Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Созмони Милали Муттањид ва гурезањо

ДИГАР ВОСИТАЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ | ПОЙМОЛКУНИИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ГУРЕЗАЊО | Поймолкунии њуќуќи инсон ва бозгардонии ихтиёрї | КОНВЕНСИЯИ СОЛИ 1951 ДАР БОРАИ МАЌОМИ ГУРЕЗАЊО |


Читайте также:
  1. КОНВЕНСИЯИ СОЛИ 1951 ДАР БОРАИ МАЌОМИ ГУРЕЗАЊО
  2. ПОЙМОЛКУНИИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ГУРЕЗАЊО
  3. Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо

УЌУЌИ ИНСОН ВА ГУРЕЗАЊО

 

Муќаддима

 

Проблемаи глобалии гурезањо ва шахсони дар дохили кишвар кўчонидашуда, - яке аз масъалањои мураккабтарини дар назди љомеаи љањонї ќарордошта мебошад. Ин масъала дар Созмони Милали Муттањид, ки љустуљў намудани воситањои самараноктари њифзи гурўњњои хеле осебпазири ањолї ва ба онњо расонидани кўмакро идома медињад, мавриди баррасии фаъолона ќарор дорад.

 

Дар њолате, ки як гурўњ муассисањои ба расонидани кўмаки фавќулодда машѓулбударо ба тањкими њамкорї ва њамоњангсозии фаъолият даъват мекунанд, дигарон камбудињоро дар соњаи меъёрсозии байналмилалї меъёрсозии байналмилалї нишон медињанд ва даъват менамоянд, ки меъёрњои нав тањия карда шаванд. Зимнан њама он бо розиянд, ки ин проблема хислати бисёрљониба ва глобалї дорад. Бинобар ин њама гуна бархўрд нисбати тањлили он ва њама гуна њалли он бо фарогир буда, тамоми љанбањои онро ба эътибор гиранд: аз сабабњои фирори оммавї то тањияи тадбирњои зарурии таъсиррасонї дар њама гуна њолатњое, ки бинобар проблемаи гурезањо ба миён меоянд, - аз расонидани кўмаки фавќулодда сар карда то андешидани тадбирњои мусоидат ба бозгардонї ба ватан.

 

Дар доираи мубоњисањои љараёндошта як ќатор омилњо бешубњаанд. Аввалааш аз он иборат аст, ки гарчанде баъзе кучониданњои оммавии ањолиро пешгирї кардан мумкин аст, ягонтои онњо ихтиёрї намебошанд. Њељ кас намехоњад ва кўшиш намекунад, ки гуреза бошад. Гуреза будан – дар кишвари бегона будан осон нест. Ин дар ѓарибї њаёт ба сар бурдан ва аз дигарон дар таъмини худ бо чунин ашёњои зарурати аввала, ба монанди озуќа, либос ва манзил вобаста будан аст.

 

Оид ба шумораи гурезањо дар љањон, таќсимоти географї ва сабабњои фирор кардани онњо маълумоти васеъ вуљуд дорад. Иттилооти панљ дањсолаи охирро тањлил намуда, метавон ба хулосае омад, ки проблемаи гурезањо дар ин давра њам аз љињати сифат ва њам аз љињати миќдор хеле таѓйир ёфтааст.

 

Аз лањзаи таъсиси худ Созмони Милали Муттањид дар бобати њифзи гурезањо дар минтаќањои гуногуни љањон саъю кўшишњо намудааст. Соли 1951, њангоме ки Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо таъсис дода шуда буд, ваколати он таќрибан ба 1 млн. гуреза пањн мегардид. Имрўз шумораи онњо таќрибан ба 17,5 млн. расидааст, боз ба 2,5 млн. гурезаи дигар ваколати Агентии Шарќи Наздики Созмони Милали Муттањид барои кўмак ба гурезањои Фаластин ва ташкили корњо пањн мегардад; илова бар ин, 25 млн. шахсони дар дохили кишвар кўчонидашуда вуљуд доранд.

 

Соли 1951 бештари гурезањо европої буданд. Имрўз бештари онњоро гурезањо аз Осиё ва Африка ташкил медињанд. Дар муќоиса ба гузашта гурўњњои имрўзаи гурезањо аксаран шакли фирори оммавї, на фирори шахсони алоњидаро мегиранд. Њоло 80%-и гурезањоро занону кўдакон такшкил медињанд.

 

Сабабњои фирори оммавї низ гуногун шудаанд ва њоло ба онњо офатњои табиї, садамањои экологї ва ќашшоќии тоќатфарсо мансубанд. Дар натиља ба бештари гурезањои имрўза муќаррароти дар Конвенсия дар бораи маќоми гурезањо мављудбуда пањн намегарданд. Он љабрдидагони таъќибкунињо бо нишонаи нажод, дину мазњаб, шањрвандї, мансубият ба гурўњњои муайяни иљтимої ё аќидањои сиёсиро дар бар мегирад.

