Читайте также:
|
|
Ба ќавли Людвиг фон Мизес яке аз асосгузорони назарияи иќтисодиёти либералї «соњибкор инсоне мебошад, ки дар шароити номуайянї, ки хоси њама гуна њаракатњост, фаъол аст»[67]. Албатта, мавриди мавќеи соњибкорон, ки воќеан њам гурўњи муњимтарини андозсупорандагони имрўзаро ташкил медињанд, бањсњои зиёд дар адабиёти њуќуќї пайдо шуда бошанд, њам мўњтавои онро, биноан проблемаи андозбандии онњо ташкил медињад. Айни замон, онњо дар шаклњои умумї ва махсусгардонидашуда фаъолияти худро дар самтњои истењсолї, савдо ва молиявию ќарздињїанљом медињанд. Љињати муњим дар робита ба фаъолияти соњибкории ашхоси воќеї дар замони имрўза, ин љоиз будани истифодаи мењнати кироя аз тарафи онњо ба њисоб меравад.
Ќонунгузории амалкунандаи љумњурї озодии фаъолияти соњибкориро ба таври конститутивї кафолат дода, дар баробари ин низоми алоњидаи андозбандии шахсони воќеии соњибкорро муќаррар менамояд.
Кодекси андози ЉТ њам мафњуми «фаъолияти соњибкорї» ва њам мафњуми «фаъолияти ѓайрисоњибкорї»-ро дар м. 15 пешбинї намудааст. Зарурати нињої дар ин самт, албатта гузоштани тафриќот байни шахсони воќеии муќаррарї ва соњибкор ба њисоб меравад. Тибќи њамин модда фаъолияти соњибкорї њама гуна фаъолиятест, ки сарфи назар аз натиљаи чунин фаъолият, барои ба даст овардани фоида, даромад ё љубронпулї равона гардидааст.
Айни замон фаъолияти марбут ба хариду фурўш, супоридан ё иљораи амвол дар њолати риоя кардани аќаллан яке аз шартњои зерин фаъолияти соњибкорї ба њисоб меравад, агар:
1) чунин фаъолият мунтазам сурат гирифта, барои шахсе, ки муомилоти дар боло зикргардидаро иљро менамояд, фаъолияти муќаррарї бошад;
2) молњои (корњои, хизматрасонињои) истењсолнамудаи (иљрокардаи, расонидаи) фурўшанда пешнињод карда шаванд;
3) чунин амалиётњо дар доираи фаъолияти савдо, савдою миёнаравї (аз љумла дилерї) ё фаъолияти миёнаравї анљом дода шаванд.
Фаъолияти ѓайрисоњибкорї бошад фаъолиятро дар шакли аз љониби як шахс дар асоси подош, муваќќатан ба соњибият, истифода ё ихтиёрдории ин ё он шахси дигар додани амвол (аз љумла маблаѓњои пулї) бе гузаштани њуќуќи моликият ба ин амвол ё ќисми он ва минбаъд људо карда додани онро меноманд, агар чунин тарзи додани амвол ба хизматрасонии молиявї вобаста набошад ва боиси ба зиммаи шахси ќабулкунандаи ин амвол гузоштани ўњдадорињои иловагї, ба истиснои ўњдадорињои вобаста ба истифодаи маќсадноки амволи супурдашаванда ё бо пардохти подошисоњибї, истифода ё ихтиёрдории ин амвол нагардад.
Фаъолияти ѓайрисоњибкорї инњоро дар бар мегирад:
1) дар бонкњо ё дигар муассисањои молиявию кредитї љойгир намудани маблаѓњои пулї;
2) ба иљора додани амвол (ба истиснои њолатњои дар ќонунгузории андоз пешбинї шуда ва љавобгў ба нишонањои асосии фаъолияти соњибкорї будан);
3) ба идоракунии боэътимод супоридани амвол;
4) харидани (фурўш ё супоридани) њисса дар сармояи оинномавии корхона ё ќоѓазњои ќиматноки он; харидани (фурўш ё супоридани) вомбаргњо ё њама гуна дигар векселњо; харидани (фурўш ё супоридани) њисса дар фонди сањњомии инвеститсионї ё њуќуќи муаллифї ва њама гуна њуќуќњои шабењи ба фурўшанда тааллуќдошта, ки эквиваленти фаъолияти ѓайрисоњибкорї мебошад, агар дар ќисми 2 њамин модда тартиби дигаре пешбинї нашуда бошад;
5) аз љониби шахси воќеї иљро кардани кори кироя.
Ѓайр аз ин ќонунгузор фаъолиятњои зеринро марбут ба фаъолияти ѓайри соњибкорї медонад:
1) фаъолияти маќомоте, ки ба системаи маќомоти њокимияти давлатии тамоми соњаю сатњњо ва маќомоти худидоракунї дохил шуда, фаъолияташон бевосита ба иљрои вазифањои давлатии ба зиммаашон гузошташуда вобаста мебошад, ба истиснои хизматрасонињо, ки дар асоси шартномавї маблаѓгузорї мешаванд ва дигар фаъолияти соњибкорї;
2) фаъолияти эњсонкорї;
3) фаъолияти динї.
Шахси воќеї-соњибкор ин пеш аз њама субъекти хољагидор шањрванде мебошад, ки бе таъсиси шахси њуќуќї амал менамояд ва умдатан њамрадифи он соњибкории инфиродї аст. Тибќи муќаррароти м. 31 КА ЉТ соњибкори инфиродї шахси воќеї, резидент ё ѓайрирезидент, њисобида мешавад, агар он бе таъсиси шахси њуќуќї, аз номи худ, тањти таваккал (риск) ва масъулияти амволии худ ба фаъолияти соњибкорї машѓул шавад. Ва њамзамон бар хилофи тартиби муќаррарнамудаи баќайдгирї ва гирифтани иљозатнома ё дигар њуљљатњои марбут ба фаъолияти соњибкорї машѓул шудани шахси воќеї боиси њамчун соњибкори инфиродї эътироф накардани чунин шахси воќеї бо маќсади андозбандї буда наметавонад.
Ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон шакли соддакардашудаи андозбандии ин гуна субъектонро пешбинї намудааст, ки тавассути патент ва Шањодатномаи соњибкорї ба амал бароварда мешавад.
Патент њуљатест, киба сифати соњибкор (бе таъсиси шахси њуќуќї) ба ќайди давлатї гирифта шудани шањрвандро муайян карда, барои машѓул шудан ба фаъолияти соњибкории дар он пешбинигардида њуќуќ медињад. дар муносибатњои њуќуќии андозбандї он њамчун њуљљати тасдиќкунандаи татбиќи шакли соддакардашудаи андозбандї ва тртиби њисобу китоб низ маънидод мешавад.[68]
Шањодатнома бошад њуљљатест, ки шакли соддакардашудаи низоми андоз аз даромад ва пардохтњои иљтимої ба шумор рафта, њамзамон баќайдгирии давлатии шањрвандро ба сифати соњибкори инфиродї тасдиќ намуда, ба соњибкор ба ивази патент дода мешавад.
Шањодатномаи соњибкорї барои намудњои алоњидаи фаъолияти соњибкорї, ки одататн дар биноњои статсионарї ба амал бароварда мешавад дода мешавад. Одататан андозбандии шахси воќеии соњибкор хусусияти мўътадил дошта на танњо ба функсияњои фискалї љамъбаст мегардад.[69] Њуљљати мазкур ба мўњлати 1 сол тибќи тартиботи муќаррарнамудаи ќонунгузории андоз дар мањали фаъолият, дар асоси аризаи шахси воќеї, пешнињоди як ќатор њуљљатњои дигар дода мешавад.
Андозбандии шахси воќеии соњибкор тибќи тартиботи дар Кодекси андоз ва дигар санадњои меъёрии зериќонунї пешбинишуда амалї гардонда мешавад. Тибќи Ќарори Њукумати ЉТ аз 31.03.2004 с. тањти №140 «Оиди тасдиќи Тартиби додани патент ва Шањодатномаи соњибкори инфиродї ба шахсони љисмоние, ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси њуќуќї ба амал мебароранд ва Руйхати намудњои фаъолияти соњибкории инфиродие, ки пардохти андози даромадашон дар асоси патент ва Коэфитсентњои минтаќавии танзимнамоии њаљми пардохтро барои патент муќарар мекунанд» намудњои зеринифаъолияти соњибкор-шахси воќеї андозбандї карда мешавад[70]:
1. истењсолоти косибї (ѓайрисаноатї) њунармандї ва фурўш (12 намуди фаъолиятро дар бар мегирад);
2. расонидани хизмат (30 намуди фаъолиятро дар бар мегирад);
3. фаъолияти тиљоратї берун аз њудуди (биноњои) статсионарї (6 намуди фаъолиятро дар бар мегирад).
Масалан, корњои оњангарї ба маблаѓи 20 сомонї патент кунонида мешаванд ва ё фаъолияти репетиторї ситонидани андозро дар щакли патент ба маблаѓи 10 сомонї дар назар дорад. Патент дар асоси коефитсентњои минтаќавї бо фоизи муайян њисобу китоб карда мешавад, ки аз 0,8 то 1, 15 %-ро ташкил медињад.
Љињати дигари муњимми пешбурди фаъолияти соњибкорї ин фаъолияти соњибкории кишоварзии шахсони воќеї мебошад, ки дар шакли хољагињои дењќонї(фермерї) бо њуќуќи таъсиси шахси њуќуќи ва бе он амалї гардонда мешавад. Андозбандии ин ашхос дар асоси боби 42 КА ЉТ дар асоси низоми андозбандии ягона ба танзим дароварда мешавад. Шаклњои амалсиозии чунин як хољагидориро аз љониби як нафар, аъзои оила ва ё ширкати оддї пеш бурдани он ташкил медињанд.
Бояд гуфт, ки тибќи м. 27 Ќонуни ЉТ «Дар бораи хољагињои дењќонї (фермерї)» аз 10.02.2002 с. андозбандии онњо мутобиќ ба талаботи Кодекси андоз пешбинї карда шудааст.[71]Дар марњилањои аввали ташкилшавї агар хољагињои мазкур дар асосњои умумї андозбандї карда шаванд, пас баъди ќабули карори Њукумати ЉТ аз 03.08.2002 тањти №319 «Дар бораи муайяннамудани воњидњои марзию маъмурии Љумњурии Тољикистон, ки дар ќаламрави онњо муваќќатан андози ягона барои хољагињои дењќонї љорї мегардад» хољагињои мазкур суполрандаи андози ягона мебошанд. Љорї шудани андози номбурда албатта дар марњилањои аввал бо Дастурамал «Дар бораи тартиби ситонидани андози ягона барои хољагињои дењќонї (фермерї)» аз 09.01.2003 с. Тањти №3\5-216 муайян гардида, дар чор ноњияи пилотї-Рўдакї (собиќ Ленин), Шањритус, Нов ва Ванљ татбиќ гардид. Сипас муќаррароти андози ягона дар боби 42 КА ЉТ мустањкам карда шуд.
Хољагии дењќонї(фермерї), ки бе таъсиси шахси њуќуќї амал менамояд, њамчун истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї супорандаи ин намуди андоз мебошад.
Объекти андозбандї-масоњати замини истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї мебошад.
Истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар ќисми фаъолияте, ки бо андози ягона андозбандї мегарданд (фаъолияти кишоварзї), аз пардохти андозњои зерин озод карда мешаванд:
- андоз аз арзиши иловашуда оид ба тањвили мањсулоти кишоварзї, ки дар заминњои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;
- андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард оид ба тањвили мањсулоти кишоварзї, ки дар заминњои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;
- андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї;
- андози њадди аќал аз даромади корхонањо;
- андози замин;
- андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда супорида мешавад.
Даромади вобаста ба фаъолияти кишоварзї бадастовардаи аъзои хољагии дењќонии (фермерии) бе шахси њуќуќї таъсисёфта, ки бояд бо андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї андозбандї шавад, аз андози даромад озод аст.
Хољагии дењќонї(фермерї) њамчунин супорандаи андози иљтимої мебошад, ки он дар њаљми муќаррарнамудаи ќонун барои соњибкорони инфиродї, ки дар асоси патент пардохта мешавад, яъне 20% муайян карда мешавад.
Меъёри андоз барои заминњои обї дар њаљми 4-каратаи меъёри андози замин ва барои дигар заминњо њаљми меъёри муќаррарии заминњо муайян карда шудааст. Барои хољагињои пахтакор бошад њаљми 2-каратаи андозбандии заминњои обї муайян гардидааст.
Давраи њисоботдињї то 1 марти соли љорї, аз љумла њисобот оиди пардохти андози иљтимої.
Мўњлати пардохти андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї барои соли андози љорї на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли љорї бо љамъбасти афзоянда аз оѓози сол дар њаљми мутаносибан на камтар аз 10 фоиз, 25 фоиз, 45 фоиз ва 100 фоизи маблаѓи солона супоридашаванда муайн карда шудааст.
Мавзўи 11. Имтиёзњо дар бахши андоз ва низоми махсуси андозбандї.
Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз. Паст кардани меъёри андоз. Таѓйир додани мўњлати супоридани андоз. Ќарзи андоз. Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон. Низоми соддакардашудаи андозбандї. Минтаќањои озоди иќтисодї. Хусусияти андозбандї њангоми иљроиш Созишнома оид ба таќсими мањсулот.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 99 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Андоз аз амволи шахси воќеї | | | Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз. |