Читайте также: |
|
Барои шахсони воќеї ќонунгузории андоз ўњдадории супоридани андоз аз њисоби амволро низ муќаррар кардааст. Ашхосе воќеї тибќи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон њуќуќњои амволиро соњиб буда, метавонанд онро истифода баранд, тасарруфї намяонд ва ё ихтиёрдорї кунанд.
Шахсони воќеї њамчун ќоидаи маъмул дорои амволи манќул ва ѓайриманќул мебошанд, ки чунин як гурўњбандии объектњои андозбандишавандаро дар як ќатор адабиётњои њуќуќї оиди андоз низ вохўрдан мумкин аст.[58]
Ситонидани андоз амвол таърихан мављуд буда, њам дар шакли натуралї ва њам дар шакли аслї супоридани онро дар назар дошт. Фаразан, дар аморати Бухоро на танњо андоз барои «бенамозї», балки андоз аз њосили заминњои султонї аз ањолии дењот, ки 90 дар сади ањолии умумии аморатро ташкил мекард, дар њаљми аз дањ чор, яъне аз сад чил ба њисоби хазина ситонида мешуд ва барои дењќон аз дањ ду ё аз дањ се боќї мемонду халос, ки ба ќавли Садриддин Айнї чунин ситонидани хирољу андоз «торољгарї» буд.[59]Дар њолатњои дигар ситонидани андоз дар шакли натуралї татбиќ мегардид, ки одатан ба меъёрњои шариатї оиди закот мутобиќ гардонида шуда буд. Мавридњое низ буданд, ки зиёд гардидани ин меъёр ба зарари ањолї боиси ошўбњои оммавї мегашт. Масалан, муаллифон дар мавриди ошўби соли 1903 дар воњаи Вахони Помир ба миён омада, ки дар натиљаи гирифтани аз 10/1 ва њато аз 7/1 сар бузу гўсфанди ањолї (тибќи меъёрњои шариат аз 40/1 сар муайян карда шуда буд) сар зада буд, ёдовар мешаванд.[60]
Минбаъд ситонидани андозњо дар шакли натуралї идома ёфта бошад, њам оњиста-оњиста ин намуд андозњо вобаста ба дигаргуншавии низоми иљтимоию хољагидории љомеа барњам хўрда, њамакнун дар шакли молиявї ситонида мешуданд[61].
Супоридани андози амвол аз шахсони воќеї дар марњилањои аввали соњибистиќлолї дар асоси Ќонуни ЉТ «Дар бораи андозбандии дорандагони васоити наќлиётї ва дигар мошинњо ва механизмњои худрав» аз 09.01.1992 с. тањти №494 ва Ќонуни ЉТ «Дар бораи андозњо аз амволи шахсони љисмонї» аз 27.12.1993 с. тањти №689 ба танзим дароварда мешуд[62]. Баъдан бо ќабули аввалин санади кодификатсионии соњаи андозбандї муќаррароти ин санадњо бекор карда шуданд.
Тањкими муносибатњои андозбандї ба мукаммалгардонии низоми андозбандї аз амволи шахсони воќеї, хусусан, аз амволи ѓайриманќул оварда расонид. Кодекси андози ЉТ имрўзњо мутаносибан супоридани андоз аз амволи шахсони воќеиро аз объектњои ѓайриманќул ва васоити наќлиётї пешбинї намудааст, ки ба андозњои мањаллї марбут дониста шуда, њар яке мустаќилона ситонида мешаванд. Мустаќилияти ин намуди андозњо дар адабиётњои њуќуќї низ зери шубња гузошта намешавад.[63]
Анлоз аз амволи ѓайриманќул мутобиќ ба талаботи боби 46 КА ЉТ ситонида мешавад.
Супорандагони андози номбурда, њам шахсони воќеї ва њам шахсони њуќуќї ба њисоб мераванд, ки мутаносибан њамчун соњибмулкон ин амволи худро истифода мебаранд.
Объекти андозбандї тибќи м. 326 КА ЉТ амволи зерин ба њисоб меравад:
v хонањои истиќоматї;
v квартирањо (њуљрањо);
v бўстонсароњо;
v гаражњо ва дигар биною иншоотњо.
