњи дигар њалли худро ёбанд, бо дархости яке аз љонибњои бањс ба Суди байналмилалї њавола карда мешаванд.

 

 

Моддаи 39.

 

1. Ин Конвенсия 28 июли соли 1951 дар Женева барои имзо омода мегардад ва баъди он барои мањфуздорї ба Котиби генералии Созмони Милали Муттањид супурда мешавад. Он аз 28 июл то 31 августи соли 1951 дар Шўъбаи европоии Созмони Милали Муттањид барои имзо боз карда мешавад ва аз 17 сентябри соли 1951 то 31 декабри соли 1952 дар муассисањои марказии Созмони Милали Муттањид аз нав барои имзо боз карда хоњад шуд.

 

2. Ин Конвенсия барои имзо аз номи тамоми давлатњои аъзои Созмони Милали Муттањид, инчунин аз номи њама гуна давлати дигаре, ки барои иштирок дар Конференсияи намояндагони ваколатдор оид ба маќоми гурезањо ва апатридњо, ё њар давлате, ки Ассамблеяи Генералї ба он имзо намудани ин Конвенсияро пешнињод мекунад, барои имзо боз хоњад буд. Ин Конвенсия бояд тасдиќ карда шавад, зимнан тасдиќномањо барои мањфуздорї ба Котиби генералии Созмони Милали Муттањид супурда мешаванд.

 

3. Ин Конвенсия аз 28 июли соли 1951 барои њамроњшавии давлатњое, ки дар банди 2 ин модда зикр гардидаанд, боз карда хоњад шуд. Њамроњшавї ба тариќи ба Котиби генералї барои мањфуздорї супурдани санади њамроњшавї сурат мегирад.

 

 

Моддаи 40 – Ќарор оид ба истифодаи

минтаќавии Конвенсия

 

1. Њар давлат метавонад њангоми имзо ё тасдиќ намудани Конвенсия ё њамроњшавї ба он изњор намояд, ки амали ин Конвенсия ба њама ё баъзе ќаламравњое, ки барои муносибатњои байналмилалии онњо ин давлат масъул аст, пањн мегардад. Чунин изњорот дар рўзи барои ин давлат эътибор пайдо намудани Конвенсия эътибор пайдо мекунад.

 

2. Дар њама гуна лањзаи минбаъда чунин пањнгардии амали Конвенсия бояд ба воситаи огоњинома ба унвони Котиби генералии Созмони Милали Муттањид эълон карда шавад ва дар рўзи навадуми баъди рўзи ин огоњиномаро гирифтани Котиби генералии Созмони Милали Муттањид ё ки дар рўзи барои ин давлат эътибор пайдо намудани Конвенсия, агар ин таърихи рўз нисбатан охиртар бошад, эътибор пайдо мекунад.

 

3. Нисбати он ќаламравњое, ки ба онњо њангоми имзо, тасдиќ намудан ё њамроњ шудан ин Конвенсия пањн намегардид, њар давлати дахлдор масъалаи имконияти андешидани тадбирњои барои ба чунин ќаламравњо пањн гардидани истифодаи ин Конвенсия зарурбударо бо розигии њукуматњои ин ќаламравњо, дар он љойњое, ки ин кор бо сабабњои дорои хислати конститутсионї зарур аст, баррасї менамояд.

 

 

Моддаи 41 – Ќарорњо оид ба давлатњои

федеративї

 

Нисбати давлатњои шакли федеративї ё ѓайриунитарї муќаррароти зерин истифода бурда мешаванд:

 

a) нисбати он моддањои ин Конвенсия, ки тањти доираи њуќуќии маќомоти федералии ќонунгузорї ќарор мегиранд, ўњдадорињои њукумати федералї дар доирањои зикргардида ба ўњдадорињои тарафњои ин Конвенсия, ки давлатњои федеративї намебошанд, мутобиќат хоњад кард;

 

b) нисбати моддањои ин Конвенсия, ки тањти доираи ќонунгузории њуќуќии штатњо, вилоятњо ва кантонњои ба федератсия дохилбудае, ки ўњдадор нестанд тибќи сохти конститутсионї тадбирњои ќонунгузорї андешанд, ќарор мегиранд, њукумати федералї бо аввалин имконият њукуматњои дахлдори штатњо, вилоятњо ё кантонњоро аз ин моддањо огоњ намуда, ба ин огоњинома фикру андешањои бењтарини худро замима мекунад;

 

c) давлатњои федеративии аъзои ин Конвенсия бо дархости њар Давлати ањдкунандаи дигар, ки тавассути Котиби генералии Созмони Милали Муттањид супурда шудааст, дар бораи ќонунњо ва таљрибаи дар федератсия ва ќисмњои таркибии он вуљуддошта нисбати њама гуна муќаррароти Конвенсия маълумотномаро бо нишон додани он, ки то чї андоза ин муќаррарот ба тариќи ќонунгузорї ё роњи дигар дар амал татбиќ шудааст, пешнињод менамояд.

