Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї

Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї | Навъњои андоз дар ЉТ | Мавзўи 3. Унсурњои асосии андоз | Андозсупоранда | Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз. | Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї. | Имтиёзњо дар бахши андоз. | Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз. | Система ва намудњои андоз дар Љумњурии Тољикистон. | Андозбандии шахсони њуќуќї |


Читайте также:
  1. А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.
  2. А. Минтаќаи дорои андозбанди имтиёзнок(оффшорї).
  3. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  4. Андоз аз амволи шахси воќеї
  5. Андоз аз арзиши иловашуда
  6. Андоз аз даромади шахси воќеї

Ба сифати супорандагони ин андоз одатан ташкилотњои тиљоратї - ширкат ва љамъиятњои хољагие баромад менамоянд, ки дар шаклњои ташкилию њуќуќии бо Кодекси граждании ЉТ муќарраршуда созмон меёбанд. Ба онњо ширкатњои комил, ба боварї асосёфта, љамъиятњои дорои масъулияти мањдуд, дорои масъулияти иловагї ва љамъиятњои сањњомї, кооперативњои истењсолї дохил мешаванд. Фаъолияти аксари онњо бо ќонунњои алоњида ба танзим дароварда шуда маълум аст, ки њамаи онњо супорандагони андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї мебошанд ва тибќи меъёрњои амалкунанда њамчун корхона эътироф карда мешаванд..

Андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї тибќи муќаррароти боби 18 КА ЉТ ва Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб кардан ва ба буљет пардохт намудани андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї» аз 04.08.2005 тањти №266 ситонида мешавад.

Ба сифати андозсупорандагони ин намуди андози умумиљумњуриявї корхонањои резидентї ва корхонањои хориљї мебошанд. Ќонунгузор њама гуна шахсони њуќуќиеро, ки доро баланс (тавозун) ё сметаи мустаќиланд ба ин гурўњ шомил намуда, корпоратсияњо, ширкатњо ва фирмањое, ки тибќи ќонунгузории давлатњои хориљї ташкил шуда дар љумњурии мо манбаи даромади андозбандишаванда доранд шабењи корхона медонад. Ашхоси љисмонии хориљї наметавонанд њамчун супорандаи ин намуди андоз баромад намоянд.

Объекти андозбандии андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї фоидаи корхона ба њисоб меравад. Дар зери мафњуми «фоида» тибќи м.141 КА ЉТ фарќи мусбии байни даромади умумии андозсупоранда ва маблаѓњои тарњшавандаеро меноманд, ки мўњтавои онро боби 19 КА ЉТ пешбинїнамудааст. Ќонунгузор айни њол мафњумњои «даромади умумї»-ро низ истифода бурдааст, ки њаммаънои фоида дониста мешавад ва њам даромадњои пулї ва њам даромадњои аслиро дар назар дорад. Ба ин даромадњо њама гуна даромадњоеро дохил кардаанд, ки боиси афзуншавииактивњои софи корхона гаштаанд. Ва њамзамон амволе, ки ба сифати сањм ба фонди оинномавї гирифта шудааст, њамчун даромад баррасї намегардад. Бояд гуфт, ки мафњумњои фоида ва даромад њамчун њаммаъно эътироф карда шуда, ба даст даровардани он умуман њамчун маќсади асосии ситењсолкунандаи мол њисобида мешавад, ки дар ин маврид муаллифони алоњида ќайд кардаанд.[38]

Меъёри андози номбурда 25%-ро ташкил медињад ва илова бар ин ќонунгузор њолатњоерол пешбинї менамяод, ки меъёрњои андозбандї таѓйир ёфта вобаста ба талаботи м. 164 КА ЉТ андозбандишавии даромадњои умумиро дар назар дорад. Масалан, нисбати ѓайрирезидентон бо назардошти муќаррароти ќонунгузорї оиди даромадњои аз манбањои воќеъ дар Љумњурии Тољикистон, ки бо муассисаи доимии ин ѓайрирезидент дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон алоќаманд намебошад гирифта шуда ва бояд дар манбаи пардохт њамчун даромади умумї, бе тарњи харољот ба истиснои тарњи дар њолати андозбандї мутобиќи моддаи 220 КА ЉТ аз маблаѓи умумие, ки андоз аз арзиши иловашударо дар бар мегирад, бо меъёрњои зерин ситонида мешавад (бо нигоњдошти андози арзиши иловашуда дар манбаи пардохт):

v суди сањмияњо — мутобиќимеъёри 12 %;

v фоизњо — мутобиќи мутобиќимеъёри 12 %;

v сањмњои суѓуртавие, ки корхонаи резидентї ё соњибкори инфиродї - резидент мутобиќи шартномањои суѓурта ва азнавсуѓуртакунии таваккалњо мепардозанд — тибќи меъёри 4 %;