Дар мавриди объекти андозбандї албатта тафриќотњо дида мешаванд. Агар дар таносуб бо ќонунгузории андози дигар мамолик, масалан Федератсияи Россия гирем, пас дар ин љо на танњо амволи дар боло зикргардида, балки дигар амвол ба мисли тайёрањо, чархболњо, теплоходњо, яхтањо, катерњо, чанањои моторї, ќаиќњои моторї ва дигар васоити обї-њавоиеро (ба истиснои ќаиќњои дастї) номбар кардан мумкин аст, ки њамчун объекти андозбандї дар ин кишвар баромад менамоянд.[64]
Меъёри андоз айни замон вобаста ба њаљми аз 10 то 50 каратаи андози замин, ки аз м. 266 ва 267 КА ЉТ бармеояд муайян карда мешавад[65]. Андозбандї тибќи муќаррароти ќонунгузории андоз барои њамаи объектони номбаршуда мутобиќи њаљм, яъне дарозї, баландї ва бари биною иншоотњо њисобу китоб карда шуда, бо коэфитсенти 1,25 зарб зада мешавад.
Њамзамон, ќонунгузор њолатњоеро пешбинї менамояд, ба тадриљ кам ва ё зиёд шудани меъёри андозбандиро мадди назар намекунад. Масалан, агар баландии фарши тањхона то шифти он камтар аз 2 метр бошад, пас 50% майдони андозбандї ба њисоб гирифта мешавад. Дар сурати зиёдшавии ин њаљм мутаносибан меъёрњои андоз низ ба фоидаи афзуншавї таѓйир меёбанд.
Ќайд кардан бамаврид аст, ки Маљлисњои вакилони халќи мањаллї дар њолатњои алоњида аз супоридани андоз як ќатор категорияњои ањолиро метавонанд озод намоянд. Масалан, тибќи б. 2.7 ќарори Маљлиси вакилони халќи н. Њисор аз 20.12.2005 с. тањти №41 «Дар бораи муќаррар намудани андозњои мањаллии ноњия» хонањои истиќоматии иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї ва ашхоси ба онњо баробаркардашуда, инчунин хонањои истиќоматии маъюбони тамоми гурўњњо, нафаќахўрон дар њолати надоштани аъзои оилаи ќобили мењнат ва муаллимоне, ки дар макотиби тањсилоти њамагонии дењот кор мекунанд дар давраи кори онњо аз супоридани андоз озод карда шудаанд.
Тартиби њисобкунї ва пардохтани андоз тибќи м. 330 КА ЉТ муайян карда шуда маблаѓи андоз аз амволи ѓайриманќули шахсони воќеї аз љониби маќомоти андоз, ки дар њудуди фаъолияти онњо амволи ѓайриманќул воќеъ гардидааст, тибќи тартиб ва шакли муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї, дар асоси манбаи маълумот оид ба амволи ѓайриманќул, ки дар маќомоти андоз ташаккул ёфтааст, њисоб карда мешавад.
Илова бар ин, маблаѓи андоз аз амволи ѓайриманќули шахсони воќеї дар соли љории андоз дар асоси маълумот оид ба амволи ѓайриманќул ба санаи 1 январи соли љорї њисоб карда шуда, њамзамон ин њолат нисбати объектњои сохташуда, ки њуљљатњои техникиашон ба ќайд гирифта нашудааст татбиќ мегардад.
Андозсупорандагон – шахсони воќеї оиди супоридани андоз то 1 июли соли љорї аз тарафи маќомоти ваколатдори давлатї огоњ карда шуда, ўњдадоранд, ки андозро то 1 октябри соли љорї пардохт намоянд.
Тибќи таѓйироту иловањои ба КА ЉТ ворид гардида маблаѓи андоз ба таври мутаносиб ва ба њисоби љамъбасти афзоянда на дертар аз 1 феврал (дар њаљми 25%), 1 май (дар њаљми 50%), 1 август (дар њаљми 75%) ва то охири соли љории андозситонї дар њаљми 100% супорида мешавад.