 

 

Моддаи 42 – Ќайду шартњо

 

1. Њангоми имзо, тасдиќ намудан ё њамроњшавї њар давлат матавонад нисбати моддањои Конвенсия, ба истиснои моддањои 1, 3 ва 4, банди 1 моддаи 16, моддањои 33 ва 36-46 ќайду шартњо гузорад.

 

2. Њар давлате, ки мутобиќи банди 1 ин модда ќайду шартњо гузоштааст, метавонад њар ваќт бо роњи огоњ намудани Котиби генералии Созмони Милали Муттањид аз ин ќайду шартњо даст кашад.

 

 

Моддаи 43 – Эътибор пайдо кардан

 

1. Ин Конвенсия дар рўзи навадуми пас аз рўзи ба мањфуздоранда супурдани тасдиќнома ё санади шашум оид ба њамроњшавї эътибор пайдо мекунад.

 

2. Барои њама давлатњое, ки пас аз ба мањфуздоранда супурдани тасдиќнома ё санади шашум оид ба њамроњшавї Конвенсияро тасдиќ намудаанд ё ба он њамроњ шудаанд, Конвенсия дар рўзи навадуми пас аз рўзи аз љониби давлати дахлдор ба мањфуздоранда супурда шудани тасдиќнома ё санади шашум оид ба њамроњшавї эътибор пайдо мекунад.

 

 

Моддаи 44 – Бекор кардан

 

1. Њар Давлати ањдкунанда метавонад њар ваќт ин Конвенсияро бо роњи ба Котиби генералии Созмони Милали Муттањид фиристодани огоњинома бекор кунад.

 

2. Чунин бекоркунї барои Давлати ањдкунандаи дахлдор баъди як сол аз рўзи огоњинома гирифтани Котиби генералии Созмони Милали Муттањид эътибор пайдо мекунад.

 

3. Њар давлате, ки дар асоси моддаи 40 изњорот намудааст ё огоњинома фиристодааст, метавонад њар ваќт баъди ин, ба тариќи огоњинома ба унвони Котиби генералии Созмони Милали Муттањид, изњор намояд, ки Конвенсия ба ќаламрави дахлдор баъди як соли огоњиномаи зикршударо гирифтани Котиби генералї пањн нахоњад гашт.

 

 

Моддаи 45 – Таљдиди назар

 

1. Њар Давлати ањдкунанда метавонад тавассути ба унвони Котиби генералии Созмони Милали Муттањид фиристодани огоњинома њар ваќт таљдиди назар гардидани ин Конвенсияро талаб намояд.

 

2. Агар бинобар ин талабот андешидани ягон хел тадбирњо зарур бошад, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттањид тадбирњои дахлдорро тавсия менамояд.

 

 

Моддаи 46 – Огоњиномањое, ки Котиби генералии

Созмони Милали Муттањид мефиристад

 

Котиби генералии Созмони Милали Муттањид ба њама аъзои Созмони Милали Муттањид ва давлатњои дар моддаи 39 зикршудае, ки аъзои он намебошанд, дар ин бора хабар медињад:

 

a) оид ба изњорот ва огоњиномањое, ки мутобиќи фасли В моддаи 1 ворид гардидаанд;

 

b) оид ба имзоњо, тасдиќњо ва њамроњшавињое, ки дар моддаи 39 пешбинї гардидаанд;

 

c) оид ба изњорот ва огоњиномањое, ки дар моддаи 42 пешбинї гардидаанд;

 

d) оид ба ќайду шартњо ва даст кашидан аз ќайду шартњое, ки дар моддаи 42 пешбинї гардидаанд;

 

e) оид ба рўзи эътибор пайдо кардани ин Конвенсия мутобиќи моддаи 43;

 

f) оид ба бекоркунињо ва огоњиномањое, ки дар моддаи 44 пешбинї гардидаанд;

 

g) оид ба талаботи таљдиди назар намудан, ки дар асоси моддаи 45 ворид гардидаанд.