v маблаѓњое, ки корхонаи резидентї ё соњибкори инфиродї – резидент барои хизматрасонии телекоммуникатсионї ё наќлиёт њангоми алоќа ё боркашонии байналмилалї байни Љумњурии Тољикистон ва дигар давлатњо мепардозанд, ба истиснои маблаѓњо оид ба фрахти бањрї - тибќи меъёри 4 %, маблаѓњо оид ба фрахти бањрї - тибќи меъёри 6 %;

v даромадњо дар шакли музди мењнат, инчунин даромадњои пешбининамудаи бандњои 8), 17), 18), 19), 20), 21), 22), 24) ќисми 8 моддаи 34 КА ЉТ, ки корхонаи резидентї ё соњибкори инфиродї – резидент мепардозад, — тибќи меъёри дар ќисми 1 моддаи 140 њамин Кодекс зикргардида, ки андозбандиро аз музди мењнат пешбинї намудааст андозбандї мегардад, ки мутаносибан 8% (то 100 сомонї маоши пардохтшуда) ё 13%-ро (зиёда аз 100 сомонї) ташкил медињад;

v дигар даромадњое, ки аз њисоби фурўши амвол ба даст оварда мешаванд тибќи меъёри 15% (ба истиснои бандњои 1,2,3,4,5, 12, 13, 26 ќисми 8 м. 34 КАЉТ);

Дар баробари супоридани андоз субъектони супорандаи андози фоида аз шахсони њуќуќї дорои имтиёзњое мебошанд, ки аз мўњтавои ќонунгузории андоз, бонкї ва сармоягузорї бармеояд. Имтиёзњоои номбурда чунин гурўњбандї мешаванд:

1) ташкилотњои динї (масалан, масољид), эњсонкорї, буљетї, созмонњои байнињукуматї ва байнидавлатии (байналмилалии) ѓайритиљоратї, ба истиснои фоидае, ки онњо аз фаъолияти соњибкорї мегиранд. Њамзамон чунин ташкилотњо бояд бањисобгирии људогонаи фаъолияти асосї (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соњибкориро пеш баранд;

2) маблаѓгузаронињои ройгон ва амволи ройгон, аъзоњаќќињо, хайрия ва грантњое, ки ташкилотњои ѓайритиљоратї мегиранд;

3) Бонки миллии Тољикистон ва муассисањои он [39];

4) суди сањмияњое (дивидендњое), ки корхонањои резидентї аз корхонањои резидентї мегиранд;

5) корхонањое, ки дар онњо дар як ваќт дар соли њисоботии андоз:

а) на камтар аз 50% шумораи кормандонро маъюбон ташкил медињанд, ва

б) на камтар аз 50% маблаѓњои музди мењнат ва дигар таъминоти моддї, аз љумла натуралї, барои эњтиёљоти маъюбон сарф карда шудааст;

6) корхонањои наве, ки дар соњаи истењсоли молњо таъсис меёбанд, дар соли баќайдгирии давлатї ва аз соле, ки баъди соли баќайдгирии ибтидоии давлатї фаро мерасад, њангоми аз љониби муассиси онњо бо назардошти њаљмњои њадди аќали инвеститсияњои муќаррарнамудаи ќонунгузорї ба фонди оинномавии чунин корхонањо ворид намудани њаљмњои дар поён зикргардидаи инвеститсияњо ба мўњлати:

- 2 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари то 500 њазор доллари ИМА бошад;

- 3 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари бештар аз 500 њазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошад;

- 4 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошад;

- 5 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошад[40].

Давраи андозбандї барои ин намуди андоз соли таќвимї аз 1-уми январ то 31 декабр муайян карда шуда, супорандаи ин андоз то 1 апрели баъди соли њисоботї эъломия оид ба андоз аз фоидаи шахси њуќуќиро, ки шаклан муќаррар аст пешнињод менамоянд. Њисобу китоб бошад тавассути талаботи ќонунгузории муњосибавї, талаботњои ќоидањои байналхалќии њисоботи молиявї ва ќоидањои бањисобгирии муњосибавї ба роњ монда мешавад, ки одатан бо ќайди навиштаљот бо назардошти дебети суратњисоби 81 («Истифодабарии фоида») кредити њисоби 68 («Њисоббаробаркунї бо буљет») ва дебети њисоби 68 («Њисоббаробаркунї бо буљет») инчунин њисобњои 51 («Њисоби њисоббаробаркунї»), ё њисоби раќами 50 («Хазина») амалї гардонида мешавад.

Маљмуан муќаррароти ин намуди андоз аз њаминњо иборат аст.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 156 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Андоз аз арзиши иловашуда| Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.007 сек.)