 

Системаи Созмони Милали Муттањид њамчунин хеле дар тавиш аст, ки солњои охир њодисањои кўчонидани оммавии ањолї дар дохили кишвар меафзоянд. «Шахсони дар дохили кишвар кўчонидашуда» - шахсоне мебошанд, ки маљбуранд манзили худро тарк кунанд, вале дар ќаламрави кишвари худ мемонанд[1]. Бинобар он ки ин шахсон дар њудуди кишвари худ мемонанд, онњо аз системаи кунунии муњофизати гурезањо хориљанд. Бештари шахсони дар дохили кишвар кўчонидашуда дар кишварњои рў ба инкишоф ќарор доранд, ва ќисми асосии онњо занону кўдакон мебошанд. Дар баъзе кишварњо шахсони дар дохили кишвар кўчонидашуда 10%-и ањолиро ташкил медињанд.

 

Вазъияти гурезањо мисоли классикии вобастагии мутаќобилаи љомеаи љањонї мебошад. Он возењан нишон медињад, ки чи тавр проблемањои як кишвар метавонанд бевосита ба дигар кишварњо таъсир расонанд. Вазъияти гурезањо – ин њамчунин мисоли вобастагии мутаќобилаи масъалањои гуногун мебошад.

Робитаи мутаќобилаи аёни байни проблемаи гурезањо ва масъалањои њуќуќи инсон вуљуд дорад. Поймолкунии њуќуќњои инсон на танњо яке аз сабабњои асосии фирори оммавї мебошад, балки имконияти ихтиёран ба ватан бозгаштанро то даме, ки онњо ќатъ нагарданд, аз байн мебарад. Поймолкунии њуќуќњои аќаллиятњо ва низоъњои байнимиллї бештару бештар боиси њам фирори оммавї ва њам кўчидани ањолї дар дохили кишвар мегардад.

 

Боз як љанбаи дигари робитаи мутаќобила байни ин ду масъалањо ба эътибор нагирифтани њуќуќњои њадди аќалли гурезањо ва шахсони дар дохили кишвар кўчонидашуда мебошад. Њангоми љустуљўи паноњгоњ шахсони зиёде бо тадбирњои мањдудкунандае, ки онњоро аз њудудњои бехатар мањрум месозанд, рў ба рў мегарданд. Дар баъзе њолатњо шахсони паноњгоњљўянда ва гурезањо боздошта мешаванд ё маљбуран ба минтаќањое, ки дар он љо њаёт, озодї ва амнияти онњо тањти хатар ќарор мегирад, баргардонида мешаванд. Баъзеяшон тањти њуљуми дастањои мусаллањ ќарор дода мешаванд ё ба ќуввањои мусаллање даъват карда мешаванд, ки онњоро маљбур мекунанд дар сафњои ин ё он тарафи низои шањрвандї биљанганд. Шахсони паноњгоњљўянда ва гурезањо њамчунин љабрдидагони зуњуроти даѓалонатарини нажодпарстї мебошанд.

 

Гурезањо аз њуќуќњое бархўрдоранд, ки бояд чи пеш аз мурољиати онњо барои пешнињод намудани паноњгоњ ва чи дар давраи баррасии дархостњояшон ва баъди ќонеъ гардонидани онњо риоя карда шаванд. Эњтироми њуќуќњои инсон њам шарти зарурии пешгирї намудани љараёни имрўзаи гурезањо ва њам њалли проблемањои ба он вобастабуда мебошад. Ба гуфтаи Комиссари Олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо Садако Огати, «муносибат ба проблемаи гурезањо бояд санљиши љонибдории њама њукуматњо ва халќњо дар амри њифзи њуќуќи башар бошад».

 

 

СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАЊИД ВА ГУРЕЗАЊО

 

Дигаргунињои инќилобии техникї дар соњаи наќлиёт ва алоќа дар асри бист боиси кўчидани оммавии одамон, интиќоли молњо ва иттилоот тавассути сарњадњо гардиданд.

 

Зимнан на њама кўчиданњои ањолї дар ин аср ихтиёрї буданд. Технологияи муосир њамчунин боиси истењсоли силоњи ќатли ом гардид. Дар натиља зўроварї омили муњимтарине гардид, ки одамонро маљбур сохт ватани худро тарк намоянд. Ду љанги љањонї ва таќрибан 130 низои мусаллањона аз соли 1945 сабабгори кўчидани оммавї ва фирори миллионњо одамон дар тамоми љањон гардиданд.

 

Тањиягарони Оинномаи Созмони Милали Муттањид таљрибаи мудњиши зўроварии умумї ва азобњои оммавии ањолиро фаромуш накарда буданд ва кишварњоеро, ки онро имзо намуданд, даъват карданд, ки «… насли ояндаро аз офатњои љанг эмин доранд …». Онњо ба Созмони Милали Муттањид пешнињод карданд, ки «њамкории байналмилалиро дар њалли проблемањои байналмилалии иќтисодї, иљтимої, фарњангї ва гуманитарї», инчунин ташвиќ ва равнаќи «эњтиром нисбати њуќуќњои инсон ва озодињои асосї барои њама бидуни фарќияти нажодї, љинс, забон ё дин»-ро таъмин намоянд.

 

Яке аз аввалин масъалањои рўзномаи Созмони Милали Муттањид таќдири гурезањо, шахсони кўчонидашуда, апартаидњо ва шахсони ба ватан бозгардонидашудае буд, ки маљбур буданд дар натиљаи љанг љойњои истиќомати худро тарк намоянд ва ба кўмак эхтиёљ доштанд. Ин проблема, бешубња ањамияти байналмилалї ва гуманитарї дошт.

 

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 61 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Характер русско-ногайских отношений| Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезањо

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.012 сек.)