 

БО ТАСДИЌИ НУКТАЊОИ ЗИКРГАРДИДА дар зер имзогузоштагоне, ки ба таври зарурї ваколатдор гардидаанд, ин Конвенсияро аз номи њукуматњои худ имзо намуданд.

 

КОНВЕНСИЯ дар Женева бисту њаштуми июли соли як њазору нўњсаду панљоњу якум дар як нусха, ки матнњои англисї ва франсавии он эътибори якхела доранд, тањия гардидааст; ин нусха дар бойгонии Созмони Милали Муттањид мањфуз дошта мешавад ва нусхањои тасдиќгардидаи он ба њама аъзои Созмони Милали Муттањид ва давлатњои дар моддаи 39 зикргардидае, ки аъзои он намебошанд, фиристода мешаванд.

 


 

ЗАМИМАИ II

 

Протоколи соли 1967 марбут ба маќоми гуреза

 

Протокол бо мувофиќаи Шўрои иќтисодї ва иљтимої дар резолютсияи 1186 (XLI) аз 18 ноябри соли 1966 ба маълумот гирифта шуд ва дар резолютсияи 2198 (XXI) аз 16 декабри соли 1966 аз љониби Ассамблеяи Генералї ба маълумот гирифта шуд. Дар њамон резолютсия Ассамблеяи Генералї ба Котиби генералї супориш дод, ки матни Протоколро ба давлатњое, ки дар моддаи V он зикр шудаанд, бо маќсади мусоидат намудан ба њамроњшавии онњо ба Протокол ирсол намояд.

 

 

Эътибор пайдо кардан: 4 октябри соли 1967 мутобиќи моддаи VIII

 

Давлатњои аъзои ин Протокол,

 

бо дарназардошти он ки Конвенсияи марбут ба маќоми гурезањо, ки 28 июли соли 1951 дар Женева имзо шудааст (минбаъд «Конвенсия» номида мешавад), танњо ба он шахсоне пањн мегардад, ки дар натиљаи њодисањои то 1 январи соли 1951 рўйдода гуреза шудаанд,

 

бо дарназардошти он ки аз лањзаи ќабули Конвенсия њолатњои нави марбут ба гурезањо ба миён омадаанд ва бинобар ин гурезањои ба ин мансуббуда метавонанд тањти амали Конвенсия карор дода нашаванд,

 

бо дарназардошти мувофиќи маќсад будани он ки тамоми гурезањое, ки тањти мафњуми дар Конвенсия зикршуда ќарор мегиранд, сарфи назар аз таърихи рўзи 1 январи соли 1951 нишондодашуда, аз маќоми баробар истифода баранд,

 

ба мувофиќаи зайл расиданд:

 

Моддаи 1 – Муќаррароти умумї

 

1. Давлатњои аъзои ин Протокол ўњдадор мешаванд моддањои 2-34 Конвенсия нисбати гурезањое, ки тањти мафњумњои дар поён зикршшуда ќарор мегиранд, истифода намоянд.

 

2. Барои маќсадњои ин Протокол тањти мафњуми «гуреза», ба истиснои њолатњое, ки марбут ба истифодаи банди минбаъда мебошанд, њар шахсе дар назар дошта мешавад, ки тањти мафњуми моддаи 1 Конвенсия бо хориљ намудани калимањои «Дар натиљаи њодисањои то 1 январи соли 1951 рўйдода …» ва калимањои «… дар натиљаи чунин њодисањо» дар моддаи 1 А (2) ќарор мегирад.

 

3. Ин Протокол аз љониби давлатњои аъзои он бе ягон мањдудияти географї, ба истиснои њолатњое, ки изњороти аз љониби давлатњои аллакай аъзои Конвенсия буда пешнињод гардидаанд, мутобиќи моддаи 1 В (1) а) Конвенсия, агар Протокол мутобиќи моддаи 1 В (2) тибќи ин Протокол тамдид карда нашавад, њамчунин истифода мегарданд

 

 

Моддаи II – Њамкории маќомоти миллї бо

Созмони Милали Муттањид

 

1. Давлатњои аъзои ин Протокол ўњдадор мешаванд бо Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо ё њама гуна дигар муассисањои Созмони Милали Муттањид, ки иљрои функсияњои он ба зиммаи онњо мегузарад њамкорї намоянд, аз љумла дар иљрои ўњдадорињои он оид ба назорати истифодаи муќаррароти ин Протокол мусоидат кунанд.