Дигар намуди андозе, ки шахсони воќеї месупоранд ин андоз аз соњибони воситањои наќлиёт мебошад. Андози номбурда аз љониби шахсони воќеие супорида мешавад, ки дорандагони чунин васоити наќлиётии тибќи муќаррароти боби 47 КА ЉТ мебошанд. Андози мазкур аз љониби маќомоти Бозрасии давлатии автомобилии[66] Вазорати корњои дохилї ситонида мешавад.
Ќонунгузор ба њайси андозсупорандаи ин намуди андоз њам шахсони воќеї ва њам шахсони њуќуќиеро эътироф намудааст, ки тибќи м. 331 КА ЉТ соњиби воситаи наќлиёт, ки дар Љумњурии Тољикистон дар воњидњои БДА-и Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон бояд ба ќайд гирифта шаванд, мебошанд.
Ба сифати объекти андозбандї њама гуна воситаи наќлиётест, ки дар гурўњи 87 (тањти рамзњои 8702-8705, 8711) номгўи молии фаъолияти хориљии иќтисодї нишон дода шудаанд, дохил мешаванд.
Аз пардохти андози номбурда объектони зерин озод карда шудаанд (м.333 КА ЉТ):
· мошинњо ва механизмњои тасмачарх;
· комбайнњои муњаррикдори ѓаллаѓундорї ва махсус, аз љумла комбайнњои пахтачинї;
· автобусњо ва тролейбусњое, ки корхонањои наќлиёти автомобилии истифодаи омма барои мусофиркашонї дар шањрњо истифода мебаранд;
· мотоколяска ва автомобилњои бо даст идорашавандаи ба маъюбон тааллуќдошта.
Меъёрњои андоз тибќи м. 335 КА ЉТ:
Номи объектњои андозбандї | Андоз бо фоиз нисбати музди мењнати њадди аќали моњона, ки дар рўзи супоридани андоз амал мекунад |
Мототсикл ва мотороллерњо | 1,0 фоиз |
Автомобилњои сабукрав | 2,0 фоиз |
Автобусњо (то 12 љой) | 2,5 фоиз |
Автобусњо (барои 13-30 љой) | 3,0 фоиз |
Автобусњо (зиёда аз 30 љой) | 3,5 фоиз |
Автомобилњои боркаш ва дигар воситањои наќлиёти иќтидори борбардориашон то 10 тонна | 4,0 фоиз |
Автомобилњои боркаш (иќтидори борбардориашон аз 10 то 20 тонна) | 4,5 фоиз |
Автомобилњои боркаш (иќтидори борбардориашон аз 20 то 40 тонна) | 5,0 фоиз |
Автомобилњои боркаш (иќтидори борбардориашон зиёда аз 40 тонна) | 5,5 фоиз |
Тартиби њисобу китоб ва супоридани андозро бошад КА ЉТ муќаррар намуда, он бояд ба буљети дахлдори мањаллї дар љои баќайдгирии воситањои наќлиётї дар мўњлати на дертар аз мўњлате пардохта шавад, ки барои гузаштани баќайдгирї, аз нав баќайдгирї ё муоинаи њарсолаи техникии наќлиёти автомобилї пешбинї шудааст. Барои мисол агар шахси воќеї дорандаи автомошинаи боркаши КамАЗ 5312 борбардориаш 10 тонна бо иќтидори муњаррикаш 210 ќувваи асп бошад он гоњ њисобу китоб аз рўи муќаррароти м. 335 КА ЉТ вобаста ба маоши њадди аќал, ки айни замон 20 сомониро ташкил медињад дар 2 вариант тибќи формулаи зерин ба амал бароварда мешавад:
Варианти 1-ум 210 х 20 х 8% =336 сомонї;
Варианти 2-юм 210 х 1,6 =336 сомонї
Мўњлати муоинаи њарсолаи техникии воситањои наќлиётро Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон бо мувофиќаи маќоми ваколатдори давлатї ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон муайян менамояд. Вайрон намудани мўњлати супоридани андоз барои њисоб намудани фоиз тибќи тартиб ва њаљми муќаррарнамудаи њамин Кодекс асос мебошад.
