Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо

ПОЙМОЛКУНИИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ГУРЕЗАЊО | Поймолкунии њуќуќи инсон ва бозгардонии ихтиёрї | КОНВЕНСИЯИ СОЛИ 1951 ДАР БОРАИ МАЌОМИ ГУРЕЗАЊО |


Читайте также:
  1. КОНВЕНСИЯИ СОЛИ 1951 ДАР БОРАИ МАЌОМИ ГУРЕЗАЊО
  2. ПОЙМОЛКУНИИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ГУРЕЗАЊО
  3. СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАЊИД ВА ГУРЕЗАЊО

 

Дар резолютсияи 319А (IV) худ аз 3 декабри соли 1949 Ассамблеяи Генералї ќарор ќабул намуд, ки Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттањидро оид ба гурезањо таъсис дода шавад. Раёсат њамчун маќоми ёрирасони Ассамблеяи Генералї 1 январи соли 1951, дар ибтидо ба мўњлати се сол таъсис дода шуд.

 

Аз он ваќт инљониб ваколатномаи Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттањидро оид ба гурезањо мунтазам ба даврањои минбаъдаи панљсола тамдид карда мешуд ва мўњлати њозираи эътибори он 31 декабри соли 2003 ба охир мерасад. Он њоло ба бештар аз 17 млн. гуреза дар минтаќањои гуногуни љањон кўмак мерасонад. Раёсат дар Женева, Швейтсария ќарор дошта, дар бештар аз 100 кишвари мухталиф намояндагї дорад. Соли 1991 он ќариб 2 300 корманд дошт ва харољоти маљмўии он аз рўи барномањои умумї ва махсус таќрибан 862, 5 млн. доллари ШМА-ро ташкил медод.

 

Мутобиќи моддаи 1 Оинномаи Раёсат, вазифаи асосии Комиссари олї аз пешнињод намудани њимояи байналмилалї ба гурезањо ва дарёфти њалли нињоии проблемаи гурезањо бо роњи расонидани кўмак ба њукуматњо барои сабук намудани бозгашти ихтиёрии гурезањо ба ватан ё мутобиќгардии онњо дар кишварњои нав иборат мебошад. Вазифањои Комиссари олї аз рўи хислати худ њамчун «комилан ѓайрисиёсї» ва «гуманитарию иљтимої» муайян шудаанд.

 

Вазифањои Комиссари олї оид ба таъмини њимояи гурезањо, ки дар Оиннома зикр шудаанд, инњоро дар бар мегиранд:

 

a) мусоидат ба бастан ва тасдиќ намудани конвенсияњои байналмилалї оид ба њифзи гурезањо, назорати иљрои онњо ва пешнињод намудани ислоњњо;

 

b) мусоидат ба иљрои тадбирњо оид ба сабукгардонии шароити гурезањо ва кам гардидани шумораи гурезањое, ки ба њимоя эњтиёљ доранд;

 

c) мусоидат ба саъю кўшишњои ба ташвиќи бозгашти ихтиёрии гурезањо ба ватан ё мутобиќгардии онњо дар кишварњои нав;

 

d) сабукгардонии роњ додани гурезањо ба ќаламрави давлатњои гуногун;

 

e) мусоидат ба интиќоли амволи гурезањо; аз њукуматњо гирифтани иттилоот оид ба шумораи гурезањо дар ќаламрави онњо ва шароити онњо, инчунин ќонунњо ва карорњои дахлдор;

 

f) нигоњ доштани робитаи зич бо њукуматњо ва ташкилотњои байнињукуматї;

 

g) ба роњ мондани робита бо ташкилотњои хусусии ба масъалањои гурезањо машѓулбуда.

 

Аз давраи тањияи Оиннома вазифањо оид ба таъмини њифзи гурезањо боз њам гуногуншакл гардиданд.

 

 

МЕЪЁРЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЊУЌУЌИИ МАРБУТ БА ГУРЕЗАЊО

 

Дар як ќатор њуљљатњои байналмилалї меъёрњои асосии муносибат бо гурезањо муќаррар ва муайян карда мешаванд. Конвенсияи Созмони Милали Муттањид оид ба маќоми гурезањо аз соли 1951 ва Протоколи он аз соли 1967, марбут ба маќоми гурезањо аз љумлаи муњимтарини онњо мебошанд.

 

Конвенсияи соли 1951, ки бо тавсияи Комиссияи нав таъсисдодашудаи Созмони Милали Муттањид оид ба њуќуќи башар тањия шуда буд, марњалаи асосї дар кори тањияи меъёрњои муносибат бо гурезањо гардид.

 

Дар моддаи 1 Конвенсия шарњи умумии истилоњи «гуреза» дода шудааст. Ин истилоњ ба њар шахсе пањн мегардад, ки «дар натиљаи њодисањои то 1 январи соли 1951 рўйдода ва бинобар хавфи комилан асосноки љабр дидан аз таъќиб аз рўи нишонаи нажод, дину мазњаб, шањрвандї, мансубият ба гурўњи муайяни иљтимої ё аќидаи сиёсї берун аз кишвари мансубияти шањрвандии худ ќарор дорад ва наметавонад аз њимояи ин кишвар истифода барад ё намехоњад бинобар чунин хавф аз чунин њимоя истифода намояд; ё шањрвандии муайян надошта ва дар натиљаи чунин њодисањо берун аз кишвари макони пештараи истиќомати муќаррарии худ ќарор дошта, наметавонад ё намехоњад бинобар чунин хавф ба он баргардад».

 

Дар Конвенсия меъёрњои њадди аќал зарури муносибат ба гурезањо, аз љумла њуќуќњои асосии онњо муќаррар карда мешаванд. Дар он њамчунин маќоми њуќуќии гурезањо муќаррар карда мешавад ва дар бораи њуќуќи онњо ба машѓулияти даромаднок ва таъминоти иљтимої, дар бораи шањодатномањои шахсият ва њуљљатњои сафар, дар бораи истифодаи андозњо ва њуќуќи онњо ба баровардани амволи худ ба кишвари дигаре, ки ба онњо њуќуќи ворид шудан баро␸ сукунат дода шудааст, муќаррарот мављуданд.

 

Дар Конвенсия бадарѓа кардан ё маљбуран бозгардонидани шахсоне, ки маќоми гуреза доранд, манъ карда мешавад. Дар моддаи 33 он пешбинї мешавад, ки «тарафњои ањдкунанда ба њељ ваљњ гурезањоро бадарѓа нахоњанд кард ё ба сарњади кишваре, ки дар он ба њаёт ё озодии онњо бо нишонаи нажод, дин, шањрвандї, мансубият ба гурўњи муайян ё аќидаи сиёсї хатар тањдид мекунад, барнамегардонанд». Моддаи 34 ба натурализатсия ва ассимилятсияи гурезањо дахл мекунад. Дар дигар муќаррароти Конвенсия чунин њуќуќњои гурезањо, ба монанди њуќуќи мурољиат ба суд, њуќуќ ба таълим, таъминоти иљтимої, манзил ва озодии њаракат баррасї мегарданд.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 38 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАЊИД ВА ГУРЕЗАЊО| ДИГАР ВОСИТАЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.006 сек.)