 

2. Барои ба Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттањид ё њама гуна дигар муассисаи Созмони Милали Муттањид, ки иљрои функсияњои он метавонад ба зиммаи онњо гузарад, имконият дода шавад, ки маърўзањоро ба маќомоти салоњиятдори Созмони Милали Муттањид пешнињод кунанд, давлатњои аъзои ин Протокол ўњдадор мешаванд иттилоот ва маълумоти омории дархостшавандаи марбут ба инњоро ба онњо пешнињод кунанд:

 

a) вазъи гурезањо;

 

b) иљрои ин Протокол

 

c) ќонунњо, ќарорњо ва декретњои марбут ба гурезањо, ки дар эътибор буда, ё метавонанд дар оянда эътибор пайдо кунанд.

 

Моддаи III – Иттилоот оид ба ќонунгузории миллї

 

Давдатњои аъзои ин Протокол матнњои ќонунњо ва ќарорњоеро, ки онњо метавонанд бо маќсади таъмини истифодаи ин Протокол ќабул намоянд, ба Котиби генералии Созмони Милали Муттањид ирсол мекунанд.

 

Моддаи IV – Њалли бањсњо

 

Њама бањсњои байни давлатњои аъзои ин Протокол марбут ба шарњу эзоњ ё истифодаи он, ки наметавонанд бо роњи дигар њал карда шаванд, бо хоњиши њар кадом аз тарафњои ин бањс ба Суди байналмилалї њавола карда мешаванд.

 

Моддаи V – Њамроњшавї ба протокол

 

Ин Протокол барои њамроњшавї аз номи тамоми давлатњои аъзои Конвенсия ва њама гуна дигар давлати узви Созмони Милали Муттањид ё узви њама гуна муассисаи махсусгардонидашуда ё давлате, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттањид ба он барои њамроњ шудан ба Протокол даъватнома фиристодааст, боз аст. Њамроњшавї бо роњи ба Котиби генералии Созмони Милали Муттањид барои мањфуздорї супурдани санад оид ба њамроњшавї сурат мегирад.

 

Моддаи VI – Модда оид ба давлатњои федеративї

 

Нисбати давлатњои шакли федеративї ё ѓайриунитарї муќаррароти зерин истифода бурда мешаванд:

 

a) нисбати он моддањои Конвенсия, ки бояд мутобиќи банди 1 моддаи I ин Протокол истифода гарданд ва тањти доираи њуќуќии маќомоти федералии ќонунгузорї ќарор мегиранд, ўњдадорињои њукумати федералї дар доирањои зикргардида ба ўњдадорињои тарафњое, ки давлатњои федеративї намебошанд, мутобиќат мекунанд;

 

b) нисбати моддањои ин Конвенсия, ки бояд мутобиќи банди 1 моддаи I ин Протокол истифода гарданд ва тањти доираи ќонунгузории њуќуќии штатњо, вилоятњо ва кантонњои ба федератсия дохилбудае, ки ўњдадор нестанд тибќи сохти конститутсионї тадбирњои ќонунгузорї андешанд, ќарор мегиранд, њукуматњои федералї бо аввалин имконият ин моддањоро ба маълумоти њукуматњои дахлдори штатњо, вилоятњо ё кантонњо мерасонанд;

 

c) давлати федеративии узви ин Протокол бо дархости њар давлати дигари узв, ки тавассути Котиби генералии Созмони Милали Муттањид супурда шудааст, дар бораи ќонунњо ва таљрибаи дар фкдератсия ва ќисмњои таркибии он вуљуддошта нисбати њама гуна муќаррароти Конвенсия, ки бояд мутобиќи банди 1 моддаи I ин Протокол истифода гарданд, маълумотномаро бо нишон додани он, ки то чї андоза ин муќаррарот ба тариќи ќонунгузорї ё роњи дигар дар амал татбиќ шудааст, пешнињод менамояд.

 

Моддаи VII – Ќайду шартњо ва изњорот

 

1. Њангоми њамроњшавї њар давлат метавонад нисбати моддаи IV ин Протокол ва нисбати истифодаи њама гуна муќаррароти Конвенсия мутобиќи моддаи I ин Протокол гузорад, ба истиснои муќаррароти 1, 3, 4, 16 (1) ва 33, ба шарте ки ќайду шартњои давлати узви Конвенсия, ки мутобиќи ин модда гузошта шудаанд, ба гурезањое, ки нисбати онњо ин Конвенсия истифода мегардад, пањн карда нашаванд.

 

2. Ќайду шартњое, ки давлатњои аъзои Конвенсия гузоштаанд мутобиќи моддаи 42, агар онњо бардошта нашуда бошанд, ба ўњдадорињои онњо тибќи ин Конвенсия пањн мегарданд.

 

3. Њар давлате, ки мутобиќи банди 1 ин модда ќайду шартњо гузоштааст, метавонад њар ваќт бо роњи огоњ намудани Котиби генералии Созмони Милали Муттањид ин ќайду шартњоро бардорад.

 

4. Изњороте мутобиќи бандњои 1 ва 2 моддаи 40 Конвенсия аз љониби давлати узви он, ки ба ин Протокол њамроњ мешавад, пешнињод шудааст, нисбати ин Протокол истифодашаванда њисобида мешавад, агар њангоми њамроњшавї давлати узв ба Котиби генералии Созмони Милали Муттањид дар хусуси хилофи он огоњинома нафиристад. Муќаррароти бандњои 2 ва 3 моддаи 40 ва банди 3 моддаи 44 Конвенсия нисбати ин Протокол ќобили истифода mutatis mutandis њисобида мешаванд.

 

Моддаи VIII - Эътибор пайдо кардан

 

1. Ин Протокол дар рўзи ба мањфуздоранда супурдани санади шашум оид ба њамроњшавї эътибор пайдо мекунад.

 

2. Барои њама давлатњое, ки пас аз ба мањфуздоранда супурдани санади шашум оид ба њамроњшавї, Протокол дар рўзи аз љониби чунин давлат ба мањфуздоранда супурда шудани санади худ оид ба њамроњшавї эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи IX – Бекор кардан

 

1. Њар давлати узви Протокол метавонад њар ваќт ин Протоколро бо роњи ба Котиби генералии Созмони Милали Муттањид фиристодани огоњинома бекор кунад.

 

2. Чунин бекоркунї барои давлати дахлдор узв баъди як сол аз рўзи чунин огоњиномаро гирифтани Котиби генералии Созмони Милали Муттањид эътибор пайдо мекунад.

 

 

Моддаи Х – Огоњиномањое, ки Котиби генералии

Созмони Милали Муттањид мефиристад

 

Котиби генералии Созмони Милали Муттањид ба њама давлатњои дар моддаи V зикршуда оид ба таърихи рўзи эътибор пайдо намудан, њамроњшавињо, ќайду шартњо ва бардоштани ќайду шартњо нисбати ин Протокол ва бекор кардани он, инчунин оид ба изњорот ва огоњиномањои марбут ба он маълумот ирсол менамояд.

 

 

Моддаи XI – Мањфуздорї дар бойгонињои Котиботи

Созмони Милали Муттањид

 

Нусхаи ин Протокол, ки матнњои англисї, испанї, хитої, русї ва франсавии он эътибори якхела дошта, аз љониби Раиси Ассамблеяи Генералї ва Котиби генералии Созмони Милали Муттањид имзо шудааст, дар бойгонињои Котиботи Созмони Милали Муттањид мањфуз нигоњ дошта мешавад. Котиби генералї нусхањои тасдиќгардидаи ин Протокол ба њама давлатњои аъзои Созмони Милали Муттањид ва давлатњои дар моддаи V мефиристад.

 


[1] Маърўзаи тањлилии Котиби генералї оид ба масъалаи шахсони дар њудуди кишвар кўчонидашуда, њуљљати E/CN/ 4/1992/23, cањ. 4.

2 Њуљљати E/CN.4/1503.

3 Дар њамон њуљљат, банди 9.

4 Њуљљати A/41/324, замима.

5 Њуљљати E/CN.4/1993/35/


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 66 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Поймолкунии њуќуќи инсон ва бозгардонии ихтиёрї| СПИСОК ЗАДАНИЙ И КОНТРОЛЬНЫХ ВОПРОСОВ

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.174 сек.)