Бояд гуфт, ки БДА-и Вазорати корњои дохилї маводњоеро ќабул менамояд, ки тибќи он таруфањои андоз бо Кумитаи андоз мувофиќа карда мешаванд. Чунин як мувофиќатнамої 08.08.2007 сурат гирифтааст, ки супоридани андозро аз рўи 92 тамѓаи автомобилї ва 8 гурўњи наќлиёт вобаста ба давлати истењсолкунандаи асосї дар назар дорад. Дар наќшаи зерин номгўи як ќатори онњоро вобаста ба њадди аќал ва њадди нињої вобаста ба гурўњ, тамѓа ва навъ, ќувваи муњаррик ва маблаѓи андоз пешкаш менамоем (њадди аз/то):
№ гурўњ | Гурўњ | Тамѓа ва навъ | Шумораи љойи нишаст ва ё иќтидори борбардорї | Ќувваи муњаррик ќ/асп (кВт) | Фоиз тибќи м. 335 КАЉТ | Маблаѓи камтарин ва зиёдтарин (ба њисоби сомонї) |
1. | Автомошоинањои сабукрави истењсоли ИДМ | ЗИЛ-4104 Ока ППЗ | 315 (231,8) 4000-4600 36 (26,4) 5600 | 252.00 28.80 | ||
2. | Автомошинањои боркаши истењсоли ИДМ | Бел АЗ-75401 ГАЗ-51 А | 30 000 | 70(51,5) 2600 | 840.00 112.00 | |
3. | Автомошинањои мусофиркаши истењсоли ИДМ | ЛАЗ-699Р Газель 322 1-111 | 180(132,4)3200 84(61,8)4200 | 252.00 84.00 | ||
4. | Автомошинањои боркаши истењсоли хориљї | ИФА-W50 Матирус-232 | 200.00 558.00 | |||
5. | Автомошинањои мусофиркаши истењсоли хориљї | Ныса-522 М Икарус-255 | 45+1 | 70(51,5)4000 192(141,9)210 | 70.00 268.80 | |
6. | Автомошинањои сабукрави истењсоли хориљї | Toyota Avensis 1.6 Daewoo Тико | 110(81)6000 | 880.00 32.00 | ||
7. | Автомошинањои Љумњурии Чин | Чанхе Вуллинг Дамас | 52.4 47.1 | 41.92 37.68 | ||
8. | Мотосиклњо | SUZUKI GSX «Восход», Минск ММВ 3-2-112, ЯВА 175 | 98/12000 | 39.20 04.00 |
Дар њолатњои зерин шахсони воќеї андози номбурдаро намесупоранд:
1. њангоми дар ќайд набудани васоити наќлиётие, ки бояд дар љумњурї ба ќайд гирифта шаванд;
2. њангоми вайрон будан ё бо дигар сабабњо истифода набурдани воситањои наќлиёте, ки аз ќайди номбаршуда гузаштаанд;
3.њангоми аз нав ба ќайд гирифтани воситаи наќлиёт андоз супорида намешавад, дар сурати аз љониби соњиби пештараи он пардохт намудани андоз.
Насупоридани ин андоз баро шахсони номбурда боиси оќибатњои њуќуќї, аз љумла бастани љарима ва ё манъ кардани муоинаи техникї мегардад. Дар ин њолатњо кормандони БДА њаќ доранд аз ин гуна шахсон талаби њучљатњои супоридани андозро намоянд. Дар акси њол андозсупорандагон аз њуќуќи истифодабарии ин гуна наќлиёт мањрум кардашуда ба муоинаи техникї роњ дода намешаванд..
Мўњлати супоридани андоз вобаста ба ќонугузории љорї ва пешнињоди њисоботи маќомоти дахлдор оиди гузаштани васоити наќлиётї аз 1 – уми апрели соли љорї то 31 декабр муайян карда шудааст. Аз ин љо бармеояд, ки то 1 апрел андозсупоранда бояд андози мазкурро супорад.
Одатан, мавзўъ ва мўњтавои андози мазкурро њамин нуќот ташкил медињад.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 188 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Андоз аз даромади шахси воќеї | | | Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор |