Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Паст кардани меъёри андоз

Имтиёзњо дар бахши андоз. | Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз. | Система ва намудњои андоз дар Љумњурии Тољикистон. | Андозбандии шахсони њуќуќї | Андоз аз арзиши иловашуда | Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї | Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда | Андоз аз даромади шахси воќеї | Андоз аз амволи шахси воќеї | Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор |


Читайте также:
  1. А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.
  2. А. Минтаќаи дорои андозбанди имтиёзнок(оффшорї).
  3. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  4. Андоз аз амволи шахси воќеї
  5. Андоз аз арзиши иловашуда
  6. Андоз аз даромади шахси воќеї
  7. Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї

Як намуди имтиёз дар бахши андоз ин имтиёзе мебошад, ки имконияти кам кардани меъёри андозро аз манбаи муайяни андозбандї ва ё тарњи онро пешнињод мекунад. Мисоли паст кардани меъёри андоз ин моддаи 299 КА ЉТ аст, ки тибќи он меъёри андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард дар њаљми 2 фоизи манбаи андоз муќаррар карда мешавад. Аммо барои корхонањои савдо, мањсулоттайёркунї, таъминотию фурўш меъёри андоз дар њаљми 0,5 фоизи манбаи андоз муќаррар карда шудааст.

Намуди дигари паст кардани меъёри андоз ин тарњнамоињо аст. Дар бобби 19 моддањои 146-160 тарњо аз даромади умумї муќаррар шудааст. Њамчун мисол муќарароти моддањои 151,152, 154 ва 155 КА ЉТ-ро тањлил менамоем. Шахси њуќуќие, ки ба фаъолияти суѓуртавї машѓул аст, њуќуќ дорад тарњи њиссаљудокунињоро ба фондњои захиравии суѓуртавї мувофиќи тартиб ва меъёрњое, ки бо пешнињоди Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ва маќоми ваколатдори давлатї Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст, анљом дињад. Тарњ нисбати харољот барои тадќиќоти илмї, корњои лоињакашї ва таљрибавию конструктории вобаста ба гирифтани даромади умумї, ба истиснои харољот барои харидани воситањои асосї, васли онњо ва дигар харољоти дорои хусусияти асосї анљом дода мешавад. Асос барои тарњи ин харољот њуљљатњои лоињавию сметавї, санади корњои иљрошуда ва дигар њуљљатњои тасдиќкунанда оид ба анљом додани корњои дахлдори тадќиќоти илмї, лоињакашї ва таљрибавию конструкторї ба њисоб мераванд. Тарњи маблаѓ нисбати њар як гурўњ оид ба харољоти таъмири воситаи асосии шомили њамин гурўњ иљозат дода мешавад. Тарњи маблаѓ мувофиќи ќисми 1 моддаи 154 КА ЧТ доир ба харољоти таъмир дар њаљми воќеии маблаѓњои чунин таъмир, вале на бештар аз 10 фоизи баланси арзиши гурўњ дар охири соли андоз, иљозат дода мешавад. Маблаѓи воќеии харољоти таъмир зиёда аз 10 фоизи баланси арзиши гурўњ ба афзоиши баланси арзиши гурўњ дохил карда мешавад. Њангоми истењлоки суръатнок љињати муайян намудани харољоти нињої барои таъмир, ки тарњи он иљозат шудааст, андозаи баланси арзиши гурўњ тарзе муайян мегардад, ки агар воситањои асосї тањти истењлоки суръатнок ќарор нагирифта, истењлоки онњо дар асоси меъёрњои пешбининамудаи ќисми 3 моддаи 153 КА ЧТ сурат гирифта бошанд. Сањмњои суѓуртавї, ки суѓуртакунандагон дар асоси шартномањои суѓурта месупоранд, ба истиснои сањмњои суѓуртавї тибќи шартномањои дорои хусусияти љамъшаванда ва баргардонидашаванда, бояд тарњ карда шаванд (151,152, 154,155 КА ЧТ). Оид ба тањкунињо муќарароти моддаи 139 КА ЉТ мисоли мушахас аст. Шахси воќеї њуќуќ дорад барои њар моњи соли андозї дар њаљми як музди мењнати њадди аќали моњона маблаѓ тарњ намояд. Агар шахси воќеї корманд бошад, тарњи маблаѓ танњо нисбати музди мењнат дар љои кори асосиаш иљозат дода мешавад. Даромади шахси воќеї, ки дар як сол аз 12 музди мењнати њадди аќали моњона ё ба њисоби миёна аз як музди мењнати њадди аќали моњона барои як моњи таќвимї зиёд набошад, бо андоз аз даромад андозбандї намегардад. Шахсони воќеии зерин њуќуќ доранд барои њар моњи соли андозї дар њаљми 10 музди мењнати њадди аќали моњона тарњ намоянд:

1) Ќањрамонони Иттињоди Шўравї ва Ќањрамонони Тољикистон, шахсоне, ки бо њамаи се дараљаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, инчунин маъюбон аз давраи кўдакї ва маъюбони гурўњи 1 ва 2;

2) иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї ва шахсони ба онњо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиёти њарбї доир ба муњофизати ИЉШС аз љумлаи хизматчиёни њарбие, ки дар ќисмњои њарбї, ситодњо ва муассисањои ба њайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиќ партизанњо, љанговарони интернатсионалист;

3) шањрвандони беморшуда ва мубталои бемории шуоъ, ки дар натиљаи оќибатњои садамањо дар объектњои атомї рух додааст; шахсони дар рафъи оќибатњои чунин садамањо дар доираи минтаќаи људокунї иштирокдошта; шахсоне, ки дар давраи бартараф намудани оќибатњои садамањо дар корњои баистифодабарї ё дигар корњо дар объектњои атомї иштирок намудаанд.

Шахси воќеї њуќуќ дорад андози иљтимоиро, ки мутобиќи боби 35 КА ЉТ анљом додааст, тарњ намояд. Шахси воќеї ба тарњи яке аз маблаѓњои нисбатан калонтари дар ќисмњои 1 ва 2 зикршуда њуќуќ дорад.

Даромади андозбандишаванда метавонад аз љониби андозсупоранда аз манбаи андоз кам карда гардад. Масалан,

- барои супоридани фоизи ќарз;

-тарњ ба маќсадњои хайриявї дар хаљми 5%-и даромади андозбандишаванда.

Дар њолати аввал камнамои ѓайрилимитї ва дар холати дуюм лимитї аст. Камнамои лимитї мањдудиятхоро барои манбаи андозбандии андозсупорандагон пешбинї менамояд.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 125 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз.| Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.006 сек.)